ВАҲҲОБИЙЯТ ва МУСАЛМОНОН

Салафия: хатаре бадтар аз «Ҳизб-ут-таҳрир»
Салафия – аз феъли арабии «салафа» гирифта, маънояш ибтидо, аввалин будан аст. Салафия ҳамчун чараёни бунёдгаронаи динй-ахлоқй дар заминаи равияи сунизм дар асри 15 аз осори олими мусулмон Ибни Таймия ба вучуд омадааст, ки ба баргаштан ба замони чамоаи Мадина (622-630)-ро даъват месозад. Яке аз мубаллиғони маъруфи салафия Ибни Абдулваҳоб аст, ки асосгузори чараёни ваҳҳобия мебошад.Маркази салафия дар Арабистони Саъудй чойгир аст.

Ҳочй Акбар Турачонзода яке аз чеҳраҳои саршиноси ислом дар Точикистон, узви Мачлиси миллии Мачлиси Олии ЧТ мегуяд, салафиҳо имруз ба се гуруҳ тақсим гардидаанд. Гуруҳи аввал: салафиҳои чиҳодй, ки созмони «Ал-Қоида» аз чумлаи он аст. Гуруҳи дуюм салафиҳои «мадхалй», ки пайравони Рабеъ ибни ҳодии Ал-Мадхалй ҳастанд. Ин гуруҳ ба хонаводаи Оли Саъуд мансуб ҳаст, ки сиёсат ва давлатдорй дар ихтиёри оилаи Оли Саъуд ва фатвою корҳои динй дар ихтиёри пайравони ин мазҳаб мебошад. Гуруҳи сеюм салафиҳои «сарварй», ки пайравони Муҳамад ибни Зайнулобиддини Сарварй ҳастанд, ин тоифа муътадиланд.Аммо то ҳол коршиносони дин ва уламои ислом дар Точикистон муайян накардаанд, ки салафиёни Точикистон ба кадом ин гуруҳҳо дохиланд. Ин дар ҳолест, ки ҳочй Акбар Турачонзода дар мусоҳибаи худ бо сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» таъкид намудааст, чавононе, ки имруз худро салафй меноманд, дар ҳақиқат салафй нестанд. Ин гуруҳ тиловати Қуръонро дар болои қабр ҳаром мегуянд, ба арвоҳи гузаштагон расидани савоби тиловати Қуръонро рад мекунанд, ҳамчунин хайру эҳсонро Чунончй, пештар ваҳҳобиён ҳамин ақидаро доштанд.

Ҳусейн Мусозода, раиси Шурои уламои Суғд ва хатиби масчиди Шайх Муслиҳиддин мегуяд:

-Чараёни салафия аз барномаҳои сиёсй кор намегирад ва мисли «ҳизб-ут-таҳрир» тундрав нест.

Ба гуфти Мусозода ба ин чараён асосан намозгузорони чавон ру овардаанд, ки аз суи раҳбарони маҳаллии худ ва саҳифаҳои интернетии Русия роҳнамой мебинанд.

Вале ба ақидаи Хайрулло Саидов, прокурори вилояти Суғд, пайравони салафия ҳарчанд дар аввал ба корҳои ғайриқонунй даст намезананд, аммо баъди неру ва тавон ёфтан ба амнияти Точикистон хатар меоранд.

Таҳлил ва мушоҳидаҳо бозгуи он аст, ки салафия ба Точикистон аз се самт таъсир хоҳад кард. Аввал нафароне, ки дар мадрасаҳои Покистон таҳсили илм кардаанд ва имруз ин чараёнро дар кишвар тарғиб менамоянд. Роҳбари чараёни салафия Муҳаммадй Раҳматулло низ дастпарвари мадрасаи Покистон мебошад.

Дар солҳои нооромй дар кишвар зиёда аз садҳо нафар чавнони точик дар мадрасаҳои Афғонистону Покистон ва мамолики Араб таҳсили илм намудаанд. Имруз онҳо ба чй фаъолият машғуланд, чй гуна барномаҳои диниро роҳандозй менамоянд, барои чомеа норушан аст.

Валихони Иброҳим, коршиноси умури дин дар ин ақида аст, ки бояд дар назди Шурои уламои Маркази исломии ЧТ бо ҳамоҳангсозии мақомоти дахдори давлатй Хадамоти атестатсионй амал намояд, то бо толибону фориғтаҳсилони мадрасаҳои Афғонистону Покистон ва фаъолияти минбаъдаи онҳо дар умури дин дар кишвар назорат бурда тавонад.

Самти дуюм ин аз чониби Русия аст, яъне чавонони дар муҳочирати меҳнатй буда, ки қисме аз вазъи ночури иқтисодй дар Русия ба ин чараён дохил мегарданд ва дар дохил бошад, ба андешаи Ҳусейн Мусозода – раиси Шурои уламои Суғд аз суи раҳбарони маҳаллии худ ва саҳифаҳои интернетии Русия ҳидоят мешаванд. Дар Русия китоби декани факултаи омузиши қиёсии динҳои Донишгоҳи Димишқ Рамазон-ал –Бутеро соли 2008 бо номи «Салафия» ба тирожи бисёр нашр намудаанд, ки арзишаш 232 рубли русй қиммат дорад.

Худи роҳбари салафия дар Точикистон Муҳаммадй Раҳматулло дар пайи як суҳбат ба хабарнигори радиои «Озодй» таъкид намудааст, ки ҳар салафй дониши амиқ барои даст ёфтан ба сомонаҳои интернетиро дорад. Омили сеюм бевосита дастгирй кардани салафия бо маблағҳои шайхони сарватманди хонаводаи Оли Саъуд аст.

Рустами Рустам, як коршинос аз шаҳри Душанбе дар торнигори «Андеша» меорад, ки роҳбарони салафиҳо дар хорича барои сохтани барномаҳои хеш маблағи ҳангуфте ихтисос медиҳанд, зеро хуб огоҳанд, ки дар шароити имруз аксари чавонони точик дар ҳолати фақр қарор доранд ва ба андак маблағ ба ин гуна чараёнҳо пайваст хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои ҳафтаномаи «Дунё» барои мубаллиғини чараёни салафия дар кишварҳои ру ба мушкили иқтисод 87 миллиард доллари ИМА роҳандозй гардидааст. Аз суи дигар хадамоти чосусии баъзе аз кишварҳои Аврупо ба мақсади татбиқи сиёсати худ ва ноором сохтани вазъ дар минтақаҳо ин чараёнро маблағгузорй менамоянд.

Роҳбари салафия дар Точикистон Муҳаммадй Раҳматулло даъвои он дорад, ки ин чараён дар давлати Афғонистон озодона амал хоҳад кард, аммо дар Точикистон уламои расмй салафияро ғайриқонунй хондаанд. Аммо чаноби Муҳаммадй Раҳматулло, ки дастпарвари мадрасаи Покистон мебошад, фаромуш сохтааст, ки ин гуна «чараёнҳо» ба вазъи сиёсию ичтимой-иқтисодии кишварҳои Покистону Афғонистон чй «боре» овардаанд.

Аммо Муртазо Мустафозода дар торнигори «Андеша» меорад, ки зуҳури салафиён ва таҳририён як ҳодисаи табиист. Салафиён, таҳририён ва байъатиён ва пайравони чандин чараёни нисбатан нави исломй дар Точикистон меваи ноқаноатмандии чавонони муслимини точик аз вазъи феълии дин ва сиёсат дар кишвар мебошанд.

Муртазо Мустафозода ҳамчунин дар он ақида ҳаст, ки бахше аз онҳо, яъне салафиён, таҳририён ва байъатиён фирехурдагони ҲНИТ низ ҳастанд.То чй андоза ин ақидаи Муртазо Мустафозода солим аст, инро ба души хонандаи арчманд ҳавола мекунем. Аммо то ҳол ҳНИТ оид ба ин масъала садо баланд накардааст. Вале Қаландар Садруддинзода, раиси бахши хатлонии ҲНИТ дар як суҳбати ихтисосй ба радиои «Озодй» гуфтааст, ки салафиҳо ба амнияти идеологии кишвар ягон зиён надоранд. Ба рафтору корашон мудохила андохтану миёни мардум тафриқа андохтан лозим нест.

Махсусан, дар шаҳри Душанбе мухолифати руёру ба ин чараён ба миён омадааст. Шурои уламои ЧТ намозгузориро бо шеваи салафия дар масчидҳо мамнуъ донистааст. Ба гуфти Қобилчон Бобоев, масъули шуъбаи фатвои Маркази исломии ЧТ дар масчидҳои кишвар мухолифатҳои руёру бо ин чараён ба миён омадааст.

Роҳбари салафия дар Точикистон Муҳаммадй Раҳматулло баъди фатвои Маркази исломии ЧТ аз ҳукумат хостори он гардидааст, ки барои сохтани масчиди хоса барои салафиён қитъаи замин чудо намоянд. Шурои уламои Маркази исломии ЧТ ҳануз дар соли 2006 барои кушодани чеҳраи ҳақиқии салафиён китоберо бо унвони «Симои воқеъии Салафиён» ба нашр расонид, ки дар он салафиёнро душмани ислом ном бурдааст.Чунончи, дар оғозсухани китоби «Симои воқеъии Салафиён» омадааст: «…ин чавонон (салафиён) дунболи онҳое ҳастанд, ки дар асл хилофи дин ва мазоҳиби арбаъа ва хусусан, ҳанафй мебошанд.» Агар муаррифии китоби «Симои воқеъии Салафиён» аз тарафи Шурои уламои Маркази исломии ЧТ аз соли 2006 то инчониб дар байни намозгузорон ва то чое дар рузҳои намози чумъа сурат мегирифт, имруз ин чараён дар чомеъа нигаронй намеовард. Модоме ки чараёни салафй хилофи равияи ҳанафй бошад ва дар ҳоле ки соли 2009 мавлуди Имоми Аъзамро (р.а) дар сатҳи давлатй чашн мегирем, пас воқеъан салафия ба чомеаи мо хатар дорад.

Ҳочй Амонулло Неъматзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии ЧТ аз имом-хатибони масочиди чумҳурй даъват ба амал овардааст, ки намозгузориро бо шеваи салафй дар масчидҳо чилавгирй намоянд.

Дар Точикистон ҳоло ҳолате ба миён наомадааст, ки ҳар як равия барои худ масчиди хоса бино намояд.Ин ҳолат низ номумкин хоҳад буд. Дар ҳоле ки вазорати фарҳанги кишвар назорати умури динро ба душ дорад, фаъолияти салафияро дар чумҳурй ғайриқонунй арзёбй кардааст. Мирзошоҳрух Асрорй, вазири фарҳанги ЧТ дар як нишасти ахири матбуотй таъкид намуд, ки вазорати фарҳанги ЧТ чараёни салафияро эътироф намекунад. Масъулини идораи умури дини вазорати мазкур эълом доштаанд, ки ин чараён сабти ном нагардидааст.

Пас чараёни салафия чй хатаре дорад барои кишвари мо? Ба ақидаи ҳочй Акбар Турачонзода салафиҳо ҳамон ваҳҳобиёни солҳои 1990-1991 мебошанд, ки имруз либосу номи дигар, яъне салафиро гирифтаанд. Назари мардум дар ин бора ҳоло ҳам равшан нест.Танҳо муқобили чараёни салафия ба ибораи дигар ҳучуми иттиолоотй ба миён омадааст. Муҳаммад ном як коршинос дар торнигори «Андеша» меорад, ки агар салафиёни имруза даъвогари асил бошанд, бояд аввалан одоби исломй дошта бошанд, гузаштагони Исломро ғайбату туҳмат нанамоянд, махсусан Имоми Аъзам (р.а)-ро.

Роҳбари салафия дар Точикистон Муҳаммадй Раҳматуллоро бо пайравонаш чй интизор аст? Вазири умури дохилаи чумҳурй Маҳмадназар Солеҳов дар як нишасти хабарй вучуди салафияро дар кишвар хатари нав барои ноором гардидани чомеъа хондааст.

Андарин ҳол Бобохон Бобочонов, Прокурори генералии ЧТ ба хабарнигорон иброз доштааст, ки чараёни салафия дар бархе аз кишварҳои исломй фаъолият дорад ва дар фаъолияти пайравони ин чараён то ҳол ҳеч гуна аъмоли чиной мушоҳида нашудааст. Вале гузоришҳои таҳлилй дар ин замина ба баррасии Прокурори генералии ЧТ ироа гардидааст, ки дар зудтарин фурсат Прокуратураи генералй дар бораи ин чараён, яъне салафия тасмими худро эълон хоҳад кард. Ҳадафи руи чоп овардани ин сатрҳо ва назарҳои мухталиф дар мақола танҳо ба хотири он аст, ки ҳар як фарди чомеа аз руи ақлу заковат ва рисолати мусулмонии худ ба нафъи халқу кишвари хеш хизмат намояд, вагарна Аллома Иқбол гуфтааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Алии БОЗРАВЙ

http://www.parviz.ucoz.org/news/2008-11-06-35

Хавориҷи замон
Шабоҳат ва монандии салафиҳо бо хавориҷ

1. Дар такфири мусулмонон:

2. Дар хушунат:

Ислом ‒ дини раҳмат

Эй кош ин ғайратҳо дар ҷои худаш мебуд!

Сиёсат тобеи фатво, ё фатво тобеи сиёсат?

3. Дар таассуби манфӣ:

4. Дар густохӣ ва беадабӣ:

Такмили ахлоқи писандида, ҳадафи рисолат

5. Дар бардошти нодуруст аз баъзе мафоҳими исломӣ:

Шабоҳат ва монандии салафиҳо бо хавориҷ

Ақоид ва аъмоли пайравони маслаки Ибни Абдулваҳҳоб ва ё салафиҳо (ки худро ба ҳамин ном муаррифӣ мекунанд) шабоҳат ва монандиҳои зиёде ба афкор ва аъмоли пайравони маслаки хавориҷ дорад. Албатта дар авомили буруз ва пайдоиши худ, салафиҳо шабоҳате ҳам ба мурҷиа доранд, зеро мурҷиа дар вокуниш ба ифроти хавориҷ дар дин буруз карда буданд. Яъне онҳо вақте бо як навъ ифротгароӣ мувоҷеҳ мешаванд, ба фикри ислоҳ баромада, вале онро бо як навъ тафрит ҷойгузин мекунанд. Албатта бо ин фарқ, ки мурҷиа ифротро бо тафрит ҷойгузин, вале салафиҳо баръакс тафритро бо ифрот дар дини Худо ҷойгузин менамоянд.

Мо дар ин ҷо каме ба тафсил роҷеъ ба ҷиҳоти монандӣ ва шабоҳати салафиҳо бо хавориҷ баҳс ба амал хоҳем овард. Ҳарчанд салафиҳо дар бисёре аз ҷиҳот бо хавориҷ муштарак ҳастанд, вале мо ба муҳимтарини онҳо ишора хоҳем намуд:

1. Дар такфири мусулмонон:

Хавориҷ ҳар мусулмонеро, ки дар андеша ва равиш бо онҳо ихтилоф дошта бошад, кофир ва дар баъзе маворид ҳатто мушрик медонистанд. Дар ҷаҳони Ислом то зуҳури хавориҷ дида нашудааст, ки ҳеҷ мусулмоне мусулмони дигареро ба маҳзи ихтилоф дар дидгоҳ, ба куфру ширк нисбат диҳад. Ҳатто ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу), ки хавориҷро аз реша барканд, ҳаргиз онҳоро кофир ё мушрик ва ё аз миллат хориҷшуда эълом накард.

Салафиҳо низ бархе аз мусулмононеро, ки дар ақида ва назар бо онҳо ихтилоф доранд, мушрик ва кофир қаламдод мекунанд. Инак намунаҳое аз такфири пешвоёни маслаки салафият:

1. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳар мусулмонеро, ки паёмбар ва ё валиеро бихонад, кофир мешуморад. Ӯ мегўяд: “Ҳар касе, ки паёмбар ё саҳобӣ ва ё валиеро бихонад мисли ин бигўяд: Эй хоҷаи ман фалон! Маро кўмак кун ва ё маро ёрӣ деҳ, ба иҷмои уламо ў кофир хоҳад буд”.[1]

2. Ҳам ў дар китоби “Кашф‒уш‒шубуҳот” аз мусулмонони замони худ касонеро, ки дар бораи авлиё эътиқодоти хоссе доштанд ва онҳоро мавриди эҳтиром қарор дода ва ба лафзи “саййид” (яъне “хоҷа”) хитобашон менамуданд, мушрик ба ҳисоб меоварад. Ӯ дар фасли сеюм аз ин китоб дар баёни ҳақиқати тавҳид дар ибодат мегўяд: “Муроди онҳо (яъне кофирони замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)) ин набуд, ки “илоҳ” ҳамон зоти холиқ, раззоқ ва мудаббир аст. Зеро онон хуб медонистанд, ки ҳамаи ин сифот (аз халқу ризқу тадбир) фақат махсуси Худо аст… Балки муродашон аз “илоҳ” он чизест, ки мушрикони замони мо бо лафзи “саййид” ирода мекунанд”.[2]

3. Ҳам ў боз дар ҳамин китоб, яке аз уламои замони худро, ки эътирозоте бар ақоиди вай навишта буд, мушрик хонда мегўяд: “Он чи ту, эй мушрик, аз Қуръон ва каломи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бароям зикр намудӣ, ман маънои онро намедонам…”[3]

4. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар номае ба яке аз уламои замони худ Шайх Сулаймон ибни Суҳайми Ҳанбалӣ, ўро чунин хитоб мекунад: “Бароят ёдовар мешавам, ки ту ва падарат тасреҳ ба куфр, ширк ва нифоқ мекунед… Ту ва падарат шабу рўз дар душманӣ бо ин дин кўшиш мекунед… Ту марде ҳастӣ огоҳона якрав, гумроҳ ва баргузинандаи куфр бар Ислом… Ин китоби шумо дар пеши ман аст, ки дар он куфри шумо ошкор аст”.[4]

5. Ҳамчунин Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб уламое чун Ибни Арабиро на танҳо кофир, балки кофиртар аз Фиръавн медонад. Ӯ мўътақид аст касе, ки Ибни Арабиро кофир надонад ва ё ҳатто шак дар кофир буданаш дошта бошад кофир аст.[5]

6. Боз ҳам ў, бино бар он чи дар китоби “Ад‒дурар” омадааст, муфассири бузург Фахри Розиро ҳам такфир намудааст.[6]

7. Ба ақидаи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҷамии мутакаллимон кофиранд.[7]

8. Аз назари ў фиқҳ айни куфр аст. Вай дар номае ба яке аз фуқаҳои замонаш Ибни Исо, ояти “(Яҳуд ва насоро) уламо ва донишмандони худро арбобоне ба ғайри Худо гирифтаанд”‒ро зикр намуда мегўяд: “Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва имомонои баъд аз ў ин оятро ба ҳамин илме, ки шумо имрўз номашро “фиқҳ” гузоштаед тафсир кардаанд…”[8]

9. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мегўяд: “Муаттил бадтар аз мушрик аст”.[9] Ба гуфтаи Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, назди салафиҳо фирқаҳои зерин дар зумраи муаттила дохил мешаванд: ашоира, Ибни Ҳазми Зоҳирӣ, бештари зоҳирия, сўфия, шиа, ҳанафиҳо ва бештари пайравони мазоҳиби чаҳоргона магар касоне, ки пайрави ғулоти ҳанбалиҳо, ё пайрави Ибни Таймия ва Ибни Қаййим бошанд.[10]

10. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб шиаёнро на танҳо кофир медонад, балки мўътақид аст ҳар он кас, ки дар куфри шиаён шак кунад ҳам кофир аст.[11]

11. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳар касеро, ки саҳобиеро дашном диҳад кофир медонад.[12]

Албатта ба назари мо ҳар кӣ саҳобиеро дашном диҳад, чи шиа бошад ва чи суннӣ, кори ношоисте анҷом дода ва набояд чунин бикунад, вале агар ин эътиқоди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро дуруст бидонем, дар он сурат дар навбати аввал бархе аз худи саҳобагон кофир маҳсуб мегарданд. Масалан Аҳмад дар “Муснад”‒и худ чунин ривоятеро дар бораи саҳобии маъруф Муғира ибни Шуъба нақл мекунад:

“Муғира Алиро дашном дод. Зайд ибни Арқам ба ў гуфт: “Ту медонӣ, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз саббу дашноми мурдагон наҳй фармудааст. Пас чаро Алиро дашном кардӣ? Ӯ, ки мурдааст”.[13]

11. Шайх Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон Бобтин (ё Абобтин) зимни такфири Давлати Усмонӣ бар ин назар буд, ки ҳар ки ин давлатро такфир нанамуд, кофирест, ки маънои “Ло илоҳа иллаллоҳ”‒ро надониста.[14]

Албатта он чи овардем, фақат намунаҳоест аз такфири уламои ваҳҳобият мусулмононеро, ки дар ақида бо онҳо мувофиқ нестанд. Агар бихоҳем тамоми дидгоҳҳои такфирии онҳоро зикр намоем, шояд ба таълифи китобе дар даҳ ҷилд ниёз бошад.

2. Дар хушунат:

Яке дигар аз шабоҳатҳое, ки байни салафиҳо ва хавориҷ дида мешавад, ин хушунати фавқулодаи ин ду гурўҳ аст дар муомила бо мухолифони худ. Хавориҷ пас аз интихоби Абдуллоҳ ибни Ваҳби Росибӣ, ба Наҳравон рафта ва ба қатлу ғорати мусулмонон пардохтанд.[15] Аввалин қурбонии онҳо Ибни Хаббоб ва ҳамсараш буд, ки ба таври фаҷеонае ба дасти ин бехирадон ба қатл расонида шуданд. Дар замони Нофеъ ибни Азрақ (яке аз раҳбарони хавориҷ) низ онҳо ба куштори мусулмонон дар бахшҳое аз Эрон даст заданд.[16]

Аммо хушунати пайравони Ибни Абдулваҳҳоб чизе нест, ки бар касе пўшида ва пинҳон бошад. Кушторе, ки онҳо дар тўли умри худ аз мусулмонон кардаанд бисёр ваҳшатнок аст. Аз ҷумлаи аъмоли бисёр ваҳшатноке, ки дар таърихи онон сабт шуда ва ҳатто таърихнигорони салафӣ низ ба он эътироф кардаанд, қатли омми аҷиби мардуми Тоиф ва аз он ваҳшатноктар қатли омми мардуми Ироқ буд.

Бино бар навиштаи муаррихон, салафиҳо тақрибан баъди даҳ сол аз фавти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ба манзури ҷалби ғаноим ва кишваркушоӣ ва бо иддаои нашри тавҳид (албатта тавҳид ба гумони худашон) чанд бор ба Карбало ва Наҷаф ҳамла карданд. Онҳо дар ин ҳамла ба шаҳри Карбало ворида шуда ва ҳазорон нафар аз мардуми кўча ва бозор ва занону кўдаконро ба қатл расонданд ва ҳар чи бар сари роҳи худ ёфтанд ғорат карданд. Баъзе аз муаррихон адади кушташудагонро 150000 тан навиштаанд ва мегўянд ҷўи хун дар кўчаҳои Карбало ба роҳ афтод. Ҷолиб ин ки салафиҳо исми ин корро “Ҷиҳод фи сабилил‒лоҳ” ва мубориза барои нашри тавҳид мегузоранд.[17]

Лозим ба ёдоварист, ки решаҳои хушунати салафиҳо дар таълимоти пешвояшон Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб нуҳуфта. Мутолиа ва баррасии китоби “Кашф‒уш‒шубуҳот” барои пай бурдан ба решаҳои хушунат дар ақоиди онҳо кофӣ аст:

1. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бардошти нодурусте дар бораи “тавҳид” ва “ширк” дорад, ки дар фасли сеюми ҳамин китоб перомуни он баҳс ба амал овардем. Вай тамоми касонеро, ки аз Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шафоат назди Худо биталабад, дар ҳоле ки мувофиқи сареҳи Қуръон ва ривоятҳо аст, мушрик ва кофир медонад ва ҷону молу номуси онҳоро мубоҳ мешумурад.

2. Аз ин ҳам фаротар рафта ва босароҳат мегўяд: Мушрикони замони мо аз мушрикони асри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки он ҳазрат бо онҳо ҷангид бадтаранд, ба ду далел:

Аввалан: Мушрикони замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) танҳо дар ҳоли оромиш, ба ғайри Худо рў меоварданд, вале тибқи оятҳои Қуръон ҳангоме ки гирифтори бало мешуданд (масалан гирифтори амвоҷи хурўшони дарёӣ мешуданд), Худоро холисона мехонданд… Вале мушрикони замони мо дар ҳар ду ҳол ғайри Худоро мехонанд, ҳам дар оромиш ва ҳам дар бало.

Сониян: Мушрикони ҷоҳилият санг ва чўберо мепарастиданд, ки махлуқ ва мутеи Худо аст, вале мушрикони асри мо афроди фосиқро мепарастанд (ки манзураш сарони сўфия аст).[18]

Албатта пас аз ин, хуну молу номуси мусулмононе, ки дар бораи тавҳид бардоште ғайр аз бардошти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва пайравонашро доранд мубоҳ мегардад. Ин дар ҳолест, ки Қуръон ба сароҳат мегўяд: “Ба он касе, ки ба шумо салом кунад, магўед ту мўъмин нестӣ, то (бо ин баҳона) колои зиндагии дунёро биҷўед, чаро ки ғаниматҳои фаровон назди Худо аст”.[19]

Аз он чи дар боло омад метавон фаҳмид, ки чаро “Алқоида”, “Сипоҳи саҳоба” ва соири мутаассибони салафӣ ба осонӣ хуни дигар мусулмононро дар нуқоти мухталифи ҷаҳон мерезанд ва амволи онҳоро ба яғмо мебаранд?

Куштори “Алқоида” дар Ироқ ағлаб аз мусулмонон буд (чи шиа ва чи суннӣ) ва куштори мутаассибони салафӣ дар Покистон ҳама аз мусулмонон буд.

Чӣ касе сабаб шуд, ки ин гурўҳҳо ин ҳама бераҳм бошанд? Оё ҷуз ҳамон кас, ки гуфт ғайри салафиҳо мушриканд ва хуну моли мушрик мубоҳ аст? Набояд тааҷҷуб кард, ки хунҳое, ки тарафдорони ин мазҳаб рехтанд, ағлаб хуни мусулмонон буд ва тамоми амволе, ки ба ғорат рафт, амволи мусулмонон буд.

Ислом ‒ дини раҳмат

Дар тўли таърих камтар касе ба андозаи салафиҳои мутаассиб ба Ислом зарба задааст. Исломе, ки дини раъфат ва раҳмат буд ва тавсия мекард, ки ҳар коре ба номи “Раҳмон” ва “Раҳим”, ки баёнгари раҳмати омму хосси Худо аст шурўъ шавад.

Исломе, ки мегўяд: Ҳатто мушрикон агар барои таҳқиқ назди шумо омаданд, онҳоро паноҳ диҳед то оятҳои Қуръонро бишнаванд, сипас онҳоро солим ба ватани худашон бирасонед, хоҳ Исломро бипазиранд ё на:

“Агар яке аз мушрикон аз ту паноҳ хост, ўро паноҳ деҳ то сухани Худоро бишнавад, сипас ўро ба ҷои амнаш бирасон. Ин (паноҳ додан) аз он рўст, ки онон огоҳӣ надоранд”.[20]

Исломе, ки мегўяд: Дар баробари бадиҳо некӣ кунед то душманони сарсахти шумо аз ин ҳама муҳаббат ба хиҷолат омада ва дўсти шумо гарданд:

“Некӣ ва бадӣ баробар нест. (Бадии дигаронро) ба шевае, ки некўтар аст дур кун, ки (агар чунин кунӣ) он гоҳ он касе, ки миёни ту ва ў душманист, ҳамчун дўсти наздик ва меҳрубон гардад”.[21]

Исломе, ки мегўяд: “Оё дин чизе ҷуз муҳаббат аст?”[22]

Оре, чунин Исломи латиф, зебо ва пур аз муҳаббатро он чунон хашин нишон доданд, ки дўсту душманро аз он безор сохтанд.

Эй кош ин ғайратҳо дар ҷои худаш мебуд!

Салафиҳо, ки ба ин андоза нисбат ба тавҳид, аз худ ғайрат нишон медиҳанд ва хуну молу номуси дигар мусулмононро ба хотири аъмоли ширколуд (албатта ба гумони худашон) мубоҳ мешуморанд, кош ғайрати худро нисбат ба душманони воқеии Ислом, ки аҳаде шакке дар адовати онҳо надорад, ба кор мегирифтанд!

Ҳама ба хотир доранд, ки ҳангоме ки Саҳюнисти хуношом тобистони соли 2006 ба кишвари Лубнон таҷовуз намуд ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баробари вай муқовимати беназире аз худ нишон дода ва дар ниҳоят дар зарфи 33 рўз таҷовузгаронро аз по даровард, яке аз муфтиёни ваҳҳобӣ ба номи Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин фатвое ба ин мазмун содир кард, ки набояд касе ба Ҳизбуллоҳ кўмак кунад ва ҳатто ҷоиз нест касе барои пирўзии Ҳизбуллоҳ алайҳи “Исроил” дуо кунад.[23]

Чаро? Чун Ҳизбуллоҳ ҳарчанд мусулмон, вале як ҳизби шиа аст ва “Исроил” ба назари салафиҳо беҳтар аз мусулмонони шиа ҳастанд.

Бо ин ки бархе аз уламои салафӣ ҳазорон ҷавони содалавҳро бо исдори фатвоҳои худ таҳрик мекунанд то ба Ироқ рафта ва байни мусулмонони шиа худро мунфаҷир кунанд то шиаён маҳв гарданд (чун шиаён ба назари онҳо “мушрик” ба ҳисоб мераванд), вале дар робита бо амалиётҳои шаҳодатталабона дар Фаластин дар баробари саҳюнисти ғосиб назари дигаре доранд.

Шайх Албонӣ яке аз машҳуртарин уламои салафӣ дар асри ҳозир фатво додааст, ки амалиётҳои шаҳодатталабона дар Фаластин дар баробари “Исроил” ҷоиз нест ва корест ҳаром.[24]

Яке дигар аз уламои муосири салафӣ ба номи Шайх Усмон Хамис низ шабеҳи чунин фатвое дорад.[25]

Аз ҳама аҷиб он аст, ки бо вуҷуди иҷмои фуқаҳои исломӣ аз ҷамии мазоҳиб бар ин ки агар қитъае аз замини мусулмонон мавриди ишғоли куффор қарор бигирад, бар ҳамаи мусулмонони ҷаҳон фарз мегардад, ки ишғолгаронро аз он берун ронанд, вале бархе аз уламои салафӣ дар мавриди сарзамини ишғолшудаи Фаластин, ки тавассути саҳюнистҳои ғосиб ишғол гардидааст, назари дигаре доранд.

Муфтии собиқи Арабистони Саудӣ ва яке аз бузургтарин уламои салафият дар асри ҳозир Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз дар посух ба саволе, ки рўзномаи “Ал‒муслимун” аз ў дар бораи сулҳу созиш бо ҳукумати ғосиби яҳуд пурсида буд мегўяд: “Созиш бо душманон чи ба сурати мутлақ ва чи муваққат ҷоиз аст агар ҳоким дар он маслиҳат бинад, ба далели фармудаи Худованди Мутаол, ки мефармояд: “Ҳаргоҳ рў ба сулҳу созиш оваранд, ту низ ба он рў овар”. Низ ба ин далел, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳар як аз ин ду навъ созишро анҷом додааст, ҳамчунон ки бо аҳли Макка бар тарки ҷанг ба муддати даҳ сол созиш намуд, ки мардум дар амон бимонанд ва даст аз якдигар бардоранд…”[26]

Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ як аз уламои исломӣ ба ҳеҷ далеле сулҳу созиш бо ишғолгарони яҳудро ҷоиз намедонанд. Аз ин рўст, ки чунин мавзеъгирии Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз мавриди ғазаби уламои дигар қарор гирифта ва баъзе аз онон посухҳои дандоншикане бар вай додаанд. Аз ҷумла Аллома Юсуф Қарзовӣ бо овардани далелҳои бисёр қавӣ бар чунин дидгоҳи Шайх посух гардондааст.[27]

Сиёсат тобеи фатво, ё фатво тобеи сиёсат?

Рози ин ки аҳёнан чунин фатвоҳое ба суди душманони Ислом ба вижа Амрико ва яҳуди хуношом аз ҷониби шайхҳои салафӣ, ки яксара ҳамаро мушрику фақат худашонро муваҳҳид ҷилва медиҳанд чист?

Даранге барои ҳар оқиле кофист, ки ба ин роз пай бубарад. Бояд ин розро дар сиёсатҳои бузургтарин ҳампаймони Амрико дар минтақаи Ховари наздик яъне Мамлакати Арабистони Саудӣ, ки дар сояи ҳамин маслаки салафият рўи кор омадааст ҷуст.

Чаро Шайх Абдулазиз, бо ин ки аз ин қабл мавзеи дигаре дар баробари ишғолгарони яҳуд дошт. дар ин рўзгор фатво медиҳад, ки сулҳу созиш бо яҳуд ишколе надорад. Посухаш хеле равшан аст. Чаро ки ҷаноби Ходимул‒ҳарамайн Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд соли 2002 мелодӣ дар нишасти ҷомеаи кишварҳои арабӣ дар Бейрут (пойтахти Лубнон) тарҳе бар ин асос пешниҳод кард, ки агар ишғолгарони яҳуд аз сарзаминҳои ишғолшуда дар соли 1967 берун раванд, ҳамаи кишварҳои арабӣ, минҷумла Арабистони Саудӣ расман “Исроил”‒ро ба унвони як кишвари мустақил ва ҳамсояи Фаластин эътироф намуда ва билофосила сафоратхонаҳои худро дар “Исроил” боз хоҳанд кард.

Баъд аз ин мавзеъгирии сиёсии Арабистони Саудӣ, оё Шайх Абдулазиз ба худ ҷуръат хоҳад дод, ки фатво диҳад сулҳу созиш бо “Исроил” дуруст нест?

Намунаи дигар: Ҳангоми ҷанг миёни ду кишвари мусулмони Ироқ ва Эрон, аксари кишварҳои арабӣ ва дар раъси онҳо Арабистони Саудӣ ва Кувайт, аз Саддом Ҳусайн ба унвони қаҳрамони арабӣ ва фотеҳи Қодисия, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ мекарданд. Ба табаи чунин мавзеъгирӣ, ағлаби уламо ва шайхҳои салафӣ низ пушти сари ҳам фатво содир мекарданд, ки ин набард ҷиҳоди фи сабилиллоҳ алайҳи “маҷус” аст ва бояд Саддом Ҳусайн ‒ ин қаҳрамон ва Саъд ибни Абўваққоси замон ҳимоят шавад.

Вале дар ҷанги аввали халиҷ, он замон ки нерўҳои Ироқ ба сарзамини Кувайт таҷовуз карданд ва Амрико ба баҳонаи ҳимоят аз Кувайт алайҳи Ироқ ҷанг эълом намуд, ҳамин касоне, ки чанде пеш ба Саддом Ҳусайн номи Саъд ибни Абўваққос ва фотеҳи Қодисияро дода буданд, як дафъа назарашон иваз шуда ва ўро “Абраҳа” (ки дар замони падарбузурги ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба Макка ҳуҷум кардааст) хонданд.

Ҷаноби Шайх Ибни Боз фатво содир кард, ки Саддом Ҳусайн душмани Худо аст,[28] кофир аст ва лаъни ў ҷоиз мебошад,[29] ҳатто кофиртар аз яҳуду насоро,[30] ҳамкорӣ бо Амрико алайҳи Ироқ ҷоиз аст,[31] ҷанг алайҳи Саддом ҷиҳод дар роҳи Худо аст[32] ва аз ин қабил фатвоҳо, ки аз ҷониби ў ва дигарон аз уламои салафӣ содир гардид.

Рози ин ки як дафъа “Саъд ибни Абўваққос”‒и замон ва “Фотеҳи Қодисия”, ба “Абраҳа” ва душмани Худо ва кофире, ки куфраш аз яҳуду насоро бадтар аст табдил мегардад чист?

Оё ҷуз ин ки сиёсатҳои Мамлакати Арабистони Саудӣ ва дар пушти ў Амрико дар баробари сиёсатҳои ҳокими Ироқ тағйир ёфтанд? Оё ҷуз ин аст, ки ин дўсти самимӣ ба душмани сарсахт аз назари сиёсат табдил гардид?

Дар ин гуна маворид набояд ба дунболи далел аз Қуръон ва ё суннат рафт, ки ҷаноби Шайх чӣ далеле бар куфру илҳоди Саддом доранд? Балки бояд далелро аз манбаи дигаре ҷуст, ки ҷуз сиёсатҳои Арабистони Саудӣ ва Амрико чизи дигаре намебошад.

Намунаи сеюм: Ҳангоми ҷанги муҷоҳидини Афғонистон бар алайҳи Шўравии ишғолгар, ҷамии уламо ва шайхҳои салафӣ ин набардро ҷиҳод фи сабилиллоҳ хонда (ки шакке дар он нест ва ҳатман чунин буд) ва ҳазорон ҷавонони салаҳшўрро аз манотиқи гуногуни Халиҷ ва соири кишварҳои арабӣ бо таъмини мояҳтоҷи онҳо ба сўи майдони набард гусел карданд. Кор ба ҷое расида буд, ки ҷавонони дар Афғонистон аз ин кишварҳо гирдомада барои худ як гурўҳи муназзаме ташкил доданд. Раҳбарии ин гурўҳро пас аз шаҳодати марҳум Абдуллоҳ ибни Аззом, як миллиардери саудӣ ба номи Шайх Усома ибни Лодан бар ўҳда гирифт ва ин гурўҳ баъдҳо ба номи танзими “Алқоида” маъруф гардид.

Дар оғоз, яъне он ҳангом ки ҳадафи силоҳи ин гурўҳ ба тарафи Шўравӣ равона буд, уламо ва шайхҳои салафӣ ин шахсро ба унвони муҷоҳид ва қаҳрамон месутуданд ва дар таъйиду ҳимояти ў ҳеҷ кўтоҳӣ намекарданд. Вале ин гурўҳ, ки дар оғоз ба ҳимояти молҳои кишварҳои халиҷӣ, хусусан Мамлакати Арабистони Саудӣ ва аз варои онҳо Амрико рўи кор омада буд, баъд аз хуруҷи нерўҳои Шўравӣ аз Афғонистон, рафта‒рафта аз зери назорати онҳо берун гашта ва ба фикри ин афтод, ки дигар ҳадафро аз Шўравӣ ба ҷиҳати Амрико ва ҳампаймонони ў тағйир диҳад.

Дар таърихи 11 сентябри соли 2001 ҷаҳониён шоҳиди ҳамла ба биноҳои дугоник дар Амрико шуданд. Билофосила тўҳмат ба сўи гурўҳи “Алқоида” равона карда шуд, ки онҳо дар пушти ин ҳамла қарор доранд. Дере напойид, ки саркардаҳои “Алқоида” низ ин ҳамларо бар зиммаи худ гирифтанд. Ин ҷо буд, ки дигар сиёсати Мамлакати Арабистони Саудӣ дар баробари фарзанди барўмандаш Усома ибни Лодан ва гурўҳи “Алқоида” як дафъа тағйир гардид.

Чун шайхҳои салафӣ, ки ягона манбаашон дар фатво, кайфияти мавзеъгирии ин мамлакат ва аз варои он Амрико мебошад, бидуни ҳеҷ муқаддимае шурўъ карданд ба исдори фатвоҳое ба ин маъно, ки Усома ибни Лодан “хориҷӣ” ва гурўҳаки ў, яъне танзими “Алқоида” хавориҷ ҳастанд, ки бояд қалъу қамъ гарданд.[33]

3. Дар таассуби манфӣ:

Аз шабоҳат ва монандиҳои дигар миёни хавориҷ ва салафиҳо, таассуби шадид ва ифротӣ доштани ин ду гурўҳ аст. Таассуб, ки ба маънои “эътиқод ва пойбандии шадид нисбат ба чизе” меояд, худ ба ду қисм аст: мусбат ва манфӣ. Аввалӣ хуб ва мавриди қабул аст ва дуюмӣ бад ва мавриди инкор.

Барои беҳтар фаҳмидани фарқ байни таассуби мусбат ва манфӣ, шоиста мебинем аз суханони ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) баҳра гирем. Он ҳазрат дар мавриди таассуби манфӣ, таассуби Иблисро ёдовар мешавад, ки ўро аз саҷда бар Одам манъ кард. Алӣ Иблисро пешвои мутаассибони ҷаҳон ном мениҳад ва мефармояд: “Душмани Худо Иблис пешвои мутаассибон ва салафи мустакбирон аст”.[34] Аммо дар мавриди таассуби мусбат мефармояд: “Ҳаргоҳ ногузир аз таассуб ҳастед, таассуби шумо барои ба даст овардани сифатҳои нек ва корҳои хуб бошад”.[35]

Таассуби манфӣ ҳамеша омехта бо як навъ ҷумуди фикрӣ, якҷонибанигарӣ ва пешдовариҳои ғайри мантиқӣ мебошад ва ҳамеша, ба хусус дар асри мо, сабаби нафрат ва ақибафтодагист.

Нишонаи ин навъ таассуб, мавзеъгириҳои тунду тез ва хашин, гоҳ хунрезӣ ва ғорати амвол, таҳқири дигарон ва ба коргирии калимаҳои зишт ва тавҳиномез аст.

Мутаассибон ҳеҷ арзише барои афкори дигарон қоил нестанд ва гўши шунаво барои далелҳои мухолифони худ надоранд ва мутакаббир ва худбин ҳастанд.

Тамоми он чи гуфта шуд, дар рафтор, кирдор ва суханони хавориҷ ва салафиҳо дида мешавад. Дар ҷараёни таҳким баъд аз он ки хавориҷ пай ба иштибоҳ ва хатои худ бурданд ва фаҳмиданд, ки ин кор найранге беш аз ҷониби Муовия ва сипоҳиёнаш набуда, вале таассуб, лаҷоҷат ва якравияшон нагузошт иқрор ба иштибоҳ ва хатои худ намуда ва аз кардаи худ дар баробари Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) узрхоҳӣ намоянд, балки омаданд пеши Алӣ ва гуфтанд, ки ҳам мо ва ҳам ту бо пазириши ҳакамият ва доварии инсонҳо муртакиби гуноҳ шудаем ва бояд тавба кунем. Алӣ на як бор, балки борҳо барояшон мефаҳмонид, ки шумо қаблан ҳам иштибоҳ кардед ва ҳам акнун низ иштибоҳ мекунед. Вале ин ҷоҳилони мутаассиб, ки гўши шунаво надоштанд, бар эътиқоди ботили худ исрор меварзиданд.

Ҳатто баъд аз он ки даст ба қатлу куштори мусулмонон зада ва оҳанги ҷанг бо Алиро сар доданд, дар оғоз Алӣ бо овардани далелу бурҳон барояшон мегуфт, ки шумо аз ин эътиқоди ботил даст бардоред ва ба сўи ҷамоати мусулмонон баргардед, вале баъзе аз онон, ки таассуб чашмонашонро кўр карда буд, ҳозир ба қабули суханони Алӣ нашуданд.

Мутаассифона салафиҳо ҳам шабеҳи чунин сифотеро доранд. Дар гузашта ва ҳатто ҳоло ҳам дар муҳити Макка ва Мадина ва дар кулли Арабистон ҳар гуна нақди илмӣ аз салафият мамнўъ аст ва мутаассибони салафӣ намегузоранд ҳатто нақдҳои илмии мўҳтарамона дар бораи ақоиди онҳо бишавад. Тамоми касоне, ки ба ҳаҷ мушарраф шудаанд, медонанд, ки сензураи шадиде бар вуруди ҳар гуна китоб (ба вижа аз Эрон) ба Арабистон ҳукмфармост.

Уламои салафӣ пайравони худро шадидан аз хондани ҳар гуна китобе хусусан китобҳои шиа манъ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Қуръони Карим афродеро, ки гўши шунаво барои шунидани суханони дигарон надоранд, ҷузъи бандагони хирадманди Парвардигор намедонад. Чаро ки мегўяд: “Мужда деҳ он бандагони маро, ки гўш ба суханон мекунанд ва он гоҳ некўтарини онро пайравӣ менамоянд. Чунин бандагон касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон карда ва фақат онон хирадмандон мебошанд”.[36]

Касоне, ки каме ҳам бошад бо илми усул ошноӣ доранд, медонанд, ки вожаи “қавл” (сухан) дар ин оят мутлақ ва бидуни ҳеҷ қайду шарте зикр гардидааст, яъне шомили ҳар қавле, чи ботил ва чи ҳақ, мешавад. Пас агар фарз кунем, ки суханони мухолифони салафият ботил бошад, онҳо бино бар фармудаи ин оят, ҳақ надоранд касеро аз хондан ва ё қироати китобҳои ба гуфтаи худашон “золла” манъ намоянд.

Мисоли чунин мутаассибоне, мисоли мухолифони равиши паёмбаронро монад, ки ҳангоми сухан гуфтани паёмбарон ангушт дар гўши худ мегузоштанд то суханони онҳоро нашунаванд. Худованди Мутаол достони шикояти ҳазрати Нўҳ (алайҳис‒салом) аз уммати хешро чунин баён мекунад: “Ман ҳар замон онҳоро даъват кардам, ки (имон биёваранд) то онҳоро биёмурзӣ, ангуштони хешро дар гўшҳояшон ниҳода ва либосҳояшонро бар худ мепечиданд, дар мухолифат исрор меварзиданд ва ба шиддат такаббур мекарданд”.[37]

4. Дар густохӣ ва беадабӣ:

Монандӣ ва шабоҳати салафиҳо бо хавориҷ дар густохӣ ва беадабӣ, барои ҳеҷ фарде, ки бо фарҳанги онҳо ошноӣ дорад пўшида нест. Дар оғоз намунае аз густохии хавориҷ зикр мекунем.

Дар ибтидои кор то он замон, ки хавориҷ даст ба қатлу куштор назаданд, ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) коре бо онҳо надошт. Онҳо дар ин марҳала аз замон, бо суистифода аз адолат ва бурдбории Алӣ, ҳар чи дилашон мехост анҷом медоданд. Таърих назири беадабиҳое, ки ин густохон дар баробари Алӣ ва ёронаш аз худ нишон медоданд суроғ надорад. Ибни Касир дар китоби “Ал‒бидоя ван‒ниҳоя” аз Ибни Ҷарир ва ў аз Шофеӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) нақл мекунад: “Ҳангоме ки Алӣ дар намоз буд, яке аз хавориҷ гуфт: “Агар ширк варзидӣ, амалат ба бод хоҳад рафт ва аз зиёнкорон хоҳӣ шуд”.[38] Сипас Алӣ ин оятро хонд: “Сабр пеша кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва мабодо касоне, ки яқин надоранд туро сабуксор кунанд”.[39] [40]

Ҳамчунин аз Ибни Ҷарир нақл мекунад: “Як рўз дар он ҳангом ки Алӣ дар минбар хутба мехонд, баногаҳ марде аз хавориҷ аз ҷо баланд шуд ва гуфт: “Эй Алӣ! Ту мардонро дар дини Худо шарик қарор додӣ, ҳукумат ҷуз Худо аз барои каси дигаре нест”. Сипас аз гўшаву канори масҷид садоҳои “Ло ҳукма илло лиллоҳ”, “Ло ҳукма илло лиллоҳ” баланд шуд. Алӣ (дар баробари беадабӣ ва густохии ин ҷамоати бехирад) мегуфт: “Ин калимае (ки ба забон меоваред), калимаи ҳаққест, вале муроди шумо аз он ботил мебошад”. Сипас фармуд: “Ба нафъи шумо бар ўҳдаи мо ин аст, ки модоме ки бо мо ҳастед, шуморо аз ғаноим бознадорем ва аз масоҷид манъатон накунем ва то шумо худ шурўъ накунед, бо шумо наҷангем”.[41]

Мутаассифона дар салафиҳо низ назири чунин беадабиҳо ва густохиҳо дида мешавад. Поягузори салафият, ки уламо ва бузургони мухолифи замони худро “Ҷоҳилон” хитоб мекунад ва ба онҳо “Эй мушрик!” мегўяд ва ҳар кас суханони ўро напазирад, кофир ва хориҷшуда аз миллат меҳисобад, бо ин ҳол чӣ интизор аз пайравонаш метавон дошт?

Мардуми ҳеҷ минтақа ва маконеро, ки салафиҳо дар он ҷо фаолият доранд, суроғ надорем, ки аз беадабӣ ва густохии онҳо дар амон монда бошанд. Дар ҳар ҷое, ки по мегузоранд, корашон ин аст, ки суроғи уламо ва муллоҳои он минтақа рафта ва ақоиду афкори хешро барояш матраҳ мекунанд, ки агар пазируфт дар амон аст, вагарна шурўъ мекунанд ба таъна задан ба ў, ки “мутаассиб” аст, пойбанди суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нест, аз илм баҳрае надорад, “нодон” аст, “бидъатгузор” аст ва ғайра аз ин қабил пархошгариҳо ва густохиҳо.

Чӣ интизор метавон дошт аз пайравони ин маслак вақте поягузорони он фатво бар аъмоли беадабона ва пархошгариҳо медиҳанд. Инак, намунаҳое аз чунин фатвоҳо:

1.                      Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин фатво медиҳад, ки бояд бо шиаён ҷангид ва онҳоро иҳонат ва таҳқир намуд ва бар рўяшон туф кард.[42]

2.                      Шайх Алӣ ал‒Хузейр фатво додааст, ки барои ёрӣ ва нусрати уммат метавон дурўғ гуфт ва шаҳодати зур (ба дурўғ) дод.[43]

3.                      Шайх Сулаймон ал‒Харрошӣ ғорати амвол ва рехтани обрую эътибори лоикҳоро[44] ҷоиз медонад.[45]

4.                      Шайх Усмон Хамис фатво медиҳад, ки барои шогирдон ҷоиз нест ба ҷиҳати таъзиму эҳтироми устодашон аз ҷои худ бархезанд.[46]

5.                      Бўсидани Қуръони Карим ҷоиз нест ва он навъе бидъат ба шумор меравад.[47]

Албатта он чи овардем фақат намунаҳое аз фатвоҳои уламо ва шайхҳои салафӣ мебошад, ки дар он пайравони худро бар ин навъ беадабӣ ва густохӣ карданҳо бармеангезанд. Агар бихоҳем ҷамиъ ё аксари чунин фатвоҳоро бароятон нақл кунем, яке ду то китоб басандагӣ намекунад.

Такмили ахлоқи писандида, ҳадафи рисолат

Ба ҳар ҳол, сухан дар ин буд, ки яке аз мавориди монандии салафиҳо бо хавориҷ, густохӣ, беадабӣ ва бадахлоқии ин ду гурўҳ аст. Ин дар ҳолест, ки дини Ислом беш аз ҳар чизи дигар, бар ахлоқ ва одоби некў таъкид мекунад. Аслан Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ривояте ҳадаф аз рисолат ва паёмбарии худро, комил сохтани ахлоқи писандида медонад: “Ман (ба паёмбарӣ) фиристода шудам то ахлоқи писандидаро комил созам”.[48]

Худованди Таборак ва Таоло дар ҳаққи он ҷаноб (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд: “Ҳамоно ту (эй Расул) хулқи бузурге дорӣ”.[49]

Худованд дастур мефармояд: “(Эй Расул! Ту ва умматат) ҳамеша бадии халқро ба беҳтарин амал подош деҳ то ҳамон касе, ки (гўё) бо ту душманӣ дорад, дўст ва хеши ту гардад”.[50]

Низ Худованди Мутаол мефармояд: “(Касоне, ки) хашм ва ғазаби худ фурў нишонанд ва аз бадии мардум даргузаранд, (чунин мардуме некўкоранд)”.[51]

Ҳам мефармояд: “Эй аҳли имон! Аз бисёр пиндорҳо (ва гумони бад) дар ҳаққи якдигар дурӣ гузинед, ки баъзе гумонҳо гуноҳ аст ва низ ҳаргиз аз ҳоли дарунии якдигар ҳам ҷосусӣ макунед ва ғайбати якдигар раво мадоред”.[52]

Саҳобии гиромиқадр Маоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) гуфтааст: “Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) маро насиҳат карда, фармуд: “Эй Маоз! Насиҳат мекунам туро ба тақво ва худотарсӣ, ростгўӣ, вафодорӣ ба аҳду паймон, амонатдорӣ, хиёнат накардан, ҳамсоядорӣ, меҳрубонӣ ба ятимон, хушкаломӣ, салом додан, кореро некў анҷом додан, орзуи кўтоҳ, имон ва огоҳии амиқ пайдо кардан ба Қуръон, дўст доштани охират, тарс аз рўзи ҳисоб ва шафқат намудан. Мабодо ҳакимеро дашном ва ё ростгўеро такзиб ва ё гуноҳкореро фармонбарӣ ва ё пешвои одилеро нофармонӣ ва ё заминеро табоҳ созӣ. Насиҳат мекунам туро ба тарс аз Худо дар мавриди ҳар санг ва дарахт ва хокрезае (яъне дар мавриди ҳар чизе чӣ хурд бошад ё калон, тақвои илоҳиро пеша кун) ва ба ин ки дар баробари ҳар гуноҳе (ки аз ту сар бизанад) тавба кунӣ. Агар махфиёна гуноҳ анҷом додаӣ, бояд тавбаат ҳам махфиёна бошад ва агар ошкоро гуноҳ карда бошӣ, бояд ошкоро тавба намоӣ”.[53]

5. Дар бардошти нодуруст аз баъзе мафоҳими исломӣ:

Аз шабоҳат ва монандиҳои дигари салафиҳо бо хавориҷ, ин бардошти нодуруст доштани ин ду гурўҳ аст аз баъзе мафоҳими калидии исломӣ, ки дар амал натоиҷи бисёр хатарнокеро ба дунбол дорад.

Дар порае аз мафоҳими исломӣ, чи басо бардошти нодуруст ва ғалат, зиёне ҷуз барои худи дорандаи он бардошт ба бор надорад. Масалан: дар масъалаи тавҳиди сифотӣ, миёни пайравони мазоҳиби каломӣ бардоштҳои мухталифе вуҷуд дошт. Ашоира мўътақид буданд, ки сифоти Худо монанди зот қадим аст. Мўътазила эътиқод доштанд, ки зот аз сифот ҷонишин меояд. Мутакаллимони шиа бар он буданд, ки сифот айни зот мебошад ва ғайра. Ё дар мавриди каломи Худо, баъзе мўътақид бар қадим будани каломи илоҳӣ ва баъзеи дигар бар ҳодис будани он буданд. Чунин бардоштҳое, қатъи назар аз ин ки кадом яке дуруст ва кадомин нодуруст мебошад, аз он ҷо ки дар амал таъсире надорад, зарар ва зиёнеро ба бор намеоварад.

Аммо мафоҳиме ҳастанд, ки агар мусулмон аз онҳо бардошти нодурусте дошта бошад, дар амал таъсиргузор аст. Масалан мафҳуми “қазо ва қадари илоҳӣ” яке аз он мафоҳимест, ки навъи бардошт аз он дар амали инсон таъсири басазое дорад. Агар касе аз “қазо ва қадари илоҳӣ” чунин бардоште дошта бошад, ки ҳар чи аз аъмол ва афъол, ки аз инсон сар мезанад, тибқи як барномаест, ки Худо аз қабл барояш таъин карда ва худи инсон ҳеҷ нақше дар таъини онҳо надорад, чунин инсоне ба як инсони танбал ва  бепарвое табдил хоҳад ёфт. Яъне чунин бардоште дар амал, таъсири манфӣ дорад.

Дар масъалаи “имон”, ки моҳияти он чист, хавориҷ мўътақид буданд, ки имон мураккаб аз эътиқод ва амал аст ва ба иборати дигар: амал ҷузъи имон аст. Ба ҳамин ҷиҳат онҳо муртакиби гуноҳи кабираро кофир ба шумор меоварданд. Зеро ба назари онҳо, аз он ҷо ки амал ҷузъи имон аст, пас ҳар амале, ки бо имон мунофот дошта бошад, сабаби хуруҷ аз доираи имон мешавад. Аз назари онҳо, гуноҳи кабира амалест, ки бо имон мунофот дорад ва мўҷиби куфр аст.[54]

Ҳамин бардошти нодурусти хавориҷ аз имон боис гардид, ки онҳо ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ва баъзе дигар аз саҳобагонро кофир дониста ва бар онҳо шамшер кашанд. Чун онҳо мўътақид буданд, ки Алӣ ба сабаби сар ниҳодан бар ҳакамият ва доварии инсонҳо муртакиби гуноҳи кабирае шуда, ки бояд тавба кунад, вагарна кофир ва аз доираи имон хориҷ аст. Ба сабаби ҳамин бардошти ғалат аз имон, хавориҷ ҷуз худашон дигар ҳамаро кофир меҳисобиданд. Кофир донистан, яъне хуну молу номуси онҳоро мубоҳ шумурдан буд.

Шабеҳи он чи аз хавориҷ мушоҳида шуд, дар салафиҳо низ дида мешавад. Як даста аз мафоҳими исломӣ ҳаст, ки бардошти нодурусти салафиҳо аз онҳо сабаб гардидааст, ки ҳамаи мусулмононро ‒ ба ҷуз пайравони ақоиди худ ‒ мушрик бишуморанд ва ҳукми куфри онҳоро содир кунанд. Муҳимтарини ин мафоҳим иборат ҳастанд аз мафҳуми “тавҳид”, “ширк”, “ибодат”, “дуо”, “шафоат” ва “бидъат”. Дар ин мавзӯъҳо бояд дар ҷои худаш бояд баҳс ба амал овард.

[1] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.229).

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.1).

[3] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.15).

[4] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.226‒228).

[5] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.72).

[6] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.222).

[7] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.263).

[8] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.277).

[9] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ақидатуш‒Шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.174).

[10] ‒ Доиятун ва лайса набиян, Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, Риёз, Дор‒ур‒розӣ, соли 2004, саҳ.102.

[11] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.230).

[12] ‒ Ад‒дурар, 10/369, ба нақл аз китоби “Доиятун ва лайса набиян”, Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, Риёз, Дор‒ур‒розӣ, соли 2004, саҳ.86.

[13] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муснади Аҳмад, ҷ.39, саҳ.285).

[14] ‒ Ад‒дурар, 10/429, ба нақл аз китоби “Доиятун ва лайса набиян”, Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, Риёз, Дор‒ур‒розӣ, соли 2004, саҳ.114.

[15] ‒ Ошноӣ бо фирақ ва мазоҳиби исломӣ, Ризо Биринҷкор, Ҷ.И.Эрон, Китоби Тоҳо, соли 1385 ш, саҳ.27.

[16] ‒ Ошноӣ бо фирақ ва мазоҳиби исломӣ, Ризо Биринҷкор, Эрон, Китоби Тоҳо, соли 1385 ш, саҳ.28.

[17] ‒ Барои огоҳии бештар аз таърихи пурмоҷаро ва ақоиди ваҳҳобият, метавонед аз китобҳои зерин баҳра гиред: “Ал‒ислом фил‒қарн‒ил‒ишрин”, “Ҷазират‒ул‒араб фил‒қарн‒ил‒ишрин”, “Таърих‒ул‒мамлака ас‒саудия”, “Таърихи Наҷд”‒и Олусӣ, “Кашф‒ул‒иртиёб” ва “Таърихи ваҳҳобиён”.

[18] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.27). Ӯ чунин мегўяд:

فاعلم أن شرك الأولين أخف من شرك أهل زماننا بأمرين: أحدهما: أن الأولين يشركون ويدعون الملائكة والأولياء والأوثان مع الله في الرخاء، وأما في الشدة فيخلصون لله الدعاء… الأمر الثاني: أن الأولين يدعون مع الله أناسا مقربين عند الله. إما أنبياء، وإما أولياء، وإما ملائكة، أو يدعون أشجارا أو أحجارا مطيعة لله ليست عاصية. وأهل زماننا يدعون مع الله أناسا من أفسق الناس…

[19] ‒ Сураи Нисо, ояти 94.

[20] ‒ Сураи Тавба, ояти 6.

[21] ‒ Сураи Фуссилат, ояти 34.

[22] ‒ Хисол, саҳ.21.

[23] ‒ Манбаъ ‒ http://www.ibn-jebreen.com/controller?action=FatwaView&fid=4174

[24] ‒ Метавонед фатвои Шайх Албониро аз забони худаш дар ин пойгоҳи интернетӣ бишнавед: http://www.youtube.com/watch?v=cwlUYWPZL-M

[25] ‒ Насси фатвои Шайх Усмон Хамис ин аст:

إن العمليات التي يقوم بها الشباب الفلسطينيون ليست من الجهاد فإن الجهاد له طريقه المعروف ولا يجوز للإنسان بأي حال من الأحوال أن يقتل نفسه فنفسه ليست ملكا له بل هي ملك الله سبحانه وتعالى وقد جاء في الحديث الشريف عن المصطفى صلى الله عليه وسلم أنه قال من قتل نفسه فهو في النار. وهؤلاء الشباب نحسب أنهم يريدون الخير في أمثال هذه العمليات فنسأل الله أن يعاملهم على أنهم جهال فيعذرون بالجهل أما الشهادة فليس هذا طريقها. والله أعلم.

http://www.sanabes.com/forums/archive/index.php/t-4033.html

[26] ‒ Барои огоҳии бештар ба маҷаллаи “Ал‒муҷтамаъ”, шумораи 516, таърихи 21 / 7 / 1415 ҳиҷрӣ муроҷиа шавад.

[27] ‒ Барои ошноӣ бо дидгоҳи Аллома Юсуф Қарзовӣ ба ин пойгоҳ муроҷиа шавад: http://qaradawi.net/site/topics/article.asp?cu_no=2&item_no=1860&version=1&template_id=105

[28] ‒ Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/8382

[29] ‒ Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/259

[30] ‒ Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/256

[31] ‒ Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/256

[32] ‒ Манбаъ: http://www.binbaz.org.sa/mat/257

[33] ‒ Барои огоҳӣ бо фатвоҳои уламои ваҳҳобӣ дар бораи “Алқоида” ва Усома ибни Лодан ба ин пойгоҳи интернетӣ муроҷиа шавад:

http://www.sohari.com/nawader_v/fatawe/fatawe.htm

[34] ‒ Наҳҷ‒ул‒балоға, хутбаи 192.

[35] ‒ Ҳамон манбаъ.

[36] ‒ Сураи Зумар, оятҳои 17 ва 18.

[37] ‒ Сураи Нўҳ, ояти 7.

[38] ‒ Сураи Зумар, ояти 65.

[39] ‒ Сураи Рум, ояти 60.

[40] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒бидоя ван‒ниҳоя, ҷ.7, саҳ.312).

[41] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒бидоя ван‒ниҳоя, ҷ.7, саҳ.312).

[42] ‒ Манбаъ: http://ummanas.netfirms.com/ig.htm

[43] ‒ Манбаъ: http://ummanas.netfirms.com/lying.htm

[44] ‒ Лоик ба касе гуфта мешавад, ки мўътақид ба ҷудоии дин аз сиёсат ва адами дахолат додани дин дар умури ҷомеа бошад.

[45] ‒ Манбаъ: http://ummanas.netfirms.com/disbelievers.htm

[46] ‒ Манбаъ: http://www.dar-quran.com/vb/archive/index.php/t-1046.html

[47] ‒ Манбаъ: http://forum.ozkorallah.com/f35/ozkorallah13203/

[48] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Сунан‒ул‒кубро, ҷ.10, саҳ.192).

[49] ‒ Сураи Қалам, ояти 4.

[50] ‒ Сураи Фуссилат, ояти 34.

[51] ‒ Сура Оли Имрон, ояти 134.

[52] ‒ Сураи Ҳуҷурот, ояти 12.

[53] ‒ Ба нақл аз китоби “Ахлоқ‒ун‒нубувва вал‒имома”, саҳ.13 ва 14.

[54] ‒ Ошноӣ бо фирақ ва мазоҳиби исломӣ, Ризо Биринҷкор, Ризо Биринҷкор, Ҷ.И.Эрон, Китоби Тоҳо, соли 1385 ш, саҳ.25 ва 26.

Аҳамияти мазҳаб ва хатари бемазҳабӣ
Мазҳаби ҳанафӣ дар асоси таълимоти Қуръон ва суннати Набии раҳмат(с) ташаккул ёфта, сарчашмаи асосии он Каломуллоҳ ва суннат аст. Мазҳаби ҳанафӣ дар масири таърих барои нигоҳдошти якпорчагӣ ва ҳуввияти миллии халқи тоҷик хизмати шоистаеро ба сомон расондааст. Ба муҷарради қабули дини Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ дар Мовароуннаҳр ва Бухорову Самарқанд таҳаввулоти бузурги ҷаҳонбинӣ ва инқилоби дарки худошиносӣ ва худогоҳии миллӣ пурқувват гардид.

Бозори бутпарастон ва санавияте, ки ҷаноби Зардушт бо он мубориза карду шикаст хӯрд ва ойини зардуштия ба ойини санавият олуда гашт, дар асоси партавфишонии офтоби дини Ислом ба парокандагӣ ва шикаст мувоҷеҳ гардид.

Таълимоти мазҳаби ҳанафӣ андешаи оташпарастиву хумпарастӣ ва офтобпарастиву ситорапарастиро аз шууру тафаккури миллӣ зудуда, афкори Худои ришу салибдор ва шохдору тоҷдор ва Худои некию Худои баъди (Аҳурамаздо ва Аҳриман )-ро аз тасаввури мардуми тоҷик решакан намуд.

Дар ин росто таълимоти ҳадафманд ва арзишманди мазҳаби ҳанафӣ мухолифатҳои нӯҳҳазорсолаи Аҳурамаздо аз Аҳриман, ситоиши бардавоми хуршеду моҳ, ситорагон, ғизо ва нӯшокиҳо барои мурдагон омода кардан дар болои бомҳо, манъи дафни мурдагон дар хок, шустушӯйи дасту рӯй бо идрори (пешоби) гов, аз болои оташ ҷаҳидану дархости саломатӣ ва талаби ниёзҳо намудан аз оташ, рондани мурғон ва ҳайвонҳои ваҳшӣ дар миёни оташро аз зеҳният ва андешаи мардуми ба ислом гаравидаи Осиё мунқатеъ сохт. Шариати маздакӣ ва ойину мазҳаби Монӣ мақоми хешро дар ҷомеа аз даст дод…

Аз замоне, ки хуршеди саъодат ва равшании мазҳаби ҳанафӣ дар ин диёр густурда гашт, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ пурқувват гардид ва ҳар хатаре, ки барои ин мардум пеш меомад, ба василаи таълимоти Ислом бартараф карда мешуд.

Таълимот ва режими беасли мубадӣ ва саркоҳинони истеъдодкуш ба шикасти абадӣ рӯ ба рӯ гардид. Мазҳаби ҳанафӣ унсур ва мабдаи асосии рушду такомули имонӣ ва миллию фарҳангии халқи тоҷик гардид, ки дар андак замон мардум аз парокандагии фикрӣ ва андешаи зеҳнӣ наҷот ёфт.

Хароботи муғон ва оташкадаи мубадон ҷой ва мақоми худро ба масҷиду мадрасаҳои исломӣ иваз намуд. Ойини зардуштӣ рисолати таърихии худро иҷро намуд ва заминаҳои қабули дини Исломро барои пайравонаш омода сохт.

Мазҳаби ҳанафӣ дар асоси таълимоти қуръон, дар доираи мактаби хеш ҳазорон донишмандон ва мутафаккирони мутаддайинро ба камол расонид, ки эҷодиёт ва иршодоти эшон боиси ифтихори инсоният мебошад…

Зарурият ва

пайдоиши мазҳаб

Густариш ва интишори дини Ислом аз сарманшаи он Арабистон ба манотиқи гуногуни дунё, аз ҷумла ба Мисру Ироқ, Индалусу Эрон, ба Осиёи сағиру Афғонистон баъди аз дори дунё сафар кардани Набии раҳмат (с) заминаҳои аввалини пайдоиши мазҳаб дар дини ислом ба вуҷуд омад.

Ба муҷаради аз дори дунё ба ҷивори раҳмат сафар кардани сафири илоҳӣ – Расули раҳмат ва пешвои уммат (с) душманони дини Ислом барои аз байн бурдани таълимоти Қуръони карим камар бастанд. Низову ихтилофҳо дар диёри мусалмоннишин авҷ мегирифт. Хабарҳои бардурӯғ ва овозаҳои бефурӯғ аз ҷониби гумоштаҳои аҳримансиришт ва даҷҷолкуништ нисбати хулафои рошидин, саҳобагон, тобеин ва табаатобеин интишор гардид. Дар қолабҳои «қола Таъол» ва «қола Расулаллоҳ» суханҳои бофта ва суннатҳои «сохта» эҷод мекарданд. Душманони дину имон то ҷое метавонистанд байни муслимин ва уламои ростин ихтилофу кашмокашиҳо барпо намоянд, ки уммати исломӣ ба шикаст мувоҷеҳ гарданд.

Интишороти иттилооти бардурӯғи ғаразнок нисбати имоновардагон дар садри аввали ислом аз ҷониби Абӯлаҳабҳо ва гурӯҳҳои махсус пурқувват мегардид. Қатлу ғорат, зулму бераҳмӣ нисбати хонадон ва аҳлу байти Набии раҳмат (с) ва кулли муслимин дучанд гашт. Хавориҷ бар муқобили Расули раҳмат (с) ва аҳлу байти ӯ қиём варзиданд. Хавориҷ худро «Харидорони биҳишт» ном ниҳоданд ва сару мӯйлабҳои хешро ба тамом метарошиданд, то аз мусалмонон дар зоҳир низ фарқ намоянд. Ҷиҳодро дар муқобили мусалмонон як рукни асосии ақидаи худ мепиндоштанд. Қатл ва куштори саҳоба барои хавориҷи бемазҳаб хеле муқаддас ба шумор мерафт. Эшон суннат ва аҳодиси Расули раҳмат(с)- ро қабул надоштанд.

Сӯйиқасд, амалҳои низомӣ ва кирдорҳои террористӣ бар ҷону моли раҳбарону пешвоёни дини Ислом аз ҷониби мухолифин ва мунофиқин дар аввали садри ислом тарҳрезӣ мешуд. Аз ҷониби Убайдуллоҳи Зиёд бо супориши Язид дар биёбони сӯзону беоби Карбалои минтақаи Ироқ амалиёти ҳарбӣ барои несту нобуд кардан ва аз байн бурдани аҳлу байт ва нури чашмони Расулаллоҳ (с) омода гашт. Ҳусейн (р) бо ҳамроҳии наздиконаш аз аҳлу байти Расулаллоҳ (с) ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд.

Аз китоби «Таърихи Табарӣ», андар саҳифаи 1182 порчаеро пешкаши хонандаи арҷманд мекунем, то воқиф бигарданд аз бераҳмии Шамиру Қайс ибни Ашъаси қотил ва макри Язиду ибни Зиёд, ки амалиётҳои ҳарбӣ ва низомиро алайҳи зурёт ва аҳлу байти Набии раҳмат(с) равона намуданд.

«Ва Ҳусейнро писаре буд ширхора ва яксола, номаш Абдуллоҳ. Падар овози ӯ бишнид, дилаш бисӯхт ва ӯро бихост ва дар канораш ниҳоду ҳамегирист. Марде аз сипоҳиёни бани Асад, аз фиристодагони Убайдуллоҳи Зиёд тире бияндохт ва ба гӯши он кудак фурӯ шуд ва ҳамонгоҳ бимурд… Ҳусейн писар аз канор бинҳоду гуфт; Инно лиллоҳӣ ва инно лиллоҳи роҷиъун. Ё Рабб маро бад – ин мусибат шикебой деҳ! Ва Ҳусейн бар пой хост ва аз ташнагӣ хаста шуда буд ва бар лаби Фурот рафт, ки об тавонад хӯрдан. Шамири лаъин гуфт; «Вайлакум, даст боз мадоред … ки об хӯрад, ки ӯ аз ташнагӣ мурдааст. Чун об хӯрад, зинда шавад. Ва Ҳусейн (р) … об ба даҳон андар гирифт ва хост, ки бихӯрад. Сипоҳие тир ба даҳони Ҳусейн зад. Пиёдагон гирди Ҳусейн андар омаданд, то ӯро бикушанд. Шамир ва Умар ибни Саъди қотил аз дур ҳаменигаристанд. Пас Шамир бо шаш нафар аз мункирин оҳанги вай карданд. Зуръа шамшере бизад ва дасти мубораки Ҳусейнро аз китф бияндохт. Ҳусейн бияфтоду боз бар пой хост … ва Зуръа аз паси ӯ андар омад ва ҳарбае бизадаш бар пушти муборакаш ва ба сина берун омад. Ҳусейн (р) биафтоду мурд. Шамири лаъин фарози ӯ омад ва сари муборакаш бибрид ва танаш боз дошт. Ва Қайс ибни Ашъас пероҳан аз вай берун кашид … Ва Шамир оҳанги хайма кард ва ғорат кард. Ва ҷома аз сару тани занон ҳамерабуданд ва занон ҳамехурӯшиданд… Шамир Умарро гуфт, амир Убайдуллои Зиёд фармудааст: «Аспон бар тани Ҳусейн бирон!». Ва бист савор аспон бар тани поки Ҳусейн(р) меронданд, то устухонҳояш ҳаме бишикаст. Ва сари мубораки Ҳусейнро Хавалӣ ибни Язид ал – Асбаҳӣ ба сӯйи Убайдуллои Зиёд ва Язиди бемазҳаб фиристод».

Пас дар ёфтем, душманони дини Ислом тибқи мақсад ва нақшаи муайян фаъолият намуда, амалиёти террористиро нисбати наберагони Расули раҳмат (с) пиёда намуданд. Ҳамчун далели шайъӣ ва баёнгари «ҳақиқат» сари мубораки Ҳусейнро ба ибни Зиёд ва Язиди золим ирсол мекунанд. Молу мулки мусалмононро ғорат намуданд. Нисбати занони хонадони Расулаллоҳ (с) беэҳтиромӣ карда, шахсият ва ҳуқуқҳои эшонро таҳқир намуданд.

Дар чунин шароити ноором ва пурташвиши сиёсӣ саҳобагони гиромӣ ва ёрони ростини Набии раҳмат(с) барои ҳифозати шарафу номуси муслимин, арзишҳои имонӣ ва фарҳангу тамаддуни дини Ислом камар бастанд.

Зарурати китобати ояҳои Қуръонӣ дар пусти ҳайвонҳо пеш омад. Қуръон дар шакли пурра ва комил бе ягон осебпазирӣ дар замони хилофати ҳазрати Усмон (р) ҷамъоварӣ ва китобат гашт.

Дар навбати худ баъди ба таври комил ҷамъоварӣ шудани каломи Худованд, донишмандон руҷӯъ ба омӯзишу парвариши масоили фиқҳӣ ва ҷамъоварии ҳадис намуданд. Дар шакли алоҳида ҳадис ва масоили фиқҳӣ ҳамчун илм ташаккул ва инкишоф ёфт.

Фақеҳони донишманд барои покию асолати масъалаҳои шаръӣ камар бастанд. Ва хизмати арзишманд ва шоистаеро дар ривоҷу равнақ ва густариши илми фиқҳ ба сомон расониданд. Дар чунин шароити ошуфтаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ зарурияти пайдоиши мазҳаби чаҳоргона дар олами ислом ба вуҷуд омад. Пайдоиши мазҳаб дар ислом бидъат ва хурофот набуда, балки шароити мусоид барои ҳифозати арзишҳои имонӣ ва ибодатӣ барои имоновардагон фароҳам овард. Ва беҳтарин шахсиятҳои донишманди мусалмон Имом Ҷаъфари Содиқ (р), Имоми Аъзам (р), Имом Шофеъӣ (р) ва Имом Молику Имом Аҳмади Ҳанбал (р) парчамбардори мазҳабҳои эътирофшуда гаштанд. Эшон дар муқобили тафриқаандозиҳои қабилавӣ ва фитнаҳои аҳли хавориҷ таълимоти фиқҳии хешро ҷоннок намуда, шогирдони зиёдеро ба камол расониданд.

Дар замони хайру баракат мазҳаб по ба арсаи ҳастӣ ниҳод. Расули раҳмат (с) фармудаанд: «Хайр – ул – қурунӣ, қарнӣ, суммаллазина ятлунаҳум, суммаллазина ятлунаҳум», яъне беҳтарин қарн қарни ман аст ва сипас ду қарни баъд аз он.

Саддаи аимаи арбаа, ки уммати исломиро аз парокандагӣ ва фурӯрезию парешонӣ нигоҳ дошт ва бо иҷтиҳоди арзишманду судманди худ муслиминро бениёз сохт, ҳамоно асри табаа тобеин мебошад, ки Расули раҳмат (с) ба он ишора намуданд.

Пайравон ва дӯстдорони мазҳабро дар навбати худ муқаллид низ мегӯянд. Тақлид ва итбоъ аз аимаи чаҳоргона ва иҷмоъи аҳли суннат вал – ҷамоат аз неъматҳои арзишманд ва бузурги илоҳӣ ба шумор меравад. Мункирини суннат (қуръония – як қисмати бемазҳабон) ва ононе, ки мункири тақлиданд – (салафия) ва аз пайравии мазҳаби чаҳоргона сар мекашанду хешро муҷтаҳиди давр мехонанду мегуморанд, асири хостаҳои нафсонӣ ва табиии худанд, бас ба хато ва ботил гаравидаанд. Дарвозаҳои хуруфот, бидъат ва залолатро ба сӯйи муштариён ва муҷтаҳидонашон кушодаанд, ки ҳеҷ гуна иртибот ва пайванде бо аҳли суннат ва ҷамоат надоранд.

Дар натиҷаи пурқувват гардидани мазҳаби чаҳоргона дар олами ислом, мухолифини дини ислом ва таассубгароёни ҷоҳил барои эҷоди фитна байни мазҳаби арбаа дар дини ислом камар бастанд. Пайдоиши мазҳабро дар дини ислом бидъат шумурданд. Ва муҷтаҳидини хавориҷ ва муҷтаҳидини бемазҳабон Абӯҳанифаро ҳамчун бунёдгар ва асосгузори бидъат дар эҷоди мазҳаб муттаҳам мекарданд, ки мавсуф қавли саҳоба ва қиёсро дар ҳалли масоили шаръӣ мавриди истифода қарор додааст ва аз Қуръону суннат даст кашидааст. Таассуб ва ифтихори қавмию арабӣ намегузошт, ки Абӯҳанифаро, ки тоҷикнажоду форсзабон аст, ба ҳайси пешво ва Имоми мусалмонҳо бишносанд ва эътироф бикунанд. Ҷаҳолат ва қавмгароии арабҳои бодиянишин сангин ва табиӣ буд. Дар ин росто таълимоти исломро баъзе аз ҷуҳалои мусалмоннамо низ пушти сар мениҳоданд ва арабгароӣ ва араб буданро аз таълимоти ислом ва Набии раҳмат(с) болотару афзалтар мепиндоштанд. Таассуби қавмӣ ва арабӣ ҳатто дар қалби баъзе хирадмандони диндор асар карда буд.

Дар китоби «Ал-Иқдул-фарид» ибни Абдураббиҳӣ (р) ривоят мекунад, ки Исо ибни Мӯсо мусалмону арабзода буд, аз Абӯлайло пурсид:

- Кӣ фақеҳи шаҳри Ироқ аст?

Гуфтам:

- Ҳасан ибни Абулҳасан.

Исо гуфт:

- Баъд кӣ?

Гуфтам:

- Муҳаммад ибни Сарин.

Гуфт:

- Ин ду чӣ ҳастанд (араб ҳастанд, ё ғайриараб)?

Гуфтам:

- Эшон ғайриараб ҳастанд.

Гуфт:

- Фақеҳи Макка кист?

Гуфтам:

- Ато ибни Абурибоҳ, Муҷоҳид, Саид бинни Ҷубайр ва Салмон бинни Ясор.

Гуфт:

- Инҳо чӣ ҳастанд, яъне аз кадом қавманд?

Гуфтам:

- Ҳама ғайри араб ҳастанд.

Гуфт:

- Фақеҳҳои Мадина киҳо ҳастанд?

Гуфтам:

- Зайд ибни Аслам, Муҳаммад ва Нуҷайҳ.

Гуфт:

- Инҳо чӣ ҳастанд?

Гуфтам:

- Инҳо ғайриараб ҳастанд.

Гуфт:

- Кӣ фақеҳтарини аҳли Қубо аст?

Гуфтам:

- Рабиа ва ибни Абиназод.

Гуфт:

- Инҳо чӣ ҳастанд?

Гуфтам:

- Аз ғайриараб ҳастанд.

Аз шунидани ин ҳама посухҳо чеҳраи Исо тағйир ёфт ва дигаргун шуд ва боз аз ибни Абулайло пурсон шуд:

- Кӣ фақеҳи шаҳри Яман аст?

Гуфтам:

- Товус ва писараш ва ибни Мунаббиҳ.

Гуфт:

- Инҳо чӣ ҳастанд?

Гуфтам:

- Инҳо низ аз ҷумлаи ғайриараб ҳастанд.

Исо ибни Мӯсо дар хашм шуд ва аз ҷой бархесту пурсид:

- Кӣ фақеҳи Хуросон аст?

Гуфтам:

- Ато ибни Абдуллоҳи Хуросонӣ.

Гуфт:

- Ато чӣ насаб дорад?

Гуфтам:

- Эшон низ ғайриараб ҳастанд, яъне аз Форс.

Исо ибни Мӯсоро аз хашм раги гарданаш таранг шуд, ки маро аз ин ҳолат тарс дар вуҷуд падид омад, вале Исо пурсид:

- … Кӣ фақеҳи Куфа аст?

Абулайло гуфт:

- Ба Худо савганд агар хавф аз ғазаби Исо ибни Мӯсо намебуд, дар ҷавоб аз Ҳоким ибни Атба ва Ҳаммод ибни Сулаймон ном мебурдам, ки эшон низ ғайриараб ҳастанд. Вале посух додам, ки фақеҳтарини Куфа Иброҳими нахъӣ ва Шаъб ҳастанд.

Гуфт:

- Эшон чӣ ҳастанд?

Гуфтам:

Эшон араб ҳастанд.

Ҳангоме ки ин посух шунид Аллоҳу акбар гуфт ва хашмаш фурӯ нишаст.

Аз ин нақли таърихӣ метавон чанд маънӣ ба даст овард, аммо мо иктифо мекунем ба мақсади фавқ.

Мухолифини дини покманзари ислом ва бемазҳабони дар таассуб фурӯрафта дар Димишқу Мадина ва Ҳиҷозу Ироқ байни мусалмонҳо хабарҳои бардурӯғ ва иғвоангезро тавассути гумоштаҳо ва зархаридони худ интишор мекарданд. То бошад дини ислом ба шикасти абадӣ рӯ ба рӯ гардад. Эҷоди ихтилоф ва муноқишаҳои ақидавӣ дар байни уламои исломӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти бемазҳабон ба ҳисоб мерафт.

Баъди қатли Ҳусейн(ръ) зуд – зуд дар дорулхилофатҳои исломӣ овозаҳои пуртаҳлукаи қатлу ғорати имондорон ба гӯш мерасид. Фазои иттиллотии динии кишварҳои исломӣ ошуфтаву ноором буд. Таассуби язидию ҷаҳли умавиён ва муноқишаҳои шиагароӣ авҷ мегирифт. Ҳатто дар масҷиди ҷомеи шаҳри Мадинаи мунаварра намозхон дида намешуд. Теғи умавиён ва хавориҷ басо хунрез буд.

Барои дарки ошуфтагии вазъи сиёсию иҷтимоии зиндагии мусалмонон ва осебпазирии фазои иттилоотии динӣ дар замони пайдоиши мазҳаб бар ҷаридаи далелҳо рӯ меорем.

Зайд ибни Алӣ, яъне фарзанди Зайнулобидин (р) яке аз шахсиятҳои шинохта ва чеҳраҳои маъруфи исломӣ буда ва аз ҷумлаи аҳлу байти набувват мебошад. Шиаҳо ӯро ба ҳайси пешво ва Имом мешиносанд. Зайд ибни Алӣ ҳамасри Имоми Аъзам ва яке аз дӯстони гиромии Абӯҳанифа (р) мебошад. Шиори ӯ даъват ба сӯи Қуръон ва суннат, ҷиҳод алайҳи золимон, инкори зулму фасод ва даъват ба сӯйи покию ҳақиқати дини ислом буд. Зидди ҳукумати умавӣ – Ҳишом ибни Абдумалик қиём кард. ӯ соли 122-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 722-и мелодӣ аз тарафи ҳукумати умавиён дар шаҳри Куфа ба қатл расонда шуд.

Ҷасади Зайд ибни Алӣ (р) муддати чаҳор сол андар салиб овехта, нигоҳ дошта шуд, то ибрати дигар мусалмонон гардад. Сари Зайдро аввал ба Димишқ оварда, дар дарвозаи шаҳр овехтанд, то мардум бидонад, ки яке аз наберагони Расулаллоҳ (с) кушта гаштааст, яъне дини ислом ба шикасти абадӣ мувоҷеҳ аст. Сипас тавассути гумоштаҳои халифа – Абдумалики умавӣ сари имом Зайд (р) ба Мадинаи мунавара интиқол дода мешавад ва андар сари манзили бобои бузургвораш – Муҳаммади Мустафо (с) барои сиёсат, эҷоди таҳлука ва тарсу бим андар дили мусалмонон овехта шуд. Сари мубораки ҳазрати Зайд дар ин макон нигоҳ дошта шуд ва баъди чанде ба Миср бурда шуд ва андар масҷиди ҷомеи Миср овехта гардид. Баъдан аз ҷониби мусалмонони минтақаи Миср сари мубораки Зайд (р) дуздида гашта, онро дафн карданд. То сари мубораки шаҳиди роҳи Худо аз зулмату ҷабри умавиёни дар ҷаҳл уфтода наҷот ёфт.

Ба таври ваҳшиёна ҳазрати Зайд (р) ба салиб овехта шуд ва мо низ аз шарҳи он худдорӣ мекунем, то аз доираи мавзӯъ берун наравем ва дар вақти зарурӣ аз ин қиссаи ғамангез ва ҷигарсӯзи ҳазрати Зайд (р) ёд мекунем.

Аз ин ҷо дар меёбем, ки қатлу куштори мусалмонон, ба хусус, аҳлу байти Набии раҳмат (с) ва наберагонаш тибқи нақша ва дурнамои душманони ислом тарҳрезӣ гашта буд, дар баъзе умур мухолифини дин муваффақ низ гаштаанд, ҳарчанд ки ин «пирузӣ» муваққатӣ буд.

Дар ин бахш ба ду далел аз ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам (р) – асосгузори мазҳаби ҳанафӣ иктифо намоем ва бошад, ки бозиҳои паси пардагии бемазҳабон ва шеваҳои дурӯғини онҳо ошкоро бигардад.

Дар ҳоле ки шӯҳрати донишмандии Абӯҳанифа (р) аз доираи Ироқ берун рафт, бемазҳабон ва язидиён хабарҳои бардурӯғ нисбати ӯ интишор мекарданд ва гӯё Абӯҳанифа (р) қиёс ва қавли саҳобаро аз каломи Худованд ва қавли Расули раҳмат (с) афзалу муқаддам мешуморад. Хабарҳои бардурӯғ боиси нигаронии дигар шахсиятҳои бузурги исломӣ гардид. Иттилооти бардурӯғи ағёрҳои дини ислом ба мақсади муайян таъсири худро дар зеҳни мусалмонон мегузошт. Заминаҳои мухолифату муноқишаҳои қишрҳои гуногуни ақидавӣ ва мазҳабиро дар ҷаҳони ислом эҷод мекард. Осебпазирии фикрӣ ва зеҳнии мусалмонон ба пуррагӣ ҳис карда мешуд. Муҷодила, мухолифат ва бархӯрди ақидаҳои муфсиди хавориҷ, умавиён, аббосиён ва рофизиёну муътазила боиси хушунат ва қатлу ғорати мусалмонони воқеӣ мегардид.

Вақте ки вазъи сиёсии шаҳри Кӯфа ошуфтаву ноором буд, дунҳиматон барои қатли Имоми Аъзам (р) камар баста буданд. Зеро таълимоти Имоми Аъзам дар партави Қуръону суннат басо ҷаҳонгир шуда буд. Абӯҳанифа барои бехатарии амнияти шахсии худ ба шаҳрҳои Мадинаву Маккаи мукаррама ҳиҷрат намуд. Дар ин ҷо бо Имом Боқир (р), ки яке аз чеҳраҳои шинохтаи дини ислом буд, дидорбинӣ намуд. Имом Боқир (р) аз табақаи уламои тобеин мебошад. Андарин гуфтор иқтибосеро аз китоби «Радди афкор ва аҳдофи ғаразноки Албонӣ ва салафия» пешкаши хонандагони арҷманд мекунем, ки ба дарки сабабу пайдоши мазҳаб ва аҳамияти он хубтар воқиф бигардем.

«Дар мушкилтарин ва мураккабтарин шароити таърихӣ, ки муноқишаҳои мазҳабӣ ва тундгароёнаи зидди динӣ ба авҷи камол расида буд, дар арсаи байналмилал Абӯҳанифа (р) тавонист, ки чароғи эзидиро аз таҳоҷуми ағёрҳои дину имон маҳфуз нигоҳ бидорад. Худ бисӯзаду дигаронро аз сӯхтан боз бидорад.

Бадхоҳону мақомҷӯён – мансабталабону бешарафон ва як идда чоплусони динмаоби душмансиришт овозаҳои бардурӯғ ва хилофи шариатро аз номи Абӯҳанифа (р) дар кишварҳои дуру наздик интишор мекарданд, то ин ки эътибори илмӣ ва шарафу дараҷоти ӯ коста бигардад. Хавориҷ ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ дар интишори ахбори дурӯғин алайҳи Имоми бузургвор пешдаст буданд. Аз ин ҷост, ки Абӯҳанифа гуфтааст: «Дар Хуросон ду гурӯҳ аз бадтарин мардум аст – ҷуҳамия ва мушабиҳа»…

Абӯҳанифа дар Мадинаи мунавара ба зиёрати қабри мубораки Расулаллоҳ (с) шарафёб мегардад. Баъди зиёрати равзаи муттаҳари Набии раҳмат (с), Абӯҳанифа (р) бо имом Боқир (р) мулоқот кард. Имом Боқир аз ҷумлаи донишмандони шиа маҳсуб мешавад. Ва байни ҳарду чунин муколима оғоз мешавад:

- Имом Боқир гуфт:

- Ту ҳамон Абӯҳанифа ҳастӣ, ки бо қиёси худ, дини ҷадди ман (Расулаллоҳ (с))-ро таҳриф мекунӣ?

- Абӯҳанифа гуфт:

- Ин суханро хилофи ҳақиқат ба арзи ту расонидаанд, лутфан иҷозат бидиҳед, мазҳаратон арз бикунам.

- Имом Боқир гуфт:

- Бифармо.

Имом Абӯҳанифа фавран рӯ ба рӯи имом Боқир нишаст ва фармуд ба саволҳои ман ҷавоб диҳед:

- Оё зан заифтар аст ё мард?

Имом Боқир гуфт:

- Зан заифтар аст.

Абӯҳанифа гуфт:

- Саҳми зан чӣ андоза ва саҳми мард чӣ қадар аст?

Имом Боқир гуфт:

- Дар мерос мард ду баробари зан саҳмия дорад.

Абӯҳанифа гуфт:

- Агар аз қиёс кор мегирифтам, зан, ки заъифтар аст, барояш ду баробари мард саҳмия қарор мекардам.

Абӯҳанифа пурсид:

- Намоз бештар фазилат дорад, ё рӯза?

Имом Боқир гуфт:

- Намоз.

Абӯҳанифа гуфт:

- Агар аз қиёс кор мегирифтам, ба зани ҳоиза дастур медодам, ки намозҳои айёми ҳайзро қазо бидорад, на рӯзаро, зеро намоз аз рӯза афзал аст.

Абӯҳанифа пурсид:

- Манӣ наҷас аст ё бавл?

Имом Боқир гуфт:

- Бавл.

Абӯҳаниф гуфт:

- Агар мутобиқи қиёс амал мекардам, аз бавл ғуслро ва аз манӣ вузӯъро фарз қарор медодам, аммо чунин намекунам.

Он вақт Имом Боқир ба Абӯҳанифа офарин гуфт ва бархосту ӯро дар канор гирифту пешониашро бӯсид.

Дар ин марҳила нақшаҳои тарҳрезӣ шудаи ағёрҳои дини мубини ислом амалӣ нагашт. Мехостанд, ки муноқиша ва фитнаи бузургеро байни ду имоми ростин ва пешвои мазҳаб барангезанд. Иттилооти бардурӯғ ва иғвоангези ба ном «динӣ» ошкор гардид. Имом Боқир (р) дарёфт, ки вуҷуди Имоми Аъзам (р) сириштаи ишқ ва муҳаббати Қуръон ва суннати Набии раҳмат (с) аст. Ва Абӯҳанифаро ба ҳайси имоми аҳли суннат ва ҷамоат хуб пазироӣ кард. Ва хуб дарк намуд, ки Имоми Аъзам (р) шахси худогоҳу Худошинос буда, дар ҳеҷ вақт қиёс ва ройи худро бар қавли Расулаллоҳ (с) ва Каломуллоҳ муқаддам намедонад. Имом Боқир (р) аз симо ва ақлу заковати Абӯҳанифа (р) хеле хуб дарёфт, ки мазҳаби ҳанафӣ таҷассумгари Қуръон ва суннат аст.

Дар ҷои дигар омадааст, ки: «Рӯзе имом Авзоъӣ аз ибни Муборак фармуд, ин мубтадие( бидъаткоре), ки дар шаҳри Кӯфа зуҳур карда ва кунияаш Абӯҳанифа аст, кист? Дар дин суханони нав эҷод кардааст? Абдуллоҳ ибни Муборак мегӯяд: Ман дар посухи имом Авзоъӣ сукут кардам ва чанд масъалаи печида аз масоили Имоми Аъзамро ба ӯ нишон додам.Ҳангоме, ки Авзоӣ масоилро хонд ва дид, ки ба Нӯъмон ибни Собит мансубанд.

Пурсид:

- Ман ҳозо- кист ин? Нӯъмон ибни Собит кист?

Ибни Муборак мегӯяд:

- Ба имом Авзоъӣ гуфтам: ӯ шахсе аст, ки бо вай дар Ироқ мулоқот намудам.

Имом Авзоъӣ гуфт:

- «Ин яке аз машоихи барҷаста ва баландпоя аст, бирав ва аз ӯ илми бештаре фаро бигир».

Ибни Муборак гуфт:

- «Ин ҳамон Абӯҳанифа аст, ки ту аз он боз медоштӣ».

Абдуллоҳ ибни Муборак (р) яке аз шогирдони барҷастаи Имоми Аъзам мебошад, ки дар шаҳри Бейрут дар ҳалқаи дарси Имом Авзоъӣ нишаста буд.

Аз мулоқоти Абӯҳанифа бо Имом Боқир ва Имом Авзоӣ равшан гашт, ки душманони дини ислом ва ҷоҳилони бемурувват байни хирадмандон ва имомону пешвоёни мазҳаб иттилоот ва хабарҳои бардурӯғ интишор намуда эшонро муқобили ҳам шӯрониданд.

Дар баробари беимонон ва шакокони низоъандозу манфиатҷӯй гурӯҳҳои рофизия, мӯътазила, мансурия ва хавориҷу муҷассама фазои иттилоотии дини Исломро баъди вафот намудани Расули раҳмат(с) муташаниҷу ноором месохтанд. Ақида ва назарияҳои ботилро байни мардуми мутадайн интишор мекарданд. Тарафдорони шиа ба ҳафтод фирқа ҷудо гаштанд. Тафриқаву ҷудоӣ байни мусалмонон омили асосии пирӯзӣ ва пешрафти душманони дини ислом дар масири таърих гардид. Ағёри дину мазҳаб фурсатро ғанимат шумурда, ахбороти дурӯғин ва фитназоро байни суннӣ ва шиа интишор мекарданд. Фазои иттилоотии динӣ рӯз ба рӯз ноорому ошуфта мегашт.

Мухолифони дин ин фурсати ба даст омадаро ба ҷон харидорӣ мекарданд ва дер боз ин ҷониб интизори эҷоди фитна буданд, то бошад ки муслимин дар муқобили бародари худ теғ бикашад.

Аз тарафи дигар эҷоди фитна, ки бузургтару хатарноктар аз қатл аст аз ҷониби гумроҳон ва мухолифони дин пурзӯр гашт. Бадгӯйӣ ва дурӯғгӯйӣ нисбати муслимини садри ислом ва хулафои рошидин (ръ) ривоҷ меёфт. Парокандагӣ дар байни иттиҳоди муслимин реша медавонд. Баъзе ғофилини муслимин ва «оқилин» -и ҷабрпеша асли динро раҳо намуда, ба танқиду таърифи мутадайнин рӯ оварданд. Худситой ва худпарастиро шеваи дин пиндоштанд. Хавориҷу навосиб аз сари ҷаҳлу кина ҳазрати Алӣ (кв)- ро кофиру фосиқ ва золим медонистанд, ҳоло он ки ҳазрати Алӣ (кв) ҳеч роҳу равише ҷуз роҳу равиши Худо ва Расули раҳмат(с) надошт. Фирқае аз гумроҳон нафрину лаънат бар Умару Усмон(р) – ёрони ростини Расулаллоҳ(с) мехонданд ва сад афсӯс, ки ҷоҳилони уммат ин шева ва суннати аҳмақон ва мухолифини динро пазируфтанд .Ва ин суннати ғофилон то ба имрӯз идома дорад.Аз ҷониби дигар пайравони хавориҷ ва навосиб ақида доштанд, ки: « Алӣ (кв) толиби дунё ва раёсат буд ва ба хотири иморати худ бо муслимин ҷангид, вале бо куффор ҷанге накард ва шаҳреро фатҳ накард». Мухолифини дар камин буда, оташи низоъро байни муслимин бармеангехтанд. Гурӯҳи дигари муттаасиб ва ҷудойандози динӣ Абубакри Сиддиқро дар умури динӣ муттаҳам медонистанд ва ӯро ба ҳайси халифаи мусалмонҳо қабул надоштанд.

Оқибат ба таври фоҷиавӣ ва бо машварати муддаиёни дини ислом ҳазрати Умар (р), ҳазрати Усмон(р) ва ҳазрати Алӣ тибқи нақшаҳои тарҳрезӣ шудаи душманони дини Ислом ба катл расонида шуданд. Бидъатҳо зиёд шуд. Муноқишаи хавориҷ, носибиҳо ва рофизиҳо авҷ гирифт ва бас хунҳои муслимини бегуноҳ рехта шуд. Изи ҷоҳ ва мансаб қалби баъзе аз бехабарони мусалмонмаобро мутеи худ сохт. Мудаиёни дигаре иддао доштанд, ки Қуръон махлуқ аст, на каломи Худованд. Ҷоҳталабону мансабхоҳон таълимоти азизи исломро як сӯй гузошта, адолати илоҳиро дар зиндони фаромӯшхона ба фаромӯшӣ маҳкум намуданд. Зулму ситамро шева ва ибодат баршумурданд.

Дар чунин шароити ошуфтагии сиёсӣ ҳар масъалаи шаръие, ки барои диндорон пеш меомад, мардум барои ҳалли он ба имоми мавриди назар муроҷиат мекард ва мушкилоти хешро аз он пурсон мешуд.Ҳар имом дар навбати худ як маркази динӣ ва академияи ҳуқуқи исломӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина мазҳабҳои мухталифе пайдо шуданд.Аммо аимаи арбаа тамоми масоили шаръӣ ва диниро ба таври илмӣ ва дақиқ дар партави Қуръон ва суннат тадвин намуда, таълимоти ислом ва суннати Расули раҳмат(с)- ро аз бидъату залолат пок намуданд. Эҷоди мазҳаби чаҳоргона сабаби кам шудани ихтилофоти назарӣ ва бидъату ширк дар ақида гашт. Мазҳабҳои фитназои ба ном динӣ мақом ва арзишҳои худро дар ҷомеа аз даст доданд. Дарҳои иҷтиҳоди ҷадиди бемазҳабон, ки боиси ихтилофи уммати исломӣ ва қатлу куштори мусалмонон гашта буд бо баракати пурқувват гаштани мазҳаби чаҳоргона ба таври абадӣ баста гардид. Аҳамияти мазҳаб низ пеш аз ҳама чиз дар ҳамин омил таҷассум ёфтааст.

Дақиқтар ва аз рӯйи инсоф ба авроқи таърих чашм бидӯзем, дар меёбем,ки заминаҳои пайдоиши мазҳаб дар ислом дар замони Расули раҳмат(с) оғоз гардидааст.

«Ҳангоме ки ҳазрати Маъоз ибни Ҷабал (р) – ро, ки саҳобаи бузургвор буду донишманд, Расулаллоҳ(с) ӯро ба сифат ва унвони қозӣ дар шаҳри Яман таъин ва равона кард. Расули раҳмат (с) аз Маъоз ибни Ҷабал (р) пурсиданд. Дар ҳангоми ниёз бо суол ва мушкилотҳои пешомадаи мардум ба чӣ қазоват хоҳӣ кард?

Маъоз гуфт:

- Ба воситаи Каломуллоҳ қазоват хоҳам кард.

Расулаллоҳ(с) фармуданд:

- Агар дар китоби Аллоҳ оиди масъалае ҳукме наёфтӣ, чӣ хоҳӣ кард?

Маъоз гуфт:

Ба суннати Расулаллоҳ(с) муроҷиат мекунам.

Набии раҳмат(с) пурсиданд:

- Агар дар Китобуллоҳ ва суннат ҳукмашро наёфтӣ, он гоҳ чӣ хоҳӣ кард?

Маъоз посух дод:

- Бо ройи худ иҷтиҳод мекунам ва дар ин бора аз ҳеч талоше фуругузор нахоҳам кард.

Расулаллоҳ(с) даст ба синаи Маъоз гузошт ва фармуд:

- Сипос Худоеро, ки фиристодаи паёмбарашро ба он чӣ расулаш меписандид, тавфиқ ато кард »

Шукргузории Расули раҳмат(с) пеш аз ҳама дар он дида мешавад, ки Маъаз ҳамчун фиристода ва намояндаи дини ислом метавонад масъалаҳои мубрами ҷамъиятиро дар партави Қуръону суннат ва иҷтиҳоду рой ҳаллу фасл намояд. Ва бад ин восита пеши роҳи ихтилофи уммати исломӣ ва муноқишаҳои қавмию нажодӣ гирифта шавад.

Набии раҳмат(с) даст ба синаи Маъоз зад ва гуфт:

- «Сипос Худоеро, ки фиристодаи паёмбарашро ба он чӣ расулаш меписандид, тавфиқ ато кард ».

Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ(р) чӣ таъбири хубе дорад: «Бидон, ки дар пайравӣ аз мазоҳиби чаҳоргона маслиҳати бузурге нуҳуфтааст ва худдорӣ аз он фасоди бузургеро ба ҳамроҳ дорад » .

Аллома ибни Халдун мефармояд: « Дар тамоми диёр тақлид аз чаҳор имом ( Абӯҳанифа, Шофеъӣ, Молик ва Ҳамбал – А.М.) қоим шуд. Муқаллидини аимааи дигар аз байн рафтанд. Ва мардум ба восилаи ин чаҳор мазҳаб роҳи ихтилофро масдуд карданд. Ва чун ки истилоҳоти илмӣ мухталиф шуданд ва мардум аз расидан ба дараҷаи иҷтиҳод қосир буданд. Ва ин имкон пайдо шуд, ки иҷтиҳод мансуб ба тарафи инчунин фарде нашавад, ки аҳлаш набошад…Уламои замон аз изҳор ва иддаои иҷтиҳод аҷзи худро зоҳир намуданд ва ба душвор будани он тасреҳ карданд. Ва мардумро ба аимаи арбаа раҳнамоӣ мекарданд. Дар замони мо муддаи иҷтиҳод мардуд ва тақлиди ӯ маҷҳур аст. Ва аҳли ислом фақат бар тақлиди мазҳаби арбаа қоим ҳастанд».

Пас дарёфтем, ки пайдоиш ва ташаккули мазҳаб як амри зарурӣ ва воқеӣ буда ва сарчашмаи он Каломуллоҳ ва суннатуннабӣ мебошад.

Абӯҳанифа (рҳ) – асосгузори мазҳаби ҳанафӣ мефармояд: « Дигар ин ки мо ( мусалмонон – А.М.) бар касоне( хавориҷ, моҷароҷӯён,рофизия, зоҳирия,язидия, мансурия) гирифтор омадем, ки бар мо таъна мезананду рехтани хунамонро ҳалол медонанд. Агар дар ин ҳол аз байни худ хатокору дурустойинро нашинохта, аз нафси худу ҳарими хеш дифоъ нанамоем, оё метавонем қоневу мутмаин бошем. – Ал- олим ва- л- мутааллим.

Аз ин каломи Имоми Аъзам (р) бармеояд,ки шинохти ойини ростин ва интихоби роҳу равиши ибодатӣ ва ақидавии Набии раҳмат(с) дар дини ислом барои дифои уммати исломӣ аз парокандагӣ ва гирифтории фитнаву фасод аст.Ба ибораи дигар ташаккул ва пурқувват гаштани мазҳаб пеш аз ҳама барои ҳифозати арзишҳои миллию имонӣ ва ормонҳои дини покманзари илоҳӣ мебошад, ҳарчанд ки муҷтаҳидини каҷназари салафия ва бемазҳабони қадиму ҷадид ин нуқтаро хуб дарк карда ва аз сари ҷаҳлу такаббур ва амру фармонҳои роҳибони хавориҷашон қабул надоранду намепазиранд.

Дар ин ҷо Имоми Аъзам (р) хатар ва осебпазирии ҷаҳонбинии диниро дуруст ва ба маврид дарк намуда, таъкид мекунад, ки вақти он расидааст, ки аз нафсу ҳарими хеш, яъне аз дину ойни хеш дифоъ намоем ва ба ин хотир парчамбардори мазҳаб гардид, то халал ва нуқсон дар шариати муҳаммадӣ ворид нагардад. Ахбороти дурӯғин ва қавли ботили хавориҷ ва рофизияро ба ҳайси каломи Илоҳӣ ва суннати Набии раҳмат(с) бехабарони уммат напазиранд. Зеро фазои иттилоотии динӣ ва фарҳанги имонӣ дар ҳолати саддамавӣ ва осебпазирӣ қарор дошт. Имоми Аъзам (р) фарзанди барӯманди миллати мусалмони тоҷику форс барои ҳуввият ва якпорчагии уммати исломӣ дар партави Қуръону суннатуннабӣ аз қавли саҳобаи гиром, иҷтиҳоди уламои тобеин ва қиёсу рой барои ҳаллу фасли масоили мухталифи фиқҳӣ камари ҳиммат баст, ки Худованд ӯро ба пирӯзӣ ва муввафақият бузурги илмӣ мушарраф сохт..

Ошуфтагӣ ва осебпазирии ҷаҳонбинии динӣ ва тақлиди шаръӣ дар замони зуҳур ва пурқувват гаштани мазҳаб хеле ривоҷу равнақ ёфта буд. Муҷтаҳидини ихтилофангез ва мункирини тақлиди суннати Набии раҳмат(с) аз дудмон ва муричаҳои сиёсии худ сар берун бароварда, тибқи дарки номатлуб ва фаҳмиши муғризонаи носолими худ ба шарҳу тафсири аҳодис ва низоми ибадатии феълӣ ва ақидавии Расули раҳмат(с) мепардохтанд, то гумроҳӣ ва бенизомӣ дар дини исломи азиз реша давонад. Маърифат ва донишҳои диниро ба ҳайси илм намепазируфтанд.Муҷтаҳидини гумроҳкунанда дарвозаҳои иҷтиҳоди худро ба сӯйи муштариёну ғофилони дин кушоданд . Шиорҳои исломӣ сар медоданд. Гӯё дар зоҳир пушту паноҳи муслимину ғамхори динанд ва аммо дар асл бар куштори муслимин камар баста буданд. Қавли Имоми Аъзам(р) аст,ки « бар мо ( мусалмонон- А.М.) таъна мезананду рехтани хунамонро ҳалол медонад». Мункирини суннат ва тақлиди шаръӣ, яъне муҷтаҳидини язидӣ худро аз банди тақлид ва афъоли Расули раҳмат (р) раҳо намуда, пойбанди ҳавову ҳавас ва тафаккури заъфу иродаи абтоли худ гашта буданд. Муҷтаҳидини мункири суннат, хешро пойбанди Қуръон медонистанду бас ва иддао доштанд, ки ба муҷарради фавтидани Расулаллоҳ (с) роҳу равиши ӯро набояд думболагирӣ кард. Қавли саҳоба ва хулосаи масоили фиқҳиро қабул набояд дошт.

Аз ҷониби дигар барои парокандагии уммати исломӣ ва ҷудо будани таълимоти ислом аз илм пайравони Таврот ва масеҳияти расму ойин гумкарда ва муҷтаҳидини мункирини суннат аз роҳи дурӯғин барои рӯйпӯш намудани афъоли зидди исломии худ бо номи аҳли ҳадис ва ё муҳаддисин зуҳур намуданд ва бар кирдорҳои зишти худ ҷомаву дастори исломӣ зебанда сохтанд, то мусалмонон аз макри онҳо воқиф нагарданд. Донишҳои исломиро ба ҳайси илм намепазируфтанд. Илмро аз ислом ҷудо нишон медоданд. Гӯё ислом маҳсули тафаккури Муҳаммад (с)- як араби биёбонгард аст. Ва ин бемории фитрӣ, табиӣ ва сирояткунандаи мухолифини дини покманзари ислом бо мурури замон нишон ва асари худро дар фаҳм ва ҷаҳонбинии баъзе аз имондорон вогузошт.

БЕМАЗҲАБӣ – ЛАЗЗАТҶӯЙӣ ВА БЕБАНДУБОРӣ

Пас дар баробари мухолифони дохилӣ, масеҳият, коҳинон, сарону рӯҳониёни он, ки манофеъ ва бақои хешро аз ривоҷу равнақи мазҳаб дар хатар медиданд, ба камин нишастанд ба тарҳи нақшаҳои шум ва фиребанда барои нобудии дини ислом. Нидоҳои бемазҳабӣ, озодии таълиму тартиб ва инкори суннатуннабӣ ва рисолати Расулаллоҳ (с) пояҳои ақида ва имони баъзе ҷавононро сусту заъиф гардонд. Лаззатҷӯйӣ ва бебандуборӣ дар хилофати аббосиён, уммавиён ва язидиён реша медавонд. Пояҳои ахлоқи ҷомеа сусту нотавон мегашт. Баъзе дарбориёни мусалмонмаобу масъулини дарбор ғарқоби шаҳватпарастӣ ва лаззатҷӯйӣ гаштанд. Шӯру шавқи зеборӯйёни масеҳӣ ва хумори шароби хамр мар ишонро фаро гирифта буд.

Дар асоси нақша ва барномаи шуми саркоҳинону рӯҳониёни мункирини суннату мазҳаб барномаи саркӯб намудани мусалмонон дар ҷомеа амалӣ мегашт. Саркоҳинон кӯшиш мекарданд, ки аввалан фаъолият ва ҷилваи ҳамагуна нерӯҳои созандаи фикрӣ ва илмӣ ва бедори исломиро саркӯб намоянд. Дар ин ҷода низову фитнаи байни мусалмонҳо омили пирӯзии ағёрҳо ва муддаъиёни дини ислом буд. Тавлиди мазҳаб аз домани дини ислом монеаи ҷиддӣ гардид барои ба пуррагӣ амалӣ шудани барномаҳои инҳирофии саркоҳинону мухолифини дин.

Афъоли зишту носолими саркоҳинону ҷодугарони ба ном «масеҳият» замоне, ки нерӯйи интизомӣ ва идории давлат дар дасти эшон буд, аз номи калисову дини католику масеҳият ҳазорон бегуноҳонро дар оташ зинда сӯзонданд, ба салиб овехтанд ва ё аз дами теғ гузаронданд. Саркоҳинону қайсарони ишратхоҳу дингумкарда хилофи таълимоти паёмбарони ростин – ҳазрати Мӯсову Исои Масеҳ фаъолият мекарданд. Эҷоди динбадбинӣ ва эътиқоди диниро дар шуур ва тафаккури инсонҳо пурзӯр мекарданд Аз ин нигоҳ, дар ниҳоди ҷомеаи инсонӣ мункирини Худо ва дин, яъне даҳриён аз ҳастӣ ва муборизаҳои худ барои саркӯб кардани ҳамагуна пайравони дин башорат медоданд. Ва ин даҳриён дар шакли инфиродӣ, на дар шакли як системаи мутамарказ алайҳи дини ислом ва мазҳаби арбаа муборизаҳои ошкорову ниҳон мебурданд… Даҳриён дар асри 18-19 ҳамчун система ташаккул ёфта, бо роҳи «илмӣ» барои несту нобуд кардани ҳамагуна динҳо, аз ҷумла дини ислом камар бастанд. Муваффақиятҳои илми табиатшиносӣ ва зистаншиносию техникиро дар муқобили донишҳои исломӣ ва илмҳои шаръӣ гузошта, системаи атеизми ҷанговарро тарҳрезӣ намуданд. Фаромӯш кардаанд, ки илмҳои табиатшиносӣ ва техникиро Худованд барои беҳбудии рӯзгори инсоният халқ кардааст… Наметавон илмҳои дақиқро танҳо барои лаззатҷӯйӣ ва бебандуборӣ истифода бурд ва ҷаҳонбинии диниро мункир гашт.

ҲИМОЯТИ АБӯҲАНИФА (Р) АЗ ҶАҲОНБИНИИ ДИНӣ ҲАМЧУН ИЛМ

Аз ҷониби дигар, ҷаҳонбинии динӣ дар навбати худ ҳамчун шохаи махсуси илм инкишоф меёфт. Ва Имоми Аъзам (р) дар асоси таълимоти Қуръон ва суннати Расули раҳмат (с) ба дифоъ ва ҳимояти ҷаҳонбинии динӣ ҳамчун илм камар баст. Бо далелҳои раднопазири илмӣ ва шаръӣ мактаби фиқҳиро ривоҷу равнақ дод. Ва мазҳаби ҳанафиро эҷод намуд. То бошад мухолифини мазҳаб ва мункирини дин афкор ва аҳдофи ғаразноки худро нидои осмонӣ ва суннати Набии раҳмат (с) муаррифӣ накунанд. Афкори зишт ва амалҳои ғайришаръиро дар либоси ислом зебанда насозанд. Ҷаҳонбинии динӣ ва фазои иттилоотии диниро оғӣштаи афкору ақидаи ғаразноку заҳрогини худ насозанд. Гунаҳкор ва ҳар муҷримеро бо андак гуноҳе кофару мушрик наҳисобанд. Таҳаммулпазирию андешаи дурусти имонӣ ва сабру суботи илмии Абӯҳанифа (р) аз дурнамои ҷаҳонбинии илмӣ ва динии ӯ шаҳодат медиҳад.

«Мутааллим аз Абӯҳанифа пурсид:

- … Он кас, ки бар ту бар куфр шаҳодат медиҳад, шаҳодати ту нисбати чунин кас чӣ гуна аст?

Абӯҳанифа (р) гуфт:

- Шаҳодатам барояш чунин аст, ки дурӯғгӯй мебошад. Ба он амал ӯро на кофир, балки дурӯғгӯй меноманд… Зеро оне, ки бар Худову паёмбаронаш дурӯғ мебандад, гуноҳаш бузургтар аз он аст, ки бар тамоми мардум дурӯғ баста шавад. Пас касе ба ман шаҳодати куфр медиҳад, наздам дурӯғгӯй мебошад. Ва бар ман раво нест, ки бар сабаби кизбаш бар ӯ дурӯғ бибандам…».

ҶИНҲОИ АНГЛИСЗАБОН ВА САЛАФИҲОИ ҶИНШИНОС

Ниҳодҳои мункирини суннату мазҳаб ва муҷтаҳидини ҷадиди бемазҳабон аз қадим то ба имрӯз иддао доранд, ки зикри мазҳаб дар Қуръон наомадааст. Пайравӣ ва тақлид аз мазҳаби муайян бидъат ва хилофи таълимоти Ислом аст. Иҷтиҳоди фиребанда ва фитназои худро нидои Қуръон ва суннат мепиндоранд. Ва барои вайронии дини ислом ва иттиҳоду ухуввати муслимин бо номи таҳририён, бемазҳабон, муҳаддисин, қуръония, салафия, муҳаммадия ва барои барпо намудани «хилофат»-и исломӣ ва ё «давлат»-и исломӣ дар замони муосир зуҳур намудаанд. Ва баъзе нимчамуллоҳое, ки ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ надоранд, аҳдоф ва ақидаи ботили ин гурӯҳҳои мазҳабгурез ва фитназоро итоат аз Қуръон ва суннат муаррифӣ мекунанд. Иддае аз воъизин ва нимчамуллоҳои салафиямаоб ва мункирини мазҳабу мазҳабгурез, ки дар байни мардум таблиғоти ақидаи бемазҳабонро дар шакли пӯшида интишор мекунанд ва бо номи муллоҳои «Ҷинхон», «Ҷиншинос» ва «Ҷинкуш» машҳуранд ва гӯё бо ҷинҳо бо забони русӣ ва англисӣ муколима мекунанд, афсонаҳои фаврӣ месозанд барои расидан ба ҳадаф. Ва ба ақидаи бемазҳабон Ҷинҳо мункири суннат ва мазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Гӯё ҷинҳо бо забони англисӣ шаҳодат медиҳанд, ки эҷоди мазҳаб бидъат ва хурофот дар ислом аст. Эшон дурӯғгӯёнанд, бар ҷинҳо дурӯғ мебанданд. Ҷинҳо дар навбати худ махлуқи Худоянд ва онҳо ба буду нести мазҳаб ягон муносибат надоранд. Албатта Қуръон каломи Худованд, китоби шифо, баракат ва раҳмат аст ва мо низ дар ин ҷо ба шарҳи ҷинҳо аз дидгоҳи илм ва шариат намепардозем, то аз фаҳм ва дарки мавзӯъ дур наравем. Афкори ин муҷтаҳидини мункирини мазҳаб барои сулҳу суботи кишвар ва арзишҳои миллию динӣ хатарноканд, шинохти ин фирқаи мазҳабгурез дар ҳар шакле бошад, барои ҳар як мусалмон дар шароити феълӣ як амри зарурист. Бо баҳонаи ҷиҳод бо ҷинҳо, аз бехабарӣ, ноогоҳӣ ва ғафлатзадагии баъзе мусалмонҳо ақидаи муфсидонаи хешро интишор мекунанд. Пайравӣ аз мазҳаби арбаа, бахусус мазҳаби ҳанафиро ин гурӯҳи худхоҳу муҷтаҳидини ҷадиди салафия мункиранд. Арзишҳои илмӣ, миллӣ ва динӣ, таърих ва адабиёти мусалмони халқи тоҷик барои эшон бегонаанд. Аз ин ҷониб мункири мазҳабанд, зеро мазҳаби ҳанафӣ дар навбати худ таҷассумгари арзишҳои илмӣ, миллӣ ва забони шакарбори тоҷикӣ бошад.

ИСЛОМГУРЕЗӣ ВА ХАТАРИ МУҶТАҲИДИНИ БЕМАЗҲАБ

Таҳририя, салафия, мавдудия ва мункирини суннату мазҳаб дигар наметавонанд бо роҳи иҷтиҳоди дурӯғини қадиму ҷадидашон ҳадафҳои сиёсии худро таълимоти Қуръон ва Набии раҳмат ва шафоат (с) муаррифӣ намоянд. Мазҳаби арбаа дар асоси таълимоти Қуръону суннатуннабӣ устухоне дар гулӯйи эшон гаштааст. Амалҳои инфиҷорӣ ва зидди башарии бемазҳабон эҷоди шак ва бадбиниро нисбати ислом ва мусалмонон дар шуури баъзе аз бехабарони ғофил нисбати Қуръон ва суннат зиёд мекунад. Дар ҳоле, ки таълимоти Ислом ба таври куллӣ хилофи инфиҷор ва худкушию хушунат аст.

Дар ин росто мазҳаб барои худшиносии уммати исломӣ ва пешрафту тараққии шуури динӣ, шинохт ва маърифати таълимоти Қуръону суннати Набии раҳмат (с) хизмати арзишмандеро ба сомон расондааст, ки таълимоти он ба таври қатъӣ хилофи терроризм ва экстремизми байналхалқӣ мебошад.

Хатари бемазҳабӣ дар ислом пеш аз ҳама дар замони муосир дар он ошкор мегардад, ки мухолифини дини ислом дар асоси иҷтиҳоди дурӯғин ва ғамхоронаи худ Қуръон ва аҳодиси Расули раҳмат(с)-ро дар асоси ғаразҳои сиёсии худ барои ба сари қудрати идорӣ омадан таҳрифу тағйир дода, нидои ғайбӣ ва амри Илоҳӣ мешуморанд. Такфиру инфиҷори муҷтаҳидини ҷадиди салафия ва бемазҳабон дар замони муосир аз номи дини Ислом бояд боиси нигаронии ҳар оқилу хирадманд бошад. Зеро исломгурезӣ ва исломбадбиниро дар шууру тафаккури навҷавонон ва мардуми камогоҳ аз ислом эҷод мекунад. Дар баробари дигар омилҳои сохтаи мухолифони дини ислом, яке аз омилҳои асосии исломбадбинӣ ва исломгурезии ҷавонон дар қишрҳои гуногуни ҷомеаи инсонӣ амал, афкор ва аҳдофҳои сиёсӣ ва пасипардагии таҳририя, салафия ва кулли бемазҳабон мебошад.

Аз ин ҷост, ки муҷтаҳидини салафия ва бемазҳабони ҷадид ба чоп ва интишори адабиёти ихтилофангези ба ном динӣ ва шарҳу баёни ҳадису каломи Худо камари ҳиммат бастаанд. То ҳар чӣ бошад ихтилоф ва парокандагӣ дар ақида ва имони муслимин реша давонад. Навҷавонони камогоҳи муслимин дар асари бехабарӣ аз мазҳаб ва расму ойни худ ба хотири дифоъ аз таълимоти ислом ғаразҳои сиёсӣ ва нопоки бемазҳабонро ҳамчун таълимоти исломӣ бипазиранд.

Бехабарӣ ва ноогоҳӣ аз мазҳабу дину ойин дар диёрамон боиси он гаштааст, ки бархе аз ҷавонони мусалмон ғаразҳои сиёсӣ ва аҳдофҳои нопоки бемазҳабонро таълимоти ислом пазируфтаанд. Аз ҳамин лиҳоз вақти он расидааст, ки таълимоти поки ислом ва фиқҳи ҳанафӣ ба таври илмӣ ба хонандагони мусалмони тоҷик дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба роҳ монда шавад. То хонандаи мусалмони тоҷик дар баробари дигар илмҳои замони муосир аз дину мазҳаб ва расму ойини худ воқиф гардад. Шинохти аҳамияти мазҳаб ва хатари бемазҳабӣ барои хонанда даст бидиҳад. Ва бозингарони сиёсии паси пардагӣ хонандагонро нафиребанд ва ҳадафҳои нопок ва сиёсии худро Каломуллоҳ ва суннатуннабӣ муаррифӣ накунанд. Амалҳои зиддимазҳабӣ ва зиддисуннатии фирқаи бемазҳабон аз ҷониби давлат сари вақт гирифта шуд. Фаъолияти онҳо дар кулли кишвар боз дошта шуд. Дӯстдорон ва сарварони хавориҷи бемазҳабон тавассути сайтҳои интернетӣ ба ёвагӯӣ ва дурӯғгӯӣ пардохтанд. Раванди исломгурезӣ ва дурӣ аз исломро тавассути сайтҳои интернетӣ барои ҷавонон эҷод ва пурзӯр мекарданд, то ҷавонони мутаддайин нисбати пешвоёни миллат ва кишвари худ бадбин бошанд. Яке аз сабаби исломгурезии ҷавонон дар замони муосир хизмати хирсонаи муҷтаҳидини ҷадиди бемазҳабон мебошад, ки аз ахлоқу одоби шаръӣ бариянд. Омили дигари исломгурезӣ ва исломбадбинии ҷавонон таблиғи дурӯғини шабакаҳои байналхалқӣ мебошанд, ки дар симои намояндагони ислом террористу экстремист эҷод мекунанд.

ДАР ҶУСТУҶӯЙИ ОРМОНҲОИ

ДИНӣ ВА МАЗҲАБӣ

Эҷодкунанда ва татбиқкунандагони қонунро, ки хешро мусалмон меҳисобанду мусалмон ҳастанд ва дар кишвари Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ки 98% фисаaдашро мусалмонони ҳанафимазҳаб ташкил мекунад, зарур аст, ки дар эҷоди қонун дурандеш бошанд. Омилҳои динӣ, миллӣ ва фитрии мардуми мусалмони кишварро ба таври воқеӣ ба инобат гиранд, ки ин мардум бештар ба чӣ ниёз доранд. Чаро ҷавонони тоҷик новобаста ба мушкилоти иқтисодӣ, мушкилоти роҳ, ҷудойӣ аз падару модар, зану фарзанд ва ҷигарбандон дар ҷустуҷӯй ва омӯзиши ормонҳои динӣ дар мадраса ва донишгоҳои олии Покистону Ҳиндустон, Кашмир, Аморати муттаҳидаи Араб, Яману Англия ва Франсия, Миср, Индонезия, Туркия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрҳои гуногуни Эрон ҳиҷрат менамоянд? Баро чӣ ва кадом ҳадаф ҷавонони тоҷикро масъулини донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷ бе пардохти иловагӣ ва пули нақдӣ ба омӯзишу парвариши илму дониши динӣ ва фанҳои замони муосир фаро мегиранд? Ба ҷойи хобу таъом таъмин мекунанд. Барои таҳсили як тулоби тоҷик анқариб 5000 доллари амрикоӣ масраф дар як сол мекунанд. Албатта таҳсил ва ҳиҷрати эшон ба манфияти кишвар аст, агар шуури динӣ, маълумоти ибтидоии мазҳабӣ ва ақидаи солим дар кишвари худ омӯхта бошанд. Пас чаро мо мусалмонони ҳанафӣ мазҳаби тоҷик, шароити дурусти иҷтимоии омӯзиш ва шинохти исломро дар асоси талаботи Сарқонуни кишвар фароҳам насозем? Дар омӯзишу парвариши илмҳои динӣ хатар ва ноамниро чаро эҳсос бикунем? Худро мусалмон мешуморему аз амалҳои шаръии шаҳрвандони худ дурӣ мегузинему хатар эҳсос мекунем!… Чаро аз ин нерӯйи бузурги имонӣ ва созандаи ҷавонони мусалмони кишвар ба хубӣ истиқбол намегирем ва ба манфияти миллату кишвар истифода намебарем?

Ба фикри мо, вақти он расидааст, ки Академияи исломшиносӣ дар кишвар таъсис дода шавад ва масоили динӣ ва шаръиро ба таври илмӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд. Зеро дар доираи Вазорати фарҳанг ҳаллу фасли масоили динӣ аз имкон берун аст. Шӯъбаи дини Вазорати фарҳанг дар доираи фаъолияти худ, ки хеле маҳдуд аст, аз ӯҳдаи ҳаллу фасли масоили динӣ ба таври куллӣ ва илмӣ баромада наметавонад. Ҷараёни ба гурӯҳҳои ифротгаро ва бемазҳаб дохилшавии баъзе ҷавонони мутаддайинро сари вақт ба таври илмӣ матраҳ карда натавонист. Омилҳои иҷтимоии ин падидаи номатлуби ба ном динӣ, ки ҷавонони ватанӣ гирифтори он мегарданд ва ормонҳои имониро дар он ҷустуҷӯ доранд ва дар натиҷа хилофи қонунҳои дохили кишвар фаҳмида ва нофаҳмида гом мебардоранд, ки боиси зиндонӣ шудани як қисми онҳо гаштааст, то ба ҳол ба таври илмӣ омӯхта ва муайян нашудааст, ки оқибат бар зарари ҳамин миллату кишвар аст. Доираи омӯзиши илмҳои динӣ ва баррасии масъалаҳои марбут ба он фарохтар аз доираи фаъолияти кории шӯъбаи дини Вазорати фарҳанг аст. Салоҳияти кории Маркази исломӣ ва Шӯрои уламоро фарохтар бояд сохт, то тавонад контуроли ҳаматарафа ва пурраи кулли сархатибҳои масҷидҳои панҷвақта ва ҷумъахониро зери назорат бигирад. Зеро тибқи баъзе маълумотҳо баъзе имомхатибон дар муддати сипаришуда ба салафиҳои бемазҳаб лаббайк гуфтанд ва минбарҳоро дар ихтиёри онҳо барои даъват дода буданд…

Аз рӯйи инсоф бояд иқрор шуд, ки шуури диншиносии ҷавонон ва муносибати онҳо ба дин ва арзишҳои илмӣ дар замони муосир нисбати шуури диншиносони даҳрӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Маърифати диншиносии даҳрӣ барои ҷавонони худогоҳу худошинос бегона аст. Омилҳои иҷтимоӣ ва илмии ибодатии мусалмонон омӯхта баҳо дода шавад. Ва заминаҳои воқеии илмии Худошиносӣ ва Худшиносӣ фароҳам сохта шавад, то гаравидани ҷавонони исломдӯст ба гурӯҳҳои иртиҷоии ба ном динӣ мунқатеъ гардад. Набояд дигар дар симои диндорон афюн ва эҷодкунандаи хатарро бубинем. Ва яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамин аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ дорад ва аз тарафи давлат кафолат дода мешавад. Эҷодкунанда ва татбиқкунандаҳои қонун беҳтарин ва огоҳтарин фарзандони кишваранд. Масъулияти сангини илмӣ ва имонӣ ба дӯши онҳост. Дар эҷоди қонун пеш аз ҳама манфияти миллату давлат ба ҳисоб гирифта шавад. Қонун набояд пуштибон ва фарогири ормонҳои як қишри ҷомеа бошад, балки манфияти кулли халқи Тоҷикистон ва мардуми мусалмони тоҷикро шомил бошад. Қонун ба танзимдароварандаи муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ва инъикоскунандаи орзӯю иродаи мардуми кишвар мебошад. Агар мардум дар қонуни эҷодшуда манфиятҳои миллату давлат ва ормонҳои имонии худро дарнаёбанд, чунин қонунро пушти сар мекунанд. Ва табиист, ки чунин қонун эътибори воқеии худро андар фурсати кам аз даст медиҳад, зеро манфияти миллату давлат, ки дар навбати худ манфияти мардуми мутаддайини кишварамон мебошад, дар он ба таври пурра дарҷ нагаштааст. Ва дар чунин ҳолат қонуни эҷодшуда эътибори илмӣ, соҳавӣ ва касбии худро дар ҷомеа аз даст медиҳад. Манфиятҳои миллату давлат аз манфиятҳои гурӯҳӣ ва шахсӣ муқаддаму афзал дониста шавад.

Омилҳои нодонӣ ва гумроҳкунандаву бехабарии динӣ ва мазҳабӣ аз шуур ва ҳаёти мусалмонони кишвар ва хонандаи мусалмони тоҷик зудуда шавад. Хурофотҳои бофташудаи ба ном динӣ ба таври илмӣ ва шаръӣ муайя карда, омилҳо ва падидаҳои исломбадбинӣ ва эҷоди шакку тардид нисбати дини Ислом аз тарофи гурӯҳ ва шахсони алоҳида муайян ва бартараф карда шавад. Заминаҳои воқеии маърифати Худованд ва Худшиносию Худогоҳии миллӣ аз овони тифлӣ шурӯъ гардад. Аз рӯйи методологияи илоҳиётшиносон ва диншиносони шаккокони ғарбӣ таълимоти маърифати исломӣ ба роҳ монда нашавад, зеро ин раҳнамуд камтар аз озор ва гумроҳӣ нест. Таълимоти исломро на танҳо аз рӯйи маърифат ва формулаи омӯзиши Афлотуну Арасту, Кант ва ҷаҳонбинии илмии Марксу Дарвин ба роҳ монд. Балки таълимоти маърифати исломиро дар асоси фармудаи Худованд ва Расули раҳмат (с) омӯхтан ва беғараз ба роҳ мондан аз аҳамият холӣ нест. Дар ин ҷода ба таассуб ва бадбинии дигар расму ойинҳои ҷаҳони муосир ва дидгоҳу мафкураҳои ғайри динӣ роҳ дода нашавад. Агар мо ба омӯзиши ислом аз равзанаи имон ва ақлу хирад ворид нагардем ва заминаҳои шинохти дину мазҳабро ба таври илмӣ ва шаръӣ барои мардуми мусалмони ҳанафимазҳабамон омодаву фароҳам насозем, дар ҳар ҳолат бемазҳабон, душманони миллат ва мухолифони дин таъсири манфӣ ва хатарноки худро дар ҷомеа мерасонанд ва аз ин гурез ҳам нест. Ақидаи сиёсӣ ва ғаразҳои шуму марговари худро пирзолҳои пасипардагӣ бо ҳар воситае ба ҷавонони камогоҳ ва камхабар аз номи ислом бар зидди ислом тақдим ва ҳадя мекунанд. Мухолифини мазҳаб оташи низову тафриқаи ақидавиро бармеангезанд. Шинохти мазҳаб, таълимоти он ва дифоъ аз ҳуввияти имонию миллӣ як амри зарурӣ ва пурарзиш ба шумор меравад. Беэҳтиромӣ нисбат ба мазҳаб дар навбати худ беэҳтиромӣ ба миллату ватан аст. Бемазҳабӣ муҳаббати Ватан ва ишқу самимияти одамиро нисбат ба дин аз дил мезудояд. Инкор ва тарки мазҳаб бебандуборӣ ва бемасъулиятиро барои ҷавонони мутаддайин омода месозад.

Мункирини мазҳаб ва бемазҳабони ҷадид, ки ҳавову ҳаваси худ ва супоришҳои «оғоҳо»-и маҷҳули сиёсиашонро иҷтиҳод пиндоштаанд, барои осебпазирии ақидаи исломӣ, ошуфтагии фазои иттилоотии динӣ ва вайронии низоми ибодатии муслимини аҳли суннат ва ҷамоат тибқи нақшаҳои тарҳрезишудаи пешакӣ камари ҳиммат бастаанд. Баъзе аз намояндагонашон хешро Паёмбар баъд аз реҳлати Расули раҳмат (с) эълон намуданд. То ҷое кӯшидаанд, ки таърифу тағйирот дар Қуръону суннат ворид бисозанд. Фаромӯш кардаанд, ки ҳифозаткунандаи каломи Илоҳӣ ва таълимоти он худи Худованд аст.

ФИТНАҲОИ БЕМАЗҲАБОНИ МАЗҲАБГУРЕЗ

Баъди вафоти Расули раҳмат (с) душманони дин ва мусалмонмаобони мазҳабгурез дар давраҳои мухталифи таърихӣ хешро Паёмбар муаррифӣ намуда, барои исботи набувати худ ба навиштани китобе ҳаммонанди Қуръон пардохтаанд, ки оқибат ба шикасти абадӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Мухолифини дини ислом ва ҳатто пайравони масеҳият ин анъанаи паёмбартарошӣ ва қуръоннависии бемазҳабонро идома доданд.

Яке аз нависандагони масеҳият китобе бо номи «Ҳусн-ул-эъҷоз» навишта, ки дар соли 1912 мелодӣ дар чопхонаи инглисии Амрико ба табъ расидааст. Барои мисол ва огоҳии бештари муслимин барои интихоб аз китоби «Ҳусн-ул-эъҷоз» ду сурае аз навиштаи ин марди масеҳиро манзури хонандаи арҷманд мекунем, то аз фитнаи эшон огоҳ бошанд. ӯ дар китоби худ сураи ФОТИҲА- ро чунин овардааст, ки:

«АЛҲАМДУ ЛИРАҲМОН, РАББУЛ АКВОН, АЛМАЛИКУЛ ДАЁН, ЛАКАЛ ЪИБОДАТА ВА БИКАЛ МУСТАЪОН, ИҲДИНАССИРОТАЛ ИМОН». Сураи КАВСАР бошад: «ИННО АЪТАЙНО КАЛ ҶАВОҲИР ФАСАЛЛИ ЛИРАББИКА ВА ҶОҲИР, ВАЛО ТАЪТАМАДУ ҚАВЛУН СОҲИР».

Бемазҳабон дар шароити феълӣ китобе омода доранд, ки онро Қуръони асосӣ бармешуморанд, ки то ба ҳол ба мардум дастрас нагаштааст ва ба шогирдоне, ки дорои нерӯи иҷтиҳоди ҷадид ҳастанд, ин Қуръони навнигоришро ба таври ниҳоӣ меомӯзонанд, то бошад дар уммати исломӣ ихтилоф ва бесомонӣ реша давонад. Мо барои далел интихобан сураи НАСР-ро аз китобашон айнан пешкаши хонандагон мекунем:

«Изо ҷо анасруллоҳи вал фатҳу вараайтаннаса, ядхулуна фи диниллоҳи афво – Ҷанг. Фасаббиҳ биҳамди раббука вастағфируҳ. ИННА КАЪБА ТАВБА БАНД».

Иктифо ба ҳамин сураи навэҷоди бемазҳабони замони муосир, ки кӯҳнагароиро иддао доранду бидъатгароянд ва ҷавфурӯшанду гандумнамоӣ мекунанд, ба сӯйи Каъба рӯй овардан ва ният карданро дар намоз мамнӯъ медонанд. Нияти лафзӣ дар намоз шарт намеҳисобанд. Баъзе воизони либералнамои худнамо ин ақидаро ба таври хуфия ва ошкор мегӯянд ва фатво медиҳанд, ки дар намоз нияти лафзӣ шарт нест. Муддаийи он мебошанд, ки масҷидҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон аз замонҳои қадим мавҷуд аст, нодуруст сохта шудаанд ва самти онҳо ба сӯйи қиблаи ҷадид бояд тағйир дода шавад, зеро ки «ИННА КАЪБА ТАВБА БАНД». Ва аз ҳамин ҷо ҷангро, яъне ҷиҳоди дурӯғин – ғаразҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва сиёсиро беҳтарин пирӯзӣ дар дини ислом муррифӣ мекунанд. Ва ҷиҳодро рукни шашуми ислом изофа намудаанд, ки хилофи таълимоти дини ислом мебошад. Дар ин ҷо бар ҳар оқил пӯшида нест, ки ин навишти сохта ва ботил аст ва наметавон онро сура номид. Қуръон бо забони арабӣ ба Расули раҳмат ва шафоат (с) нозил гаштааст. Ҳол он ки, дар ин «сура»-и навиштаи мункирини мазҳаб ду калимаи тоҷикӣ – форсӣ: «Ҷанг» ва «Банд» омадааст.

Пас, иктифо мекунем андар ин се далел ва ҳуҷҷати раднашаванда. Ва қазовати афкори ботили эшонро ба хонандагони арҷманди мусалмон ва огоҳу оқил ҳавола мекунем, то эмин бошанд аз фитнаи бемазҳабон, ки худро ғамхори дин муаррифӣ мекунанду аз мазҳаб даргурезанд ва даъвии иҷтиҳод мекунанд. Даст бар навишти тафсири Қуръони азимушшаън задаанд, ки басо ихтилофангез аст.

БЕМАЗҲАБОН ҲАМОН ҶИСМИЯАНДУ ҶАҲМИЯ

Пас омадем андар ин ҷо, ки мушаббиҳа, ҷаҳмия, ҷисмия, зиндиқия, рофизия, яздия, хавориҷ, мункирини мазҳаб ва салафияи ҷадид аз диди ғаразноки худ ба таҳлил ва шарҳу баёни масоили шаръӣ пардохтаанд, ки басе ихтилофҳо дар ақида ва шуури динии уммати исломӣ эҷод намуданд. Ва ин эҷоди фитнаҳо миллати мувваҳиди исломиро дар сангарҳои муқобил ҷудо намуд, ки дар натиҷа имондорон дар асари эҷоди фитнаи ин фирқаҳои номбурдаи мазҳабгурез ба қатлу ғорати якдигар пардохтаанд.

Ҷисмия гурӯҳе мебошад аз фирқаи бемазҳабон, ки ақида доранд: Худойи таъоло дорои пайкар ва ҷисме аст, дорои ҷусса ва аъзои монанди инсон, ки гӯшт, хун, мӯй ва устухону ҷавореҳ дорад ва чизе шабеҳи Худованд нест. Баъзе аз пайравони гумроҳи ҷисмия мегуфтанд, ки Худо ба шакли инсон аст. Вай нуре аст дурахшон ва дорои хавоси панҷгона. Вале Худованд хун ва пӯст надорад. Баъзе аз эшон чунин ақида доштанд, ки Худо ҳар шаби ҷумъа бар шакли марди савор бар харе дар осмони дунё нозил мешавад, ҳатто баъзе аз пайравони ҷисмия дар манотиқи Бағдод бар боми хонаҳояшон зарф мегузоранд, ки дар дохилаш пур аз алафу ҷав иборат аст, ки то он хар машғули хӯрдан шавад ва Худованд нидо кунад тавбакунандае ҳаст, ки тавба кунад. Ин гурӯҳи фитназои ҷисмияи ба ном исломӣ басе ақидаҳои ботил ва мардуд аз номи дини ислом эҷод намудаанд. Ва басе камхабарон ва заъифимононро думболи худ ба гумроҳӣ бурдаанд. Гурӯҳи ҷисмия инчунин қоил бад-онанд, ки Худованд дорои дасту пойи бузург ва ораз аст. Худованд андар болойи Арш аст. Салафияи ҷадид ин ақидаи ҷисмияро доро мебошанд.

Гурӯҳи ҷаҳмия бошад, қоил ба сифот ва асмои Худованд нестанд, яъне сифот ва асмои Илоҳиро мункиранд. Таълимоти ҷисмия ва ҷаҳмия хилофи таълимоти Худованд ва суннатуннабӣ мебошанд.

Пешво ва асосгузори ақидаи ҷаҳмия Ҷаҳм фарзанди Сафвон аст, ки дар шаҳри Куфа нашъунамо ва порвариш ёфтааст. Илм ва дониш надошт. Вай марди сухандон ва воъизи хушгуфтор буд. Ақидаи ӯ ба зиндиқия хеле қаробат дорад. Ба гумони ӯ, Дӯзаху Биҳишт фано хоҳанд шуд. Баъдан аз Ироқ ба Хуросон меояд ва ақидаи ботили ҷаҳмияро интишор мекунад.

ТӯҲМАТИ АБДУРАҲМОНИ ХУМАЙС БАР ИМОМ

ТАҲОВӣ (Р)

Ба маврид аст зикр намоем, ки ин ақидаи ҷаҳмия ва ҷисмияро, ки Дӯзах аз байн меравад ва Худо дар болои Арш аст, амал аз ҷузъи имон аст, яке аз пешвоёни салафия Абдураҳмони Хумайс дар шарҳи китоби «Ақидаи Таҳовӣ» ба таври дурӯғ аз номи Имом Таҳовӣ (р), яке аз бузургтарин пайравони мазҳаби ҳанафӣ ба қалам дадааст. Ва ин ақидаи дурӯғин ва хилофи аҳли суннат ва ҷамоати Адураҳмони Хумайсро Абдуҳалими Орифӣ дар байни мардуми тоҷик ба таври расмӣ интишор намудааст. Ба имом Таҳовӣ (р) дурӯғ мебандад. Шояд дар ин бӯҳтон ва дурӯғбастанҳои Абдураҳмони Хумайс нисбати Имом Таҳовӣ (р) барои Адуҳалим Орифӣ манфиятҳо нуҳуфта бошад. Абдураҳмони Хумайс дастпарвари кадом мактаби бемазҳабон аст, ки ба Имом Таҳовӣ (р) тӯҳматро раво дидааст. Ва суоле пеш меояд, ки Абдуҳалим Орифӣ ба кадом мақсад ақидаи ботил ва зидди мазҳабиро дар кишваре, ки 98% мардумаш ҳанафимазҳаб аст, дидаву дониста интишор мекунад?!

Адураҳмони Хумайс андар китоби «Шарҳи осони ақидаи Таҳовӣ» дар саҳифаи 58-ум бардурӯғ аз номи Имом Таҳовӣ (р) менависад: «Ва болои Арш ҷуз Аллоҳи бузург касе вуҷуд надорад», ҳол он ки, имом Таҳовӣ зикр мекунад, ки Худованд аз Арш ва ғайри Арш бениёз аст. Агар мо ба ақидаи Хумайс муросо кунем, зарур мегардад, ки бениёзии Худовандро инкор намоем. Ва қоил ба ҷисм будани Худованд бошем. Ва бовар дошта бошем, ки Худованд ниёз ба макон ва замон дорад, ки танҳо андар болои Арш аст. Пас пурсида мешавад аз Хумайс ва пайравони бемазҳабаш, ки Худованд то офариниши Аршу Курсӣ андар куҷо қарор дошт? Дар ин ҷо Хумайс дидаву дониста ба мақсади ботил намудани ақидаи аҳли аҳноф аз номи Имом Таҳовӣ (р) сухан мегӯяд, ки хилофи қавли Худованд аст: «АЛЛОҲ-УС-САМАД», яъне Худованд бениёз аст. Ниёз ба хӯрдан, сарулибос, зану фарзанд ва макону замон надорад. Пас Хумайс аз куҷо ва ба кадом мақсад қазоват мекунад, ки макони Парвардигор андар болои Арш аст? Албатта дар ин фатвои дурӯғини бемазҳаб макрҳо нуҳуфтааст. Агар Имом Таҳовӣ (р) дар ҳоли ҳаёт мебуд, албатта ба ин дурӯғи бастаи Хумайс ва хумайсиҳо ба ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат посухи комили илмӣ ва шаръӣ медод.

Имом Таҳовӣ (р) аз бемории сирояткунанда ва фитнабори бемазҳабон ба хубӣ огоҳ буд, ки муслиминро ҳушдор дода, гуфтааст: «Дар зоти Худованд ғавр наменамоем ва дар дини ӯ даст ба муҷодила ва низоъ нахоҳем зад», яъне дар дини Худованд ба муҷодала ва низоъ даст нахоҳем зад ва бар аҳли ҳақ шубҳаҳо ворид намесозем, зеро ин корҳо талбис ва фасодсозии дину мазҳаб ба ҳисоб мераванд.

Аз ҷониби дигар, барои рӯйпӯш намудани афкори муғризонаи худ Хумайс таъкид мекунад, ки: «мухолифату саркашӣ намудан аз эътиқодоти ҷамоъатмуслимин дуруст нест». Пас чаро худи Хумайс ва пайравони мактаби бемазҳабаш ба гуфти Худованд ва ақидаи ҷамоати муслимин мухолифат ва саркашӣ мекунанд?! Агар ҳар муҷтаҳиди салафия дар дин ва ақидаи тағйирнопазири муслимин дигаргунӣ ва ақидаи ботил ворид намояд, пас ҳоли дин ва пайравони мазҳаби аҳноф чӣ мешавад? Абдураҳмони Хумайс дар чанд масъалаи дигар ақидаи Имом Таҳовиро бардурӯғ шарҳ додааст, ки хилофи ақидаи муслимин мебошад.

АМАЛ ҶУЗЪИ ИМОН НЕСТ

Имом Таҳовӣ (р) мегӯяд: «Вал имону ҳувал иқрору биллисонӣ ва тасдиқул бил ҷаннонӣ», яъне имон иқрори бар забон ва тасдиқи бар қалб аст. Имон аз ду асл: иқрори бар забон ва тасдиқи бар дил аст ва асли саввум ва чаҳорумро дар он роҳ нест. Дар ин ҷо мушкилӣ дида намешавад. Маъно равшан ва ошкоро аст, ки имон иқрори бар забон ва тасдиқи бар дил аст. Аммо Хумайс ба имом Таҳовӣ хӯрдагирӣ намуда, мегӯяд: «Дар таърифу баёни имон иштибоҳ ва ғалат шудааст, зеро ҳақиқат ин аст, ки имон иқрори бар забон, тасдиқи бар дил ва амал намудан ба аркон мебошад». Зоҳиран дар ин таъриф гӯё тағйироте дида намешавад. Ва гӯё дар таърифи имон имом Таҳовӣ (р) ба хато ва иштибоҳ роҳ додааст ва амалро ҷузъи имон нашумурдааст. Вижаи амал аз имон ба куллӣ фарқ мекунад. Имон имон аст ва амал амал аст. Агар амал имон будӣ, ӯро имон ном ниҳодӣ ва амал нагуфтандӣ ва агар имон амал будӣ ӯро амал гуфтандӣ ва имон нашояд хондан. Зеро ҳар вожа баёнкунандаи маънои хосе мебошад. Наметавон имонро амал ва амалро имон бидонем. Агар кас ба ваҳдонияти Худованд шаҳодат бидиҳад ва Муҳаммад (с)-ро банда ва расули Худо бишносад. Бар забон иқрор намояд ва ба дил тасдиқ намояд, ки мӯъмин ва мусалмон аст ва дари ҳамагуна ширкро ба худ бастааст. Агар имоноварда дар имони худ шак биёрад, ба дил тасдиқ кунад ва ё бар забон зикр намояд, ки Худо вуҷуд надорад, Таврот, Забур, Инҷил ва Қуръон китоби Худованд нест, ё ду Худо ҳаст ва Муҳаммад (с) расули Худо нест, рӯзи қиёмат, азоби қабр, малоика, зинда шудан пас аз марг дурӯғ аст, ба муҷарради ин зикр ва ақида кофири мутлақ мегардад. Ваъдаи Худованд аст, ки гуноҳи мушрикро намебахшад. Аммо мӯъмин ва мусалмон дар амал кӯтоҳӣ мекунад, луқмаи ҳаром мехӯрад, аз асари танбалӣ ва фаромӯшӣ намозро намехонад, рӯзаро бе узр мехӯрад ва шароби хамр менӯшад ва зино мекунад, дар ин ҳолат гунаҳкор мешавад, на мушрик мегардад ва на кофир мегардад. Зеро фасод дар амали ӯ зоҳир гаштааст, на дар имонаш. Чунин мӯъмин ва мусалмон муртакиби азоби Худованд мегардад ва аз ҷониби Худованд бахшида мешавад, зеро дар имони вай фасод ворид нагаштааст ва умеди раҳмат ва бахшиш аз Худованд дорад ва ё тавба мекунад аз амалҳои муфсидона ва бас Худованд тавбапазир аст. Мусалмон ба муҷарради тарки имон кофир мегардад, аммо ба тарки амал гунаҳкор шумурда мешавад, на кофар. Пас дарёфтем, ки ИМОН аз АМАЛ ба куллӣ фарқ мекунад. Ва аз ҷониби дигар, ҳар кӣ имон дорад, дар амал мекӯшад. Ва ҳар кӣ имон дорад ва қасдан тарки амал мекунад, фосиқ аст. Дар таърифи имон ҳақ ба ҷониби Имом Таҳовӣ аст ва Хумайс ба ботил гаравидааст ва аз такфирӣ будани худ ва пайравонаш шаҳодат медиҳад, ки ба муҷарради содир намудани гуноҳони кабира мусалмонро кофир мегӯянд. Аз ҳамин ҷо, мункирини мазҳаб барои худ «далели шаръӣ» пайдо кардаанд ва амалро ҷузъи имон медонанд. Ин навоварӣ дар таърифи имон бидъати ошкор аст мар оқилонро.

Суол кардани Ҷабраил (ъс) аз Паёмбар (с) дар бораи имон ва ҷавоб додани Расули раҳмат (с) ба Ҷабраил (ъс).

Рӯзе Паёмбар (с) бо гурӯҳе нишаста буд. Марде назди ӯ омад ва гуфт:

- Имон чист?

Гуфт:

- Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони ӯ, ба дидори ӯ ва Паёмбарони ӯ бовар дошта бошӣ. Ва ба растохез бовар кунӣ.

Гуфт:

- Ислом чист?

Гуфт:

- Ислом он аст, ки Худоро парастиш кунӣ ва ба ӯ ширк наорӣ ва намозро барпо дорӣ ва закоти фаризаро адо кунӣ ва моҳи Рамазон рӯза дорӣ…

Сипас он мард бозпас гашт.

Пас (Паёмбар) гуфт:

- ӯро боз гардонед!

Онҳо (чун таъқиб карданд) ҳеҷ касро надоштанд.

Баъд Расулаллоҳ (с) гуфт:

- Ин шахс Ҷабраил (ъс) буд, ки омад, то ба мардум динашонро биомӯзад. («Саҳеҳи ал- Бухорӣ», ҷ. 1, с. 42-43. Душанбе – 2004).

Аз ин ривоти Исмоили Бухорӣ (р) ва каломи Расулаллоҳ (с) хонандаи ҳушманд дармеёбад, ки имон на амал аст ва амал на Имон аст. Зеро ҳазрати Ҷабраил (ъс ) аввалан аз имон пурсон мешавад ва баъдан дар бораи барпо доштани намоз ва пардохтани закоту гирифтани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон суол мекунад. То ояндагони муслимин ва мусалмонони замони Расулаллоҳ (с) Имонро аз амал фарқ намоянд. Амали беимон суде надорад. Имон меҳвар аст ва амал андар атрофи ӯ мечархад.

Бисёр шахсиятҳои маъруфи таърихӣ: Шаддод, Фиръавн, Намруд ва донишмандони даҳриманиш аз ҷумлаи Фридрих Энгелс, Карл Маркс В.И. Ленин дар зиндагӣ барои мардум ва халқу диёри худ хидматҳои арзишманд кардаанд, аммо ба ягонагии Худованд, зинда шудан баъд аз марг, азоби қабр, мавҷудияти малоика ва соири Паёмбарони гузашта имон надоштанд, яъне мункири Худо буданд. Оё метавон онҳоро ба муҷарради амали солеҳ доштанашон дар зумраи мӯъминон ва мусалмон бидонем? Албатта наметавонем эшонро аз ҷумлаи имоновардагон бидонем, зеро амали онҳо боиси наҷоти онҳо дар охират намегардад, бад – он хотир, ки мункири имон ва тиҳӣ аз имон буданд. Эшон агар имон медоштанд, ҳар ойина аз ҷумлаи растагорон ва наҷотёфтагон будӣ. Хатари бадномӣ ва шикасти ақидаи онҳо пеш аз ҳама дар беимонист.

Пас, маънои луғавии имон эътиқод ба ҳастии Худованд ва ҳақиқати расулон ва дин аст. Маънии шаръии имон иқрори бар забон ва тасдиқи бар дил. Аммо маънои луғавии амал – кор ё рафторе, ки касе анҷом медиҳад, ё аз ӯ сар мезанад.

САРЧАШМАИ МӯЪТАМАД

1) Астаъизубиллоҳ: «Аллазина юминуна бил ғайбӣ ва юқимунассалота ва мимо разақноҳум юнфиқун. Валлазина юминуна бимо унзила илайка ва мо унзила мин қаблик ва бил охирати ҳум юқинун» (сураи Бақара, ояти 3-4), яъне ононе, ки имон меоранд ба нодида ва барпо медоранд намозро ва аз он чи эшонро рӯзӣ додаем харҷ мекунанд. Ва ононе, ки имон меоранд ба он чӣ (Қуръон) фуруд оварда шуд ба сӯйи ту (эй Муҳаммад) ва он чи фуруд оварда шуда, пеш аз ту (ба монанди Таврот, Забур, Инҷил, суҳуфи Иброҳим) ва охират имон доранд.

Аз ин оятҳо бармеояд, ки сабаби «барпо доштани намоз ва он чи эшонро рӯзӣ додаем харҷ мекунанд», пеш аз ҳама имон овардан, яъне боварӣ ва итминони комил ба ғайб, ба Қуръон ва дигар китобҳои осмонӣ ва ба рӯзи охират мебошад. Вожаи имон аз амал ба куллӣ фарқ мекунад. Намоз барпо доштани намозгузор ба хотири имон доштанаш мебошад…

2) «Башорат бидеҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд…» (сураи Бақара, ояти 25).

3) «Ва касоне, ки куфр варзиданд (имон наоварданд ба Худо ва китобҳои ӯ) ва такзиб карданд ояти маро, эшонанд бошандагони Дӯзах» (сураи Бақара, ояти 39).

3) «Ба он чӣ (яъне Қуръон ва дигар китобҳои осмонӣ) нозил кардам, имон оред…!» (сураи Бақара, ояти 41).

4) «Намозро барпо доред ва закотро бидиҳед. Ва бо рукӯъкунандагон рукӯъ кунед» (сураи Бақара, ояти 43).

5) «Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, онон аҳли Биҳиштанд ва дар он ҷовидон мемонанд» (сураи Бақара, ояти 82).

6) «Ва агар онон Имон меоварданд ва парҳезкорӣ мекарданд, ҳар ойина подоше аз ҷониби Худованд меёфтанд, беҳтар буд, агар медонистанд» (сураи Бақара, ояти 103).

7) «Бигӯед: Имон овардем ба Худо ва он чӣ фуруд оварда шуда ба сӯйи мо ва он чӣ фуруд оварда шуд ба сӯйи Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва ба Яъқуб ва авлоди Яъқуб ва он чӣ дода шуда Мӯсо ва Исоро ва он чӣ дода шуд дигар Паёмбаронро аз ҷониби Парвардигорашон, тафриқ накунем дар миёни ҳеч як аз эшон ва мо ба Парвардигор таслим ҳастем» (сураи Бақара, ояти 136).

«Ҳар ойина касоне, ки кофир шудаанд (имон наовардаанд) ва мурданд дар ҳоле ки кофир буданд (имон надоштанд ) он гурӯҳ барояшон лаънати Худо аст ва фариштагон ва ҳама» (сураи Бақара, ояти 161).

9) «Эй касоне, ки имон овардаед, бихӯред аз чизҳои лазизу ҳалоли поке, ки рӯзӣ додем шуморо ва сипос гӯед Худоро, агар ҳастед шумо, ки хос ӯро мепарастед» (сураи Бақара, ояти 172).

10) «Эй касоне, ки имон овардаед! Фарз гардонида шуд бар шумо рӯза, чуноне ки фарз карда шуд бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, то шумо парҳезкорӣ кунед» (сураи Бақара, ояти 183).

11) «Эй касоне, ки имон овардаед! Битарсед аз Худо! Ва тарк кунед он чӣ мондааст аз суд (рибо)! Агар ҳастед аз аҳли имон» (сураи Бақара, ояти 278).

12) «Имон овард Паёмбар ба чизе, ки нозил шуда ба вай аз тарафи Парвардигораш ва мӯъминон низ! Ҳама имон овардаанд ба Худо ва Фариштагон ва Китобҳояш ва Паёмбаронаш! Фарқ намекунем миёни ҳеч як аз Паёмбарони ӯ ва гуфтанд: Шунидем ва фармон бурдем! (Мехоҳем) омурзиши туро, эй Парвардигори мо! Ва ба сӯйи туст бозгашт» (сураи Бақара, ояти 285).

13) «Эй касоне, ки Имон овардаед ! Ба амри Худо ва Расул (с) гӯш диҳед ва бипазиред, вақте ки шуморо ба сӯйи чизе, ки муҷиби ҳаёти доимиятон аст даъват диҳад» (сураи Анфол, ояти 23).

14) «Эй касоне, ки имон овардаед! Ҷуз ин нест, ки хамр ва майсир ва ансоб ва азлом палидӣ аст ва аз амали Шайтон аст. Пас аз он парҳез кунед, бошад, ки растагор шавед» (сураи Моида, ояти 90).

15) «Касоне, ки имон овардаанд, сипас кофир шуданд (яъне тарки имон кардаанд), боз имон оварданд, сипас кофир шуданд, он гоҳ бар куфри худ афзуданд, ҳаргиз Аллоҳ ононро намеомурзад ва ҳаргиз ба онон роҳе наменамояд» (сураи Нисо, ояти 137).

Оқилу хирадманд ва мусалмони воқеӣ дармеёбад, ки Худованд дар каломи худ дар аксарияти вақт «Эй касоне, ки имон овардаед» амр ва муроҷиат мекунад. Ва дар навбати хеш маънои имон ошкор ва равшан мегардад. Вожаи имон вожаи амал нест. Ҳар ойина агар амал дар навбати худ имон бошад – (ба фикри бемазҳабон), воҷиб мегардад, ки ҳар мусалмоне, ки ба иллати фаромӯшӣ ва ё нотавонӣ, беморӣ тарки намоз ва рӯзаву закот ва ҳаҷ намояд, ҳатман кофир мешавад.

Мо мегӯем, ки ин ақидаи фирқаи Такфир ва инфиҷорҳои бемазҳабӣ салафия мебошад, бар ҳар имон оварда, ба муҷарради тарки ягон амал муттаҳам ба куфр мекунанд. Агар дар навбати хеш амалро имон бидонем, пас зарур мешавад, ки натанҳо ба Тавроту Забур ва Инҷилу суфи Иброҳим имон биёрем. Балки ба фармудаи онҳо амал бикунем ва табиист, ки мансухияти Тавроту Забуру Инҷил ва суфи Иброҳим аз байн меравад. Албатта чунин баршуморем, ки амал асос ва асли сеюми имон мебошад, ботил ва хилофи Қуръон аст, зеро Худованд барои имон овардан ба он чӣ фуруд оварда шуд (китоб) ба Иброҳиму Исмоил, Исҳоқу Яъқуб, Довуд ва Мӯсову Исо (ъс) амр мекунад, на амал кардан, ҳар ойина амал асли имон мебуд, Худованди таъоло мусалмонҳоро ба он амр мекард, ки ба китобҳои зикршуда амал намоянд. Пас дармеёбем, ки амал асли имон нест. Мутаваҷҷеҳ мегардем ба қавли Худованди бузург:

« Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худо ва Паёмбари ӯ ва китобе, ки ба Паёмбараш фуру фиристода. Имон биёваред ба китобҳое, ки қаблан (суфи Иброҳим, Таврот, Забур ва Инҷил) нозил кардааст! Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ ва фариштагони ӯ ва ба китобҳояш ва Паёмбаронаш ва рӯзи Охират куфр варзад (яъне имон надошта бошад), дар ҳақиқат гумроҳ шудааст ба гумроҳии дурударозе» (сураи Нисо, ояти 136).

Худованди бузург ба мӯъминон амр кард, ки: «Имон биёред ба китобҳое, ки қаблан нозил кардааст». Агар амал асли имон будӣ, дар ин ҷо Худованд амр кардӣ (амал кунед!) ба китобҳое, ки қаблан нозил кардааст.

Фирқае, ки амалро асли имон бармешуморанд, бас хато кардаанду хилофи мазҳабу суннат қиём варзидаанд. Ҷавонони мутадайинро ба роҳи ботилу бемазҳабӣ ва хилофи мазҳаби ҳанафӣ мебаранд, ки нуқсу ботил дар ақидаи аҳли суннат эҷод ва ворид гардад, ки бас хатарнок аст…

АҚИДАИ ИМОМИ АЪЗАМ (р) АНДАР РАДДИ ФИРҚАЕ, КИ АМАЛРО АСЛИ ИМОН МЕДОНАНД

Асосгузор ва бунёдгузори мазҳаби ҳанафӣ – Имоми Аъзам (р) ба табъи Худодод ва лутфу карами Илоҳӣ дар қатори 83 ҳазор масоили фиқҳӣ тавонистааст, ки бо далелҳои раднопазир ва қуръонӣ нишон бидиҳад, ки амал асли имон нест, балки имон ҷудо аз амал аст.

Барои фаҳми дурусти ин масъала, муроҷиат мекунем ба китоби «Олим ва мутаъаллим»-и Имоми Аъзам, ки дар мавриди имон ва ҷудо будани он аз амал чӣ назар ва мавқеъ дорад. Дармеёбем, ки Абӯҳанифа (р) рост гуфтӣ ва ё Хумайс ва пайравони бемазҳабаш? Чаро Абдураҳмони Хумайс ва пайравони Носириддини Албонӣ бар ақидаи Имом Абӯҳанифа (р) имом Таҳовӣ (р) дурӯғи ошкор гуфтӣ? Агар бемазҳабон рост будӣ, ки амал асли имон аст ва аз имон ҷудо нест, зарур мегардад, ки тарки қавли имоми Аъзам (р) ва имом Таҳовӣ (р) намоем. Ва агар қавли Имоми Аъзам (р) ва Имом Таҳовӣ (р) дуруст ва рост будӣ, афкори дурӯғин ва қавли ботил ва фиребандаи Хумайс ва бемазҳабонро ба як лафз се талоқ бидиҳем, ки ақидаи ботилро дар ҳарими поки суннат роҳ нест.

Яке аз шогирдони Имоми Аъзам (р) бо номи Абӯмуқотил Ҳафс ибни Суллам Самарқандӣ (р) аз ҳазрати Абӯҳанифа чанд суолеро пурсон мешавад ва аз ҷумла мегӯяд: «Эй устод, Худованд туро неку бидорад, аз ин сабаб бисёр мехостам, ки бар асли он чӣ ба ҳақиқат нисбат медиҳанд, олиму огоҳ бошам, бо он ҳарф бизанам, то ҳар вақт саркаше барои муҷодалаву мухолифат наздам биёяд ва ё бихоҳад маро аз роҳи ҳақ ҷудо созад, бар он кор тавоне наёбад…».

Абӯҳанифа гуфт: «Ло табдила лихалақаллоҳи золика динул қайюму» (сураи Рум, ояти 30), яъне офариниши Худованд тағйиру дигаргунӣ намепазирад, ин дин устувор аст. Манзури ин оят набудани дигаргунӣ дар дин мебошад. Пас маълум мешавад, ки дин табдилу тағйир ва дигаргун намегардад, балки шариатҳоянд, ки табаддулу тағайюр мепазиранд. Зеро чӣ бисёр чизҳо барои мардумоне ҳалол буд, ки Худованд онро ба дигарон ҳаром гардондааст. Низ чӣ зиёд амрҳое буд, ки Парвардигор халқҳоеро ба он амр намуда, дигаронро аз он боз доштааст. Аз ин равшан мегардад, ки шариатҳо бисёр мухталиф буда, манзур аз онҳо фароиз мебошад. Пас агар амал намудан ба тамоми чизҳои амр намудаи Худованд ва худдорӣ аз ҳамаи ашёи наҳй кардаи ӯ дини Парвардигор мебуд, ҳар ойина касе, ки чизе аз амрҳои Илоҳиро тарк намояду қисме аз манъкардаҳои Худоро муртакиб гардад, тарккунандаи дин ва кофир мебуд… Ҷуз ин нест, ки Худованди баланмартаба мӯъминонро пас аз иқрор бар дин, баъдан ба анҷом додани фарзҳо амр намудааст. Он гуна, ки Зоти пок фармуда:

1) «Қул лиъибодӣ яллазина оману юқимуссалота» (сураи Иброҳим, ояти 31), яъне «Бар он бандагонам, ки имон овардаанд, бигӯ, ки намозро барпо доранд».

2) «Эй касоне, ки имон овардаед, қассос бар шумо муқаррар гардид» (сураи Бақара, ояти 178).

3) « Эй ммоновардагон, Худоро ёд кунед» (сураи Азҳоб, ояти 41) ва амсоли инҳо.

Агар ин фароиз аз имон мебуд, эшонро то бар онҳо амал нанамояд, мӯъмин наменоманд. Худованд яқинан Имонро аз Амал ҷудо ёд намуда, чунон, ки мефармояд:

4) «Касоне, ки имон овардаанд ва амалҳои солеҳ анҷом додаанд» (сураи Аср, ояти 3).

5) «Ҳар кас охиратро бихоҳад ва барои он кӯшиши шоиста ба онро аз худ нишон диҳад, дар ҳоле, ки мӯъмин бошад» (сураи Исро, ояти 19).

Он гуна, ки ошкор гардид, Худованд дар ин оят имонро ғайри амал нишон қарор додааст. Пас, маълум мегардад, ки мӯъминон аз ҷиҳати имон ба Худованд намоз мехонанд, закот медиҳанд, рӯза медоранд, ҳаҷ анҷом медиҳанд ва Худовандро ёд менамоянд. На ин ки аз ҷиҳати намоз, закот, рӯза ва ҳаҷи худ ба Худо имон меоранд. Ин аз он сабаб аст, ки онон аввал имон оварда, сипас амал намудаанд. Пас амал намудани онон ба фаризаҳо аз ҷиҳати имони эшон ба Аллоҳ таъоло мебошад. На ин ки имонашон аз ҷиҳати фаризаҳоро анҷом доданашон аст. Мисоли ин нукта чунин аст, ки агар ба ӯҳдаи шахсе қарз бошад, ӯ нахуст қарздории худро иқрор намуда, сипас онро мепардозад, на ин ки аввал қарзро адо намуда, сипас бар он иқрор меоварад. Дар ин ҳол иқрори ӯ на аз ҷиҳати пардохтанаш, балки пардохтани ӯ аз ҷиҳати иқрораш мебошад…

Абӯмуқотил гуфт:

- Тафсире, ки анҷом бидодӣ, хеле зебост, вале маро биомӯз, ки имон чист?

Абӯҳанифа (рҳ) гуфт:

- Имон тасдиқ, маърифат, яқин, иқрор ва ислом аст…

Абӯмуқотил гуфт:

- Ба ростӣ воқеиятро ошкор сохтӣ, аммо мебинам, ки дар ин мавриди имон калимоти зиёдеро истифода намуда, онро тасдиқ, маърифат, иқрор, ислом ва яқин фармудӣ. Мехоҳам ин нуқтаро возеҳтар бисозӣ…

Абӯмуқотил гуфт:

- … Бар ман бигӯ, ки гуфтани сухани зерин чи гуна бар мо мувофиқ аст: Имони мо мисли имони малоику фиристодашудагон (Паёмбарон) аст. Ҳол он медонед, ки онон дар пешгоҳи Худованд аз мо фармонбардортар мебошанд.

Абӯҳанифа (рҳ) гуфт:

- Ба ростӣ дарёфтӣ, ки онҳо нисбат ба мо Парвардигорро фармонбардортар мебошанд. Қаблан ба ту ҳарф зада будам, имон ҷудо аз амал аст. Пас маълум мегардад, ки имони мо мисли имони онҳост, зеро сидқи мо бар ягонагӣ. Рабубият ва қудрати Худованд ва он чи аз назди Худованд омада, мисли онест, ки малоик бар он иқрор овардаву Паёмбарон онро тасдиқ намудаанд. Аз ҳамин лиҳоз, фармудем, ки имони мо чун имони фариштаҳост. Зеро мо ба тамоми чизҳое имон овардаем, ки фариштагон бар онҳо бо мушоҳидаи мӯъҷизоти оёти Худованд, ки мо онҳоро намебинем, имон овардаанд…

Абӯмуқотил (р) гуфт:

- … Аммо бароям бифаҳмон, аз куҷо куфри кофирон ягонаву ибодатҳояшон зиёду мухталиф ва аз куҷо имони аҳли осмон (фариштагон)-у касони имоноварда аз аҳли замин ягонаву фароизи эшон бисёру гуногун мебошад?

Абӯҳанифа (рҳ) гуфт:

- Ин аз он сабаб аст, ки фароизи фариштаҳо мисли фароизи мо (мӯъминон) нест. Фароизи онон ва фароизи қавмҳои пешгузашта (қавми яҳуд, насоро ва пайравони дини Иброҳиму Мӯсо) низ аз мо фарқ мекунад. Имони аҳли осмон (фариштагон), имони қавмҳои пешгузашта ҳама ягона мебошад, зеро мо ҳамагӣ имон ва тасдиқ бар Худованди ягона оварда, ӯро парастиш намудаем.

Кофирон низ чунин буда, куфру инкорашон ягона ва ибодатҳои эшон гуногун мебошад. Манзури ин сухан чунин аст, ки агар аз Яҳудӣ суол намоӣ, ки «Маъбуди ту кист?», дар посух мегӯяд: «Аллоҳ». Аз кӣ будани Аллоҳ бипурсӣ, чунин мегӯяд: «Худоест, ки ӯзайр писараш аст ва ӯ ба мисоли инсон аст». Касе, ки соҳиби ин гуна ақида бошад (яҳуд), ӯ наметавонад мӯъмин ба Худо мансуб бигардад. Вақте ки аз насронӣ бипурсӣ киро ибодат мекунӣ, мегӯяд: «Аллоҳро». Чун аз кӣ будани Аллоҳ суол намоӣ, насронӣ чунин мегӯяд: «Худованд зотест, ки дар ҷасади Исо (ъс) ва батни Марям буда, дар чизе пинҳон мешаваду онро фаро мегирад ва дар ашё фурӯ меравад. Ҳар кас бар ин андеша бошад, наметавонад мӯъмин бар Худо бошад. Агар аз Маҷус суол кунӣ, ки «Маъбуди ту кист?», дар посух аз Худо ном мебарад. Вақте ки аз кӣ будани Худованд суол намоӣ, маҷусӣ мегӯяд: «Худованд ҳамонест, ки шарику фарзанд ва ҳамсар дарад. Оне, ки дар ҷаҳонбинии маҷусӣ бошад, ӯро мӯъмин наменоманд».

Аз таълимоти сироҷи уммат ва орифи баландмаърифат, яъне Имоми Аъзам (рҳ) дар асоси далелҳои раднопазири Қуръонӣ ва таҳлилу баррасиҳои илмӣ ва шаръӣ ба ҳамагон равшану маълум гардид, ки имон аз амал ҷудо аст. Ва наметавон амалро асли имон баршумурд. Агар амал дар ҳақиқат асли Имон будӣ, дар ҷаҳон мусалмон дар наёфтӣ. Зеро ба муҷарради қазо кардани яке аз фароизи илоҳӣ (намоз нахондан, рӯза нагирифтан, ҳаҷ нарафтан ва дар иҷрои дигар амрҳои шаръӣ кӯтоҳӣ кардан) муртакиби куфр ва илҳод мегардад, ки ин афкор ботил ва ғайри қабули ақли солим аст.

Ҳатто, ки нобоварӣ ва шак овардан дар имон худ гаравидан ба куфру ширк аст. Чӣ ҷойи он ки тарк кунад имонро ва шак биёрад ба ваҳдонияти Аллоҳ ва бигӯяд баъди як моҳ аз сафар баргаштанам имон меорам мисли оне, ки ҳангоми дар сафар баромадан фарзияти рӯза гирифтан аз сафаркунандаи мусалмон соқит мегардад.

Алӣ Қорӣ (р) дар шарҳи «Муснад»-и Имоми Аъзам (рҳ) менависад: «Шак дар Имон сабаби куфр аст».

Ҳорис аз Абӯмуслими Хулонӣ ривоят мекунад, ки гуфт: «Вақте ки Маоз (р) дар Қумс иқомат гузид, ҷавоне наздаш омад ва пурсид: «Дар бораи марде, ки фароизро ба ҷо меорад ва накӯкорӣ мекунад ва ростгӯ аст, амонатдор аст, шикамаш ва фарҷашро аз гуноҳ ва ҳаром нигоҳ медорад ва ба андозаи тавоноияш кори хайр анҷом медиҳад, аммо бар Худо ва Расулаш (с) ашк дорад, назарат чист?». Гуфт: «Ин шахс тамоми аъмоли некашро барбод медиҳад». Дубора пурсид: «Дар бораи марде, ки муртакиби гуноҳ аст ва хунҳо рехтааст, ба номус ва амволи мардум таҷовуз мекунад, аммо холисона шаҳодат медиҳад, ки ҷуз Аллоҳ, Худое нест ва Муҳаммад (с) банда ва расулаш аст, назарат чист?». Маоз гуфт: «Умедворам ва нигаронам».

Дар ин ривоят сухан дар бораи имон ва амал меравад, ки ҳар ду як мафҳумро ифода намекунад, зеро шахсе, ки амали солеҳ дорад ва ба муҷарради шак овардан ба ваҳдонияти Аллоҳ ва расули Худо будани Муҳаммад (с) ба куфр мегарояду кофир мегардад ва нафаре, ки амали солеҳ надорад ва даст дар домани маъсият задааст ва иқрору тасдиқ ба ваҳдонияти Аллоҳ ва расули Худо будани Муҳаммад (с) дорад ба куфр нагаравида ва кофар нагаштааст, балки умедворем, ки мӯъмин аст ва аммо нигаронем, ки мавриди азоби охират қарор мегирад.

Пас ба таҳқиқ маълум гардад, ки имон иқрори бар забон ва тасдиқи бар дил аст.

Имоми Аъзам (рҳ) дар китоби дигари худ – «Фиқҳи акбар» ойиди ин масъала маълумоти комил овардааст, ки онро пешорӯйи тулоби ҳақиқатбин ва ҳақиқатгӯ менамоем, то афкори дурӯғин ва зиддии мазҳабии албониҳо, хумайсиҳо, кулли бемазҳабон ва муҷтаҳидини ҷадиди ваҳҳобикешон чун равшании субҳи дурӯғин ошкор бигардад.

Имоми Аъзам (рҳ) мефармояд:

1) «Воҷиб аст, ин ки бигӯяд имон овардам ба Худои яккаву ягона, ба Фариштагон, ба Китобҳои Худо, ба Паёмбарон (ъс), ба зиндагардонидан баъд аз мавт, тақдири некӣ ва бадӣ аз сӯйи Аллоҳ таъоло аст.

2) Ҳисоби Тарозу ва Биҳишту Дӯзах ҳама ҳақ аст.

3) Худованд воҳид аст на аз тариқи адад, валекин воҳид аст аз он тариқе, ки нест шарике мар ӯро.

4) Аллоҳ таъоло мушаббеҳи чизе аз махлуқоташ нест, чизе аз махлуқоташ ба Худованд монандӣ надорад, Худованд ҳамеша буду ҳамеша мемонад бо номҳояш ва сифатҳояш, зотӣ ва феълӣ ҳастанд, аммо исмҳои сифати зотии Худованд: « Ҳаёт, Қудрат, Илм, Калом, Самъ ва Ирода аст».

5) Ва аммо сифати феълии Худованд: «Халқ кардан, ризқ додан, эҷод кардану ихтироъ кардан, изҳори сунъ дар маснуъот намудан ва ба ҷуз ин бисёр аст, ҳама сифоти феълии он Зоти пок аст».

6) Ҳамеша буду ҳамеша мемонад ва номҳояш ва сифатҳояш ва пайдо нашудааст, Худовандро на исме ва сифате аз нав.

7) Ҳамеша Аллоҳ таъоло олим аст ба илми худ ва илм сифати азалии Худованд аст. Илми ӯ қобили зиёдатӣ ва нуқсонро надорад.

Аллоҳ таъоло ҳамеша суханкунанда аст ва сухан гуфтан сифати ӯст дар азал. Аллоҳ таъоло фоъил аст ва феъл сифати ӯст дар азал.

9) Ҳамеша Аллоҳ таъоло холиқ аст ва халқ кардан сифати Вай аст. Аллоҳ таъоло дар феълу сунъ ва ҳукму амри худ бешарик фоъил аст. Феъл (кардан) бошад дар азал сифати ӯст. Мафъул (карда шуда) махлуқи ӯст. Ва феъли Худованд ғайри махлуқ аст, пас сифатҳояш низ махлуқ нестанд.

10) Сифатҳои Аллоҳ таъоло нав пайдо нестанд ва махлуқ ҳам нестанд. Пас шахсе, ки гӯяд сифатҳои Аллоҳ таъоло махлуқанд, ё сукут кунад ва ё шак орад дар номҳо пас он шахс ба Худои таъоло кофир аст.

11) Қуръон каломи Аллоҳ, дар саҳифаҳо навишта шуда ва дар дилҳо маҳфуз карда шудааст ва дар забонҳо хонда шудааст ва Паёмбари Худо (с) нозил шудааст. Ва лафзи мо, китобати моён ва қироати моён ба Қуръон махлуқ аст.

12) Ва Қуръон ғайри махлуқ аст. Қуръон каломи Аллоҳ таъоло буда, азалӣ аст. Ба таҳқиқ Аллоҳ таъоло холиқ дар азал буд, яъне пеш аз халқ кардани халқ.

12) Мисли Аллоҳ таъоло чизе дар зот ва сифоташ нест. Худованд шунавандаву бинанда аст.

14) Сифатҳои Худованд ҳама ба хилофи сифатҳои махлуқанд… Худованди таъоло халқ кард ашёву Оламро на аз чизе на аз моддае.

15) Ва нест дар дунё ва охират чизе мавҷуду ҳодис дар кадом ҳолате ки бошад, магар ки ҳаст ба машияту иродаи ӯ ва қазои ӯ ва қадари ӯ ва мувофиқи навиштаи Худои таъоло аст дар Лавҳулмафҳуз.

16) Ва қазову қадар ва машият сифатҳои Аллоҳ таъолоанд бе чигунагии чӣ хел буданашон. Аллоҳ таъоло чизи набударо дар ҳоли набуданаш бо ҳама сифати нестии вай медонад.

17) Инчунин ҳар чизеро Аллоҳ таъоло халқ кунад чигунагии онро медонад. Худованди таборак ва таъоло чизи мавҷударо дар ҳоли мавҷудаш медонад. Ин чунин Аллоҳ таъоло баъди иродаи худ ҳамон чизи мавҷудро чӣ гуна нест мешавад бе ягон заррае тағайюри илми худ медонад…

18) Ҳамаи мӯъминон дар маърифат ва яқин донистани дин … ва асли имон, ки тасдиқу иқрор аст, баробаранд.

19) Ҷаннату Дӯзах махлуқанд ва ҳозир низ мавҷуданд ва абадан фано намешаванд.

20) Ҳурҳои Биҳишт ҳаргиз намемиранд ва фанонашавандаанд.

21) Барои кофирон азобу иқоби Ҷаҳаннам ҳаргиз несту фано намегардад.

22) Барои мӯъминон савобу раҳмати Ҷаннат абадӣ буда, доимо фаровон аст.

23) Суоли фариштагон – Мункару Накир дар Қабр рост ва ҳақ аст.

24) Ва боз гардонидану ворид сохтани Рӯҳ чи дар маҷмӯъ ва ё ба ҳар як аъзо ҷудо – ҷудо ба ҷасади инсони фавтида, барои пурсиши малоика ва ҷавоб гуфтани онҳо ҳақ аст.

25) Оғӯш (танг гаштани гӯр) ва сахт фишор доданаш майитро ҳақ асту собит аст…

Пас дарёфтем аз ин қавли Имоми Аъзам (рҳ), ки аркони имон басе ҷиддӣ буда, бар мӯъмин шарт ва зарур аст, ки бар онҳо иқрори бар забон ва тасдиқи бар дил намояд, яъне боварӣ дошта бошад ва ба муҷарради шак овардан ва рад намудани аркони имон ба куфр ва ширк мегаравад ва кофиру мушрик мегардад.

Аммо ба муҷарради нарафтани ҳаҷ ва надодани закот ва аз сабаби нодонӣ ва фаромӯшию беморӣ ва сустиву ҷаҳолат, танбаливу хастагӣ намоз нагузоштану рӯза нагирифтан (яъне пайваста амал накардан) мӯъмин кофару мушрик намегардад, балки муртакиби гуноҳ гашта, тақсирот дар амали ӯ зоҳир шудааст ва имони вай побарҷост. Пас метавонад аз тақсироти худ тавба намояд ва барпо бидорад намозу рӯза ва ҳаҷу закотро ва Худованд тавбапазиру меҳрубон аст.

ИҚРОРИ БАР ЗАБОН ВА ТАСДИҚИ БАР ДИЛ

Вале мӯъмин солим бошаду мукаллаф ба сабаби беморӣ, танбалӣ, нодонӣ ва ҷаҳолату фориғболӣ ва ҳазлу шухӣ ва дар ҳоли сафарӣ ва дар сафар будан ва агар зан бошад дар ҳоли ҳайзу нифос бар имон шак биёрад ва ё инкору тарки имон намояд, яъне Пайғамбарии Муҳаммад (с)-ро напазирад, ба ваҳдонияти Худованд шак биёрад ва бигӯяд: Баъди баргаштан аз сафари Амрикову Ҷопон ва Маккаву Маскав, Димишқу Басра, Дубайю Анқара ва Исфаҳону Табрез ва ё баъди пок шудан аз ҳайзу нифос ба ягонагии Худованд ва Паёмбарии Муҳаммад (с) имон меорам. Ва ё инчунин зинда шудан баъд аз марг ва азоби қабру пурсиши Мункару Накирро қабул надошта бошад, кофар мегардад. Инчунин мӯъмин эътиқод дошта бошад, ки намоз гузоштану рӯза гирифтан аз авомир ва фароизи илоҳӣ нест, фосиқу кофар мегардад, зеро тарки имон кардааст. Барои мӯъмин сазовор ва ҷоиз нест, ки дар ҳолати беморӣ ва сафарӣ муваққатан аз имон даст бикашад ва ё қаср дар аркони бетағйири он намояд. Аз зани ҳоиз намоз ва рӯза дар як мӯҳлати муайян соқит мегардад ва аммо имон соқит намегардад. Пас аз хулосаи гуфтори Имоми Аъзам дарёфтем, ки имон аз ду асл: иқрор ва тасдиқ иборат аст ва асли саввуму чаҳорумро дар ӯ роҳ нест.

Дар ҳарими поки имон дурӯғгӯй ва мункирро ҷой ва манзалате нест. Мусалмон касеро гӯянд, ки бар имон шак ва куфр наварзад, яъне иқрори бар забон ва тасдиқи бар дил дошта бошад. Агар бар забон иқрор намояд ва бар дил инкор варзад, мунофиқ аст ва ё бар акси он бар дил тасдиқ ва бар забон инкор намояд. Тавре ки аз каломи Худованд бармеояд, сарчашмаи ҳамаи бадбахтӣ ва тирарӯзгории мунофиқон дурӯғгӯӣ ва беимонии онҳост, ки иқрори забонӣ ва тасдиқи қалбӣ надоранд. Агар иктифо бар як асли имон, яъне иқрори бар забон шавад, пас ҳама дурӯғгӯён, яъне мунофиқони беимон, ки дар байни уммати исломӣ ба сифати гумошта фаъолият доранд ва тиҳӣ аз имону исломанд, мусалмон шумурда мешаванд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии худ иқрор бар забон доранд дар диёри мардуми мутаддайин, то мардум пиндорад, ки аз ҷумлаи мусалмонҳосту ғамхори дин ва илло дар дил мункири Худо ва Расули Худо ҳастанд. Аз ин ҷост, ки Имоми Аъзам (рҳ) гуфт: Имон иқрори бар забон ва тасдиқи бар дил аст. Асоси тавҳид ва зербинои ислом имон аст. Пас сазовор аст, ки бар асоси тавҳид ва ислом дурӯггӯй набошем, ки қавли Худованд аст:

1) «Ва Худованд шаҳодат медиҳад, ки мунофиқон, бешак, дурӯғгӯёнанд», – сураи Мунофиқун.

2) «Ва аз мардум касоне ҳастанд, ки мегӯянд: Мо ба Худо ва рӯзи Растохез имон овардаем, вале онон ҳаргиз мӯъмин нестанд»,- сураи Бақара-8.

3) «Онон ба Худо ва касоне, ки имон овардаанд, найранг мекунанд, ҳоло он ки фиреб намедиҳанд худашонро. Вале онҳо ин ҳақиқатро дарк накардаанд»,- сураи Бақара-9.

4) «Ва чун (мунофиқон) ба касоне, ки имон овардаанд, бархӯрд кунанд, мегӯянд: Имон овардаем. Ва чун бо шайтонҳои худ (ҳамкешони дурӯғгӯйи худ) хилват кунанд, мегӯянд: Дар ҳақиқат мо бо шумоем. Мо ҳадафамон танҳо (мусалмононро) ришханд ва масхара кардан аст»,- сураи Бақара- 14.

Пас имони мӯъмин иқрори бар забон ва тасдиқи бар дил аст ва имони мунофиқ иқрори забонист ва ин ҳам барои рӯйпӯш намудани куфри худ, магар ин ки имон надорад: «Чун бо Шайтонҳои худ» як ҷо шаванд ва дар ҷойи муносиб биншинанд, мегӯянд: Мо ба зоҳир имон овардаем ва дар асл имоннаовардагонем: «Ҳадафамон танҳо (мӯъминонро) ришханд ва масхара кардан аст».

ЧАРОҒИ МУРДА КУҶО, ШАМЪИ ОФТОБ КУҶО!?

Аз Абӯҳанифа (рҳ) ин ки, мегӯяд:

1) Имон иқрори бар забон ва тасдиқи бар дил аст.

2) Имон аз амал ҷудо аст ва амал асли имон нест.

3) Имон каму зиёд намегардад ва заъифу бемор намешавад.

4) Шак овардани шаковаранда дар имон кофир аст.

5) Имони Малоика ва Паёмбарону ҳамаи мӯъминин баробаранд.

6) Биҳишту Дӯзах махлуқ буда, абадӣ ва доимӣ мебошанд.

7) Як қисми Дӯзах нест намегардад ва аз байн нест намешавад, балки барои доимӣ боқӣ мемонад.

Ҷаннату Дӯзах махлуқанд ва ҳозир низ мавҷуданд ва абадан фано намешаванд.

9) Имони аҳли осмон (фариштагон), имони қавмҳои пешгузашта ҳама ягона мебошад, зеро мо ҳамагӣ имон ва тасдиқ бар Худованди ягона оварда, ӯро парастиш намудаем.

10) Имон ҷудо аз амал аст. Пас маълум мегардад, ки имони мо мисли имони Фариштагон ва Паёмбарон аст, зеро сидқи мо бар ягонагӣ, рабубият ва қудрати Худованд ва он чи аз назди Худованд омада, мисли онест, ки Малоик бар он иқрор овардаву Паёмбарон онро тасиқ намудаанд. Аз ҳамин лиҳоз, фармудем, ки имони мо чун имони фариштаҳост. Зеро мо ба тамоми чизҳое имон овардаем, ки Фариштагон бар онҳо бо мушоҳидаи мӯъҷизоти оёти Худованд, ки мо оноро намебинем, имон овардаанд…

Дар мавриди Дӯзаху Биҳишт имом Таҳовӣ (р) мегӯяд:

1. «Биҳишт ва Дӯзах офарида шудаанд, ки мунтаҳӣ ва нест нашаванд ва Худованд он дуро пеш аз мардум офарид».

Аммо дар шарҳи ин ақидаи имом Таҳовӣ, Абдураҳмони Хумайс дурӯғ баста мегӯяд:

2. «Дӯзахи гунаҳкорони уммати ислом тамом шуданист, вале дӯзахи кофирон абадӣ хоҳад буд».

Дар гуфтори имом Таҳовӣ (р) ва шарҳи Хумайс тафовут аз замин то сурайёст. Имом Таҳовӣ такя ба оятҳои Қуръон мегӯяд, ки Биҳишту Дӯзах мунтаҳӣ ва нест нашаванд, аммо дар шарҳи ин калом Хумайс бар хилофи Имом Таҳовӣ менависад, ки як қисми Дӯзах аз байн меравад. Хонанда ҳангоми мутолиаи китоби «Ақидаи Таҳовӣ» ба хато мегаравад, зеро шарҳи Хумайсро ба навишти имом Таҳовӣ (р) омезиш медиҳад. Аз ҷониби дигар Хумайс ва хумайсиҳо ҳақ надоранд, ки ба чунин китобҳои ақидавии мусалмонон шарҳи бардурӯғ ва хилофи Қуръон бинависанд ва дар кишвари мусалмоннишини ҳанафимазҳаб интишор намоянд ва ин амали носолиму мӯҳликовари онҳо яке аз омилҳои асосии эҷоди ихтилофи ақидавӣ мебошад, ки бар зидди таълимоти мазҳаби ҳанафӣ нигаронда шудааст.

Имом Таҳовӣ (р) мегӯяд:

1) Амал асли сегонаи имон аст.

2) Худованд дар болои Арш қарор дорад.

3) Як қисми Дӯзах аз байн меравад.

4) Имон каму зиёд мешавад.

5) Имони Фариштагон ва Паёмбарон аз имони дигар инсонҳо фарқ мекунад.

Пас дарёфтем, ки андар гуфтори доктор Хумайс ва имом Таҳовӣ фарқият аз замин то осмон аст, балки болотар аз ин байни гуфтори мӯҳтарам доктор Хумайс ва Имоми Аъзам (р) тафовути ҷиддӣ дида мешавад.

Иллат ва нуқс пеш аз ҳама дар ақидаи Хумайс мебошад, зеро бар гуфтор ва ақидаи Имом Таҳовӣ (р) шарҳи бардурӯғ менависад. Ва аз номи имом Таҳовӣ (р) ақидаи бемазҳабии худро бар муштариёни дину имон пешкаш мекунад, то бошад соҳибони мазҳаб ва ё пайравони мазҳаби арбааи аҳли суннат ва ҷамоат ақидаи бемазҳабиро бипазиранд ва бигӯянд, ки Худованд андар болои Арш қарор дорад ва амал асли имон аст.

Беҳтар барои доктор Хумайс ва пайравонаш он будӣ, ки фикру ақидаи хешро аз номи худ иброз менамуданд, на аз номи имом Таҳовӣ (р). Зеро чунин ибрози фикр ва ақида аз номи имом Таҳовӣ (р) барои осебпазири тафаккури динӣ ва воридоти халалу нуқс дар равиши ақидаи пайравони аҳли суннат ва ҷамоат мебошад.

Бемазҳабӣ хатари ахлоқӣ ва бебандуборӣ дорад, ки оқибат пайравони худро ҷудо аз ислом ва гирифтори бидъат ва куфр мегардонад. Зеро амалро асли имон шумурда, бар ҳар имоноварда ба муҷарради тарки яке аз фароизи илоҳӣ мушрику кофар мегӯянд. Ва яке аз далоили фирқаи такфирии салафия низ дар ҳамин аст. Такфирия мазҳабро қабул надоранд ва онро боиси тафриқа дар дини ислом мешуморанд. Аз ин рӯ, бештар ба оятҳои муташшабеҳ чанг зада, аз диди танг ва ғаразноки хеш чунин оятҳоро шарҳу эзоҳ медиҳанд, ки боиси ихтилоф дар ақида ва равиши ибодатии муслимин мегардад.

Ҷумҳури аҳли суннат бад-он ақидаанд, ки имон асли имон нест, аммо аз имон ҷудо нест, яъне амали солеҳи мӯъмин барои он аст, ки имон дорад. Ва имон дар асли худ каму зиёд намешавад, аммо имони мӯъминон вобаста ба маърифат ва дарки аслҳои имон каму зиёд аст. Зеро шинохт ва маърифати аркони бетағйири имон аз ҷониби мӯъминон мутафовит аст. Мисол, мӯъминон ҳама яқин доранд, ки қиёмат ҳақ аст. Аммо дар шинохт ва дарки ҳаводиси қиёмат дид ва шинохти мӯъминон каму зиёд аст. Дар ин нуқта Абӯҳаниф (р) бо кулли ҷумҳур ҳамфикр аст. Ба ибораи дигар, имони мӯъминон, фариштагон ва паёмбарон (съ) як аст ва каму зиёд нест. Каму зиёдӣ дар маърифати аслҳои имон аст. Мӯъминон бар ҳамаи аркони имон қоиланд, аммо дар шинохти онҳо яке бисёр ва дигаре кам маълумот дорад.

Дар ҳеч ҳолат Абӯҳанифа (р) ва имом Таҳовӣ (р) хилофи далоили Қуръон ва суннатуннабӣ дар таърифи имон ва аркони бетағйири он маълумот надодаанд. Эшон дар асоси далоили шаръӣ ва Қуръонӣ гуфтанд: Имон аз ду асл: иқрор ва тасдиқ иборат аст. Аммо ҷаноби Хумайс дар шарҳи ақидаи имом Таҳовӣ (р) ҳушдор медиҳад: «Дар таърифу баёни имон иштибоҳ ва ғалат шудааст, зеро ки аҳли суннат ва аксари уламои забардасти Ислом бар онанд, ки имон: иқрор бар забон, тасдиқ бар дил ва амал ба аркон мебошад ва яке аз усули эътиқодии аҳли суннат ба шумор меравад».

Дар ин маврид ду дидгоҳ ва ду назар дар таърифи имон матраҳ гардид. Хумайс бо роҳи фанди хоб ва «боэҳтиромона» мегӯяд, ки «дар таърифи имон иштибоҳ ва хато шудааст». Пас саволе пеш меояд, ки чӣ гуна метавонанд Имоми Аъзам (р) – пешвои мазҳаби ҳанафӣ ва имом Таҳовӣ (р) дар баён ва таърифи имон иштибоҳ ва хато бикунанд? Хато кардану иштибоҳ намудани ин ду имоми бузурги аҳли суннат дар ин маврид ғайри имкон аст! Чунин гуфтори «боодобона»-и Хумайс нисбати Абӯҳанифа (р) ва имом Таҳовӣ (р) камтар аз озор нест. Албатта ин фикри Хумайс пурҷафо ва пурхато аст. Дар ҳеҷ ҳолат дар шинохти имон бузургони дин хато накардаанд. Балки хатоиро дар афкор ва баёни Хумайс бояд ҷустуҷӯй кард. Балки Хумайс хатогӣ ва иштибоҳи худро ба имом Таҳовӣ (р) таҳвил мекунад. Зеро дар усули этиқодӣ Абӯҳанифа (р) бо ҷумҳури аҳли суннат ҳамақида аст.

Мазҳаб омили ваҳдат ва дӯстӣ

Мазҳаб омили ваҳдати мусалмонҳо ва роҳи дурусти шинохти масоили шаръӣ мебошад. Амалҳои гуногуни ибодатӣ дар шароит ва замонҳои мухталиф ба анҷом расондаи Расули раҳмат ва шафоат (с) дар мазоҳиби чаҳоргона инъикоси худро дарёфтааст. Аз ҳамин лиҳоз, мазҳаб омили асосии ваҳдат ва пешрафту тараққиёт дар ҷаҳони ислом аст. Агар саъю талошҳои илмӣ ва иҷтиҳоди Имоми Аъзам, имом Шофеъӣ, имом Молик ва имом Ҳамбал (рҳ) набудӣ, муҷтаҳидини хавориҷ, рофизия, ҷисмия, ҷаҳмия, салафия, фалсафаи даҳрия ва мӯътазила ҳазорон тағйирот дар домани дини ислом эҷод мекарданд. Дини исломро дини кӯҳнашуда, пӯсида ва сарчашмаи иғво ва фитна, ба истилоҳи имрӯза, дини исломро сарчашмаи терроризм ва экстримизм ба қалам медоданд.

Эҷоди мактаби фиқҳӣ ва Академияи ҳуқуқи исломӣ аз ҷониби Имоми Аъзам (р) оё аз аҳамият холӣ аст? Албатта, аз аҳамият холӣ нест. Балки бо баракати ҳамин мактаби ҳуқуқи исломӣ ва фиқҳӣ буд, ки дар масири таърих ҳазорон мусалмонон аз ҷабру зулм ва қатлу куштори қозиёни бетақво ва бехабар аз дониш наҷот ёфтанд. Системаи таълимоти ҳуқуқи шаръӣ ба як низоми муайян даромад.

Оё ҳукумати Язид ва уммавиёну аббосиён ва дорулҳукми онҳо аз қозиёни ришвахӯр ва риёкор иборат набуданд, ки аз ин фурсати муносиб садҳо душманони дин либоси ислом ба бар намуданд ва дар асри ин ғофилӣ ва каммасъулиятӣ ҳазорон мусалмон ба қатл расонида шуд. Имоми Аъзам (р) ва дигар бузургони исломӣ, ки беҳтарин шахсиятҳои динӣ ва илмӣ буданд, аз ҷониби ҳамин масъулини ба ном динӣ ва ҳукумати қозиёни дурӯғгӯй мавриди шаллоқ қарор гирифтанд. Нури чашмони Расулаллоҳ (с) – Ҳасан ва Ҳусейн (р) аз ҷониби кӣ ва киҳо ва ба кадом хотир бо сахттарин машаққат ба қатл расонида шуд.

Ҳарчанд баъзе таърихнигорон мехоҳанд Язид ва ҳукумати ғайри суннатии онро дуруст баршуморанд. Язидро чеҳраи исломӣ нишон бидиҳанд. Аммо ҳақиқат хилофи ин аст. Ҳеҷ вақт Язид чеҳраи динӣ набуд ва дар замони худ ҳамчун пешвои мусалмонҳо пазируфта нашудааст. Агар Язид худ аҳли салоҳ будӣ, аз фиқҳ ва масоили ҳуқуқи исломӣ ба таври комил бохабар мебуд, ҳеҷ гоҳ намегузошт, ки пайравон ва сарҳангони қотил ва ҷобири ӯ ба Ҳусайн (р) ноҷавонмардона рафтор намоянд. Занони асираи мусалмонро дар дашти ташналаби Карбало азобу шиканҷа намоянд. Эшон, ки аз хонадони Расулаллоҳ (с) буданд. Ислом ва таълимоти Расулаллоҳ (с) хилофи таассуб, ҷаҳолат, азобу шиканҷа буд.

Язид аз таҳаммулпазирӣ ва сабру суботи динӣ истифода намекард, балки сиришташ ғарқобаи амвоҷи кӯтоҳандешӣ ва камфикрӣ буд. Дастгоҳ ва сохтори идории хилофати Язид аз Муовия (р) ба куллӣ фарқ мекард. Барои ба даст овардани низоми идорӣ ва системаи мулукият ҷаноби Язид ҳама амали хайр ва бадро ба анҷом мерасонд. Ва имрӯз низ баъзе хаёлбофони ба ном динӣ ва муҷтаҳидини ҷадиди язидпараст пайравони аҳли суннат ва ҷамоатро аз дудмони Язид медонанд, ки мутлақо хато ва ботил аст.

Худи Язид ва пайравони он пайравӣ аз суннатро тарк намуданд. Системаи мардумсолориро аз таълимоти Қуръон ва суннатуннабӣ напазируфтанд. Агар қатли ҳазрати Ҳусайн (р) бо амри Язид сурат нагирифта бошад, пас ҳамчун ҳокими замон чаро сарҳангони низомиёни худро мавриди ҷазо қарор надод? Интиқоми хуни Ҳусайнро аз қотилон талаб накард? Балки қотилонро мавриди ситоиш ва мансабҳои дигар лоиқ донист? Ҷаҳони воҳиди исломро ба ду қисми муқобил ҷудо намуд. Ва ин ҷудойиандозӣ замони язидӣ аз ҷониби мухолифони дин дар рангу тобишҳои гуногун зуҳур мекунад. Ва ин падидаи номатлуби ҷаҳолат имрӯз ба манфияти як зумра ховаршиносони динношинос ва мусташриқини шарқношинос аст.

Баъди қатли Имом Ҳусайн (р) фазои иттилооти динӣ дар кулли манотиқи мусалмоннишин муташанниҷ буд. Суннатситезӣ ва аҳлу байтбадбинӣ эҷод мешуд. Маддоҳии Язид ва низоми идории ӯ авҷ мегирифт. Инсон ҳамчун як падидаи олии офариниш қимати худро дар ҷамъият аз даст дода буд.

Дар чунин шароити мураккаб, печида ва пурихтилофи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди ақида ва сарнавиштсоз барои уммати исломӣ ва инсонӣ аҳамияти мазҳаб пеш аз ҳама дар он аст, ки дар асоси таълимоти Қуръон ва суннатуннабӣ инсонро арзиши Олӣ ва беҳтарин махлуқи Худованд шинохта ва арҷгузорӣ менамояд. Таълимоти мардумсолорӣ, таҳаммулпазирӣ ва худшиносии Имоми Аъзам (р) низоми ақидавӣ ва ибодатии дини исломро аз ҳар ҷиҳат аз олудагӣ, осебпазирӣ ва воридоти ихтилоф дар ваҳдати муслимин ҳифозат менамояд. Таълимоти мазҳаби ҳанафӣ намегузорад, ки инсон ба муҷарради олудаи гуноҳ шудан ба куфр ва ширк муттаҳам карда шавад. Инсон арзишмандтарин асли офариниш аст. Абӯҳанифа (р) дар ин ҷода шабзиндадориҳои зиёд, риёзату ҷустуҷӯйҳои илмиро паси сар намуд. Мазҳаб ва фиқҳи ҳанафиро дар асоси далелҳои шаръӣ ва илмӣ асоснок намуда, бо сабру субот ва бахшиши илоҳӣ ва нерӯйи фитрӣ тақвият бахшид. Мактаб ва системаи мардумсолорӣ, таҳаммулпазирӣ, дурандешӣ, ибодат, худшиносӣ ва Худошиносиро дар асоси таълимоти ислом аз сари нав дар асоси далелҳои раднопазир эҳё намуд. То инсон Офаридгор ва мақоми худро шиносад. Назар ва дидгоҳи хатарноки аҳли хавориҷ, рофизия, қадрия, зиндиқия, ҷисмия, ҷаҳмияро, ки арзиш ва қимати Инсонро ҳамчун беҳтарин асли офариниш намешинохтанд ва ё мункир буданд, бо далел ва ҳуҷҷатҳои раднопазири Қуръонӣ рад намуд.

Наҳзат ва бедории уммати исломӣ бо баракати мазҳаби ҳанафӣ фаъолияти хешро густурда кард. Таълимоти мазҳаби ҳанафӣ хилофи ҳамагуна тундгароӣ ва бадгумонӣ бунёд ёфта буд ва сабаби густариш ва инкишофи он низ дар ҳамин аст. Парчами ваҳдати уммати исломӣ ва инсонӣ аз ҷониби Абӯҳанифа (р) барафрохта шуд. Таҷаллиёт ва равшании мазҳаби ҳанафӣ роҳу равиши муслиминро дар муқобили афкори носавоби рофизия, хавориҷ ва ҷаҳмияву ҷисмия нурафшонӣ мекард. Абӯҳанифа (р) дар асоси таълимоти Қуръон ва суннатуннабӣ ба мухолифини дин ва фирқаҳои суннатситезу фиқҳситез ва минкирини дин ва пайравони мактаби фалсафаи қадиму ҷадид нишон дод, ки дини ислом роҳи хайру баракат ва саъодату хушбахтии уммати исломӣ ва кулли башарият аст.

Агар аз рӯйи воқеият ва аз нуқтаи назари илмӣ ба сулҳи тоҷикон дар кишвар баҳогузорӣ намоем, дармеёбем, ки омили асосии сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ яккамазҳабӣ буд. Нафарони ҳар ду ҷониб мусалмонони ҳанафимазҳаб буданд, ки дар асари бетаҳаммулӣ ва камиттиллотӣ аз мазҳабу дини худ гиребони якдигар дариданд. Албатта таҳвилкунандагони ин ҷанг аз хориҷу дохили кишвар намехостанд, ки оташи ҷанг хомӯш шавад. Аммо бо шарофати хости Худованд бар асари соҳиби мазҳаби ягона будан, таҳаммулпазирӣ ва гузаштҳо аз ҷониби ҳар ду ҷониб сурат гирифт ва сулҳу салоҳит фазои ваҳдати миллиро мунаввар сохт.

Пас, бо боварии комил гуфта метавонем, ки омили асосии ваҳдат ва якпорчагии кишвар дар қатори дигар омилҳо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Мақсади асосии фирқаи тундгаро бо номи салафия – муҷтаҳидини ҷадиди бемазҳаб аз байн зудудани омили асосии ваҳдат ва якпорчагии кишвар – таълимоти Имоми Аъзам (р) буд, ки ин бемазҳабонро муяссар ва насиб нагашт. Шиори бемазҳабон «Мо ба ақида кор дорем ва фиқҳро қабул надорем!» буд. Агар мусалмон масоили фиқҳиро фаҳм карда натавонад, дар ин ҳолат, ночор дар асари ғафлатзадагӣ мафтуни афкори ғаразнок ва таълимоти ақидаи фирқаи хавориҷ мегардад. Зеро ин фирқаи мункирини мазҳаб аз дид ва дарки номатлуби худ аҳодис ва лафзи қуръониро ба манфиати худ ва фирқаи худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Бемазҳабон дар асоси метадологияи гумоштавӣ ва ғайрифиқҳии худ каломи поки Парвардигор ва аҳодиси Расули раҳмат (с)-ро шарҳу эзоҳ медиҳанд. Шакку тардид дар фаҳми маъонии ояту матнҳои Қуръонӣ ва аҳодиссуннабӣ эҷод мекунанд. Ва арзишҳои илмӣ ва динии ягон қавму миллатро намепазиранд. Барои барпо намудани мактаби ақидавии худ талошҳои зиёде низ намуданд. Адабиёт ва китобҳои бемазҳабии худро дар байни аҳолӣ ба таври ройгон тақсим мекарданд. Расму ойин ва суннатҳои ниёгони халқи тоҷик ва роҳу равиши таълимотӣ ва ибодатии мусалмонони ҳанафиро бидъат ва ширк муаррифӣ намуда, доираи таблиғотии худро то ҷое васеъ намуданд. Заминаҳои ихтилофи миллӣ ва динӣ ва дар хатар андохтани ваҳдат ва сулҳу салоҳиятро дар ҷомеа омода месохтанд. Ихтилоф ва бадбинии бародарони шиа ва ба ҳамин восита бадбинии кишвари ҳамзабон ва дӯст – Эрони бузургро дар қишрҳои гуногуни мардуми суннии Тоҷикистон хостанд, ки эҷод намоянд.

Дар асл, мардуми шиатабор бародарони аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд. Абӯҳанифа (р) бо Имом Боқир (р) ва Имом Ҷаъфари Содиқ (р) робитаи хуби илмӣ ва дӯстиву бародарӣ дошт. Саҳобагон ва азизони Худоро набояд таҳқир кард ва дашном дод. Ҳар кӣ бар саҳобагон лағв ва бадгӯиро раво мебинад, натанҳо суннӣ ва шиъӣ нест, балки аз доираи ислом хориҷ аст. Мункирини саҳоба ва ёрони ростини Расули раҳмат (с)-ро дар маҳзари поки Худованд қадру қимат ва манзалате нест.

Аз дидгоҳ ва усули мункирини дину мазҳаб ва мазҳабситезону саҳобаситезон воқиф бояд буд. Чеҳра ва симои афроди таблиғкунандагони чунин ақидаи нопок ва пурнуқсон, зиёновар ва пурхатари эшонро ошкор бояд сохт. То нуқсон дар фазои иттилоотии динии кишвар ва дӯстии бародарони шиа ва суннӣ роҳ наёбад.

Шинохти шахсиятҳо ва гурӯҳҳои маҷҳули ихтилофангези байни суннӣ ва шиа мавриди назорат ва омӯзиши масъулини соҳаи дин ва соҳибмазҳабон бояд қаро бигирад. Таблиғ ва интишори адабиётҳои динӣ, наворҳои кино ва сабти видеодискҳои ба ном таблиғотии динӣ зери назорати мутахасисони соҳаи фиқҳии Шӯрои уламо ва масъулини соҳаи исломшиносӣ ва диншиносӣ қарор гирад, аз аҳамият холӣ нест. Ҳар як адабиёт ва сабтҳои видеоӣ ба пуррагӣ омӯхта шуда, ба ҳар як мавъиза ва сабту наворҳо баҳои ҳақиқӣ дода шавад. Мардум кам китоб мехонад, думболи рӯзгор ва зиндагии худ ҳастанд. Бештар сабт ва филмҳои видеоӣ ва мавъизаҳои донишмандонро аҳамият медиҳанд. Ва ба ҳамин восита маърифати динӣ ҳосил мекунанд. Ҳаром ва ҳалолро мешиносанд.

Сабти мавъизаҳо илмӣ, шаръӣ ва дар доираи талаботи таълимоти Имоми Аъзам (р) бояд бошанд.

Ва ин назорат на ба хотири маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд ва инсон, бахусус, мусалмонҳои кишвар нест, балки барои таъмини бехатарии таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, амнияти дохилию фарҳангӣ ва муназзам сохтани фазои иттилоотии динии кишвар ва нигоҳдошти шуури динӣ дар ҷомеа аҳамияти бузург дорад. Воридшавии осебпазирӣ дар маърифат ва шуури динӣ ва тафаккури мазҳабӣ пешгирӣ карда мешавад. То муғризини миллати тоҷик натавонанд байни суннӣ ва шиъӣ шӯр барангезанд. Дар байни суннӣ ва шиъа омилҳои фарқкунанда дар масоили шаръӣ бисёр аст ва аз ҳамин сабаб аз камиттилоотӣ ва камхабарии аксари кулли мардуми мутаддайини кишвар аз ин тафовутҳои мазҳабӣ дар замони муосир бемазҳабон ва мухолифони ин марзу бум хуб истифода хоҳанд кард. Таълимоти Абӯҳанифа таҷассумгари сулҳу салоҳ ва эҷодгари муҳаббат ва ваҳдати уммати исломӣ ва инсонӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Фирқае, ки худро зодаи Маймун пиндоштаанд ва ақида доранд, ки Маймун дар натиҷаи меҳнат ба инсон табдил ёфтааст, боз иддао накунанд, ки дини ислом афюн, яъне хатарнок ва таълимоти он боиси ихтилоф дар ҷомеа мебошад.

Дар ин маврид низ таълимоти Имоми Аъзам (р) ва мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат омил ва мизони асосӣ ва пешгирикунандаи ақидаи ботил ва ахлоқи сирояткунандаи ҳамагуна тоифаи хавориҷи суннатситез, саҳобаситез ва мазҳабгурез мебошад. Таълимоти мазҳаб дар ин маврид барои ҳар инсон ва шаҳрвади кишвар бештар аҳамияту қимат пайдо мекунад ва ба ҳамагон равшан мегардад, ки барои ҳар фарде, ки дорои шууру хирад аст, ин нукта азизу мукаррам аст. Камхабарон ин нуктаро дарнаёбанд.

Мазҳаби ҳанафӣ – омилигустариши забони тоҷикӣ – форсӣ

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳуҷҷату бурҳонҳои динӣ ва илмӣ бармеояд, забони тоҷикӣ таърихи дуру дарозро доро мебошад. Забони тоҷикӣ дар навбати худ инъикоскунандаи саргузашти таърихи башарият ва осорхонаи зиндаи миллати тоҷик аст. Мо низ дар навбати худ оиди пайдоиш, аҳамият, моҳият ва таърихи забони тоҷикӣ маълумот намедиҳем. Балки густариши забони тоҷикиро мухтасаран дар замони ривоҷу равнақи дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ хоҳем гуфт, то бошад аҳамияти мазҳаб пеши чашми хонандаи азиз раҳматафшонӣ намояд.

Баъди густариши дини ислом ва ҷаҳонгир шудани таълимоти он бисёр забонҳои дунё ба василаи дини ислом аз нестшавӣ наҷот ёфтанд. Аз ҷумла баракати дини ислом низ ба забони тоҷикӣ – форсӣ насиб гардид.

Тибқи ривояти саҳеҳ, Расулаллоҳ (с) дар замони ибтидои густариши дини ислом ба даъвати дигар халқиятҳои гуногуни дунё пардохт. Дар атрофи Расулаллоҳ (с) намояндагони миллатҳои гуногун ба хотири Худо ҷамъ омада буданд. Салмони Форсӣ низ аз ҷумлаи чунин мусалмонҳо буд. Нажодпарастӣ ва қавмпарастӣ аз ҷониби дини ислом маҳкум карда шуд. Тибқи дастуроти қуръонӣ, мусалмони комил он аст, ки ба тақво мебошад. Дар асоси ҳамин принсипи тақво оҳиста – оҳиста завлонаҳои қавмпарастӣ ва нажодпарастӣ сусту заъиф шудаву рӯ ба таназзул ниҳоданд. Дар ҷазират-ул-араб бо баракати дини ислом маркази тамаддуни исломӣ ва инсонӣ эҷод гашт. Таълимоти ислом қавмҳои гуногуни арабиро ба ҳам пайванд намуд.

Зарурияти даъвати давлатҳо ва кишварҳои Форс ба дини ислом ба миён омад. Ба ҳамин хотир, бо амри Расулаллоҳ (с) аввалин тарҷумаи сураи Фотеҳа ба забони тоҷикӣ – форсӣ аз ҷониби Салмони Форсӣ (р) суръат гирифт. Ва ҳамин тарҷумаи сураи Фотеҳа бо забони тоҷикӣ ба диёри Форс ирсол карда шуд. Ҳарчанд, ки баъди солҳои баъди диёри Форс исломро пазируфтанд. Аввалин нафаре, ки забони тоҷикӣ – форсиро эътироф намуд, Расули раҳмат (с) мебошад. Ва аввалин тарҷумаи Қуръон бо забони тоҷикӣ – форсӣ дар замони худи Расули раҳмат (с) анҷом гирифтааст. Ва аввалин тарҷумони сураи Фотеҳа, яъне аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ – форсӣ ҳазрати Салмони Форсӣ (р) мебошад. Ва ин ришта ба ковишҳои илмӣ бештар ниёзе дорад. Дар ин нуқта дарёфтем, ки забони тоҷикӣ бо баракати таълимоти Расули раҳмат (с) ҳуввият ва асолати худро аз нестшавӣ нигоҳ дошт.

Фалсафаи дини Зардуштӣ ва моҳияти фалсафаи Юнони қадим оҳиста – оҳиста моҳият ва ҷойи худро ба таълимоти дини ислом иваз намуд. Донишмандони мардуми кишварҳои мусалмоннишини Форс ба тарҷума ва фарогирии забони арабӣ ва Қуръони карим пардохтанд. Мубодилаи афкор ва якҷояшавии тамаддуни исломӣ ва мардуми мусалмоншудаи Форс оғоз гардид. Забони тоҷикӣ – форсӣ мақом ва манзалати таърихии худро дар замони интишори дини ислом хеле пурқувват намуд. Илми тарҷума ва забономӯзӣ хеле ривоҷ ёфт. Илми таърих хеле пешрафт намуд. Захираи забони тоҷикӣ хеле ғанӣ гардид. Илми шарҳ ва тафсир бо забони тоҷикӣ оғоз гардид, ки қабл аз зуҳур ва қабули дини ислом вуҷуд надошт. Илми луғат ва вожашиносӣ низ пурқувват гардид.

Баъди истиқлолияти мазҳаби ҳанафӣ дар кишвари Эрон ва манотиқи Осиёи Миёна баракат ва ривоҷу равнақ насиби забони шакарбори тоҷикӣ гардид. Зеро беҳтарин донишмандон ва хирадмандони ин манотиқ асарҳо ва эҷодиёти хешро бо забони тоҷикӣ – форсӣ менигоштанд. Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рудакӣ (р), Абулқосим Муҳаммади Фирдавсӣ (р), шайх Саноӣ (р), Аттори Нишопурӣ (р), Ҷалолиддини Балхӣ (р), Шамси Табрезӣ (р), Анварӣ (р), Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (р), Шамсиддин Муҳаммад хоҷа Ҳофизи Шерозӣ (р), Ҷарири Табарӣ (р), Муҳаммад ибни Сайид Бурҳониддин Ховандшоҳ ибни Камолиддин Маҳмуд (р), Абӯали ибни Сино (р), Умари Хайём (р), Муҳаммад Ғаззолӣ (р), Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (р), Камолиддин Биноӣ (р), Алишер Навоӣ (р), Абӯрайҳони Берунӣ (р), Аҳмади Дониш (р), Шақиқи Балхӣ (р), Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (р), Мавлоно Яъқуби Чархӣ (р), Хоҷа Ҳусайни Кангуртӣ (р), Шайх Кулол (р), хоҷа Баҳовуддин (р), Абӯсаиди Абӯлхайр (р), Бобо Куҳӣ (р), Аҳмади Ҷомӣ (р), Муҳаммад Иқбол (р), Сайидои Насафӣ (р) ва садҳо тани дигар аз донишмандон ва хирадмандонро метавон ном бурд, ки аз аҳли суннат ва ҷамоат буда, асарҳои таърихӣ ва динӣ, тарбиявӣ ва фалсафии худро бо забони тоҷикӣ – форсӣ эҷод кардаанд. Сарчашмаи эҷодиёти ин донишмандон таълимоти Қуръон ва аҳодиссуннабӣ мебошад.

Забони шеъри тоҷикӣ дар замони худ саропо шарҳ ва баёни маъонии қуръонӣ буд. Ҳусну латофати баёни қуръонӣ бо забони шеъри тоҷикӣ пуртароват зоҳир мегардид. Забони шеъри Шайх Саъдӣ (р) ва Шамсиддин Ҳофиз (р), Шайх Камоли Хуҷандӣ (р) ва шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ (р) тоҷикист ва дар навбати худ ин орифон дар қолаби назм таблиғкунандаи таълимоти Қуръон ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошанд. Истиқлолияти забони тоҷикӣ – форсӣ бо шарофати таълимоти ислом ва мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат ҳифозат гардид. Забони тоҷикӣ дар навбати худ забони асосии муоширати пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар қаламрави сарзамини Эрон ва Бухорову Самарқанд гардид. Забони давлатӣ ва гуфтугӯйи мардуми манотиқи ҷумҳуриҳои ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ва Афғонистону Ҳиндустон забони тоҷикӣ – форсӣ буд.

Дар замон ва қаламравӣ давлати Сомониён мазҳаби ҳанафӣ ва забони тоҷикӣ омили асосии ваҳдат ва якпорчагии кишвар ба ҳисоб мерафт. Яккамазҳабӣ дар ин кишвар ҳукмрон буд. Мазҳаби ҳанафӣ тавассути забони тоҷикӣ ва пайравони аҳли тариқати нақшбандия ба Ҳиндустон ва як қисмати Хитой интиқол ёфт. Беҳтарин биноҳои шарқӣ, яъне мусалмонӣ дар Ҳиндустон ва Самарқанду Бухорои шариф қомат рост намуданд. Дар баробари истиқлолияти мазҳаби ҳанафӣ истиқлолияти забони тоҷикӣ густариш ва комил мешуд. Шайх Саъдӣ (р) гуфт:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Саъдӣ (р) ҳамчун як шахсияти рӯҳонӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳамдиёрони худро ба бозомӯзии забони тоҷикӣ – форсӣ даъват мекунад. Лаззат ва фасоҳату баёни забони тоҷикӣ дар навиштаҷоти шайх Саъдӣ (р) ҳифозат мешавад:

Гурбаи мискин агар пар доштӣ,

Тухми гунҷишк аз замин бардоштӣ.

Ин ду шохи гов агар хар доштӣ,

Ҳеч касро назди худ нагзоштӣ.

Дар замони ривоҷу равнақи мазҳаби ҳанафӣ дар давлати Сомониён забони тоҷикӣ тавассути катибаҳои шеърӣ дар пештоқи гумбазҳо ва кандакориҳои чӯбини мадрасаҳо нигошта мешуд. То ҷое таъсири забони тоҷикӣ таъсиркунанда гашт, ки катибаҳои сангҳои болои қабрҳо бо шеъри дарӣ зиннат меёфтанд. Ҷавобномаҳоро бо забони тоҷикӣ навишта, андаруни қабр мегузоштанд.

Мазҳаби ҳанафӣ барои пешрафт ва такомули забони тоҷикӣ – форсӣ шароити мусоид фароҳам меовард. Шуарои орифтабиат маъонии таълимоти дини исломро дар қолаби шеър манзури ҳамагон намуданд.

Мақсад аз офариниш ва навишти «Шоҳнома» рақсу бозӣ нест, балки ибрат гирифтан аз таърихи гузаштаи инсоният мебошад. Ҳар нафаре ва миллате, ки гузаштаи худро фаромӯш ва гузаштаи худро гум мекунад, ояндагон низ эшонро фаромӯш ва гум мекунанд.

Бузургӣ ва ҷаззобияти шеъри орифонаи Муҳаммад Ҷаъфари Рудакӣ (р), малик-ул-калом Абулқосим-ал-Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни ал-Фирдавсӣ (р), шайх Фаридуддини Аттор (р), орифи хушбаён Абусайди Абулхайр (р), Абулҳасан Алӣ ибни Шамсулислом ал-Байҳақӣ (р), Абӯрайҳони Берунӣ (р) ва дигарон низ дар ҳамин нуҳуфта аст. Бузургони мазкур дар мактаби пурбаракат ва пурифтихори дини ислом ба камол расидаанд. Дурандешӣ, сабру субот, хастанопазирӣ, таҳаммулпазирӣ, диндӯсдорӣ ва ифтихори ватандорию ватандӯстии ин бузургони дину ватан аз таълимоти орифона ва суфиёнаи Имоми Аъзам (р) маншаъ гирифтааст. Муаррихи бузург Муҳаммад Фирдавсии Тусӣ (р) гуфт:

Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Дар ин маврид мақом ва манзалати муаррихи бузург ва шоири ватандӯст ошкортар мегардад. Худ иқрор мекунад, ки ранҷи кашидаи ман дар муддати сӣ сол ба хотири сармоя ва ба даст овардани матоъи дунё набуд, ки бехабарон мепиндоранд. Балки ба хотири зинда ва ҷовидон мондани забони тоҷикӣ- форсӣ буд. Зеро баъди таҳоҷуми Искандари Мақдунӣ ва аз ҷониби ӯ оташ задани нусхаҳои қадимаи китоби Авесто, ки дар пусти ҳайвонҳо навишта шуда буданд, бархе ақида ва фалсафаи Юнони Қадимро пазируфтанд. Ва аз ҷониби дигар интишори анвори пурфайзу баракати дини ислом дар манотиқ ва сарзаминҳои форс ва тоҷикнишин таҳҳавулоти ғайричашмдоште зуҳур намуд. Гаравидагони фалсафаи Афлотуну Арасту ва қисмати зиёде оташпарастону имоновардагон ба Аҳурамаздо ва Аҳреман баъди шинохти таълимоти ислом ба парастиши Худои воҳид пардохтанд.

Дигар мардуме, ки бо идрори гов ғусл мекарданд ва бар ситора ва моҳу хуршед саҷда мекарданд, аз оташ талаби ризқу рӯзӣ ва амнияту бехатарӣ ва шифову тандурустӣ талаб мекарданд, дучори бархӯрди бузурги ақидаи яктопарастӣ қарор гирифтанд. Аз бехабарӣ ва ё камхабарӣ аз таълимоти дини ислом хатари ҷиддии омехташавӣ ва аз байн рехтани ҷузъу пайкараи забони тоҷикӣ ба миён омада буд. Забонситезӣ аз ҷониби баъзе арабгароён ва дӯстдорони фалсафаи юнонӣ шиддат мегирифт. Ҳол он ки, дини ислом кафолат ва амнияти тамоми халқиятҳо ва забонҳоро дода буд. Зеро ҳамаи халқият ва забонҳои гуногун офарида ва неъмати илоҳӣ мебошанд. Гулҳои гуногун зеби боғу чамананд. Ва мухталиф будани забонҳо аз зебо ва гуворо будани онҳо шаҳодат медиҳад. Дар чунин шароти мураккаб ва тақдирсоз барои халқи тоҷик ва забони тоҷикӣ-форсӣ Фирдавсӣ (р) дар асоси таълимоти Қуръон ва Расули раҳмат (с) ба дифои забони тоҷикӣ саъю талош варзид.

Таълимоти дини ислом дар қаламрави Эрони бузург ва Осиё ба воситаи мактаби ҳанафӣ интишор ёфт. Мутафаккирони бузургу донишмандони дуранандеш ва мусалмонони форсу тоҷик дар камтарин даврони таърихӣ таълимоти ислом ва мактабии фиқҳии Абӯҳанифа (р)-ро ба воситаи забони тоҷикӣ интишор намуда, дар худ ҳазм карданд.

Ва дар чунин шароити мураккаб ва бархӯрди тамаддунҳо ва адёну ақидаҳо, хатари заъиф шудани забони модарӣ ба миён омада буд. Ҳамчуноне, ки хатари зиёд ва тафриқаҳои марговар дар замони Имоми Аъзам (р) зуҳур намуд ва хавориҷу рофизия ва ҷисмияву ҷаҳмия ба ботил гаравида буданд. Абӯҳанифа дар асоси таълимоти Қуръону суннат мактаби фиқҳиро бо лутфи Худованд дар асоси далелҳои раднопазир эҷод ва поягузорӣ намуд. Ва ин мактаби фиқҳи ҳанафӣ то имрӯз барои инсоният хизмат мекунад.

Муҳаммад Фирдавсии Тусӣ (р), ки худ аз пайравони аҳноф ва мусалмони комил буд, бад-ин хотир барои ҳифозати забони тоҷикӣ ва покиву асолати он, ҳамчун як мусалмон камари ҳиммат баст. Ва дар ин ҷода Худованд ба муаррих ва шоири бузург фатҳу зафарро насиб гардонид. Муҳаммад Фирдавсии Тусӣ (р) аз лутфу карами илоҳӣ шукргузорӣ намуда, мужда медиҳад:

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбанд газанд.

Дар ин нуқта дармеёбем, ки дурандешӣ ва таҳаммулпазирии Имоми Аъзам (р)-ро Муҳаммад Фирдавсии Тусӣ (р) ба худ пазируфта ва аз рӯйи таълимоти Абӯҳанифа (р) рафтор ва фаъолият намудааст, ки муваффақияти бузурги илмӣ ва адабӣ насибаш гашт.

Мақсад аз офариниш ва навишти «Шоҳнома» рақсу бозӣ нест, балки ибрат гирифтан аз таърихи гузаштаи инсоният мебошад. Ҳар нафаре ва миллате, ки гузаштаи худро фаромӯш ва гузаштаи худро гум мекунад, ояндагон низ эшонро фаромӯш ва гум мекунанд. Нигориши «Шоҳнома» аз ҷониби ҳаким Фирдавсӣ (р) ҳеҷ гоҳ маънии онро надорад, ки бори дигар рӯй ба оташ биёрем, бар оташ саҷда кунем. Аз оташу исторагон ризқу рӯзӣ ва талаби офият намоем. Маздаксиришту маздакманиш шавем ва бо идрори гов ғуслу таҳорат намоем! Балки дӯстдори забони модарӣ, кишвар ва миллати худ бошем.

Шахсияти Фирдавсӣ (р) ҳамчун як инсони комил ва мусалмони воқиф аз асрори инсон нурафшонӣ мекунад, ки баъдан сари ин нукта сухан хоҳем гуфт.

Гуфтем, ки мазҳаби ҳанафӣ дар асоси таълимоти Қуръону суннат яке аз омилҳои асосии густариши забони тоҷикӣ-форсӣ буд. Аз ҳамин лиҳоз, то имрӯз ғазалиёти Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ (р), асарҳои ахлоқӣ-динии Муслиҳиддин Саъдӣ (р), «Чаҳоркитоб»-и шайх Аттор (р)-и Нишопурӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ (р), девони Мирзо Абдулқодири Бедил (р) китобҳои дарсии донишкада ва мадориси олии исломии ҷаҳон то имрӯз пазирифта шудааст. Ба муҷарради мутолиаи ғазалиёти ринди ҷаҳонсӯз ва орифи дилсӯз – Шамсиддин Ҳофиз (р), «Гулистон»-и шайх Саъдӣ (р) ва «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддин (р) садҳо тан мусташриқини масеҳӣ аз файзу баракати ислом бархӯрдор шуда, мусалмон гаштанд. Дар ин нукта таъсирнокӣ ва хушбаёнии забони тоҷикӣ пурра ошкор мегардад. Дар навбати худ забони тоҷикӣ-форсӣ омили густариши мазҳаб ба ҳисоб меравад.

ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ)
ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ) ВА МУСУЛМОНОН

БИДЪАТИ БУЗУРГИ ФИРҚАИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ):

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  ақида доранд, ки фақат онҳо дорои тавҳиди холис ҳастанд, вале бақияи мусулмонон мушриканд ва куштани онҳо ва куштани авлодашон ҳалол ва ғорати амволашон ҷоиз ва сарзаминҳояшон ҷузъи билоди куфр ва ширк мебошад!!

Ин гурӯҳ муътақиданд, ки ҳар мусулмон, то вақте, ки ба масҷид ва қабри Расули Худо (с) табаррук ҷӯяд ва қасди зиёрати он кунад ва аз ӯ шафоат бихоҳад, шаҳодат ба калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ ва Муҳаммаду-р-расулуллоҳ» ҳеҷ суде ба ҳолаш надорад.

Инҳо мегӯянд: Мусулмоне, ки ба ин умур муътақид аст, мушрик аст ва ширкаш аз ширки аҳли ҷоҳилийят ва бутпарастон ва ситорапарастон шадидтар аст!

Ба китобҳои: «Ар-расоил-ул-амалийяту-т-тисъаҳ», таълифи Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб, с.79, «Татҳир-ул-иътиқод», таълифи Санъонӣ, с.7, 12,35, «Фатҳ-ул-маҷид с.40-41» ва рисолаи «Арбаъ-ул-қавоид» ва рисолаи «Кашфу-ш-шубаҳот», аз Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб муроҷиа шавад.

Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб дар рисолаи «Кашфу-ш-шубаҳот» ҳудуди 24 маврид лафзи ширк ва мушрикро бар тамоми мусулмонон итлоқ карда, ҷуз бар пайравони худаш ва ҳудуди бист маврид онҳоро куффор, ъуббодуласном (ибодаткунандагони бутҳо), муртаддин, мункирони тавҳид, душманони тавҳид, аъдоуллоҳ ва муддаъиёни ислом номидааст ва пайравони ӯ ҳам дар соири китобҳояшон чунин кардаанд. Оё ин ақидаи худро ваҳҳобиён аз иҷрои пешиниён нақл кардаанд ё ин ки бидъатеро муртакиб шудаанд?

Ибни Ҳазм зимни баёни асл ва қоидае чунин мегӯяд: «Ҳеҷ гоҳ мусулмон ба муҷарради як гуфта ё назаре, ки дар масъалаи эътиқодӣ изҳор кунад на кофир мешавад на фосиқ». Сипас ибни Ҳазм пешвоёни гузаштаро, ки қоил ба ин қавл будаанд, бар шумурда, то ин ки мегӯяд: «ин сухани тамоми саҳоба ҳаст, ки мо мешиносем роҷеъ ба ин масъала, ва ихтилофе дар ин маврид намебинем»,  «Ал-фисал, ибни Ҳазм», ҷ.2 с.247 ва низ ба китоби  «Ал-явоқиб вал-ҷавоҳир»-и Шаъронӣ,  мабҳаси 58 муроҷиа кунед.

Ибни Таймия худ тасриҳ кардааст, ки ҳеҷ кас ба ҷуз хавориҷ, фарди мусулмонеро ба иллати гуноҳ ва изҳори назар кофир надонистааст, «Маҷмӯаи фатвоҳои ибни Таймия, ҷ.13, с.20».

Бинобар ин ваҳҳобиён (салафиён)  дар ин бидъаташон ба ҳеҷ гурӯҳе аз гузаштагон иқтидо накардаанд, магар хавориҷ!!

چهرهئ واقعی وهّابیت (سلفیت

ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ)

Душанбе-2008

Чеҳраи  воқеии   ваҳҳобийят (салафийя)

Таҳийяи АБДУҶАББОРИ АМИНЗОДА

Муҳаррир: Пулод Нуров

Душанбе-2008

Нашриёти «Шарқи озод»

Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ин рисолае, ки аз сӯи Абдуҷаббори Аминзода баргардон шудааст, бисёр рисолаи хубест барои шинохти мазоҳиб билхусус барои ошноӣ ба ҷараёни «Ваҳҳобийят (салафийя)». Чоп ва нашри ин рисола ва чунин рисолаҳои баландмазмун мушти  муҳкамест, барои тарафдорон ва ҷонибдорони ин гуна равия ва ҷараёнҳо. Махсусан дар ин рӯзҳо, ки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро соли «Имом Абуҳанифа» эълон кардааст. Ин эълони Президенти муҳтарам  ва чопи ин рисола: «Чеҳраи воқеии ваҳҳобийят (салафийя)» туҳфаи хубест барои ҳанафимазҳабон ва дӯстдорони ин имоми бузургвор.

Раиси Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳ Неъматзода

Ба номи Худованди тафсири   дил,

Зи фазлаш ҳама шармсору хиҷил.

Дебоча

Арзиши ҳар миллат дар ҷаҳонбинӣ ва сатҳи фарҳангии он бастагӣ дорад. Тавоно сохтан ва густурда гардондани сатҳи фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии мардум ҷуз бо амнийят ва иқтисоди хуб муяссар намегардад. Пас ҳар миллате, ки ин ду дурри гаронбаҳоро бо ин ду неъмати бебаҳо ҳосил намуд,  ғолиб аст бар ситамгарону душманони худ. Чунки силоҳи аслии душман  ноамн кардан ва зарба задан ба иқтисод аст.

Ҳамон тавр ки медонед, душманони дин ва миллат ҳамеша дар ҷангу ситез ҳастанд ва ҳамвора талош мекунанд, ки онҳоро ба ҳар воситае аз миён бардоранд. Ин шеваи ҳамешагии онҳост. Ин душманӣ ба тавре амиқ аст, ки дар ин роҳ ҳозиранд ҳамаи чизи худро фидо намоянд ва дар тӯли таърих душмании худонобоварон аз худобоварон ба қадре зиёд будааст, ки бахши муҳиме аз таърихро ишғол намудааст. Фақат Худо медонад онҳо чӣ балоҳои бузурге ба сари мусулмонон оварда ва чӣ гуна онҳоро ба сабабҳои гуногун саргардону овора кардаанд?! Хонаводаҳои онҳоро ба бадтарин вазъ ба ҳалокат расонидаанд. Акнун ҳам мебинед, ки чӣ гуна мусулмононро дар зиндонҳои худ шиканҷа медиҳанд. Бинобар ин худатон қазоват кунед, ки оё онҳо сазовори дӯстӣ ҳастанд?!

Ҳамватанони азизу гиромиқадр ҳаргиз мо дунболи ҳар гурӯҳ тақлиди кур-курона накунем. Баъзе аз мардум тақлидкунандаи чашму гӯшбастаи дигарон ҳастанд ва ҳеҷ вақт аз худ ирода нишон намедиҳанд, гӯё Худованд ба онҳо иродае надодааст. Аз ҳамин ҷиҳат, бояд гуфт, ки рӯи замини Худо роҳ мераванд, мехӯранд, мехобанд ва умри худро ҳамчунон барҳадар медиҳанд. Шакке нест, ки чунин касон дар радифи бемасъулияттарин инсонҳо ҳастанд ва ҳарчи ки мешунаванд барои ину он бозгӯ мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки агар мехостанд, метавонистанд ба корҳои муфиде машғул бошанд. Танҳо рӯҳи танбалӣ онҳоро ба ин вазъ даровардааст.

Инсон бояд фикри худро ба кор андозад. Дар оёти Қур-они маҷид ва дар ривоёти мувассақ ба андешаю тафаккур бисёр аҳамийят дода шуда ва мавриди таъкид қарор гирифтааст. Аз ҷониби Худованд ба инсон сармояи азими ақл ва тафаккур дода шуда, ки василаи саодати абадии ӯст. Агар аз он истифода накунад дар ҳадди як ҳайвон боқӣ монад. Аз ин ҷиҳат  Паёмбар (с) фармудаанд: «Соате аз тафаккур беҳтар аз ҳафтод сол ибодат аст».

Худованд дар Қур-они маҷид мефармояд: «Аҳли ҷаҳаннам мегӯянд: Агар сухани ҳақро мешунидему тафаккур мекардем, дар зумраи аҳли ҷаҳаннам қарор намегирифтем».

Инсони диндор ба ҳеҷ чиз беш аз дини худ аҳамийят намедиҳад ва маъмулан, ҳамаи масоили зиндагиро таҳти таъсири дини худ қарор медиҳад. Бисёре аз мардум, ки ақидаҳои муҳкаме надоранд, чунин нестанд ва аз ҳамин ҷиҳат, гоҳе мебинем, ки баъзе аз онҳо барои баъзе аз масоил бароҳатӣ имони худро аз даст медиҳанд. Ин воқеан, хеле шармовар аст. Инсоне, ки иддаои диндорӣ мекунад, мазҳаби худро нодида мегирад, масалан барои кори ночизу камаҳамийят амалҳоеро бар хилофи дин ва мазҳаби хеш  анҷом медиҳад. Ҳақиқат ин аст, ки чунин касон худро ислоҳ кунанд ва нисбати вазифаҳои худ ҷиддӣ бошанд, вагарна ҳаргиз наметавонанд ба унвони як мусулмони воқеӣ анҷоми вазифа кунанд ва табъан ба тадриҷ дар радифи беимонҳо қарор хоҳанд гирифт.

Бинобар ин мо бояд аз ин неъмати бузурги маънавӣ, ки Худо ба мо додааст яъне ақли солим ва тафаккур, дуруст истифода кунем. Ҳар амале, ки анҷом медиҳем чӣ аз нуқтаи назари иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ… бояд, ки муҳаққиқона бошад на бо тақлидҳои кӯр-кӯрона ақли солимро кор нафармуда, тафаккур накарда, дунболи ҳар гурӯҳи зархариди дар либоси ислом тайёркардаи душманони дину миллат биравем, оқибат дину диёнату ватанро зери хатар қарор бидиҳем, чунон ки бузургон гуфтаанд: «Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ».

Аз ин ҷост, ки ҳар гуна фирқаву ҷараёнҳои шӯрангезу авомфиреби динӣ солиёни ахир барои ба бероҳа кашондан ва саргум кунондани ҷавонони мусалмон дар ҷомеаи мо бо шиддат зуҳур мекунанд, то бад-ин васила ононро аз ақоиди ноби мазҳаби аҳли суннат ва алалхусус мактаби фиқҳии ҳанафийя дур  андохта, аз онҳо афроди бемоҳийят ва лоуболе созанд.

Мардуми тоҷик дар солҳои 90-ум гирифтори чунин як мусибати фоҷиъаборе шуданд ва душманони миллати мо бо эҷоди зиддиятҳо миёни мардум зарбаи ҷуброннопазир  ба амнийят ва иқтисоди мо ворид карданд, ки ҳаргиз ин миллат фаромӯш нахоҳад кард.

Ағлаби мардуми Тоҷикистон  мусалмонанд ва пайрави мазҳаби «Имом Абуҳанифа» мебошанд. Ва дар пайравӣ аз  мазҳаби ин имом пешвоёни саршиносе чун Муҳаммаду  Абуюсуф, Алӣ Қорӣ, Абулаъло Мавдудӣ… ва фақиҳони бузургвори дигар зиёд дорад: Пас ниёзе ба пешво ва роҳнамои дигаре, ки худ намедонанд кӣ ҳастанд ва чӣ мехоҳанд, надорад. Ҳанӯз он доғи   мусибати бузурги солҳои гузашта  аз дили ин миллат зудуда нашуда, имрӯз мардум иҳсос намуданд, ки хатари эҷоди муқобилийяти нави динӣ ҷомеъаи моро таҳдид мекунад ва ин хатарро ном: «салафийя» аст. Ҷараёни ваҳҳобийят, ки имрӯз зери ниқоб таҳти унвони салафийя дар кишвари мо зуҳур намудааст, яке аз намунаҳои барҷастаи ин қабил равияҳои зиёноварест, ки ба ҳар васила дар ҷомеаи ҳанафимазҳаби Тоҷикистон ворид сохтани халал ва нифоқу беаҳлии динӣ-мазҳабиро ҳадаф дорад. Вуҷуди салафийя барои мо ҷуз бадбахтӣ чизе нахоҳад овард, бинобар ин лозим донистем, ки моҳийяти ин ҷараён, таърихи пайдоиш ва густариши ин маслакро ба мардуми шариф ва сулҳҷӯи тоҷик баён намоем.

Салафийя ин ҳамон ваҳҳобийят аст, ки имрӯз дар нуқтаҳои гуногун ба ин чеҳра зоҳир гаштааст. Кайҳост: ин чеҳра дар тамоми ҷаҳон шинохта шуда ва инҳо маҷбур шуданд барои пешбурди ғояҳои хеш тағйири ном диҳанд, ки имрӯз инҳо (салафиҳо) ба либоси аҳли суннат ё пайрави мазҳаби ҳанафӣ худнамоӣ мекунанд. Аслан, инон на пайрави аҳли суннатанду на пайрави Имом Абуҳанифа. Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) мардумро фиреб дода худро аз салафи солиҳини даврони Паёмбар (с) меҳисобанду лекин дар амал бани Умайяро меситоянд, хусусан Язид ибни Муовия ва худи Муовияро. Акобири уламои аҳли суннат дар китобҳои муътабараи худ монанди Имом Аҳмади Ҳанбал дар «Муснад»

Имом Саълабӣ ва Имом Фахри Розӣ дар тафсир.

Ибни Абилҳадид дар «Шарҳи Наҳҷ».

Муҳаммад бини Юсуф Ганҷӣ Шофеъӣ дар «Кифояту-т-толиб».

Сабъ ибни Ҷавзӣ дар «Тазкира» .

Сулаймон Балхӣ Ҳанафӣ дар «Яноби-ул-мавадда».

Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар «Маваддат-ул-қурбо».

Дайламӣ дар «Фирдавс».

Муслим бини Ҳаҷҷоҷ дар «Саҳиҳ».

Муҳаммад бини Талҳаи Шофеъӣ дар «Матолибу-с-суул».

Ибни Сабоғи Моликӣ дар «Фусул-ул-муҳимма».

Ҳоким дар «Мустадрак».

Хатиби Хоразмӣ дар «Маноқиб»

Иброҳим Ҳамуйинӣ дар «Фароид».

Ибни Мағозалӣ Шофеъӣ дар «Маноқиб».

Имом ал-Ҳарам дар «Захоир-ул-ъуқбо».

Ибни Ҳаҷар дар «Савоиқ», нақл намудаанд ба алфоз ва ибороти мухталифа муҷмалан ва муфассалан, ки Расули Худо (с) фармуд: «Ман сабба ъалийян фақад саббанӣ ва ман саббанӣ фақад саббаллоҳ» Ҳар кас сабб ва шатм (ҳақорат ва дашном) кунад Алӣ (к.в)-ро маро сабб ва шатм намудааст ва касе, ки маро сабб ва шатм намояд Худоро сабб ва шатм намудааст.

Ахборе, ки далолат дорад бар ин, ки озор ва азияти Алӣ (к.в)-ро муҷиби малъун будани озоркунанда мешавад, монанд хабареро, ки Дайламӣ дар «Фирдавс» Сулаймон Ҳанафӣ дар «Яноби-ул-мавадда» ба асноди мухталифа ва дигарон нақл намудаанд, ки Расул (с) фармуданд: « (ман азо ъалийян фақад азонӣ ва ман азонӣ фаъалайҳи лаънатуллоҳи). Ҳар кас азият  кунад Алӣ (к.в)-ро маро азият намуда ва касе, ки маро азият   намуда ба ӯ бод лаънати  Худо.

То ҷое, ки ибни Ҳаҷари Маккӣ дар «Савоиқ-ул-муҳриқа» болотар ба наҳви умум хабари сабб ва лаъни ъитрат ва аҳли байти Расули Акрам (с.)-ро нақл намуда, ки Расули Акрам (с) фармуд: «Ман сабба аҳла байтӣ фаиннамо яртадду ъаниллоҳи в-ал-исломи ва ман озонӣ фӣ ъитратӣ фаъалайҳи лаънатуллоҳ». Касе ки сабб ва шатм намояд аҳли байти маро пас ҷуз ин нест, ки аз дини Худо ва ислом муртад гардида ва касе ки маро азият кунад дар ъитрати ман пас ба ӯ бод лаънати Худо.

Аз Паёмбар (с) Умар бини Хаттоб (р) ривоят карданд, ки Расули Акрам (с) фармуд: «Фарзандони духтари ҳар кас ба падарашон нисбат дода мешаванд, аммо фарзандони духтари ман Фотима ба ман нисбат дода мешаванд.

Инҳо на ин ки фарзандони Паёмбар (с) яъне Имом Ҳасан (р) ва Имом Ҳусайн (р) ду пораи тани Расулуллоҳ (с) сайиди ҷавонони аҳли биҳиштро азият ва озор доданд, балки онҳоро ба ҳалокат расонданд. Якеро заҳр дода дигареро сар бурида ба шаҳодат расониданд. Ин бузургтарин ҷиноятест  дар таърихи башарият нобахшиданӣ, ба пораи тани Расулуллоҳ (с), беҳтарин Ҳабиби Худо сайиди ҷавонони аҳли биҳишт, содир намуданд. Ҳангоме ки мо мегӯем аҳли суннат ҳастем, пас бояд аҳли суннати воқеъӣ бошем. Бояд андеша кард, ки манбаъи суннат ҳазрати Муҳаммад (с.) аст. Модоме ки чунин бошад мо бояд аҳли суннати воқеъӣ бошем, аз падару модару зану фазанду молу амволу ҳамаи чизи дунё баъди Худо, Муҳаммад (с)-ро дӯст дошта бошем. Ҳар касе ки набошад ҳанафию шофеъӣ, моликию ҳанбалӣ ҳама дар ҳолати  гӯзоридани намоз Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва Оли Муҳаммад мегӯем, дар ҳар  намоз, инсоне, ки хуни мӯъминӣ дорад баъди Муҳаммад (с) Оли-Муҳаммад гуфтан чун ойина ин таърихи нангини Оли-Муҳаммад пеши рӯ меояд.

Имом Аҳмади Ҳанбал дар «Муснад» ба тариқи мутааддад нақл намуда, ки Расули Акрам (с) фармуд: «Ман  озо ъалийян баъаса явм-ал-қиёмати яҳудийян ав насронийян». Касе ки азият кунад Алӣ (к.в.)-ро зинда шавад рӯзи қиёмат яҳудӣ ё насронӣ  яъне мусулмон нахоҳад буд.

Дар китобҳои муътабари акобири уламои аҳли суннат аз қабили тафсири Ҷалолиддини Суютӣ.

Тафсири Имом Саълабӣ.

«Маваддат-ул-қурбо»-и Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ.

«Муснад»-и Имом Аҳмад бини Ҳанбал.

«Савоиқ»-и ибни Ҳаҷар.

«Маноқиб»-и Хоразмӣ.

«Фазоил»-и ибни Мағозалӣ Шофеъӣ.

«Яноби-ул мавадда»-и Сулаймон Балхӣ Ҳанафӣ.

Шарҳи «Наҳҷ-ул-балоға»-и ибни Абилҳадид.

«Авсат»-и Тибронӣ.

«Захоир-ул-ъуқбо»-и Имом ал-Ҳарам.

«Хасоис-ул-ъалавӣ»-и Имом Абдураҳмон Нисоӣ.

«Кифояту-т-толиб»-и Ганҷӣ Шофеъӣ.

«Матолибу-с-суул»-и Муҳаммад бини Талҳаи Шофеъӣ.

«Тазкират-ул-хавос»-и Сабт ибни Ҷавзӣ.

«Фусул-ул-муҳимма»-и ибни Сабоғи Моликӣ ва дигарон ба алфоз ва ибороти мухталифа дарҷ гардида, ки Расули Акрам (с) фармуд: «Ло юҳиббу ъалийян илло мӯъминун вало юбғизуҳу илло кофирун» Дӯст намедорад Алӣ (к.в.)-ро магар мӯъмин ва душман намедорад ӯро магар кофир-магар  мунофиқ.

Ин гурӯҳ ба хотири хусумате, ки ба ҳазрати Алӣ (к.в.) доранд қорие, ки дар охири тиловати Қур-он садақаллоҳ-ул-ъали-й-юлъазим гӯяд эрод мегиранд, ки садақаллоҳ-ул-ъазим нагуфт.

Инҳо то чӣ андоза тангназаранд, мафкураҳояшон танг аст, ки дарк намекунанд вақте ки алиф-лом бо исми Алӣ (яъне ал-Алӣ) омад ин исми Аллоҳ (ҷ.) мешавад на Амирулмӯъминин Алӣ (к.в.) ба хотири хусумат бо Алӣ (к.в.) исми Худоро ба забон овардан ба худ ор медонанд. Ё ин ки шахсе ҳангоми салавот фиристодан ба Пайғамбар (с)  Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва оли Муҳаммад гӯяд, ё салаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи Муҳаммад гӯяд эрод мегиранд, ки–оли Муҳаммад гуфт. Саҳиҳ Бухорӣ дар китоби «Аддаъавот бобу-с-салот ъала-н-набӣ ҳ.6357». Саҳиҳ Муслим дар  «Китобу-с-салот бобу-с-салот ъала-н-набӣ баъда-т-ташаҳҳуд, ҳ.405-406» ба ин мазмун, ки аз Расули Худо (с) савол шуд, чи гуна бар шумо салавот бифиристем? Фармуд: бигӯед: Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад.

Чунончи Муҳаммад бини Юсуфи Ганҷӣ Шофеъӣ дар охири боби 3-и «Кифояту-т-толиб» Муҳаммад бини Манзури Тӯсӣ гуфт мо дар назди Имом Аҳмад бини Ҳанбал будем, марде ба ӯ гуфт ё або Абдуллоҳ чӣ мегӯи дар ҳадисе, ки нақл менамоянд аз қавли Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу, ки фармуд: Ано қосиму-н-нор. Яъне ман қисматкунандаи аҳли оташ мебошам. Аҳмад гуфт кист, ки инкор намояд ин ҳадисро магар на ин аст, ки мо ривоят намудаем аз Расули Худо (с), ки ба Алӣ (к.в.) фармуд: Ло юҳиббука илло мӯъминун вало юбғизука илло мунофиқун. Яъне туро дӯст намедорад магар мӯъмин ва душман намедорад магар мунофиқ-гуфтам бале чунин аст. Онгоҳ Аҳмад матлабро тавҷеҳ намуд, гуфт пас мӯъмин дар куҷост, гуфтем дар биҳишт, гуфт мунофиқ дар куҷост гуфтем дар оташ, гуфт пас саҳиҳ аст, Алӣ (к.в.) қисматкунандаи оташ аст. Яъне душмани Алӣ

(к.в.) мунофиқ аст ба фармудаи Пайгамбар (с). Ва мунофиқ ба ҳукми ояи-144 сураи нисо. Инн-ал-мунофиқина фиддарк-ил-асфали мина-н-нори валан таҷида лаҳум насиро. Албатта мунофиқро дар ҷаҳаннам пасттарин ҷойгоҳ аст ва барои онон ҳаргиз ёваре нахоҳи ёфт.

Аллома Самҳудӣ ва Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар «Торих-ул- мадина» ва ибни Халкон ва ибни Асокир ва Табарӣ дар таърихи худ ва ибни Абилҳадид  дар  «Шарҳи Наҳҷ, ҷ.1» ва дигарон аз акобири аҳли суннат навиштаанд, ки Муовия ба Буср дастур дод, ки ҳаракат кун бо лашкари худ  аз самти Мадина ва Макка ба Санъо ва Яман ва ҳамчунин ба Заҳҳок бини Қайс ал-Феҳрӣ ва дигарон гуфт. Ба ибороте, ки Абулфараҷ нақл намуда ба он амр ва дастури шадид бо се ҳазор лашкари ҷаррори хунхор ҳаракат карданд. Дар Мадина, Санъо, Яман, Тоиф ва Наҷрон ва дар байни роҳ он қадар аз муслимину мӯъминин ҳатто занон ва тифлҳо куштанд, ки ба аъмоли ӯ сафаҳоти таърих нангин шуд. То онҷо, ки вақте дар Яман расиданд, ки Абдуллоҳ бини Аббос бини Абдулмуталлиб, ки волӣ буд, хориҷ аз шаҳр буд. Ба хонаи ӯ рафт ва сари ду фарзанди хурдаки ӯ ба номи Сулаймон ва Довудро дар оғуши модар ба дасти худ бурид!?

Ибни Абилҳадид дар «Шарҳи Наҳҷ» ҷ.1, с.121, сатри аввал гӯяд, дар ин лашкаркашӣ сӣ ҳазор нафар куштанд!!.

Аз ҷумла далоили возиҳа шатм (дашном додан, ҳақорат кардан) ва лаън намудани Муовия бар Амирулмӯъминин ва амр намудани мардумро ба ин гуноҳи бузург ҳатто дар дуои намозҳо ва хутбаи намози чумъа, ки иттифоқи ҷумҳури уммат ҳатто муаррихини бегонагон аст, ки он бидъат ва амали зишт аланӣ бардавом ҳатто бар манобири маъмул. Ва ҷамъи касиреро ба ҷурми лаън нанамудан ба қатл расониданд, то хилофати Умар бини Абдулазиз, ки он бидъатро аз миён бардошт!!!. Оё Муовия дар қатли хосу оми мӯъминин ширкат надошта, оё Ҳиҷр бини Адӣ (набераи Ҳотами Той) ва ҳафт нафар аз асҳоби ӯро ба амри ӯ ба қатл нарасониданд ва махсусан Абдураҳмон бини Ҳиссон ал-Ғазаниро зинда ба гӯр нанамуда, чунончӣ ибни Асокир ва Яъқуб бини Суфиён дар таърихи худ ва Байҳақӣ дар «Далоил» нақл намудаанд ва ибни Абдулбар дар «Истиъоб» ва ибни Асир дар «Комил» нақл менамоянд, ки Ҳиҷр аз кибори фузалои саҳоба буд, ки Муовия ӯро бо ҳафт нафар ба тариқи заҷр ба қатл расонид ба ҷурми он ки чаро Алӣ (к.в.) лаън нананамуда ва безорӣ аз ӯ наҷустанд?!! Дар Миср мӯъмини солиҳи комил Муҳаммад бини Абубакр (р)-ро  (бародари уммулмӯъминин Ойиша разияллоҳу ъанҳу), ки аз тарафи Амирулмӯъминин волии Миср буд ба заҷр накуштанд ва баъд ҳам, оташ заданд. Оё шаҳодати Аммори Ёсир аз кибори саҳоба дар Сиффин ба амри Муовия набуд?!! Оё ба иттифоқи акобири аҳли суннат Расулуллоҳ (с) ба Аммор нафармуд «Санақтулук-ал-фиат-ул-боғияту». Яъне зуд аст туро мекушанд, гурӯҳе, ки аҳли боғӣ (золим, ситамгар) ва туғёнанд. Оё зулму ситам аз ин ҳам зиёд мешавад?! Худо дар сураи Нисо, ояи 93, мефармояд: Ва май-яқтул мӯъминан мутаъаммидан фаҷазо-уҳу ҷаҳа-н-нама холидан фиҳо вағазибаллоҳу ъалайҳи ва лаъанаҳу ва-а-ъад-да-лаҳу ъазобан ъазимо. Ҳар кас мӯъминеро ъамдан бикушад муҷозоти ӯ оташи ҷаҳаннам аст, ки дар он ҷовид муъаззаб хоҳад буд. Худо бар ӯ хашм ва лаън кунад ва азоби бисёр шадид муҳайё созад. Ин ояи шарифа сароҳат дорад, ки ҳар кас мӯъминеро қасдан ба қатл расонад малъуни зоти бори таъоло мебошад. Ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳим ва ҷаҳаннам хоҳад буд.

Ин беинсофҳо шахсиятеро лаън мекарданд, ки  дар васфаш ибни Асокир дар «Таърихи Димишқ ҷ.1 с.391, ш.401» ба нақл аз Умар бини Хаттоб (р). Муҳибби Табарӣ дар «Риёзу-н-назра 106/2» ба нақл аз Умар бини Хаттоб (р) ва «Захират-ул-ъуқбо». Расули Худо (с) фармуд: Ё ъалӣ анта аввал-ул-мӯъминина имонан ва аввал-ул-муслимина исломан ва анта миннӣ биманзалати Ҳоруна мин Мӯсо. –Эй Алӣ (к.в.) ту нахустин имоновар аз мӯъминон бошӣ ва аввалин исломовар аз мусулмонон бошӣ ва ту нисбат ба ман ҳаммонанди Ҳорунӣ нисбат ба Мӯсо.

Ба ривояти Масъудӣ ва ибни Абдулбар ва Абулфараҷи Исфаҳонӣ ва Муҳаммад бини Саъд  дар «Табақот» Сабт ибни Ҷавзӣ дар «Тазкираҳ» ва дигарон аз акобири аҳли суннат Муовия тавасути  зане ба номи  Асмоа ба  Ҷуъда  ваъда дод, ки агар Ҳасан бини Алӣ-ро куштӣ сад ҳазор дирҳам ба ту медиҳам ва ҳамсари фарзанди худ Язид менамоям. Баъд аз шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасан сад ҳазор дирҳамро дод вале аз тазвиҷ бо Язид худдорӣ намуд.

Чунончи Абдулбар дар «Истиъоб» ва Масъудӣ дар «Исбот-ул-васила» Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар «Мақотилу-т-толибин» ва дигарон нақл намудаанд, ки Асмоа тавассути Ҷуъда ба дастур ва ваъдаи Муовия Ҳасан бини Алӣ-ро заҳр дод. Ҳатто ибни Абдулбар ва Муҳаммад бини Ҷарири Табарӣ навиштаанд, вақте хабари фавти он бузургвор ба Муовия расид такбир гуфт ва атрофиёни ӯ ҳам аз рӯи хушҳолӣ такбир гуфтанд.

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) иддаъо мекунанд, ки Муовия котиби ваҳй буд. Муовия вақте ислом оварда, ки аз даврони ваҳй каме монда  буд. Балки котиби муросалот буд. Чун Расули Акрам (с)-ро хеле озор намуда ва бадиҳо гуфта буд ва баъд аз ин ки дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ дар фатҳи Макка Абусуфиён мусулмон шуд, номаҳо барои падар навишт ва ӯро тавбиҳ ва сарзаниш намуд, ки чаро мусулмон шудӣ?. Вақте ҳам, ки худаш ночор шуд, дар асари густариши ислом дар Ҷазират-ул-араб ва хориҷ аз он мусулмон шавад. Миёни мусулмонон, ки  хиҷолатзада буд, Аббос (р) амми Расулуллоҳ (с) аз он ҳазрат дархост намуд, ки як имтиёзе ба Муовия бидиҳед то аз хиҷолат берун ояд. Ҳазрат барои риояти тақозои амми бузургвораш ӯро котиби муросалот намуд. Чунончӣ Мадоинӣ дар «Шарҳ-ул-мавоҳиб» ҷ. 3, с. 369 нақл намуда: Инна муъовията яктубу байна яди-н-наби-й-йӣ салаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи. Яъне Муовия нависандаи ҳузури Пайғамбар (с) буд. Кона Зайдубни Собитин яктуб-ул-ваҳйа ва кона муъовияту яктубу ли-н-наби-й-йӣ салаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи фимо байнаҳу ва байн-ал-ъараби. Пас Зайд бини Собит котиби ваҳй ва Муовия нависандаи байни он ҳазрат ва араб буда.

Ошкоро маълум аст, ки ин гурӯҳ   ЯЗИДИЯАНДУ  МУОВИЯӣ ва аз салафи хавориҷ, на салафи солиҳини даврони Паёмбар (с). Онҳо бо чунин суханон мардумро фиреб дода худро дар либоси ҳанафимазҳаб муаррифӣ мекунанд. Акнун шумо назар кунед ба китоби «Чаҳор имоми аҳли суннат ва ҷамоат, с.34» аз Муҳаммадрауф Таваккулӣ ва китоби «Инқилоби Карбало аз дидгоҳи аҳли суннат с.303» аз Абдулмаҷид Носири Довудӣ. Нӯъмон бини Собити Кобулӣ маъруф ба Абуҳанифа (80-150ҳ.), ки раҳбари мазҳаби ҳанафиро ба уҳда дорад, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати умавиён буд. Дар бораи андешаи сиёсии вай мехонем: «Вай дар даврони бани Умайя ва бани Аббос мезист ва аз алавиён (пайравони ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ҳаводорӣ мекард ва нохушнудии худро аз фармонравоёни Умавӣ пинҳон наменамуд». Суютӣ дар «Торих-ул-хулафо, с. 231» ва Абдулмаҷид Носири Довудӣ дар «Инқилоби Карбало аз дидгоҳи аҳли суннат, с.303-304» овардаанд, ки аҳли суннат афзудаанд, ки «Вай (Абуҳанифа) ҳарчанд худ амалан бар зидди умавиён вориди мубориза нашуд, вале нофармонӣ бар зидди онҳоро ҷоиз медонист ва шӯриши Зайд бини  Алӣ Зайнулобидинро дар соли 121ҳ. Бар зидди Ҳишом бини Абдулмалик, амали шаръӣ медонист ва онро таъйид мекард. Мавлоно Абдулқаюми Ҳақонӣ дар китоби «Мавозеи инқилобӣ ва сиёсии Имом Абуҳанифа (р.)» инҳоро зикр кардаанд. Онҳое, ки аз ин гурӯҳ худро дар либоси мазҳаби Аҳмади Ҳанбал вонамуд карда Язидро меситоянд, ба ин сатрҳо назар кунанд Ал-имом Абдуллоҳ бини Муҳаммад, дар «Ал-итиҳоф баҳс-ул-ашроф, саҳ.68». Ибни Ҷаврӣ, дар «Тазкират-ул-хавос, с.90-288» Довудӣ, дар «Инқилоби Карбало аз назари аҳли суннат с.303» овардаанд. Раҳбарони мазҳабӣ ва фуқаҳои нахустини аҳли суннат; ҳарчанд маъруф аст, ки аз миёни фақиҳон нахустин ва раҳбарони мазоҳиби асли аҳли суннат, Аҳмади Ҳанбал, Язид бини Муовияро лаън мекард ва ӯро ба далели ҷинояти Карбало ғайри қобили бахшиш ва мустаҳақи ҷаҳаннам медонист, вале воқеият ин аст, ки дигар раҳбарони аҳли суннат низ дар ин андеша бо вай иттифоқи назар доштанд.

Ибни Ҳаҷар Ҳайсамӣ Маккӣ, дар «Ас-савоиқ-ул-муҳриқа, с.134». Суютӣ, дар «Торих-ул-хулафо». Таълиқ Маҳмуд «Риёз-ул-ҳалабӣ с.211». Абдулмаҷид Носири  Довудӣ дар «Инқилоби Карбало аз назари аҳли суннат, с.299-300», чунин навиштаанд. Манобеъи таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки Язид бини Муовия, на танҳо аз сӯи фақиҳон ва олимони озодандеши аҳли суннат тард шуда ва ҳар гуна шоистагии вай барои эҳрози мақоми хилофати исломӣ шадидан инкор гардидааст, балки бархе сиёсатмадорон ва бузургони Умавӣ низ уро мақоми шоистаи хилофат надонистаанд ва машруъияти хилофат ва ҳаққонияти мавзеи ӯро дар баробари Имом Ҳусайн ба шиддат рад кардаанд. Бад-ин тартиб, ин гурӯҳ, заминаи лаъни ӯро омода донистаанд ва аслитарин монеъ барои лаъни ӯро, ки аз нигоҳи тарафдоронаш хилофати шаръӣ ӯрост бардоштаанд.

Муҳимтарин мувофиқ имомати Ҳусайн бини Алӣ ва мухолифати Язид бини Муовия, фарзанд ва ҷонишинаш, Муовия бини Язид аст, ки пас аз марги Язид, аз сӯи хонадони Умавӣ ва дарбориёни Шом барои ба истилоҳи хилофат номзад гардид. Вай дар нахустин рӯзи зимомдории хеш, бар фарози минбар қарор гирифт ва бо сароҳат умавиён ва мадуми шомро мухотаб қарор дод ва гуфт:

Ин мақоми хилофат, ресмони Илоҳӣ аст ва ҷаддам (бобоям) Муовия дар ин бора бо касе мухолифат намуд ва ба мунозиъа даст зад, ки шоистаи хилофат ва сазовортар бад-ин мақом буд. Он кас, ҷуз Алӣ ибни Абутолиб набуд, вале Муовия роҳеро бо шумо паймуд, ки худатон медонед. ӯ саранҷом дар қабраш бадеҳкори ҷароиме шуд, ки муртакиб гардид. Сипас падарам Язид ин мақомро тасоҳиб кард, дар ҳоле, ки шоистаи он набуд ва бо ин мавзӯъ бо фарзанди духтари Паёмбари Худо (с.) ба мунозаъа бархост. Вай, умраш давом наёфт ва дар қабраш барои ҳамеша дар баробари  гуноҳоне, ки муртакиб гардид, масъул хоҳад буд.

Таърихнигорони аҳли суннат, зимни нақли достони фавқ афзудаанд, ки Муовия бини Язид пас аз ин суханон, ба гиря афтод ва ҳангоме, ки ба ӯ пешниҳод гардид агар худ хилофатро намепазирад ҷонишине барояш баргузинад, посух дод аз ширинии хилофат чизе начашидам, пас таҳаммули сахтиҳои ӯро низ надорам. «Ас-савоиқ-ул-муҳриқа, с.134» аз ибни Ҳаҷар Ҳайсамӣ Маккӣ.

Ин танҳо набуд. Умар бини Абдулазиз низ, ки яке аз ҳокимони хушном ва мавриди таъйиди аксарияти аҳли суннат аст, дар баробари амири мӯъминон хондани Язид бини Муовия, вокуниши шадиде нишон дод, ки нишондиҳанда бутлони мавзеъи Язид ва адами ҳаққонияти иқдомоти вай дар баробари Ҳусайн бини Алӣ, ва дар натиҷа ҷавози лаъни Язид аст.

Суютӣ нақл мекунад Нуфал бини Абулфурот гузориш кардааст, ки дар назди Умар бини Абдулазиз будам. Шахсе аз миёни ҷамъ, матлаберо аз Язид нақл кард ва ӯро амири мӯъминон хонд. Умар бини Абдулазиз бедаранг вокуниш нишон дод ва гуфт: Ту Язид бини Муовияро амири мӯъминон мехонӣ? Сипас дастур дод ӯро бист зарба шалоқ бизананд. (ҳамон мадрак, с.209).

Ин фирқа, яъне салафийя, муртаҷиъ ва ақибмондаанд, дар чеҳраи онҳо фарҳангдӯстӣ, яъне фарҳанги миллӣ  дида намешавад ва ҳаргиз идейяи пешбаранда надоранд ва ақидаашон ақидаи тахдирӣ (дар ҳоли рукуд, яъне яхбаста) аст. Ва ҷомеъаро рушд намедиҳанд, балки ба бумбаст мекашонанд. Ба таваҷҷӯҳи толибону хонандагон китоби “Чеҳраи воқеии ваҳҳобийят” (унвони аслиаш : «Ал-ваҳҳобийяту фи суратиҳ-ал-ҳақиқийяту») дар тарҷумаи Ҳабиб Рӯҳонӣ пешкаш мегардад.

Рисолаи мазкӯр ба садади фарогирии мавзӯъ ва ифшои моҳийяти воқеӣ ва мақосиди мунҳарифи таълимоти ваҳҳобийят (салафийя) ҷиҳати шинохти дурусти ин ҷараён ва алалхусус, ошноӣ бо симои асосгузори он Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дастури муфиде буда, бад-ин васила дар роҳи ҷилавгирӣ аз нашру густариши ақоиди он нақшгузор буда метавонад.

АБДУҶАББОРИ АМИНЗОДА, рӯзноманигор,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Фасли аввал:

ВАҲҲОБИЙЯТ ВА БУНЁНГУЗОРАШ

Фирқаи ваҳҳобийят, чунон ки аз номаш пайдост, мансуб ба Муҳаммад писари Абдулваҳҳоб, писари Сулаймон аҳли Наҷд мебошад, ки соли 1111 ҳиҷрӣ, (мутобиқ ба соли 1699 милодӣ) ба дунё омада ва соли 1206 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба соли 1792 милодӣ), аз дунё рафтааст.

Ин шахс миқдоре аз улуми динӣ фаро гирифта буд ва нисбат ба мутолиаи хабарҳои муддаъиёни (даъвокунандагони) нубувват   аз қабили Мусайлимаи каззоб (дурӯғгӯ) ва Саҷҷоҷ ва Асвади Анасӣ ва Тулайҳаи Асадӣ алоқаи фаровоне дошт, аз ин рӯ дар ҳамон айёми таҳсил, гумроҳӣ ва инҳирофи шадиде аз ӯ пайдо шуд, то он ҷо ки падар ва дигар устодҳояшро бар он дошт, ки мардумро аз вай бар ҳазар доранд ва дар бораи ӯ гуфтаанд:  Ин шахс ба зудӣ гумроҳ мешавад ва Худо касонеро, ки аз раҳматаш дур ва ба шақоват мубтало сохта бошад, ба василаи вай гумроҳ месозад.

Дар соли 1143 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба соли 1730 милодӣ), номбурда ба фарохонӣ ба мароми ҷадидашро оғоз кард, аммо падар ва устодҳояш дар баробари вай бархостанд ва гуфтаҳояшро ботил сохтанд ва натавонист равнақ бигирад, то он ки падараш дар соли 1153 ҳиҷрӣ, (мутобиқ ба соли 1740 милодӣ)  аз дунё рафт. Пас даъваташро миёни авомуннос ва содалавҳон дубора ошкор сохт ва фурӯмоягон аз ӯ пайравӣ карданд, аммо шаҳрвандонаш бар ӯ шӯриданд ва хостанд ӯро бикушанд. ӯ ба шаҳри Аййина фирор кард  ва ба фармонравои онҷо наздик шуд  ва бо хоҳари ӯ издивоҷ кард ва назди вай мардумро ба сӯи худ ва ойини дурӯғини худ фаро хонд, аммо мардуми Аййина арсаро бар ӯ танг карданд ва ӯро аз шаҳри худ берун ронданд. ӯ ба тарафи Даръийя дар шарқи Наҷд  гурехт, сарзамине, ки пеш аз он ҷойгоҳи Мусайлимаи каззоб ва хостгоҳи фирқаҳои мунҳариф ва ойинҳои дурӯғ буд. Дар ин сарзамин, афкори Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб ривоҷ пайдо кард ва фармонравои он ҷо, Муҳаммад бини Саъуд ва оммаи мардум аз ӯ пайравӣ карданд.

Ин шахс бо ин ки ҳақиқатан аз касоне набуд, ки ҳатто робитае бо иҷтиҳод дошта бошад, аммо ҳамонанди як муҷтаҳиди мутлақ дар тамоми умур дахолат мекард ва эътино ба қавли ҳеҷ кас аз пешвоёни иҷтиҳод аз гузашта ва ҳол надошт.

Ин хусусиётро бародараш Сулаймон бини Абдулваҳҳоб, ки аз мардуми дигар ӯро беҳтар мешиносад, барои ӯ зикр карда ва дар радди иддиъои бародари худ ва исботи дурӯғ будани он  китобе таълиф карда ва аз ҷумлаи ибороти ҷомеъ ва мухтасари ин китоб дар таърифи ваҳҳобийят ва бунёнгузораш  ин аст: «Имрӯз мардум ба касе мубтало шудаанд, ки худро ба китоб ва суннат нисбат медиҳад ва аз улуми он ду истинбот мекунад ва аз ҳар кас бо ӯ мухолифат кунад боке надорад ва мухолифони худро кофир медонад, дар ҳоле, ки як нишон аз нишонаҳои иҷтиҳод дар ӯ нест, балки савганд ба Худо, ҳатто  як даҳум аз нишонаи он дар ӯ вуҷуд надорад, бо ин вазъ, гуфтораш дар бисёре аз мардуми нодон таъсир гузошта».  “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун” ба «Таърихи Наҷд», таълифи «Маҳмуд Шукрӣ Олусӣ», “Вас-савоиқ-ул-илоҳийя фи-р-радди ъалал- ваҳҳобийяҳ”,  аз Шайх Сулаймон бини Абдулваҳҳоб (бародари Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб), с.7, ва «Фитнат-ул-ваҳҳобийяҳ» с.5 муроҷиъа фармоед.

Фасли дуввум:

РЕШАҲОИ АНДЕШАИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ)

Ваҳҳобийят (салафийя) дорои ду решаи асосӣ аст: Ошкор ва пинҳон.

Решаи ошкораш ин аст, ки муддаъии тавҳиди комил ва холис барои Худо ва ҷанг дар муқобили ширк ва бутпарастӣ мебошад.  Аммо аз вуҷуди ин асл ҳеҷ мисдоқи амале дар кеши ваҳҳобийят (салафийя)  ёфт намешавад, чунон, ки бар ҳар кас намоён аст.

Решаи пинҳон дар ваҳҳобийят (салафийя), ин аст, ки ин фирқа миёни мусалмонон ихтилоф меандозад ва ошӯб ва ҷанг ба по мекунад ва ба истеъморгарони ғарбӣ хидмат менамояд. Ва ин асли махфӣ ҳамон меҳвари аслӣ аст, ки тамоми кушиши ваҳҳобийят (салафийя)  аз оғози пайдоиш то кунун, гирди он мечарханд . Ва ҳамин аст решаи воқеие, ки асли ошкор  ба  манзури гумроҳ сохтани содалавҳон ва оммаи мардум дар ихтиёри он  қарор гирифта аст.

Шакке нест, ки шиор (ихлоси тавҳид ва мубориза бо ширк) шиори пурҷозибае аст, ки пайравони ваҳҳобийят (салафийя)  бо тамоми шӯру  ғурурашон зери чатри он қарор мегиранд, дар ҳоле, ки намедонанд, ин амр василае барои таҳаққуқ ёфтани решаи махфии он ойин аст.

Пажӯҳишгарони таърихи ваҳҳобийят (салафийя) собит кардаанд, ки ин маром дар асл ба фармони мустақим аз вазорати умури мустаъмироти Британия ба вуҷуд омада аст. Аз боби мисол ба китоби «Умдат-ул-истеъмор», таълифи Хайрӣ Ҳаммод, «Таърихи Наҷд» аз суннати Ҷун Филибӣ ё Абдуллоҳи Филибӣ ва китоби «Музаккироти Ҳойим Воизмен», нахустин раиси давлати саҳюнизм ва китоби «Ёддоштҳо»-и Мистер  Ҳемфер (Mr.Humphery), ва китоби «Ал-ваҳҳобияйту нақдун ва таҳлилун» аз доктор  Ҳумоюн Ҳимматӣ, муроҷиа фармоед.

Фасли саввум:

МАНОБЕЪИ ФИКРИИ ВАҲҲОБИЯЙТ (САЛАФИЙЯ)

Дар маслаки ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  ақоид  ба ду бахш тақсим шудааст:

Нахуст он чи дар китоб  ё суннат дар бораи он нассе (Қур-ону ҳадис)  ворид шуда ва гумони ваҳҳобийят (салафийя)  ин аст, ки ин бахш аз ақоиди худро ба таври мустақим аз китоб ва суннат мегиранд. Бидуни ин, ки дар маънои он ба иҷтиҳоди ҳеҷ муҷтаҳиде руҷӯъ кунанд. Хоҳ он муҷтаҳид аз саҳоба бошад  ё аз тобеъон ва ё ғайри онҳо аз аиммаи иҷтиҳод.

Бахши дуввум, ақоиде, ки ҳеҷ нассе дар бораи он ворид нашуда ва ба гумони худ дар ин умур ба фиқҳи имом Аҳмади Ҳанбал ва ибни Таймия муроҷиъа мекунанд.

Аммо дар ҳар ду амр шикастхурда ва ба таноққузгӯӣ гирифтор ва ба корҳои нописанде даст задаанд, аз ҷумла ин ки:

1.    Ваҳҳобиён (салафиён) нисбат ба ҳамон маъонӣ, ки худашон аз зоҳири бархе нусус (Қур-ону ҳадис) фаҳмиданд, таассуб варзиданд, аз ин рӯ бо иҷмои уммат ва тамоми усул мухолифат карданд ва ба ин далел Шайх Муҳаммад Абдуҳу ононро чунин таъриф кардааст: «Фирқаи ваҳҳобийят (салафийя) аз  ҳар тақлидкунандае тангҳавсалатар ва хашинтар ҳастанд ва аз ин рӯ бидуни таваҷҷӯҳ ба ҳар асле, ки дин бар он устувор аст, тамассук ва амал ба ҳар чи аз лафз фаҳмида мешавадро воҷиб медонанд». «Ал-ислом ва-н-насронийяҳ», таълифи Муҳаммад Абдуҳу ва ҳошияи Рашид Ризо, с.97,чопи дуввум.

2.Ваҳҳобиён (салафиҳо), ки муддаъии пайравӣ аз имом Аҳмади Ҳанбал ҳастанд, ба таври сареҳ бо вай мухолифат карданд, зеро мусулмонони мухолифи худро кофир донистанд, бо ин ки дар фатвоҳои имом Аҳмади Ҳанбал ҳеҷ чизеро, ки шоҳид бар ин ақидаашон бошад, наёфтанд, балки баръакс, тамоми назарҳо ва афкори ӯ бар хилофи ин аст. Яъне ҳеҷ кас аз аҳли қибларо ба анҷом додани гуноҳе, хоҳ кабира (бузург) бошад ё сағира (хурд), кофир намедонанд, магар торикнамозро «Ал-ақидату-лил-Аҳмад ибни Ҳанбал», с.120.

Ҳамчунин назди ибни Таймия ҳам чизе, ки гувоҳ бар ин ақидаи ваҳҳобийят (салафийя) бошад, вуҷуд надорад балки он чи аз ӯ нақл шуда ба куллӣ баръакси ин аст…

Ибни Таймия мегӯяд: Касе, ки мувофиқони худро дӯст бидорад ва бо мухолифони худ душман бошад ва дар ҷамоати муслимин тафриқа эҷод кунад ва касонеро, ки дар масоили фикрӣ ва иҷтиҳодӣ бо ӯ мухолифанд, кофир ва фосиқ шуморад ва ҷанг бо ононро мубоҳ донад, худ аз аҳли тафриқа ва ихтилоф аст.  «Маҷмӯаи фатовои ибни Таймия, ҷ. 3, с.349».

Пас тибқи ақидаи ибни Таймия фирқаи ваҳҳобийят (салафийя), аҳли тафриқа ва ихтилоф мебошанд.

3.Ақидаи ваҳҳобийят (салафийя)  роҷеъ ба зиёрати қубур ва машоҳид иқтизо мекунад, ки худи имом Аҳмад ва гузаштагоне, ки бо вай мувофиқ буданд, ҳамаашон аз мушриконе бошанд, ки дурӣ ҷӯстан аз онҳо ва рехтани хун ва тороҷи амволашон воҷиб аст, зеро ибни Таймия нақл кардааст, ки имом Аҳмад дар бораи зиёрати қабри Имом Ҳусайн дар Карбало ва он чи бар зоир (зиёраткунанда) лозим аст, онҷо анҷом диҳад, рисолае навиштааст ва низ ибни Таймия гуфтааст: Мардум дар замони имом Аҳмад ба қасди зиёрати Имом Ҳусайн мукарраран ба Карбало мерафтанд, китоби «Раъс-ул-Ҳусайн» ибни Таймия, ки бо китоби «Истишҳод-ул-Ҳусайни Табарӣ» чоп шуда, с.209.

Аммо ба эътиқоди ваҳҳобийят (салафийя), зиёрати қабрҳо ва ҳузур дар машоҳид, ширке аст, ки рехтани хуни зиёраткунандагон ва тороҷи амволашонро мубоҳ месозад ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ақида дар ҳақиқат ваҳҳобийят (салафийя) нисбат ба имом Аҳмад ва муосирон ва гузаштагони вай, ки ба зиёрати аҳли қубур мерафтанд ва онро мустаҳаб медонистанд, ҳукм ба ширк ва мубоҳ будани хун ва тороҷи  амволи онҳо додаанд.

Балки лозимаи гуфтори ваҳҳобиён (салафиён)  ин аст, ки тамоми уммати ислом аз оғоз мушрик ва кофиранд ва ин ақида саҳобаро низ дар бар мегирад.

Пас ба чӣ далел ин гурӯҳ худро ба имом Аҳмад ва ба гузаштагони уммати исломӣ вобаста медонанд?

4.Чунин фатвое роҷеъ ба ақидаи ваҳҳобийят (салафийя) нисбат ба талаби шафоат аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ гуфта мешавад, зеро онҳо мегӯянд: Ҳар кас баъд аз фавти Паёмбар (с) аз вай дархости шафоат кунад, ширки бузургеро муртакиб шуда, зеро чунин фарде Паёмбар (с)-ро бут қарор дода ва ғайри худоро мепарастад. Ва ба ин тартиб хун ва молашро ҳадар медонанд  «Татҳир-ул-эътиқод», таълифи Санъонӣ, с.7.

Бо ин ки ба нақли саҳеҳ собит шудааст, ки бисёре аз бузургони саҳоба ва пайравон ин корро анҷом медоданд ва хеле зуд дуояшон мустаҷоб ва ҳоҷаташон бароварда мешуд.

Ибни Таймия низ дар китобаш «Аз-зиёраҳ, ҷ.7 с.6-101» ин матлабро дуруст дониста ва бо тариқи чанд бо тафсил онро аз Байҳақӣ ва Табаронӣ ва ибни Абиддунё ва Аҳмад бини Ҳанбал ва ибни Суннӣ нақл карда ва эътироф намуда, ба ин ки бурҳон ҳам бар он қоим аст, ҳарчанд ӯ худ дар раъй бар хилофи он исрор доштааст, ҷуз ин ки ибни Таймия ин амали шафоатталабиро мисли ваҳҳобийят  (салафийя) ