ВАҲҲОБИЙЯТ ва МУСАЛМОНОН

ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ)

ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ) ВА МУСУЛМОНОН

БИДЪАТИ БУЗУРГИ ФИРҚАИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ):

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  ақида доранд, ки фақат онҳо дорои тавҳиди холис ҳастанд, вале бақияи мусулмонон мушриканд ва куштани онҳо ва куштани авлодашон ҳалол ва ғорати амволашон ҷоиз ва сарзаминҳояшон ҷузъи билоди куфр ва ширк мебошад!!

Ин гурӯҳ муътақиданд, ки ҳар мусулмон, то вақте, ки ба масҷид ва қабри Расули Худо (с) табаррук ҷӯяд ва қасди зиёрати он кунад ва аз ӯ шафоат бихоҳад, шаҳодат ба калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ ва Муҳаммаду-р-расулуллоҳ» ҳеҷ суде ба ҳолаш надорад.

Инҳо мегӯянд: Мусулмоне, ки ба ин умур муътақид аст, мушрик аст ва ширкаш аз ширки аҳли ҷоҳилийят ва бутпарастон ва ситорапарастон шадидтар аст!

Ба китобҳои: «Ар-расоил-ул-амалийяту-т-тисъаҳ», таълифи Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб, с.79, «Татҳир-ул-иътиқод», таълифи Санъонӣ, с.7, 12,35, «Фатҳ-ул-маҷид с.40-41» ва рисолаи «Арбаъ-ул-қавоид» ва рисолаи «Кашфу-ш-шубаҳот», аз Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб муроҷиа шавад.

Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб дар рисолаи «Кашфу-ш-шубаҳот» ҳудуди 24 маврид лафзи ширк ва мушрикро бар тамоми мусулмонон итлоқ карда, ҷуз бар пайравони худаш ва ҳудуди бист маврид онҳоро куффор, ъуббодуласном (ибодаткунандагони бутҳо), муртаддин, мункирони тавҳид, душманони тавҳид, аъдоуллоҳ ва муддаъиёни ислом номидааст ва пайравони ӯ ҳам дар соири китобҳояшон чунин кардаанд. Оё ин ақидаи худро ваҳҳобиён аз иҷрои пешиниён нақл кардаанд ё ин ки бидъатеро муртакиб шудаанд?

Ибни Ҳазм зимни баёни асл ва қоидае чунин мегӯяд: «Ҳеҷ гоҳ мусулмон ба муҷарради як гуфта ё назаре, ки дар масъалаи эътиқодӣ изҳор кунад на кофир мешавад на фосиқ». Сипас ибни Ҳазм пешвоёни гузаштаро, ки қоил ба ин қавл будаанд, бар шумурда, то ин ки мегӯяд: «ин сухани тамоми саҳоба ҳаст, ки мо мешиносем роҷеъ ба ин масъала, ва ихтилофе дар ин маврид намебинем»,  «Ал-фисал, ибни Ҳазм», ҷ.2 с.247 ва низ ба китоби  «Ал-явоқиб вал-ҷавоҳир»-и Шаъронӣ,  мабҳаси 58 муроҷиа кунед.

Ибни Таймия худ тасриҳ кардааст, ки ҳеҷ кас ба ҷуз хавориҷ, фарди мусулмонеро ба иллати гуноҳ ва изҳори назар кофир надонистааст, «Маҷмӯаи фатвоҳои ибни Таймия, ҷ.13, с.20».

Бинобар ин ваҳҳобиён (салафиён)  дар ин бидъаташон ба ҳеҷ гурӯҳе аз гузаштагон иқтидо накардаанд, магар хавориҷ!!

چهرهئ واقعی وهّابیت (سلفیت

ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ)

Душанбе-2008

Чеҳраи  воқеии   ваҳҳобийят (салафийя)

Таҳийяи АБДУҶАББОРИ АМИНЗОДА

Муҳаррир: Пулод Нуров

Душанбе-2008

Нашриёти «Шарқи озод»

Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ин рисолае, ки аз сӯи Абдуҷаббори Аминзода баргардон шудааст, бисёр рисолаи хубест барои шинохти мазоҳиб билхусус барои ошноӣ ба ҷараёни «Ваҳҳобийят (салафийя)». Чоп ва нашри ин рисола ва чунин рисолаҳои баландмазмун мушти  муҳкамест, барои тарафдорон ва ҷонибдорони ин гуна равия ва ҷараёнҳо. Махсусан дар ин рӯзҳо, ки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро соли «Имом Абуҳанифа» эълон кардааст. Ин эълони Президенти муҳтарам  ва чопи ин рисола: «Чеҳраи воқеии ваҳҳобийят (салафийя)» туҳфаи хубест барои ҳанафимазҳабон ва дӯстдорони ин имоми бузургвор.

Раиси Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳ Неъматзода

Ба номи Худованди тафсири   дил,

Зи фазлаш ҳама шармсору хиҷил.

Дебоча


Арзиши ҳар миллат дар ҷаҳонбинӣ ва сатҳи фарҳангии он бастагӣ дорад. Тавоно сохтан ва густурда гардондани сатҳи фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии мардум ҷуз бо амнийят ва иқтисоди хуб муяссар намегардад. Пас ҳар миллате, ки ин ду дурри гаронбаҳоро бо ин ду неъмати бебаҳо ҳосил намуд,  ғолиб аст бар ситамгарону душманони худ. Чунки силоҳи аслии душман  ноамн кардан ва зарба задан ба иқтисод аст.

Ҳамон тавр ки медонед, душманони дин ва миллат ҳамеша дар ҷангу ситез ҳастанд ва ҳамвора талош мекунанд, ки онҳоро ба ҳар воситае аз миён бардоранд. Ин шеваи ҳамешагии онҳост. Ин душманӣ ба тавре амиқ аст, ки дар ин роҳ ҳозиранд ҳамаи чизи худро фидо намоянд ва дар тӯли таърих душмании худонобоварон аз худобоварон ба қадре зиёд будааст, ки бахши муҳиме аз таърихро ишғол намудааст. Фақат Худо медонад онҳо чӣ балоҳои бузурге ба сари мусулмонон оварда ва чӣ гуна онҳоро ба сабабҳои гуногун саргардону овора кардаанд?! Хонаводаҳои онҳоро ба бадтарин вазъ ба ҳалокат расонидаанд. Акнун ҳам мебинед, ки чӣ гуна мусулмононро дар зиндонҳои худ шиканҷа медиҳанд. Бинобар ин худатон қазоват кунед, ки оё онҳо сазовори дӯстӣ ҳастанд?!

Ҳамватанони азизу гиромиқадр ҳаргиз мо дунболи ҳар гурӯҳ тақлиди кур-курона накунем. Баъзе аз мардум тақлидкунандаи чашму гӯшбастаи дигарон ҳастанд ва ҳеҷ вақт аз худ ирода нишон намедиҳанд, гӯё Худованд ба онҳо иродае надодааст. Аз ҳамин ҷиҳат, бояд гуфт, ки рӯи замини Худо роҳ мераванд, мехӯранд, мехобанд ва умри худро ҳамчунон барҳадар медиҳанд. Шакке нест, ки чунин касон дар радифи бемасъулияттарин инсонҳо ҳастанд ва ҳарчи ки мешунаванд барои ину он бозгӯ мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки агар мехостанд, метавонистанд ба корҳои муфиде машғул бошанд. Танҳо рӯҳи танбалӣ онҳоро ба ин вазъ даровардааст.

Инсон бояд фикри худро ба кор андозад. Дар оёти Қур-они маҷид ва дар ривоёти мувассақ ба андешаю тафаккур бисёр аҳамийят дода шуда ва мавриди таъкид қарор гирифтааст. Аз ҷониби Худованд ба инсон сармояи азими ақл ва тафаккур дода шуда, ки василаи саодати абадии ӯст. Агар аз он истифода накунад дар ҳадди як ҳайвон боқӣ монад. Аз ин ҷиҳат Паёмбар (с) фармудаанд: «Соате аз тафаккур беҳтар аз ҳафтод сол ибодат аст».

Худованд дар Қур-они маҷид мефармояд: «Аҳли ҷаҳаннам мегӯянд: Агар сухани ҳақро мешунидему тафаккур мекардем, дар зумраи аҳли ҷаҳаннам қарор намегирифтем».

Инсони диндор ба ҳеҷ чиз беш аз дини худ аҳамийят намедиҳад ва маъмулан, ҳамаи масоили зиндагиро таҳти таъсири дини худ қарор медиҳад. Бисёре аз мардум, ки ақидаҳои муҳкаме надоранд, чунин нестанд ва аз ҳамин ҷиҳат, гоҳе мебинем, ки баъзе аз онҳо барои баъзе аз масоил бароҳатӣ имони худро аз даст медиҳанд. Ин воқеан, хеле шармовар аст. Инсоне, ки иддаои диндорӣ мекунад, мазҳаби худро нодида мегирад, масалан барои кори ночизу камаҳамийят амалҳоеро бар хилофи дин ва мазҳаби хеш  анҷом медиҳад. Ҳақиқат ин аст, ки чунин касон худро ислоҳ кунанд ва нисбати вазифаҳои худ ҷиддӣ бошанд, вагарна ҳаргиз наметавонанд ба унвони як мусулмони воқеӣ анҷоми вазифа кунанд ва табъан ба тадриҷ дар радифи беимонҳо қарор хоҳанд гирифт.

Бинобар ин мо бояд аз ин неъмати бузурги маънавӣ, ки Худо ба мо додааст яъне ақли солим ва тафаккур, дуруст истифода кунем. Ҳар амале, ки анҷом медиҳем чӣ аз нуқтаи назари иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ… бояд, ки муҳаққиқона бошад на бо тақлидҳои кӯр-кӯрона ақли солимро кор нафармуда, тафаккур накарда, дунболи ҳар гурӯҳи зархариди дар либоси ислом тайёркардаи душманони дину миллат биравем, оқибат дину диёнату ватанро зери хатар қарор бидиҳем, чунон ки бузургон гуфтаанд: «Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ».

Аз ин ҷост, ки ҳар гуна фирқаву ҷараёнҳои шӯрангезу авомфиреби динӣ солиёни ахир барои ба бероҳа кашондан ва саргум кунондани ҷавонони мусалмон дар ҷомеаи мо бо шиддат зуҳур мекунанд, то бад-ин васила ононро аз ақоиди ноби мазҳаби аҳли суннат ва алалхусус мактаби фиқҳии ҳанафийя дур  андохта, аз онҳо афроди бемоҳийят ва лоуболе созанд.

Мардуми тоҷик дар солҳои 90-ум гирифтори чунин як мусибати фоҷиъаборе шуданд ва душманони миллати мо бо эҷоди зиддиятҳо миёни мардум зарбаи ҷуброннопазир  ба амнийят ва иқтисоди мо ворид карданд, ки ҳаргиз ин миллат фаромӯш нахоҳад кард.

Ағлаби мардуми Тоҷикистон  мусалмонанд ва пайрави мазҳаби «Имом Абуҳанифа» мебошанд. Ва дар пайравӣ аз  мазҳаби ин имом пешвоёни саршиносе чун Муҳаммаду  Абуюсуф, Алӣ Қорӣ, Абулаъло Мавдудӣ… ва фақиҳони бузургвори дигар зиёд дорад: Пас ниёзе ба пешво ва роҳнамои дигаре, ки худ намедонанд кӣ ҳастанд ва чӣ мехоҳанд, надорад. Ҳанӯз он доғи   мусибати бузурги солҳои гузашта  аз дили ин миллат зудуда нашуда, имрӯз мардум иҳсос намуданд, ки хатари эҷоди муқобилийяти нави динӣ ҷомеъаи моро таҳдид мекунад ва ин хатарро ном: «салафийя» аст. Ҷараёни ваҳҳобийят, ки имрӯз зери ниқоб таҳти унвони салафийя дар кишвари мо зуҳур намудааст, яке аз намунаҳои барҷастаи ин қабил равияҳои зиёноварест, ки ба ҳар васила дар ҷомеаи ҳанафимазҳаби Тоҷикистон ворид сохтани халал ва нифоқу беаҳлии динӣ-мазҳабиро ҳадаф дорад. Вуҷуди салафийя барои мо ҷуз бадбахтӣ чизе нахоҳад овард, бинобар ин лозим донистем, ки моҳийяти ин ҷараён, таърихи пайдоиш ва густариши ин маслакро ба мардуми шариф ва сулҳҷӯи тоҷик баён намоем.

Салафийя ин ҳамон ваҳҳобийят аст, ки имрӯз дар нуқтаҳои гуногун ба ин чеҳра зоҳир гаштааст. Кайҳост: ин чеҳра дар тамоми ҷаҳон шинохта шуда ва инҳо маҷбур шуданд барои пешбурди ғояҳои хеш тағйири ном диҳанд, ки имрӯз инҳо (салафиҳо) ба либоси аҳли суннат ё пайрави мазҳаби ҳанафӣ худнамоӣ мекунанд. Аслан, инон на пайрави аҳли суннатанду на пайрави Имом Абуҳанифа. Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) мардумро фиреб дода худро аз салафи солиҳини даврони Паёмбар (с) меҳисобанду лекин дар амал бани Умайяро меситоянд, хусусан Язид ибни Муовия ва худи Муовияро. Акобири уламои аҳли суннат дар китобҳои муътабараи худ монанди Имом Аҳмади Ҳанбал дар «Муснад»

Имом Саълабӣ ва Имом Фахри Розӣ дар тафсир.

Ибни Абилҳадид дар «Шарҳи Наҳҷ».

Муҳаммад бини Юсуф Ганҷӣ Шофеъӣ дар «Кифояту-т-толиб».

Сабъ ибни Ҷавзӣ дар «Тазкира» .

Сулаймон Балхӣ Ҳанафӣ дар «Яноби-ул-мавадда».

Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар «Маваддат-ул-қурбо».

Дайламӣ дар «Фирдавс».

Муслим бини Ҳаҷҷоҷ дар «Саҳиҳ».

Муҳаммад бини Талҳаи Шофеъӣ дар «Матолибу-с-суул».

Ибни Сабоғи Моликӣ дар «Фусул-ул-муҳимма».

Ҳоким дар «Мустадрак».

Хатиби Хоразмӣ дар «Маноқиб»

Иброҳим Ҳамуйинӣ дар «Фароид».

Ибни Мағозалӣ Шофеъӣ дар «Маноқиб».

Имом ал-Ҳарам дар «Захоир-ул-ъуқбо».

Ибни Ҳаҷар дар «Савоиқ», нақл намудаанд ба алфоз ва ибороти мухталифа муҷмалан ва муфассалан, ки Расули Худо (с) фармуд: «Ман сабба ъалийян фақад саббанӣ ва ман саббанӣ фақад саббаллоҳ» Ҳар кас сабб ва шатм (ҳақорат ва дашном) кунад Алӣ (к.в)-ро маро сабб ва шатм намудааст ва касе, ки маро сабб ва шатм намояд Худоро сабб ва шатм намудааст.

Ахборе, ки далолат дорад бар ин, ки озор ва азияти Алӣ (к.в)-ро муҷиби малъун будани озоркунанда мешавад, монанд хабареро, ки Дайламӣ дар «Фирдавс» Сулаймон Ҳанафӣ дар «Яноби-ул-мавадда» ба асноди мухталифа ва дигарон нақл намудаанд, ки Расул (с) фармуданд: « (ман азо ъалийян фақад азонӣ ва ман азонӣ фаъалайҳи лаънатуллоҳи). Ҳар кас азият  кунад Алӣ (к.в)-ро маро азият намуда ва касе, ки маро азият   намуда ба ӯ бод лаънати  Худо.

То ҷое, ки ибни Ҳаҷари Маккӣ дар «Савоиқ-ул-муҳриқа» болотар ба наҳви умум хабари сабб ва лаъни ъитрат ва аҳли байти Расули Акрам (с.)-ро нақл намуда, ки Расули Акрам (с) фармуд: «Ман сабба аҳла байтӣ фаиннамо яртадду ъаниллоҳи в-ал-исломи ва ман озонӣ фӣ ъитратӣ фаъалайҳи лаънатуллоҳ». Касе ки сабб ва шатм намояд аҳли байти маро пас ҷуз ин нест, ки аз дини Худо ва ислом муртад гардида ва касе ки маро азият кунад дар ъитрати ман пас ба ӯ бод лаънати Худо.

Аз Паёмбар (с) Умар бини Хаттоб (р) ривоят карданд, ки Расули Акрам (с) фармуд: «Фарзандони духтари ҳар кас ба падарашон нисбат дода мешаванд, аммо фарзандони духтари ман Фотима ба ман нисбат дода мешаванд.

Инҳо на ин ки фарзандони Паёмбар (с) яъне Имом Ҳасан (р) ва Имом Ҳусайн (р) ду пораи тани Расулуллоҳ (с) сайиди ҷавонони аҳли биҳиштро азият ва озор доданд, балки онҳоро ба ҳалокат расонданд. Якеро заҳр дода дигареро сар бурида ба шаҳодат расониданд. Ин бузургтарин ҷиноятест  дар таърихи башарият нобахшиданӣ, ба пораи тани Расулуллоҳ (с), беҳтарин Ҳабиби Худо сайиди ҷавонони аҳли биҳишт, содир намуданд. Ҳангоме ки мо мегӯем аҳли суннат ҳастем, пас бояд аҳли суннати воқеъӣ бошем. Бояд андеша кард, ки манбаъи суннат ҳазрати Муҳаммад (с.) аст. Модоме ки чунин бошад мо бояд аҳли суннати воқеъӣ бошем, аз падару модару зану фазанду молу амволу ҳамаи чизи дунё баъди Худо, Муҳаммад (с)-ро дӯст дошта бошем. Ҳар касе ки набошад ҳанафию шофеъӣ, моликию ҳанбалӣ ҳама дар ҳолати  гӯзоридани намоз Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва Оли Муҳаммад мегӯем, дар ҳар  намоз, инсоне, ки хуни мӯъминӣ дорад баъди Муҳаммад (с) Оли-Муҳаммад гуфтан чун ойина ин таърихи нангини Оли-Муҳаммад пеши рӯ меояд.

Имом Аҳмади Ҳанбал дар «Муснад» ба тариқи мутааддад нақл намуда, ки Расули Акрам (с) фармуд: «Ман  озо ъалийян баъаса явм-ал-қиёмати яҳудийян ав насронийян». Касе ки азият кунад Алӣ (к.в.)-ро зинда шавад рӯзи қиёмат яҳудӣ ё насронӣ  яъне мусулмон нахоҳад буд.

Дар китобҳои муътабари акобири уламои аҳли суннат аз қабили тафсири Ҷалолиддини Суютӣ.

Тафсири Имом Саълабӣ.

«Маваддат-ул-қурбо»-и Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ.

«Муснад»-и Имом Аҳмад бини Ҳанбал.

«Савоиқ»-и ибни Ҳаҷар.

«Маноқиб»-и Хоразмӣ.

«Фазоил»-и ибни Мағозалӣ Шофеъӣ.

«Яноби-ул мавадда»-и Сулаймон Балхӣ Ҳанафӣ.

Шарҳи «Наҳҷ-ул-балоға»-и ибни Абилҳадид.

«Авсат»-и Тибронӣ.

«Захоир-ул-ъуқбо»-и Имом ал-Ҳарам.

«Хасоис-ул-ъалавӣ»-и Имом Абдураҳмон Нисоӣ.

«Кифояту-т-толиб»-и Ганҷӣ Шофеъӣ.

«Матолибу-с-суул»-и Муҳаммад бини Талҳаи Шофеъӣ.

«Тазкират-ул-хавос»-и Сабт ибни Ҷавзӣ.

«Фусул-ул-муҳимма»-и ибни Сабоғи Моликӣ ва дигарон ба алфоз ва ибороти мухталифа дарҷ гардида, ки Расули Акрам (с) фармуд: «Ло юҳиббу ъалийян илло мӯъминун вало юбғизуҳу илло кофирун» Дӯст намедорад Алӣ (к.в.)-ро магар мӯъмин ва душман намедорад ӯро магар кофир-магар  мунофиқ.

Ин гурӯҳ ба хотири хусумате, ки ба ҳазрати Алӣ (к.в.) доранд қорие, ки дар охири тиловати Қур-он садақаллоҳ-ул-ъали-й-юлъазим гӯяд эрод мегиранд, ки садақаллоҳ-ул-ъазим нагуфт.

Инҳо то чӣ андоза тангназаранд, мафкураҳояшон танг аст, ки дарк намекунанд вақте ки алиф-лом бо исми Алӣ (яъне ал-Алӣ) омад ин исми Аллоҳ (ҷ.) мешавад на Амирулмӯъминин Алӣ (к.в.) ба хотири хусумат бо Алӣ (к.в.) исми Худоро ба забон овардан ба худ ор медонанд. Ё ин ки шахсе ҳангоми салавот фиристодан ба Пайғамбар (с)  Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва оли Муҳаммад гӯяд, ё салаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи Муҳаммад гӯяд эрод мегиранд, ки–оли Муҳаммад гуфт. Саҳиҳ Бухорӣ дар китоби «Аддаъавот бобу-с-салот ъала-н-набӣ ҳ.6357». Саҳиҳ Муслим дар  «Китобу-с-салот бобу-с-салот ъала-н-набӣ баъда-т-ташаҳҳуд, ҳ.405-406» ба ин мазмун, ки аз Расули Худо (с) савол шуд, чи гуна бар шумо салавот бифиристем? Фармуд: бигӯед: Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад.

Чунончи Муҳаммад бини Юсуфи Ганҷӣ Шофеъӣ дар охири боби 3-и «Кифояту-т-толиб» Муҳаммад бини Манзури Тӯсӣ гуфт мо дар назди Имом Аҳмад бини Ҳанбал будем, марде ба ӯ гуфт ё або Абдуллоҳ чӣ мегӯи дар ҳадисе, ки нақл менамоянд аз қавли Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу, ки фармуд: Ано қосиму-н-нор. Яъне ман қисматкунандаи аҳли оташ мебошам. Аҳмад гуфт кист, ки инкор намояд ин ҳадисро магар на ин аст, ки мо ривоят намудаем аз Расули Худо (с), ки ба Алӣ (к.в.) фармуд: Ло юҳиббука илло мӯъминун вало юбғизука илло мунофиқун. Яъне туро дӯст намедорад магар мӯъмин ва душман намедорад магар мунофиқ-гуфтам бале чунин аст. Онгоҳ Аҳмад матлабро тавҷеҳ намуд, гуфт пас мӯъмин дар куҷост, гуфтем дар биҳишт, гуфт мунофиқ дар куҷост гуфтем дар оташ, гуфт пас саҳиҳ аст, Алӣ (к.в.) қисматкунандаи оташ аст. Яъне душмани Алӣ
(к.в.) мунофиқ аст ба фармудаи Пайгамбар (с). Ва мунофиқ ба ҳукми ояи-144 сураи нисо. Инн-ал-мунофиқина фиддарк-ил-асфали мина-н-нори валан таҷида лаҳум насиро. Албатта мунофиқро дар ҷаҳаннам пасттарин ҷойгоҳ аст ва барои онон ҳаргиз ёваре нахоҳи ёфт.

Аллома Самҳудӣ ва Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар «Торих-ул- мадина» ва ибни Халкон ва ибни Асокир ва Табарӣ дар таърихи худ ва ибни Абилҳадид  дар  «Шарҳи Наҳҷ, ҷ.1» ва дигарон аз акобири аҳли суннат навиштаанд, ки Муовия ба Буср дастур дод, ки ҳаракат кун бо лашкари худ  аз самти Мадина ва Макка ба Санъо ва Яман ва ҳамчунин ба Заҳҳок бини Қайс ал-Феҳрӣ ва дигарон гуфт. Ба ибороте, ки Абулфараҷ нақл намуда ба он амр ва дастури шадид бо се ҳазор лашкари ҷаррори хунхор ҳаракат карданд. Дар Мадина, Санъо, Яман, Тоиф ва Наҷрон ва дар байни роҳ он қадар аз муслимину мӯъминин ҳатто занон ва тифлҳо куштанд, ки ба аъмоли ӯ сафаҳоти таърих нангин шуд. То онҷо, ки вақте дар Яман расиданд, ки Абдуллоҳ бини Аббос бини Абдулмуталлиб, ки волӣ буд, хориҷ аз шаҳр буд. Ба хонаи ӯ рафт ва сари ду фарзанди хурдаки ӯ ба номи Сулаймон ва Довудро дар оғуши модар ба дасти худ бурид!?

Ибни Абилҳадид дар «Шарҳи Наҳҷ» ҷ.1, с.121, сатри аввал гӯяд, дар ин лашкаркашӣ сӣ ҳазор нафар куштанд!!.

Аз ҷумла далоили возиҳа шатм (дашном додан, ҳақорат кардан) ва лаън намудани Муовия бар Амирулмӯъминин ва амр намудани мардумро ба ин гуноҳи бузург ҳатто дар дуои намозҳо ва хутбаи намози чумъа, ки иттифоқи ҷумҳури уммат ҳатто муаррихини бегонагон аст, ки он бидъат ва амали зишт аланӣ бардавом ҳатто бар манобири маъмул. Ва ҷамъи касиреро ба ҷурми лаън нанамудан ба қатл расониданд, то хилофати Умар бини Абдулазиз, ки он бидъатро аз миён бардошт!!!. Оё Муовия дар қатли хосу оми мӯъминин ширкат надошта, оё Ҳиҷр бини Адӣ (набераи Ҳотами Той) ва ҳафт нафар аз асҳоби ӯро ба амри ӯ ба қатл нарасониданд ва махсусан Абдураҳмон бини Ҳиссон ал-Ғазаниро зинда ба гӯр нанамуда, чунончӣ ибни Асокир ва Яъқуб бини Суфиён дар таърихи худ ва Байҳақӣ дар «Далоил» нақл намудаанд ва ибни Абдулбар дар «Истиъоб» ва ибни Асир дар «Комил» нақл менамоянд, ки Ҳиҷр аз кибори фузалои саҳоба буд, ки Муовия ӯро бо ҳафт нафар ба тариқи заҷр ба қатл расонид ба ҷурми он ки чаро Алӣ (к.в.) лаън нананамуда ва безорӣ аз ӯ наҷустанд?!! Дар Миср мӯъмини солиҳи комил Муҳаммад бини Абубакр (р)-ро  (бародари уммулмӯъминин Ойиша разияллоҳу ъанҳу), ки аз тарафи Амирулмӯъминин волии Миср буд ба заҷр накуштанд ва баъд ҳам, оташ заданд. Оё шаҳодати Аммори Ёсир аз кибори саҳоба дар Сиффин ба амри Муовия набуд?!! Оё ба иттифоқи акобири аҳли суннат Расулуллоҳ (с) ба Аммор нафармуд «Санақтулук-ал-фиат-ул-боғияту». Яъне зуд аст туро мекушанд, гурӯҳе, ки аҳли боғӣ (золим, ситамгар) ва туғёнанд. Оё зулму ситам аз ин ҳам зиёд мешавад?! Худо дар сураи Нисо, ояи 93, мефармояд: Ва май-яқтул мӯъминан мутаъаммидан фаҷазо-уҳу ҷаҳа-н-нама холидан фиҳо вағазибаллоҳу ъалайҳи ва лаъанаҳу ва-а-ъад-да-лаҳу ъазобан ъазимо. Ҳар кас мӯъминеро ъамдан бикушад муҷозоти ӯ оташи ҷаҳаннам аст, ки дар он ҷовид муъаззаб хоҳад буд. Худо бар ӯ хашм ва лаън кунад ва азоби бисёр шадид муҳайё созад. Ин ояи шарифа сароҳат дорад, ки ҳар кас мӯъминеро қасдан ба қатл расонад малъуни зоти бори таъоло мебошад. Ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳим ва ҷаҳаннам хоҳад буд.

Ин беинсофҳо шахсиятеро лаън мекарданд, ки  дар васфаш ибни Асокир дар «Таърихи Димишқ ҷ.1 с.391, ш.401» ба нақл аз Умар бини Хаттоб (р). Муҳибби Табарӣ дар «Риёзу-н-назра 106/2» ба нақл аз Умар бини Хаттоб (р) ва «Захират-ул-ъуқбо». Расули Худо (с) фармуд: Ё ъалӣ анта аввал-ул-мӯъминина имонан ва аввал-ул-муслимина исломан ва анта миннӣ биманзалати Ҳоруна мин Мӯсо. –Эй Алӣ (к.в.) ту нахустин имоновар аз мӯъминон бошӣ ва аввалин исломовар аз мусулмонон бошӣ ва ту нисбат ба ман ҳаммонанди Ҳорунӣ нисбат ба Мӯсо.

Ба ривояти Масъудӣ ва ибни Абдулбар ва Абулфараҷи Исфаҳонӣ ва Муҳаммад бини Саъд  дар «Табақот» Сабт ибни Ҷавзӣ дар «Тазкираҳ» ва дигарон аз акобири аҳли суннат Муовия тавасути  зане ба номи  Асмоа ба  Ҷуъда  ваъда дод, ки агар Ҳасан бини Алӣ-ро куштӣ сад ҳазор дирҳам ба ту медиҳам ва ҳамсари фарзанди худ Язид менамоям. Баъд аз шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасан сад ҳазор дирҳамро дод вале аз тазвиҷ бо Язид худдорӣ намуд.

Чунончи Абдулбар дар «Истиъоб» ва Масъудӣ дар «Исбот-ул-васила» Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар «Мақотилу-т-толибин» ва дигарон нақл намудаанд, ки Асмоа тавассути Ҷуъда ба дастур ва ваъдаи Муовия Ҳасан бини Алӣ-ро заҳр дод. Ҳатто ибни Абдулбар ва Муҳаммад бини Ҷарири Табарӣ навиштаанд, вақте хабари фавти он бузургвор ба Муовия расид такбир гуфт ва атрофиёни ӯ ҳам аз рӯи хушҳолӣ такбир гуфтанд.

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) иддаъо мекунанд, ки Муовия котиби ваҳй буд. Муовия вақте ислом оварда, ки аз даврони ваҳй каме монда  буд. Балки котиби муросалот буд. Чун Расули Акрам (с)-ро хеле озор намуда ва бадиҳо гуфта буд ва баъд аз ин ки дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ дар фатҳи Макка Абусуфиён мусулмон шуд, номаҳо барои падар навишт ва ӯро тавбиҳ ва сарзаниш намуд, ки чаро мусулмон шудӣ?. Вақте ҳам, ки худаш ночор шуд, дар асари густариши ислом дар Ҷазират-ул-араб ва хориҷ аз он мусулмон шавад. Миёни мусулмонон, ки  хиҷолатзада буд, Аббос (р) амми Расулуллоҳ (с) аз он ҳазрат дархост намуд, ки як имтиёзе ба Муовия бидиҳед то аз хиҷолат берун ояд. Ҳазрат барои риояти тақозои амми бузургвораш ӯро котиби муросалот намуд. Чунончӣ Мадоинӣ дар «Шарҳ-ул-мавоҳиб» ҷ. 3, с. 369 нақл намуда: Инна муъовията яктубу байна яди-н-наби-й-йӣ салаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи. Яъне Муовия нависандаи ҳузури Пайғамбар (с) буд. Кона Зайдубни Собитин яктуб-ул-ваҳйа ва кона муъовияту яктубу ли-н-наби-й-йӣ салаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи фимо байнаҳу ва байн-алъараби. Пас Зайд бини Собит котиби ваҳй ва Муовия нависандаи байни он ҳазрат ва араб буда.

Ошкоро маълум аст, ки ин гурӯҳ   ЯЗИДИЯАНДУ  МУОВИЯӣ ва аз салафи хавориҷ, на салафи солиҳини даврони Паёмбар (с). Онҳо бо чунин суханон мардумро фиреб дода худро дар либоси ҳанафимазҳаб муаррифӣ мекунанд. Акнун шумо назар кунед ба китоби «Чаҳор имоми аҳли суннат ва ҷамоат, с.34» аз Муҳаммадрауф Таваккулӣ ва китоби «Инқилоби Карбало аз дидгоҳи аҳли суннат с.303» аз Абдулмаҷид Носири Довудӣ. Нӯъмон бини Собити Кобулӣ маъруф ба Абуҳанифа (80-150ҳ.), ки раҳбари мазҳаби ҳанафиро ба уҳда дорад, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати умавиён буд. Дар бораи андешаи сиёсии вай мехонем: «Вай дар даврони бани Умайя ва бани Аббос мезист ва аз алавиён (пайравони ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ҳаводорӣ мекард ва нохушнудии худро аз фармонравоёни Умавӣ пинҳон наменамуд». Суютӣ дар «Торих-ул-хулафо, с. 231» ва Абдулмаҷид Носири Довудӣ дар «Инқилоби Карбало аз дидгоҳи аҳли суннат, с.303-304» овардаанд, ки аҳли суннат афзудаанд, ки «Вай (Абуҳанифа) ҳарчанд худ амалан бар зидди умавиён вориди мубориза нашуд, вале нофармонӣ бар зидди онҳоро ҷоиз медонист ва шӯриши Зайд бини  Алӣ Зайнулобидинро дар соли 121ҳ. Бар зидди Ҳишом бини Абдулмалик, амали шаръӣ медонист ва онро таъйид мекард. Мавлоно Абдулқаюми Ҳақонӣ дар китоби «Мавозеи инқилобӣ ва сиёсии Имом Абуҳанифа (р.)» инҳоро зикр кардаанд. Онҳое, ки аз ин гурӯҳ худро дар либоси мазҳаби Аҳмади Ҳанбал вонамуд карда Язидро меситоянд, ба ин сатрҳо назар кунанд Ал-имом Абдуллоҳ бини Муҳаммад, дар «Ал-итиҳоф баҳс-ул-ашроф, саҳ.68». Ибни Ҷаврӣ, дар «Тазкират-ул-хавос, с.90-288» Довудӣ, дар «Инқилоби Карбало аз назари аҳли суннат с.303» овардаанд. Раҳбарони мазҳабӣ ва фуқаҳои нахустини аҳли суннат; ҳарчанд маъруф аст, ки аз миёни фақиҳон нахустин ва раҳбарони мазоҳиби асли аҳли суннат, Аҳмади Ҳанбал, Язид бини Муовияро лаън мекард ва ӯро ба далели ҷинояти Карбало ғайри қобили бахшиш ва мустаҳақи ҷаҳаннам медонист, вале воқеият ин аст, ки дигар раҳбарони аҳли суннат низ дар ин андеша бо вай иттифоқи назар доштанд.

Ибни Ҳаҷар Ҳайсамӣ Маккӣ, дар «Ас-савоиқ-ул-муҳриқа, с.134». Суютӣ, дар «Торих-ул-хулафо». Таълиқ Маҳмуд «Риёз-ул-ҳалабӣ с.211». Абдулмаҷид Носири  Довудӣ дар «Инқилоби Карбало аз назари аҳли суннат, с.299-300», чунин навиштаанд. Манобеъи таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки Язид бини Муовия, на танҳо аз сӯи фақиҳон ва олимони озодандеши аҳли суннат тард шуда ва ҳар гуна шоистагии вай барои эҳрози мақоми хилофати исломӣ шадидан инкор гардидааст, балки бархе сиёсатмадорон ва бузургони Умавӣ низ уро мақоми шоистаи хилофат надонистаанд ва машруъияти хилофат ва ҳаққонияти мавзеи ӯро дар баробари Имом Ҳусайн ба шиддат рад кардаанд. Бад-ин тартиб, ин гурӯҳ, заминаи лаъни ӯро омода донистаанд ва аслитарин монеъ барои лаъни ӯро, ки аз нигоҳи тарафдоронаш хилофати шаръӣ ӯрост бардоштаанд.

Муҳимтарин мувофиқ имомати Ҳусайн бини Алӣ ва мухолифати Язид бини Муовия, фарзанд ва ҷонишинаш, Муовия бини Язид аст, ки пас аз марги Язид, аз сӯи хонадони Умавӣ ва дарбориёни Шом барои ба истилоҳи хилофат номзад гардид. Вай дар нахустин рӯзи зимомдории хеш, бар фарози минбар қарор гирифт ва бо сароҳат умавиён ва мадуми шомро мухотаб қарор дод ва гуфт:

Ин мақоми хилофат, ресмони Илоҳӣ аст ва ҷаддам (бобоям) Муовия дар ин бора бо касе мухолифат намуд ва ба мунозиъа даст зад, ки шоистаи хилофат ва сазовортар бад-ин мақом буд. Он кас, ҷуз Алӣ ибни Абутолиб набуд, вале Муовия роҳеро бо шумо паймуд, ки худатон медонед. ӯ саранҷом дар қабраш бадеҳкори ҷароиме шуд, ки муртакиб гардид. Сипас падарам Язид ин мақомро тасоҳиб кард, дар ҳоле, ки шоистаи он набуд ва бо ин мавзӯъ бо фарзанди духтари Паёмбари Худо (с.) ба мунозаъа бархост. Вай, умраш давом наёфт ва дар қабраш барои ҳамеша дар баробари  гуноҳоне, ки муртакиб гардид, масъул хоҳад буд.

Таърихнигорони аҳли суннат, зимни нақли достони фавқ афзудаанд, ки Муовия бини Язид пас аз ин суханон, ба гиря афтод ва ҳангоме, ки ба ӯ пешниҳод гардид агар худ хилофатро намепазирад ҷонишине барояш баргузинад, посух дод аз ширинии хилофат чизе начашидам, пас таҳаммули сахтиҳои ӯро низ надорам. «Ас-савоиқ-ул-муҳриқа, с.134» аз ибни Ҳаҷар Ҳайсамӣ Маккӣ.

Ин танҳо набуд. Умар бини Абдулазиз низ, ки яке аз ҳокимони хушном ва мавриди таъйиди аксарияти аҳли суннат аст, дар баробари амири мӯъминон хондани Язид бини Муовия, вокуниши шадиде нишон дод, ки нишондиҳанда бутлони мавзеъи Язид ва адами ҳаққонияти иқдомоти вай дар баробари Ҳусайн бини Алӣ, ва дар натиҷа ҷавози лаъни Язид аст.

Суютӣ нақл мекунад Нуфал бини Абулфурот гузориш кардааст, ки дар назди Умар бини Абдулазиз будам. Шахсе аз миёни ҷамъ, матлаберо аз Язид нақл кард ва ӯро амири мӯъминон хонд. Умар бини Абдулазиз бедаранг вокуниш нишон дод ва гуфт: Ту Язид бини Муовияро амири мӯъминон мехонӣ? Сипас дастур дод ӯро бист зарба шалоқ бизананд. (ҳамон мадрак, с.209).

Ин фирқа, яъне салафийя, муртаҷиъ ва ақибмондаанд, дар чеҳраи онҳо фарҳангдӯстӣ, яъне фарҳанги миллӣ  дида намешавад ва ҳаргиз идейяи пешбаранда надоранд ва ақидаашон ақидаи тахдирӣ (дар ҳоли рукуд, яъне яхбаста) аст. Ва ҷомеъаро рушд намедиҳанд, балки ба бумбаст мекашонанд. Ба таваҷҷӯҳи толибону хонандагон китоби “Чеҳраи воқеии ваҳҳобийят” (унвони аслиаш : «Ал-ваҳҳобийяту фи суратиҳ-ал-ҳақиқийяту») дар тарҷумаи Ҳабиб Рӯҳонӣ пешкаш мегардад.

Рисолаи мазкӯр ба садади фарогирии мавзӯъ ва ифшои моҳийяти воқеӣ ва мақосиди мунҳарифи таълимоти ваҳҳобийят (салафийя) ҷиҳати шинохти дурусти ин ҷараён ва алалхусус, ошноӣ бо симои асосгузори он Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дастури муфиде буда, бад-ин васила дар роҳи ҷилавгирӣ аз нашру густариши ақоиди он нақшгузор буда метавонад.

АБДУҶАББОРИ АМИНЗОДА, рӯзноманигор,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

 

Фасли аввал:

ВАҲҲОБИЙЯТ ВА БУНЁНГУЗОРАШ

Фирқаи ваҳҳобийят, чунон ки аз номаш пайдост, мансуб ба Муҳаммад писари Абдулваҳҳоб, писари Сулаймон аҳли Наҷд мебошад, ки соли 1111 ҳиҷрӣ, (мутобиқ ба соли 1699 милодӣ) ба дунё омада ва соли 1206 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба соли 1792 милодӣ), аз дунё рафтааст.

Ин шахс миқдоре аз улуми динӣ фаро гирифта буд ва нисбат ба мутолиаи хабарҳои муддаъиёни (даъвокунандагони) нубувват   аз қабили Мусайлимаи каззоб (дурӯғгӯ) ва Саҷҷоҷ ва Асвади Анасӣ ва Тулайҳаи Асадӣ алоқаи фаровоне дошт, аз ин рӯ дар ҳамон айёми таҳсил, гумроҳӣ ва инҳирофи шадиде аз ӯ пайдо шуд, то он ҷо ки падар ва дигар устодҳояшро бар он дошт, ки мардумро аз вай бар ҳазар доранд ва дар бораи ӯ гуфтаанд:  Ин шахс ба зудӣ гумроҳ мешавад ва Худо касонеро, ки аз раҳматаш дур ва ба шақоват мубтало сохта бошад, ба василаи вай гумроҳ месозад.

Дар соли 1143 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба соли 1730 милодӣ), номбурда ба фарохонӣ ба мароми ҷадидашро оғоз кард, аммо падар ва устодҳояш дар баробари вай бархостанд ва гуфтаҳояшро ботил сохтанд ва натавонист равнақ бигирад, то он ки падараш дар соли 1153 ҳиҷрӣ, (мутобиқ ба соли 1740 милодӣ)  аз дунё рафт. Пас даъваташро миёни авомуннос ва содалавҳон дубора ошкор сохт ва фурӯмоягон аз ӯ пайравӣ карданд, аммо шаҳрвандонаш бар ӯ шӯриданд ва хостанд ӯро бикушанд. ӯ ба шаҳри Аййина фирор кард  ва ба фармонравои онҷо наздик шуд  ва бо хоҳари ӯ издивоҷ кард ва назди вай мардумро ба сӯи худ ва ойини дурӯғини худ фаро хонд, аммо мардуми Аййина арсаро бар ӯ танг карданд ва ӯро аз шаҳри худ берун ронданд. ӯ ба тарафи Даръийя дар шарқи Наҷд  гурехт, сарзамине, ки пеш аз он ҷойгоҳи Мусайлимаи каззоб ва хостгоҳи фирқаҳои мунҳариф ва ойинҳои дурӯғ буд. Дар ин сарзамин, афкори Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб ривоҷ пайдо кард ва фармонравои он ҷо, Муҳаммад бини Саъуд ва оммаи мардум аз ӯ пайравӣ карданд.

Ин шахс бо ин ки ҳақиқатан аз касоне набуд, ки ҳатто робитае бо иҷтиҳод дошта бошад, аммо ҳамонанди як муҷтаҳиди мутлақ дар тамоми умур дахолат мекард ва эътино ба қавли ҳеҷ кас аз пешвоёни иҷтиҳод аз гузашта ва ҳол надошт.

Ин хусусиётро бародараш Сулаймон бини Абдулваҳҳоб, ки аз мардуми дигар ӯро беҳтар мешиносад, барои ӯ зикр карда ва дар радди иддиъои бародари худ ва исботи дурӯғ будани он  китобе таълиф карда ва аз ҷумлаи ибороти ҷомеъ ва мухтасари ин китоб дар таърифи ваҳҳобийят ва бунёнгузораш  ин аст: «Имрӯз мардум ба касе мубтало шудаанд, ки худро ба китоб ва суннат нисбат медиҳад ва аз улуми он ду истинбот мекунад ва аз ҳар кас бо ӯ мухолифат кунад боке надорад ва мухолифони худро кофир медонад, дар ҳоле, ки як нишон аз нишонаҳои иҷтиҳод дар ӯ нест, балки савганд ба Худо, ҳатто  як даҳум аз нишонаи он дар ӯ вуҷуд надорад, бо ин вазъ, гуфтораш дар бисёре аз мардуми нодон таъсир гузошта».  “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун” ба «Таърихи Наҷд», таълифи «Маҳмуд Шукрӣ Олусӣ», “Вас-савоиқ-ул-илоҳийя фи-р-радди ъалал- ваҳҳобийяҳ”,  аз Шайх Сулаймон бини Абдулваҳҳоб (бародари Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб), с.7, ва «Фитнат-ул-ваҳҳобийяҳ» с.5 муроҷиъа фармоед.

Фасли дуввум:

РЕШАҲОИ АНДЕШАИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ)

Ваҳҳобийят (салафийя) дорои ду решаи асосӣ аст: Ошкор ва пинҳон.

Решаи ошкораш ин аст, ки муддаъии тавҳиди комил ва холис барои Худо ва ҷанг дар муқобили ширк ва бутпарастӣ мебошад.  Аммо аз вуҷуди ин асл ҳеҷ мисдоқи амале дар кеши ваҳҳобийят (салафийя)  ёфт намешавад, чунон, ки бар ҳар кас намоён аст.

Решаи пинҳон дар ваҳҳобийят (салафийя), ин аст, ки ин фирқа миёни мусалмонон ихтилоф меандозад ва ошӯб ва ҷанг ба по мекунад ва ба истеъморгарони ғарбӣ хидмат менамояд. Ва ин асли махфӣ ҳамон меҳвари аслӣ аст, ки тамоми кушиши ваҳҳобийят (салафийя)  аз оғози пайдоиш то кунун, гирди он мечарханд . Ва ҳамин аст решаи воқеие, ки асли ошкор  ба  манзури гумроҳ сохтани содалавҳон ва оммаи мардум дар ихтиёри он  қарор гирифта аст.

Шакке нест, ки шиор (ихлоси тавҳид ва мубориза бо ширк) шиори пурҷозибае аст, ки пайравони ваҳҳобийят (салафийя)  бо тамоми шӯру  ғурурашон зери чатри он қарор мегиранд, дар ҳоле, ки намедонанд, ин амр василае барои таҳаққуқ ёфтани решаи махфии он ойин аст.

Пажӯҳишгарони таърихи ваҳҳобийят (салафийя) собит кардаанд, ки ин маром дар асл ба фармони мустақим аз вазорати умури мустаъмироти Британия ба вуҷуд омада аст. Аз боби мисол ба китоби «Умдат-ул-истеъмор», таълифи Хайрӣ Ҳаммод, «Таърихи Наҷд» аз суннати Ҷун Филибӣ ё Абдуллоҳи Филибӣ ва китоби «Музаккироти Ҳойим Воизмен», нахустин раиси давлати саҳюнизм ва китоби «Ёддоштҳо»-и Мистер  Ҳемфер (Mr.Humphery), ва китоби «Ал-ваҳҳобияйту нақдун ва таҳлилун» аз доктор  Ҳумоюн Ҳимматӣ, муроҷиа фармоед.

Фасли саввум:

МАНОБЕЪИ ФИКРИИ ВАҲҲОБИЯЙТ (САЛАФИЙЯ)

Дар маслаки ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  ақоид  ба ду бахш тақсим шудааст:

Нахуст он чи дар китоб  ё суннат дар бораи он нассе (Қур-ону ҳадис)  ворид шуда ва гумони ваҳҳобийят (салафийя)  ин аст, ки ин бахш аз ақоиди худро ба таври мустақим аз китоб ва суннат мегиранд. Бидуни ин, ки дар маънои он ба иҷтиҳоди ҳеҷ муҷтаҳиде руҷӯъ кунанд. Хоҳ он муҷтаҳид аз саҳоба бошад  ё аз тобеъон ва ё ғайри онҳо аз аиммаи иҷтиҳод.

Бахши дуввум, ақоиде, ки ҳеҷ нассе дар бораи он ворид нашуда ва ба гумони худ дар ин умур ба фиқҳи имом Аҳмади Ҳанбал ва ибни Таймия муроҷиъа мекунанд.

Аммо дар ҳар ду амр шикастхурда ва ба таноққузгӯӣ гирифтор ва ба корҳои нописанде даст задаанд, аз ҷумла ин ки:

1.    Ваҳҳобиён (салафиён) нисбат ба ҳамон маъонӣ, ки худашон аз зоҳири бархе нусус (Қур-ону ҳадис) фаҳмиданд, таассуб варзиданд, аз ин рӯ бо иҷмои уммат ва тамоми усул мухолифат карданд ва ба ин далел Шайх Муҳаммад Абдуҳу ононро чунин таъриф кардааст: «Фирқаи ваҳҳобийят (салафийя) аз  ҳар тақлидкунандае тангҳавсалатар ва хашинтар ҳастанд ва аз ин рӯ бидуни таваҷҷӯҳ ба ҳар асле, ки дин бар он устувор аст, тамассук ва амал ба ҳар чи аз лафз фаҳмида мешавадро воҷиб медонанд». «Ал-ислом ва-н-насронийяҳ», таълифи Муҳаммад Абдуҳу ва ҳошияи Рашид Ризо, с.97,чопи дуввум.

2.Ваҳҳобиён (салафиҳо), ки муддаъии пайравӣ аз имом Аҳмади Ҳанбал ҳастанд, ба таври сареҳ бо вай мухолифат карданд, зеро мусулмонони мухолифи худро кофир донистанд, бо ин ки дар фатвоҳои имом Аҳмади Ҳанбал ҳеҷ чизеро, ки шоҳид бар ин ақидаашон бошад, наёфтанд, балки баръакс, тамоми назарҳо ва афкори ӯ бар хилофи ин аст. Яъне ҳеҷ кас аз аҳли қибларо ба анҷом додани гуноҳе, хоҳ кабира (бузург) бошад ё сағира (хурд), кофир намедонанд, магар торикнамозро «Ал-ақидату-лил-Аҳмад ибни Ҳанбал», с.120.

Ҳамчунин назди ибни Таймия ҳам чизе, ки гувоҳ бар ин ақидаи ваҳҳобийят (салафийя) бошад, вуҷуд надорад балки он чи аз ӯ нақл шуда ба куллӣ баръакси ин аст…

Ибни Таймия мегӯяд: Касе, ки мувофиқони худро дӯст бидорад ва бо мухолифони худ душман бошад ва дар ҷамоати муслимин тафриқа эҷод кунад ва касонеро, ки дар масоили фикрӣ ва иҷтиҳодӣ бо ӯ мухолифанд, кофир ва фосиқ шуморад ва ҷанг бо ононро мубоҳ донад, худ аз аҳли тафриқа ва ихтилоф аст.  «Маҷмӯаи фатовои ибни Таймия, ҷ. 3, с.349».

Пас тибқи ақидаи ибни Таймия фирқаи ваҳҳобийят (салафийя), аҳли тафриқа ва ихтилоф мебошанд.

3.Ақидаи ваҳҳобийят (салафийя)  роҷеъ ба зиёрати қубур ва машоҳид иқтизо мекунад, ки худи имом Аҳмад ва гузаштагоне, ки бо вай мувофиқ буданд, ҳамаашон аз мушриконе бошанд, ки дурӣ ҷӯстан аз онҳо ва рехтани хун ва тороҷи амволашон воҷиб аст, зеро ибни Таймия нақл кардааст, ки имом Аҳмад дар бораи зиёрати қабри Имом Ҳусайн дар Карбало ва он чи бар зоир (зиёраткунанда) лозим аст, онҷо анҷом диҳад, рисолае навиштааст ва низ ибни Таймия гуфтааст: Мардум дар замони имом Аҳмад ба қасди зиёрати Имом Ҳусайн мукарраран ба Карбало мерафтанд, китоби «Раъс-ул-Ҳусайн» ибни Таймия, ки бо китоби «Истишҳод-ул-Ҳусайни Табарӣ» чоп шуда, с.209.

Аммо ба эътиқоди ваҳҳобийят (салафийя), зиёрати қабрҳо ва ҳузур дар машоҳид, ширке аст, ки рехтани хуни зиёраткунандагон ва тороҷи амволашонро мубоҳ месозад ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ақида дар ҳақиқат ваҳҳобийят (салафийя) нисбат ба имом Аҳмад ва муосирон ва гузаштагони вай, ки ба зиёрати аҳли қубур мерафтанд ва онро мустаҳаб медонистанд, ҳукм ба ширк ва мубоҳ будани хун ва тороҷи  амволи онҳо додаанд.

Балки лозимаи гуфтори ваҳҳобиён (салафиён)  ин аст, ки тамоми уммати ислом аз оғоз мушрик ва кофиранд ва ин ақида саҳобаро низ дар бар мегирад.

Пас ба чӣ далел ин гурӯҳ худро ба имом Аҳмад ва ба гузаштагони уммати исломӣ вобаста медонанд?

4.Чунин фатвое роҷеъ ба ақидаи ваҳҳобийят (салафийя) нисбат ба талаби шафоат аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ гуфта мешавад, зеро онҳо мегӯянд: Ҳар кас баъд аз фавти Паёмбар (с) аз вай дархости шафоат кунад, ширки бузургеро муртакиб шуда, зеро чунин фарде Паёмбар (с)-ро бут қарор дода ва ғайри худоро мепарастад. Ва ба ин тартиб хун ва молашро ҳадар медонанд  «Татҳир-ул-эътиқод», таълифи Санъонӣ, с.7.

Бо ин ки ба нақли саҳеҳ собит шудааст, ки бисёре аз бузургони саҳоба ва пайравон ин корро анҷом медоданд ва хеле зуд дуояшон мустаҷоб ва ҳоҷаташон бароварда мешуд.

Ибни Таймия низ дар китобаш «Аз-зиёраҳ, ҷ.7 с.6-101» ин матлабро дуруст дониста ва бо тариқи чанд бо тафсил онро аз Байҳақӣ ва Табаронӣ ва ибни Абиддунё ва Аҳмад бини Ҳанбал ва ибни Суннӣ нақл карда ва эътироф намуда, ба ин ки бурҳон ҳам бар он қоим аст, ҳарчанд ӯ худ дар раъй бар хилофи он исрор доштааст, ҷуз ин ки ибни Таймия ин амали шафоатталабиро мисли ваҳҳобийят  (салафийя) ширки акбар надонистааст.

Пас бар тибқи ақидаи ваҳҳобийят (салафийя), асҳоби Паёмбар (с) ва пайравонашон ҷузъи мушриконе ҳастанд, ки қатлашон воҷиб аст.

Ба ақидаи ваҳҳобийят (салафийя)  на танҳо инҳо мушриканд, ҳатто онон ки бишнаванд: Саҳоба ва тобиони онон, аз Паёмбар (с) дархости шафоат кардаанд, агар ин амали онҳоро инкор накунанд ва ононро кофир надонанд, инҳо низ маҳкум ба ҳадар будани хун ва амволашон ҳастанд.

-Шигифто!!

— Бо ин мароме, ки ваҳҳобийят (салафийя)  доранд, дигар чӣ касе аз ин умматро мусулмон медонанд ва ба чӣ касоне аз аслоф ва гузаштагони худ иқтидо мекунанд?!!

Фасли чаҳорум:

АҚИДАИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ) ДАР БОРАИ САҲОБА

  1. Дар гузашта собит шуд, ки ба муқтазои ақидаи ваҳҳобийят (салафийя)  бештари саҳоба маҳкум ба куфр ва ширканд ва ин ҳукм дар бораи гурӯҳи умдаи саҳоба аст, ки пас аз реҳлати Паёмбар (с) зиндагӣ мекарданд ва шафоатталабӣ аз (рӯҳи) он ҳазрат ё тайи масофат барои зиёрати қабри шарифи вайро раво медонистанд, ё медиданд ва ё мешуниданд, ки ашхосе ин амрро ҷоиз медонанд ва ҳукм ба куфр ва ширки ӯ намедоданд ва хунашро ҳадар ва амволашро мубоҳ намедонистанд!!

Ин мавзӯи лозимаи ақидаи ваҳҳобийя (салафийя)  ва ҳукми феълии онҳо аст, аммо онгоҳ, ки дар гуфтори зиракона туфра (лағжиш) мераванд ва суханоне ба гумони худ эҳтиромомез бо саҳоба бархурд мекунанд, манзурашон фиреб додани ашхоси содалаҳв ва гумроҳ сохтани оммаи мардум аст, зеро аз изҳори ақидаи воқеиашон метарсанд, чунон ки дар бораи такфири саҳоба низ аз тарси мардум сухан намегӯянд.

  1. Ваҳҳобиён (салафиён)  ба ин ҳад иктифо накарданд, ки фақат дар бораи пайравони баъд аз Паёмбар (с) сухан бигӯянд, балки нисбат ба саҳобае, ки дар ҳаёти он ҳазрат аз атрофиёни он ҳазрат буданд низ бадгӯӣ ва дастандозӣ карданд…

Муҳаммад бини Абдуваҳҳоб-поягузори фирқаи ваҳҳобийят мегӯяд: Гурӯҳе аз саҳоба, ки дар рикоби Паёмбар (с) ҷиҳод мекарданд ва бо ӯ намоз мехонданд, закот медоданд, рӯза мегирифтанд ва ҳаҷ мекарданд¸ дар айни ҳол кофир ва аз ислом дур буданд!! «Ар-расоил-ул-амалийяту-т-тисъаҳ», таълифи Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб, «Рисолату кашфу-ш-шубаҳот, с.120»,  чопи соли 1957.

3    Он чи ин ақидаи ваҳҳобийят (салафийя)  дар бораи саҳобаҳо таъйид мекунад, таъкиде аст, ки нависандагон ва уламои он дар дифоъ аз Язид бини Муовия ва ситоиш аз вай ба кор мебаранд, бо ин ки таърих душмане монанди Язид бини Муъовия барои саҳоба суроғ надорад ва собиқае надорад, ки хуни саҳоба ва навомиси онҳоро мубоҳ карда бошад ҷуз Язид бини Муовия, ки дар воқеъаи Ҳурраҳ рехтани хун ва обурӯ ва шарафи мусулмонони Мадинаро бар лашкариёнаш ҳалол ва озод сохт, ки се шабонарӯз мардонеро куштанд, ки тамоми онҳо аз саҳоба ва фарзандони саҳоба буданд ва навомусеро беобрӯ сохтанд, ки аз саҳоба буданд, дӯшизагоне аз саҳобаро изолае аз бакорат карданд, то онҷо ки ҳазор духтар бордор шуд, дар ҳоле ки маълум нашуд фарзандаш аз чӣ касе аст!!??

Амали ҷинояткоронатари Язид бини Муовия пеш аз достони Ҳурраҳ дар Карбало воқеъ шуд, ки ҳаждаҳ нафар аз хонадони Паёмбар (с.)-ро ба шаҳодат расонд, ки дар миёни онҳо набераи он Ҳазрат (с) ва райҳонааш Ҳусайн ва фарзандони вай ва фарзандони бародараш Ҳасан буданд ва дигар фарзандонаш ва фарзандони онҳо, ҳатто кӯдаки ширхор вуҷуд дошт.

Ҷинояти дигари Язид бини Муовия, дар Маккаи Мукаррама ба оташ кашидани хонаи Каъба буд…

Оре, ин аст Язид бини Муовияе, ки ваҳҳобийят  (салафийя)  ӯро меситоянд. Ва чӣ касе иллати онро медонад! Шояд ба хотири ҳамин ҷиноятҳо ва аъмоли вай нисбат ба саҳоба ва занон ва фарзандонашон аз ӯ ситоиш мекунанд?!

Шигифтангезтар ин ки Язид бини Муовия намоз намехонд ва шурби хамр (майхорагӣ) мекардааст… ва бар тибқи фиқҳи Абуҳанифа, ки  ваҳҳобиён (салафиён)  худро ба он пойбанд медонанд, танҳо ба сабаби ҳамин хилоф бояд ҳукм ба куфри вай  бидиҳанд, аммо ӯро сутудаанд ва маъзураш медоранд… пас чаро бо ин ки ба тамоми афъол ва хислатҳои номбурдаи Язид бини Муовия илм доранд вайро меситоянд, аммо касонеро, ки аз қабри Расули Акрам (с) шафоат хоста ё ба қасди зиёрати он тайи тариқ (роҳ) мекунанд, кофир медонанд, ҳарчанд аз бузургони саҳоба ва тобиъон ва муҷтаҳидони онҳо бошад?

Оё ба хотири ин аст, ки Язид бини Муовия саҳобаи Расули Худоро нобуд сохта ва аз онҳо ҳатки номус карда ва амвол ва зирори (фарзандони) онҳоро бар ситамгорон мубоҳ донистааст?!

Фасли панҷум:

АҚИДАИ ВАҲҲОБИЁН (САЛАФИЁН) ДАР БОРАИ СИФОТИ ХУДОВАНД

Фирқаи ваҳҳобийят (салафийя)  дар бораи сифоти Худованд ақидае назири ақидаи муҷассама доранд, зеро Худоро дорои аъзо медонанд, аз қабили дасту пову  чашму сурат… сипас барои ӯ нишастан ва ҳаракат кардан ва нақл ва интиқол ва фуруд омадан ва боло рафтани маъмулӣ, чунон ки аз зоҳири ин алфоз маълум мешавад, қоиланд!!. Паноҳ бар Худо аз он чи ин нодонон ӯро ба он васф мекунанд “Ҳадияту-с­­-су-н-нийяҳ”, рисолаи чаҳорум, аз Абдулатиф, набераи Муҳаммад бинни Абдулваҳҳоб.

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  дар ин ақида муқаллиди ибни Таймияанд ва ин дар асл ақидаи ҳашавия аз асҳоби ҳадис аст, ки шинохте аз фиқҳи исломӣ ва усули собити динӣ надоранд, аз ин рӯ ба дунболи ҳамон чизе мераванд, ки аз зоҳири лафз мефаҳманд ва ҳашавия ҳам ин ақидаро аз муҷассамаи яҳуд гирифта буданд.

Бар ин асос ваҳҳобиён (салафиён)  ақидаеро изҳор карданд, ки тавоноӣ надоштанд ҳатто як ҳарф аз онро аз яке аз саҳоба ё аз табақаи нахусттобеъон нақл кунанд. Ва баъд иддиъо карданд, ки ин ақидаи тамоми пешиниён аст ва ба гуфтори тӯлонӣ, номарбут ва бидуни далели қонеъкунанда, зоҳирсозиш карданд. Аз ин гузашта, ваҳҳобийят (салафийя)  барои ин ақидаи худ ҷуз як ҳарф, ки ибни Таймия ба дурӯғ аз даҳонаш паронда аст, чизе наёфтааст, он ҳам танҳо ифтирое (туҳмате) аст, ки ҳеҷ қобили қабул нест, магар барои муқаллидони мутаассиб ё содалавҳоне, ки ҳар чи мешунаванд, бидуни таҳқиқ мепазиранд….

Ибни Таймия роҷеъ ба муҳимтарин истидлоли худ бар санади ин ақидаи ваҳҳобийят (салафийя)  мегӯяд: Саҳоба дар таъвили ҳеҷ як аз оёти сифоти Қур-он ихтилофе надоранд. Сипас мегӯяд: Ман тамоми тафосире, ки аз саҳоба нақл шуда ва аҳодисеро, ки ривоят кардаанд, мутолиа кардам ва бар бештар аз сад китоби тафсир аз кӯчак ва бузург, ки шумораи онҳоро Худо медонад, огоҳӣ ёфтам, аммо то ин соат аз ҳеҷ саҳобӣ надидам, ки чизе аз оёт ё ривоёт дар мавриди сифоти Худоро бар хилофи мафҳуми зоҳираш таъвил карда бошад (тафсири сураи Нур, аз ибни Таймия  с.178-179). Дар ҳамон китоб, ибни Таймия гуфтаст: Вай ин ҳарфро дар нишастҳои худ бисёр такрор мекардааст…

Аммо ин сухани ибни Таймия нодуруст аст ва гувоҳ бар бутлони он тамоми китобҳое аст, ки роҷеъ ба тафсири оёти сифот навишта шудааст. Ба хусус китобҳое, ки тафосири саҳобаро нақл карда ва низ китобҳое, ки ибни Таймия таъкид бар онҳо дорад мегӯяд: Ин китобҳо тафосири саҳоба ва гузаштагонро бо санадҳои саҳиҳ ривоят кардааст ва дар он чизе аз ин масоили сохтагӣ ва акозиб (дурӯғҳо) вуҷуд надорад. Ва муҳимтарини ин китобҳо «Тафсири Табарӣ» ва «Тафсири ибни Атийяҳ» ва «Тафсири  Бағавӣ» мебошад. Муқаддимаи «Фи усул-ил- тафосир», аз ибни Таймия с.51)

Дар тамоми ин тафосир таъвили оёти сифот бар хилофи зоҳир аз саҳоба нақл шуда ва ин амр дар тамоми оёти сифот ҷараён дорад.

Аз боби мисол ба тафсири оятулкурсӣ дар назари Табарӣ ва ибни Атийя ва Бағавӣ, нигоҳ кунед, ки тамоми инҳо аз ибни Аббос нақл мекунанд: «Курсийю»,- яъне илми Худо.

Ибни Атийя ба ҳамин тафсир қаноат карда ва ҳарчиро, ки дар ин маврид аз ғайри ибни Аббос нақл шуда, ҷузъи Исроилиёт ва ахбори Ҳашавия донистааст, ки набояд ба он эътино шавад. Шавконӣ дар тафсираш, «Фатҳ-ул-қадир, ҷ.1, с.272», ин матлабро аз ибни Атийяҳ нақл кардааст.

Ҳамчунин тамоми оёте, ки дар онҳо калимаи «ваҷҳ» зикр шуда, аз қабили ваҷҳи раббика ё ваҷҳиҳи ё ваҷҳуллоҳ, нахустин чизе ки дар ин маврид аз саҳоба нақл кардаанд, тафсир ба қасд ё савоб ё ғайри инҳо ҳаст, чунон ки мақом иқтизо мекунад.

Бинобар ин танҳо бурҳони ваҳҳобийят (салафийя)  бар ақидаи худ дар ҷисм доштани Худо ифтирое аст, ки бар саҳоба мебанданд ва дар ҳақоиқи динӣ дурӯғбофӣ мекунанд ва нисбати ботил ҳатто ба китобҳои тафсири машҳури миёни мардум медиҳанд,  бо ин ки таҳқиқ дар ин замина амре бисёр осон аст, ки ҳар хонандае метавонад ба ин тафосир муроҷиа кунад, то ба ҳақиқати матлаб даст ёбад.

Аз боби мисол «Тафсири Бағавӣ»-ро бубинед, ки ибни Таймия зиёд онро бузург дониста ва гуфтааст: Вай ахбори ҷаълӣ ва сохтагиро нақл накардааст ва дар ин китоб ба тафсири ин оёт дар мавриди сифот муроҷиа кунед: Бақараҳ, ояти 115 ва 255 (оятулкурсӣ) ва 272.- Раъд, ояи 22.- Қасас, ояи 88.- Рум, ояи 38 ва 39. Даҳр,- ояи 9.- Лайл, ояи 20.

Пас аз муроҷиа ба «Тафсири Бағавӣ» ифтиро ва дурӯғ ва бӯҳтони азимеро, ки ваҳҳобийят (салафийя)  ба ин дини бузург ва салафи солеҳ нисбат додаанд, хоҳед шинохт.

Фасли шашум:

ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ) ВА МУСУЛМОНОН

БИДЪАТИ БУЗУРГИ ФИРҚАИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ):

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  ақида доранд, ки фақат онҳо дорои тавҳиди холис ҳастанд, вале бақияи мусулмонон мушриканд ва куштани онҳо ва куштани авлодашон ҳалол ва ғорати амволашон ҷоиз ва сарзаминҳояшон ҷузъи билоди куфр ва ширк мебошад!!

Ин гурӯҳ муътақиданд, ки ҳар мусулмон, то вақте, ки ба масҷид ва қабри Расули Худо (с) табаррук ҷӯяд ва қасди зиёрати он кунад ва аз ӯ шафоат бихоҳад, шаҳодат ба калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ ва Муҳаммаду-р-расулуллоҳ» ҳеҷ суде ба ҳолаш надорад.

Инҳо мегӯянд: Мусулмоне, ки ба ин умур муътақид аст, мушрик аст ва ширкаш аз ширки аҳли ҷоҳилийят ва бутпарастон ва ситорапарастон шадидтар аст!

Ба китобҳои: «Ар-расоил-ул-амалийяту-т-тисъаҳ», таълифи Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб, с.79, «Татҳир-ул-иътиқод», таълифи Санъонӣ, с.7, 12,35, «Фатҳ-ул-маҷид с.40-41» ва рисолаи «Арбаъ-ул-қавоид» ва рисолаи «Кашфу-ш-шубаҳот», аз Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб муроҷиа шавад.

Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб дар рисолаи «Кашфу-ш-шубаҳот» ҳудуди 24 маврид лафзи ширк ва мушрикро бар тамоми мусулмонон итлоқ карда, ҷуз бар пайравони худаш ва ҳудуди бист маврид онҳоро куффор, ъуббодуласном (ибодаткунандагони бутҳо), муртаддин, мункирони тавҳид, душманони тавҳид, аъдоуллоҳ ва муддаъиёни ислом номидааст ва пайравони ӯ ҳам дар соири китобҳояшон чунин кардаанд. Оё ин ақидаи худро ваҳҳобиён аз иҷрои пешиниён нақл кардаанд ё ин ки бидъатеро муртакиб шудаанд?

Ибни Ҳазм зимни баёни асл ва қоидае чунин мегӯяд: «Ҳеҷ гоҳ мусулмон ба муҷарради як гуфта ё назаре, ки дар масъалаи эътиқодӣ изҳор кунад на кофир мешавад на фосиқ». Сипас ибни Ҳазм пешвоёни гузаштаро, ки қоил ба ин қавл будаанд, бар шумурда, то ин ки мегӯяд: «ин сухани тамоми саҳоба ҳаст, ки мо мешиносем роҷеъ ба ин масъала, ва ихтилофе дар ин маврид намебинем»,  «Ал-фисал, ибни Ҳазм», ҷ.2 с.247 ва низ ба китоби  «Ал-явоқиб вал-ҷавоҳир»-и Шаъронӣ,  мабҳаси 58 муроҷиа кунед.

Ибни Таймия худ тасриҳ кардааст, ки ҳеҷ кас ба ҷуз хавориҷ, фарди мусулмонеро ба иллати гуноҳ ва изҳори назар кофир надонистааст, «Маҷмӯаи фатвоҳои ибни Таймия, ҷ.13, с.20».

Бинобар ин ваҳҳобиён (салафиён)  дар ин бидъаташон ба ҳеҷ гурӯҳе аз гузаштагон иқтидо накардаанд, магар хавориҷ!!

Фасли ҳафтум:

ВАҲҲОБИҲО (САЛАФИҲО) ВА ХАВОРИҶ1

1 Хавориҷ касоне буданд, ки аз дини ислом хориҷ гаштанд ва бо Амирулмӯъминин Алӣ— каррамаллоҳу ваҷҳаҳу — пайкор намуданд. Инон дар ҷанги Сиффин ҳакимиятеро, ки худ бар он ҳазрат таҳмил карданд. Онро баҳона қарор доданд ва бар он пешвои одил шуриданд. Худ аз дин хориҷ шуда буданду мисли ҳамин гурӯҳ ваҳҳобият (салафийя)  ҳамаро аз дин хориҷ медонистанд.

Мояи шигифтӣ аст, ки шабоҳат миёни ваҳҳобиён (салафиён)  ва хавориҷ дар умури мунҳарифкунанда аз ҷомеаи муслимин ончунон афзун аст, ки ҳатто муҳаққиқ  хаёл мекунад инҳо ҳамонҳо ҳастанд, ҳарчанд миёнашон фосилаи замонӣ вуҷуд дорад.

Инак ба вуҷуҳи мушобаҳат (монанди ба ҳамдигар) ва тавофуқ миёни ин ду гӯрӯҳ мепардозем:

1.Хавориҷ ҷудо аз ҳамаи мусулмонон гуфтаанд: Муртакиби гуноҳи кабира (бузург) кофир аст.

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) низ мусулмонро ба хотири анҷоми бархе аз чизҳое, ки гуноҳ шумурда  кофир донистаанд ба китоби «Кашфу-ш-шубаҳот» ва «Татҳир-ул-эътиқод»-и Санъонӣ муроҷиа шавад.

2.Хавориҷ сарзамини исломиро, ки гуноҳи кабира дар он шоеъ шавад, сарзамини куфр ва дори ҳарб номидаанд ва ҳар кореро, ки Расули Худо (с) бо кофирон раво медонист, бо инҳо раво медоранд, яъне хун ва молашонро ҳадар медонанд.

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  низ агар мусулмонон сарзамини сафари зиёрати қабри Паёмбар (с) ё қубури бандагони солиҳи Худоро раво бидонанд ва аз онҳо шафоат бихоҳанд, ҳукм ба куфри онҳо медиҳанд, ҳарчанд аз обидтарин ва солеҳтарин мардум бошанд.

Натиҷаи ду ваҷҳи гузашта ин мешавад, ки ақидаи ваҳҳобиён (салафиён)  аз хавориҷ бадтар аст, зеро хавориҷ гуноҳҳоеро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд, ки тамоми мусулмонон онҳоро аз кабоир медонанд, аммо ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  корҳоеро гуноҳи кабира ва муҷиби куфр медонанд, ки аслан гуноҳ нест, балки мустаҳаботе ҳаст, ки бидуни хилоф, салафи солеҳ аз қабили саҳоба ва тобеъон ва ашхосе, ки баъдҳо омаданд ва аз онҳо амал мекарданд, чунон, ки гузашт.

3.Яке аз шабоҳатҳои  ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  бо хавориҷ сахтгирӣ дар дин ва таассуби ҷоҳилона ва ҷумуд дар фаҳми он мебошад.

Вақте хавориҷ ин ояи Қур-онро таваҷҷӯҳ доданд «Ини-лҳукму илло лиллоҳ», яъне ҳукм фақат ҳукми Аллоҳ аст, (Анъом 57) гуфтанд: Ҳар кас иҷозаи доварӣ ва ҳукумат кардани ба ғайри Худо диҳад, ширк ба Худо овардааст. Ва ин ояро, ки гузашт, шиори худ қарор доданд ва сухани ҳақ буд, ки иродаи ботил доштанд ва ин корашон таассуби нораво ва нодонии бузург буд. Зеро доварӣ дар низоъҳо ва ихтилофот аз назари Қур-он ва ақл ва суннати Паёмбар (с) собит шуда ва сираи Расули Акрам   (с) ва саҳоба ва ёрони ӯ будааст.

Ваҳҳобиҳо низ вақте ба ин оёт бархурд карданд: «Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин! Яъне танҳо туро мепарастем ва аз ту кумак мехоҳем (Ал-фотиҳа,4) ва «Ман за-л-лазӣ яшфаъу ъиндаҳу илло биизниҳ», яъне чӣ касе назди ӯ ба шафоат бархезад магар ба фармони ӯ? (Бақараҳ 255) ва «Ло яшфаъуна илло лиманиртазо»,  яъне шафоат намекунад магар аз касе, ки Худо розӣ бошад (Анбиё, 28) мӯътақид шуданд, ки ҳар кас шафоати Паёмбар (с) ва бандагони солеҳи Худоро бихоҳад, ширк ба Худо оварда ва ҳар кас қасди зиёрати Паёмбар (с) кунад ва аз ӯ шафоат бихоҳад, ӯро парастида ва ӯро Худое ғайр аз Худо донистаааст. Ба ин тартиб, шиори ваҳҳобиён ин буд «Ло маъбуда ила-л-лоҳ», яъне маъбуде ҷуз Худо нест ва «Ло шафоата ила-л-лоҳ», яъне шафоат аз ғайри Худо раво нест ва ин калимаи ҳақе аст, ки ботил аз он ирода мешавад ва ин низ таассуб ва нодонии бузурге аст, зеро ин умур дар сираи асҳоб ва тобеъон ҷавозаш собит аст, чунон ки гузашт.

4.Ибни Таймия мегӯяд: «Ақидаи хавориҷ нахустин бидъате аст, ки дар ислом зуҳур ёфт, пайравони ин ақида мусулмононро кофир шумурданд ва рехтани хунашонро ҳалол донистанд, «Маҷмъӯаи фатово, ч.13, с.20». Бидъати ваҳҳобийят (салафийя)  низ чунин аст ва ин охирин бидъате аст, ки дар ислом падид омад.

5.Аҳодиси шариф ва саҳиҳе, ки дар бораи хавориҷ ва хурӯҷи онҳо аз дин сухан мегӯяд, баъзе аз онҳо бар ваҳҳобият низ татбиқ мешавад. Аз ҷумла дар ҳадиси саҳиҳ аз Паёмбар (с) нақл шудааст, ки фармуд: «Яхруҷу уносу мин қибал-ил-мағриби яқраун-ал-қур-она ло юҷовизу тароқияҳум, ямриқуна мина-д-дини камо ямриқу-с-саҳму мина-р-рамяти, симоҳуму-т-таҳлиқи», яъне “инсонҳое аз ноҳияи машриқ хурӯҷ мекунанд, ки Қур-он мехонанд, аммо аз ҳанҷараашон (гулӯяшон) таҷовуз намекунад, аз дин берун мераванд, чунон ки тир аз камон хориҷ мешавад, шиъорашон тарошидани сарашон мебошад.” «Саҳиҳ Бухорӣ, китоби тавҳид, боби 57, ҳадиси 7123», Қасталонӣ дар шарҳи ин ҳадис гуфтаст: «Манзур аз ноҳияи машриқ аз тарафи шарқи Мадина аст, мисли Наҷд ва баъд аз он». «Иршоду-с-сорӣ ҷ.15, с.676, табъи Дор-ул-фикр», соли 1410 ҳиҷрӣ.

Наҷд зодгоҳи фирқаи ваҳҳобийят ва ҷойгоҳи нахустине аст, ки аз онҷо зуҳур кард ва мунташир шуд… «Дар бораи радди ваҳҳобиҳо ҳеҷ ниёзе ба навиштани китоб нест …» «Фитнат-ул-ваҳҳобийя», таълифи Зайнӣ Даҳлон, с.19.

6.Ҳадиси шарифи Паёмбар (с) дар бораи хавориҷ: «Яқтулуна аҳлал-исломи ва ядаъуна аҳлал авсони» (мусулмононро мекушанд ва бутпарастонро боқӣ мегузоранд), ибни Таймия ин суханро дар китоби «Маҷмуъат-ул-фатово ҷ.13 с.32»  зикр кардааст, чунин аст: «Вазъияти фирқаи хавориҷ ба таври комил, ки ҳеҷ гоҳ юриши ҷанге накарданд, магар бо аҳли қибла ва дар таърих аз ин ки бо бутпарастон биҷанганд ё қасди онро дошта бошанд, хабаре вуҷуд надорад, балки ҳатто дар усул ва китобҳояшон, ки пур аз лузуми ҷанг бо аҳли қибла аст, аз ин амр зикре ба миён наомадааст!»

7.Бухорӣ нақл кардааст, ки Абдулло ибни Умар дар васфи хавориҷ гуфтааст: «Хавориҷ оётеро, ки дар бораи куффор нозил шуда, дар бораи мӯъминон қарор додаанд». Саҳиҳ Бухорӣ, китоби «Иститобат-ул-муртаддин, боби 5».

Аз ибни Аббос нақл шудааст: «Мисли хавориҷ набошед, ки оёти нозилшуда дар бораи (куффор), аҳли китоб ва мушриконро ба аҳли қибла таъвил карданд ва аз улуми ин оёт бехабар монданд, дар натиҷа, хунҳо рехтанд ва сарватҳо ғорат карданд».

Ин аст ҳоли ваҳҳобийят, оёти нозилшуда дар бораи бутпарастонро роҷеъ ба мӯъминон донистаанд, китобҳояшон аз ин матлаб пур аст. Ва ақидаашон бар ин побарҷо.

8.Гуфтугӯ миёни як нафар суннӣ ва як нафар ваҳҳобӣ:

Ваҳҳобӣ гуфт: Китобҳои ҳанбалиҳо ҳамон китобҳои ваҳҳобиҳост, пас чӣ чиз аз онҳоро инкор  мекунӣ? Ва наметавонӣ ваҳҳобиҳоро мавриди муохаза қарор диҳӣ, магар ба он  чи бо сароҳат дар китобҳояшон бубинӣ ва он чи мухолифон мегӯянд эътиборе надорад

Суннӣ гуфт: Ту дар бораи қаромита чӣ мегӯӣ?

Ваҳҳобӣ гуфт: Онҳо кофири мулҳид ҳастанд.

Суннӣ гуфт: Қаромита ақида доранд, ки мазҳабашон мазҳаби аҳли байт аст ва китобҳои аҳли байт низ китобҳои онҳост, оё ту дар китобҳои аҳли байт ҷуз ҳақ ва нур чизе мушоҳида мекунӣ?.

Ваҳҳобӣ гуфт: Қаромита дурӯғ гуфтаанд, ин шумо ва ноқилони таърих, ки куфр ва дурӯғи қаромитиҳоро исбот мекунанд.

Суннӣ гуфт: Оё далеле бар ҳуҷҷати таърихнависон дорӣ?

Ваҳҳобӣ гуфт: Оре, зеро Шофеъӣ тасриҳ кардааст ба ин ки гуфтаи муаррихон, ки гурӯҳе аз гурӯҳи дигар нақл мекунанд, беҳтар аз гуфтаи муҳаддисон аст, ки як нафар аз фарди дигаре нақл мекунад.

Суннӣ гуфт: Бинобар ин вақте ман аз муаррихоне, ки бо ваҳҳобиён буда ва онҳоро мушоҳида кардаанд, нақл мекунам, ки тасреҳ ба куфри ваҳҳобийят кардаанд, воҷиб аст онро бипазирӣ.

Суннӣ изофа кард, ки амали инсон ҳуҷҷат ва далел бар худи ӯ аст, ҳарчанд забонаш ӯро такзиб кунад ва қаромита ба далели ин ки хуни мусулмонон ва амволи онҳоро ҳалол донистаанд, шубҳае дар куфри онҳо боқӣ намемонад ва арбобони ту низ чунин ҳастанд.

Ваҳҳобӣ хашмгин шуд ва намедонист, ки чӣ бигӯяд…

Суннӣ гуфт: Дар мавриди ривоёте, ки роҷеъ ба хавориҷ ва хурӯҷи онҳо аз дин ва ин ки онон сагҳои ҷаҳаннам ва бадтарин кушташудагон дар зери осмони кабуд ҳастанд, ворид шуда, чӣ мегӯед?

Ваҳҳобӣ гуфт: Аз маҷмӯи ин ривоёт ба таври қатъ маълум мешавад, ки хавориҷ аз дин хориҷ шуда ва мустаҷиби хашми Худованд мебошанд, аммо онҳо касоне ҳастанд, ки Алӣ (к. в.) дар Наҳравон ононро ба қатл расонд, дар ҳоле ки ваҳҳобийят аз онҳо нестанд.

Суннӣ гуфт: Чаро хавориҷ мустаҷиби хашми Худо шуданд, оё ба далел ин аст,  ки саҳоба намоз ва рӯзаи худашонро дар қиболи намоз ва рӯзаи хавориҷ кӯчак шумурда?

Ваҳҳобӣ гуфт: На.

Суннӣ гуфт: Пас оё ба далели зуҳди онҳо ва буридан аз лаззатҳо ва ба хотири ин будааст, ки Қур-онро мехонданд ва ба раъйи худ тафсир мекарданд ва гуфтори беҳтарини махлуқро мегуфтанд? (ишора ба ҳадисе ҳаст ки дар васфи хавориҷ гуфтаанд: «Хавориҷ қавли беҳтарин махлуқҳоро мегӯянд», яъне ба забонҳояшон ҳақ мегӯянд.

Ваҳҳобӣ гуфт: На.

Суннӣ гуфт: Пас ба чӣ далел будааст?

Ваҳҳобӣ забонаш ба лакнат афтод ва натавонист посух диҳад.

Суннӣ чун дид, ки ваҳҳобӣ аз посух оҷиз монд, худ қазияро файсала дод ва гуфт: Хавориҷ мавриди хашми худо воқеъ нашуданд, магар ба далели ин ки рехтани хун ва тороҷи моли мусулмононро мубоҳ донистанд ва ононро кофир шумурданд ва танҳо худро мусулмон ба ҳисоб оварданд ва шакке нест дар ин ки ҳар кас чунин хусусиётро дошта бошад, чунин кайфаре низ хоҳад дошт.

Фасли ҳаштум:

ВАҲҲОБИЁН (САЛАФИЁН) ВА ҒУЛОТ

РАВЗАНАЕ БА ҲАҚИҚАТ

Ғулот гурӯҳе ҳастанд, ки дар эҳтироми баъзе ашхос зиёдаравӣ карданд ва онҳоро то мақомоти фавқи башарийят боло бурданд.

Ҳамзамон бо Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб, ки дар сарзамини Наҷд даъвати ҷадидашро ошкор мекард, шахси дигаре даъвати дигареро оғоз кард, ки дар ин даъвати худ бисёре аз ақоиди фаромӯшшудаи ифротиёни нахустине, ки дар бораи имом Алӣ (к.в.) ва соири хонадони Паёмбар (с) ғулув карда буданд, таҷдид кард.

Даъвати охир аз ин назар, ки мухолифони худ аз мусулмононро кофир мешумурд ва саҳобаро мавриди таън қарор медод, ба даъвати Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб шабоҳат дошт, вале ин даъвати охир аз ваҳҳобийят поро фаротар ниҳод ва бо сароҳати ағлаб саҳобаро кофир донист… Соҳиби даъвати ахир Шайх Аҳмад Иҳсоӣ даргузашта ба соли 1241 ҳиҷрӣ, аст ва пайравонаш шайхия номида мешаванд, ҳангоме ки Иҳсоӣ аз дунё рафт, ҷонишинаш Козим Раштӣ ва ҷойгоҳаш шаҳри Карбало буд.

Мавзеъи ваҳҳобиён дар баробари ин даъват чӣ буд?

Дар замоне ки маркази шайхия Карбало ва раҳбарашон Козим Раштӣ буд, ваҳҳобийят ба ин шаҳр юриш бурданд ва бар тибқи одате, ки дар ҳамаи ҷангҳо доштанд, ҳазорҳо нафар мард, зан ва кӯдакро ба қатл расонданд ва сарватҳоро ба тороҷ бурданд ва хонаҳоро хароб карданд, аммо дар ин миён, ба Козим Раштӣ амон доданд ва хонаи ӯро маҳали амн ва касеро, ки ба онҷо паноҳ бибарад, дар амон қарор доданд!! «Ал-ваҳҳобийяту нақдун ва таҳлил», аз доктор Ҳумоюн Ҳимматӣ, с.24.

Ин нуқтае аст, ки аз чеҳраи воқеии ваҳҳобийят (салафийя) парда бармедорад ва иддаои ботилашонро пиромуни ихлос дар тавҳид ва мубориза бо ширк бармало месозад!

Акнун бармегардем ва аз ибни Таймия сухан мегӯем, ки ваҳҳобиюн ӯро раҳбар ва пешвои худ медонанд. Ва мавзеъи ӯро дар муқобили яке аз гурӯҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳем ва он фирқаи язидӣ аст, ки дар бораи Язид бини Муовия ғулув кардаанд ва аз ҷумлаи инҳо гурӯҳи адавийя аст мансуб ба Адӣ бини Мусофир, ки нахуст раҳбари гурӯҳ буд ва сипас дар бораи ӯ ва ҳамчунин Язид ғулув карданд; ибни Таймия ба сустӣ ва беарзишии ин андеша таваҷҷӯҳ ва мавзеъгирии сахте ба он дошт, чунон ки муҷиби эҷоди шубҳаҳо ва ишколоти фаровоне шуд.

Ибни Таймия, ки ба сахтгирӣ ва ҳамла ба соири гурӯҳҳои исломӣ ва тавсифи онҳо ба залолат ва гумроҳӣ ва каҷравӣ шӯҳрат дорад, бояд дид, ки бо ин ифротиёни ширк чӣ гуна сухан мегӯяд:

Дар номае, ки ба хавориҷ навишта, онҳоро ба сухани шигифтангез ва хушоянд мавриди хитоб қарор дода ва ба ислом ва имон доштан тавсифашон мекунад ва ба равиши чунон бародарона ва ором насоеҳи хайрхоҳонаи худро ба онҳо тақдим медорад, ки бо ҳеҷ аз гурӯҳҳои исломӣ аз қабили ашъария ва шиъаи имомия ва зайдия ва муътазила ва марҷиа ва ҷуз инҳо, ҳатто як ҳарф аз ин суханони оромибахш нагуфтааст.

Номае, ки навишта ин аст:! «Аз Аҳмад бини Таймия ба гурӯҳе аз мусулмонон мансуб ба суннат ва ҷамоат аз пайравони пири ориф, Абулбаракот, Адӣ бини Мусофири Уммавӣ Худояш раҳмат кунад ва роҳиёни роҳашон, Худо ҳамаи ононро дар пайравии ӯ тавфиқ диҳад ва ба итоати ӯ итоати Паёмбараш кӯмак кунад… дуруд ва раҳмат ва баракоти Худо бар шумо бод, аммо баъд…»  «Ал-васийят-ул-кубро, аз ибни Таймия, с.5».

Ба ин наҳв, ибни Таймия хавориҷро аз мусулмонони мансуб ба суннат ва ҷамоат қарор дода, бо ин ки бидуни хилоф ин гурӯҳ, ифротӣ ва аз ғулот ҳастанд ва ғулот ҳам ба иҷмоъи тамоми фирқаи исломӣ ва ба иқтизои китоб ва суннат, мушрик ва аз ислом хориҷанд, зеро ба тавҳид хадша ворид кардаанд, пас аз ислом хориҷ ва ба ширк ворид шуданд. Оё ин мавзеъгириҳо панд ва андарз дорад?

Фасли нуҳум:

ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ) ДАР ХИДМАТИ Чӣ КАСОНЕ АСТ ?

Оё ваҳҳобийят (салафийя) ҳаргиз нисбат ба масолеҳи ҷомеъаи азими мусулмонон фикр кардаанд?

Оё ҳеҷ вақт дар андешаи ҷилавгирӣ аз манофеъи истеъморӣ дар кишварҳои исломӣ будаанд?

Оё ишғоли ғарб сарзаминҳои исломиро мӯҷиби саргарми ваҳҳобиён (салафиён) шудааст?

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) дар баробари нуфузи салибиҳо ва саҳюнистҳо дар кишварҳои исломӣ чӣ бозтобе нишон додаанд ?

Дар муқобили тарафдорӣ аз ғарб ва дарҳои боз бар рӯи ғарбиҳо ва тасаллути эшон бар сарватҳои муслимин ва бар сарварӣ ва бузургиашон чи мавзеъе гирифтаанд?

Ин амр бар ҳеҷ кас пӯшида нест ва ҳар мусулмоне, ки чашми худро бигушояд, мефаҳмад, ки ваҳҳобиён (салафиён) нахустин хидматгузори истеъмори ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ ҳастанд.

Танҳо ин нест, балки агар ба осори боқимондаи Муҳаммад ибни Абдуваҳҳоб ва раҳбарони нахустини баъд аз вай бингарӣ, ҳеҷ асаре барои ободии замин ва барпои адолат ва додрасии мазлум ва муборизаи бо фақру ҷаҳл аз онҳо намебинӣ.

Ҳатто асаре барои беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва эҷоди пешрафти илмӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дида намешавад. Ва асаре аз сулҳ ва оромиш ба чашм намехӯрад, балки ҷуз такфири мусулмонон  ва мушрик донистани онон ва воҷиб донистани қатли онҳо ва ибоҳаи хун ва амволашон чизи дигаре намебинӣ!!

Танҳо чизе, ки ҳассосияти онҳоро ба худ ҷалб мекунад, сурати қабр ва масҷид ва шахсе аст, ки бигӯяд: Эй Паёмбари раҳмат (с),  маро дар назди Худо шафоат кун!!

Кори ваҳҳобиён  (салафиён) фақат ҳамин аст ва ғайр аз ин нест ва ҳамин ягона тасмиме ҳаст, ки зери пушиши он қарор гирифтаанд, хуни мусулмононро мерезанд, муҳаррамотро мубоҳ мешуморанд ва яке пас аз дигаре ошӯб ба по мекунанд ва ҳеҷ бокашон нест, ки сарзаминони муслимин ҳадафи душманони мушрик ва куффор ва масеҳиёни салибӣ ва яҳудиёни саҳюнист воқеъ шавад.

Оё чунон ки зиёрати саҳоба аз қабри Ҳамзаи Сайидушуҳадо фарзанди Абдулмуталлиб ва намоз хондани онҳо дар он макон ваҳҳобиёнро (салафиёнро)  норорҳат мекунад, ба ҳамон миқдор он чи бар Байтулмуқаддас ва мусулмонони Боснӣ ва Ҳерзугувин ва Лубнон гузашта дар онҳо таъсир мегузорад?

Ё чунон ки вуҷуди қабри райҳонаи Расули Худо (с), Ҳусайн бини Алӣ, ки саҳоба ва тобеъон ҳатто дар замони Аҳмади Ҳанбал, ки нақли он аз ибни Таймия гузашт, барои зиёраташ масофатҳо тай мекарданд, хашми онҳоро таҳрик мекунад, тасаллути Амрико бар манобеъи нафтӣ дар сарзаминҳои исломӣ, онҳоро хашмгин месозад?

Оё чунон ки тӯҳфаҳои тақдимӣ ба қабри Паёмбар (с) онҳоро асабонӣ мекунад, муҳосираи иқтисодӣ таҳмилшуда бар миллати мусулмонони Либия бидуни ҳеҷ далели муваҷҷаҳе, ононро мутаассир месозад?

Эй кош ин умур ё ҳадди ақал бархе аз ин умурро дар онҳо медидем…

Мояи таассуф аст, ки ин ҳама вақт ва заҳмат ва талош ва молу сарват ва нирӯҳои фикрӣ дар пардохтан ба корҳои ғайри қобили таваҷҷӯҳ, ба суханони бе арзише сарф мешавад, ки ҷуз мардуми нодон ва фурӯмоя ва бефоида касе ба онҳо намепардозад.

Он чи ваҳҳобиёнро (салафиёнро)  дар он доштааст, ки ин чунин дар ин матлаб диққат ба харҷ диҳанд, умуре ҳаст, ки намунаҳои комили онҳо дар зер баён мешавад:

Яке аз онҳо камандешӣ ва тангназарӣ аст. Ваҳҳобиён (салафиён) ғайр аз ин сухане балад нестанд ва фикре ғайр аз ин дар зеҳнҳояшон пайдо намешавад.

Амри дигар, нотавонӣ аз дарки мафҳуми зиндагӣ ва пешрафт бо замон аст, ки ба таври куллӣ аз таваҷҷӯҳ ва болоравӣ ва тараққии муносиб нисбат ба масоили динӣ ва илмӣ ва иҷтимоӣ дар ин асри ҷадид аҷз доранд. Ба ин далел бар ҳамон ҳарфҳои кӯҳна ва пӯсида такя мекунанд ва дар бузург доштан ва қадосат додан ба он зиёдаравӣ мекунанд, то аз ин роҳ барои худ равзанае ба манзури мушарраф шудан бар ин дунёи мутараққӣ ва пешрафта пайдо кунанд.

Аз ҷумлаи ин умур тангназарӣ ва кинатузӣ аст, ки нисбат ба ин уммати исломӣ доранд, хубиро барои онҳо наметавонанд бубинанд ва дилҳояшон саршор аз бадхоҳӣ нисбат ба онон аст.

Ҳар кас ба ёвагӯиҳо ва фарёдҳои ларзон ва пароканда ва дилбастагиҳои нобаҷо ва суханони тӯҳматангези ваҳҳобиён (салафиён)  биандешад, камфикрӣ ва тангназарӣ ва кинатӯзӣ, душманӣ ва нодонӣ ва бехирадиро ба тамоми маъно дар ин гурӯҳ эҳсос мекунад.

Дигар аз ин умур, дӯстии сареҳ ва ошкори онон бо душманони ислом аст ва ин матлабе аст, ки ниёз ба истидлол надорад ва ба ҳеҷ кас пӯшида нест.

Ҳеҷ гурӯҳе аз мусулмонон он чунон эътиқод ба дӯстӣ бо ғарбиҳо надоранд, ки бо онон доранд, барои онҳо фурӯтанӣ мекунанд ва ба онон тақарруб меҷуянд ва аз корҳои хоинонаи эшон дифоъ мекунанд ва ин ақидаи мустамари ваҳҳобийят (салафийя)  аст, ки ҳаргиз розӣ намешаванд, ки аз он даст бардоранд.

Вуҷуди ваҳҳобийят (салафийя)  дар кишварҳои исломӣ боиси рахнае аст, ки пайваста дарвозаҳоро бар рӯи саҳюнизм ва салибиёни ситамгар боз мекунад, ки ҳар гуна бихоҳанд дар ҷаҳони ислом нуфуз кунанд, инсонҳоро бадном, амволро тороҷ, биноҳоро вайрон созанд ва ҳама чизро мутасарриф шаванд ва пайваста бар нуфузи худ биафзоянд. Оре, ваҳҳобиён (салафиён) ҳама чизро барои ин бародарони хиёнаткори худ дар ҳар ҷо омода ва барқарор месозанд…

Инҳо ҳамон аносири палиде ҳастанд, ки дар гузашта заминаро  барои ғарбиҳо омода карданд, ки нутфаи Исроили аз ҳама ҷо мондаро дар қалби кишварҳои исломӣ бипошанд… Ва инҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки дар тули таърих тамоми ҳукуматҳои муздури ғарбро тақвият карданд ва ба ин васила ҷилави ҷунбишҳои озодибахши созишнопазирро гирифтанд…

Инҳо ҳамон ҷурсумаҳои  палиде ҳастанд, ки имрӯз омодаанд то ҷои пойи чакамапӯшони ғарбиро дар қалби ҷаҳони ислом боз кунанд ва Исроили вомондаро чунон расмияте диҳанд, ки ҳеҷ кас ҳатто андешаи барандозии онро дар фикру хаёли худ роҳ надиҳад.

Ваҳҳобиён (салафиён) айёди манфуре ҳастанд, ки имрӯз кишварҳои ғарбӣ онҳоро тақвият мекунанд то пеши бедории пирӯзмандонаи исломро бигиранд ва аз ҳукуматҳои муздури мунофиқашон пуштибонӣ мекунанд, ки бо силоҳҳои оҳанин ва оташзо барои аз байн бурдани бедории исломӣ талош кунанд.

Ин воқеияте аст, ки ваҳҳобиён (салафиён) ба он таҳаққуқ бахшида ва имрӯз ҳамчунон ба он пойбанданд ва барои ояндаашон низ ҳамин эътиқодро доранд!!

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) аз бедории мусулмонон метарсанд, чунон ки исроилиҳо аз он метарсанд, чаро ки сарнавишти онҳо ба поёни кори онҳо гиреҳ хурдааст.

Фасли даҳум:

ШАММАЕ АЗ РИВОЁТЕ, КИ ДАР БОРАИ ЗИЁРАТ ВА ТАВАССУЛ ВОРИД ШУДААСТ

Зиёрат(дидор)

  1. Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд: «Ман зоранӣ баъда мамоти факаанна мо зоранӣ фӣ ҳаётӣ», яъне касе, ки пас аз марг ба зиёрати қабри ман биёяд, гӯё маро дар зиндагиям зиёрат кардааст «Сунану-д-Дорақутнӣ, ҷ.2,  с.278, ҳ.193».

Паёмбар (с) фармуд: «Ман зоранӣ илал мадинати кунту лаҳу шаҳидан ва шафиъан явмал-қиёматӣ», яъне касе ки барои дидори ман ба Мадина ояд, ман рӯзи қиёмат гувоҳ ва шафиъи ӯ хоҳам буд «Абудовуд, ҷ.1, с.12», ибни Абиддунё, чунон ки дар китоби «Вафо-ул-вафо, с.1345», нақл кардааст.

Паёмбар (с) фармуд : «Ман зоранӣ муҳтасибан илалмадинатӣ кона фӣ ҷаворӣ явмал-қиёматӣ», яъне ҳар кас ба манзури аҷри илоҳӣ барои зиёрати ман ба Мадина биёяд, рӯзи қиёмат дар муҷоварати ман хоҳад буд. «Ал- сунан-ул- Кубро/ал -Байҳақӣ, ҷ.5, с.245».

  1. Паёмбар (с) фармуд : «Ман зора қабрӣ ваҷабат лаҳу шафоатӣ», яъне ҳар кас қабри маро зиёрат кунад, ман аз ӯ шафоат мекунам «Сунану-д-Дорақутнӣ, ч.2, с.278, ҳ.194».
  2. Имом Молик гуфтааст: Ҳар гоҳ касе бихоҳад ба зиёрати қабри Паёмбар (с) ояд, пушт ба қибла кунад ва рӯ ба Паёмбар (с) оварад. Онгоҳ бар ӯ дуруд фиристад ва дуо кунад «Руусул-масоил/а-н-Нававӣ», ва низ ба китоби «Вафо-ул- вафо, с.1377», муроҷиа кунед.
  3. Аз асҳоби Шофеъӣ нақл шудаст: Зоир (зиёраткунанда) пушт ба қибла биистад дар ҳоле ки сураташ ба тарафи зареъи муқаддас бошад ва ин қавли Аҳмади Ҳанбал аст. «Вафо-ул вафо, с. 1378».
  4. Дар китоби  “Ал-ъилалу ва-с-суулот” аз Абдуллоҳ ибни Аҳмади Ҳанбал нақл шудааст, ки гуфт: Аз падарам пурсидам: Шахсе бо даст молидан ба минбари расули Худо (с) табаррук меҷӯяд ва онро мебӯсад ва ба умеди аҷру савоб аз Худованд нисбат ба қабри он Ҳазрат ҳамин корро анҷом медиҳад.

Гуфт: Ишколе надорад. «Вафо-ул-вафо , с.1404».

  1. Муҳибби Табарӣ мегӯяд: Бӯсидан ва ламс кардани қабр ҷоиз аст ва амали донишмандон ва  бандагони солеҳ низ бар ин аст «Вафо-ул-вафо, с.1406».
  2. Ҳадиси Имом Ҷаъфари Содиқ аз падаронаш, ки дуруди Худо бар онҳо бод, чунин аст: Ҳазрати Фотима ҳар ҷумъа ба зиёрати қабри Ҳамза мерафт. «Тафсири Қуртубӣ, ҷ.10, с.248».

ТАВАССУЛ

  1. Дуои Паёмбар (с) : «Худоё туро савганд медиҳам ба ҳаққе, ки суолкунандагон бар ту доранд, ки…». (Амал-ул-явми ва-л-лайлати/ибни Суннӣ, с.82)

Совии ҳанбалӣ дар китоби «Ал-муставъиб» дар боби зиёрати қабри Паёмбар (с) мегӯяд: Зоир назди қабр меояд, рӯ ба рӯи он пушт ба қибла ва дар тарафи рости минбар биистад, он гоҳ роҷеъ ба кайфияти салом ва дуо гуфтааст чунин бигӯяд: «Аллоҳумма иннака қулта фӣ китобика ли-наби-й-йика салаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам: (Валав аннаҳум из-заламу анфусаҳум ҷо-ука фастағфиру-л-лоҳа вастағфаралаҳуму-р-расулу…). ва иннӣ қад атайту набийяка мустағфиран фа-ас-алука ан туҷиба лиял-мағфирата камо авҷабтаҳо лиман атоҳу фӣ ҳаётиҳи. Аллоҳумма иннӣ атаваҷҷаҳу илайка би наби-й-йика салаллоҳу ъалайҳ ва олиҳи ва саллам»… яъне Худовандо ту дар китобат ба Паёмбарат (с) фармудаӣ (агар уммат вақте, ки ба худ ситам карданд, пеши ту оянд ва аз Худо омӯрзиш бихоҳанд ва Паёмбар (с) низ ба онҳо талаби омӯрзиш кунанд).

Ҳоло ман барои талаби омӯрзиш назди Паёмбари ту (с) омадаам ва аз ту мехоҳам, ки маро мустаҷиби мағфирати худ созӣ, чунон ки ҳар кас дар зиндагӣ пеши ӯ меомад, вайро машмули омӯрзиш месохтӣ. Худоё ман ба василаи Паёмбарат (с) рӯ ба ту овардаам…

  1. Дар «Саҳифаи саҷҷодия» аз Алӣ бинни Ҳусайн ривоят шуда «Ва халаътанӣ ё рабби би ҳаққи Муҳаммадин ва оли Муҳаммадин мин кулли ғаммин», яъне Парвардигоро, ба ҳаққи Муҳаммаду оли Муҳаммад туро савганд медиҳам, ки маро аз ҳар гуна андӯҳе наҷот деҳ .[Дуои шумораи /30].
  2. Абуалӣ Халлол — бузурги ҳанбалиҳо гуфтааст: Ҳар кори муҳиме барои ман пеш меояд, назди қабри Мӯсо бини Ҷаъфар ҳозир ва мутавассил мешудам ва ҳоҷати худро мегирифтам «таърихи Бағдод, ҷ.1, с.120».
  3. Имом Шофеъӣ гуфтаст: Ман ҳар рӯз бар сари қабри Абуҳанифа меравам ва ба он васила табаррук меҷӯям ва  ҳар гоҳ ҳоҷате доштаам, ду ракаъат намоз хонда ва бар сари қабри ӯ ҳозир шуда онҷо ҳоҷати худро аз Худо хостаам ва бидуни тааҷҷуб бароварда шудааст. [таърихи Бағдод, ҷ.1, с123, Маноқиби Абуҳанифа, таълифи Хоразмӣ ҷ.2, с.199]
  4. Абубакр Муҳаммад бини Муаммал гуфт: Рӯзе дар хидмати пешвои аҳли ҳадис, Абубакр бини Хузайма ва ҳамтояш Абуалӣ Сақафӣ бо гурӯҳе аз бузургонамон,  ки ҷамъи зиёде буданд, ба сӯи қабри Алӣ бини Мӯсо Ризо дар Тус (ш. Машҳад) рафтем. Ибни Хузаймаро дидам чунон дар муқобили қабр ва буқъаи (мақбараи)  ӯ таъзим  ва тавозӯъ ва зорӣ мекунад, ки ҳамаи моро ба ҳайрат водошт [Таҳзибу-т-таҳзиб, ҷ.7, с. 339, шарҳи ҳоли Алӣ ибни Наззор ибни Ҳаён Асадӣ]

«Ибни Таймия мегӯяд», аз Аҳмад бини Ҳанбал дар китоби «Маносик-ул-марвазӣ» тавассул ба Паёмбар (с) ва дуо  назди қабри он ҳазрат нақл шудааст ва низ ибни Таймия ҳамин матлабро аз ибни Абиддунё ба тариқи гуногуне, ки гувоҳ бар сиҳати он мебошад нақл кардааст. [Ат-тавассул в-ал- василаҳ, аз ибни Таймия, с.10506 ]

Он чи гуфта шуд, андаке гузида аз бисёр буд, вагарна дар сираи гузаштагон ва суханони онҳо, роҷеъ ба ин мавзӯъ, матолиби номаҳдуд вуҷуд дорад .

Фасли ёздаҳум:

КИТОБҲОЕ, КИ ДАР РАД БАР ГУРӯҲИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ) НАВИШТА  ШУДААНД

Бисёре аз донишмандони мазоҳиби гуногуни ислом дар бораи бидъати ваҳҳобийят (салафийя) ба баҳс ва музокира пардохтаанд ва дар рад бар онҳо ва такзиби (ба дуруғгӯӣ нисбат додан) ҳуҷҷатҳо ва бутлони ақоиди онон ва мухолифати он ба китоб ва суннат ва низ ба ақидаи машҳури гузаштагон ва пешвоёни иҷтиҳод китобҳо ва рисолаҳои фаровоне навиштаанд.

Акнун мо дар ин ҷо чанде аз ин китобҳоро барои роҳнамоӣ ва суҳулати кори хонанда зикр мекунем:

  1. «Ал-усул-ул-арбаъату фи-тардид-ил-ваҳҳобия», таълифи:  Хоҷа Сарҳиндӣ.
  2. «Изҳор-ул-ъуқуқи ми-м-ман манаъа-т-тавассула би-н-наби-й-йи вал-вали-й-йис-садуқи»,  Шайх Мушрифӣ Моликӣ Ҷазоирӣ
  3. «Ал-ақвол-ул-марзияту фи-р-радди ъалал ваҳҳобийяҳ», таълифи:  Муҳаммад Атоуллоҳ .
  4. «Ал-интисору лил-авлиё-ил-аброри», таълифи :Шайх Тоҳир Сунбули Ҳанафӣ.
  5. «Ал-авроқу-ул-бағдодияту фил-ҳаводиси-н-наҷдийяҳ», таълифи:  Шайх Иброҳими Ровӣ.
  6. «Ал-бароҳинус-сотиъаҳ», Шайх Саломаи Аззомӣ.
  7. «Ал-басоиру ли-мункари-т-тава-с-сули», таълифи:  Шайх Ҳамдуллоҳ Доҷавӣ.
  8. «Таърихи оли Саъуд», таълифи: Носиру-с-Саъид.
  9. «Таҷриду сайфил-ҷиҳоди ли-му-д-даъ-ил-иҷтиҳоди», таълифи: Шайх Абдуллоҳ, писари Абдуллатиф Шофеъӣ.
  10. «Таҳриз-ул-ағбиё ъал-ал-истиғозати бил-анбиё, вал-авлиёи», таълифи:  Шайх Абдуллоҳ, писари Иброҳим,  Мир  Ғайнӣ.
  11. «Таҳа-к-кум-ул-муқа-л-лиддина бимани-д-даъо  таҷдиду-д-дини», таълифи: Шайх Муҳаққиқ, Муҳаммад писари Абдураҳмон Ҳанбалӣ.
  12. «Ат-тавассулу би-н-наби-й-йи ва би-с-солиҳина», таълифи: Абуҳомид бини Марзуқ.
  13. «Ҷалол-ул-ҳаққи фӣ кашфи аҳволи широр-ил- халқи», таълифи: Шайх Иброҳим Ҳаламӣ
  14. «Ал-ҳақоиқ-ул-исломийяту фи-р-радди ъалал- музоъим-ил-ваҳҳобийяти биади-л-лат-ил-китоби ва-с-су-н-нати-н-набавийяҳ», таълифи:  Молик Довуд.
  15. «Хулосат-ул-каломи  фӣ умаро-ил-балад-ил- ҳаром», таълифи: Саидаҳмад, писари Зайни Даҳлон муфтии Макка.
  16. «Ад-ду-р-рару-с-су-н-нийяту фи-р-радди ъалал- ваҳҳобийяҳ», таълифи: Саидаҳмад, писари Зайни Даҳлон.
  17. «Ра-д-дун ъалийи Муҳаммад-ибни Абдулваҳҳоб», таълифи: Шайх Исмоил Тамимӣ Моликӣ Тунисӣ
  18. «Ар-радду ъал-ал-ваҳҳобийяҳ», таълифи: Фақиҳи Ҳанбалӣ Абдулмуҳсин ал- Ашиқрӣ.
  19. «Ар-радду ъалал-ваҳҳобийяти», таълифи: Шайх Иброҳим, писари Абдулқодир Риёҳӣ Тунисӣ Моликӣ
  20. «Расоилун фир-радди ъалал-ваҳҳобийяҳ», рисолаҳои дар рад бар ваҳҳобийят, ин рисолаҳо он қадар фаровон аст, ки ба шумора даровардани он мушкил аст. Ва дар аввали онҳо номаҳои муъосирини Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб аст, ба хусус он чи фуқаҳои ҳанбалӣ дар рад бар ӯ навиштаанд. Ва бисёре аз ин номаҳо дар ин китобҳо омадааст: «Ат-тава-с-сулу би-н-наби-й-йи ва би-с-солиҳина», аз Абуҳомид Марзуқ ва китоби «Ад-дурару-с-санийяту фир-радди ъалал-ваҳҳобийяҳ», аз Аҳмад бини Зайнӣ Даҳлон, муфтии Макка. Ва китоби «Уламо-ул-муслимин вал-ваҳҳобиюн», аз устод Ҳусайн Ҳаламӣ Ишиқ.
  21. «Саъодату-д-дорайни фи-р-радди ъалал- фирқатайн-ил-ваҳҳобийяти ва муқа-л-лидати-з-зоҳирийяҳ», аз Шайх Иброҳим писари Усмон Самнудӣ Мисрӣ.
  22. «Ас-сайф-ул-ботири ли унуқ-ил-мункири ъалал- акобири», аз Абуҳомид Марзуқ.
  23. «Сайф-ул-ҷаббор-ил-маслули ъало иъдоди-ил-аброри», таълифи:  Шоҳфазли Расул Қодирӣ
  24. «Сулҳ-ул-ихвони фи-р-радди  ъало ман қола би-ш-ширки вал-куфрон», аз Шайх Довуд писари Сулаймони Бағдодӣ
  25. «Ас-савоиқ-ул-илоҳийяҳ фи-р-радди ъалал- ваҳҳобийя», аз Шайх Сулаймон писари Абдулваҳҳоб, бародари  Муҳаммад  Абдулваҳҳоб

26 «Фитнат-ул-ваҳҳобийяҳ», Аҳмад писари Зайни Даҳлон.

27.«Ал-фаҷру-с-содиқ» Шайх Ҷамил Сидқӣ Заҳовӣ

28.«Фасл-ул-хитоби фи-р-радди ъало Муҳаммад-ибни Абдулваҳҳоб».

29. «Кашф-ул-иртиёби фӣ итбоъи Муҳаммад-ибни Абдулваҳҳоб», таълифи:  Саид Мӯҳсин Амин.

30. «Ҳозиҳи ҳиял-ваҳҳобийяҳ», таълифи: Шайх Муҳаммад Ҷавод Муғния.

Илова бар китобҳое дигаре, ки бархе аз онҳо дар зимни матолиби ин  китоб ном бурда шуд ва мо дар инҷо ба манзури  риояти  ихтисор ба ҳамин миқдор иктифо кардем.

Реклама

Октябрь 7, 2009 - Posted by | Uncategorized

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: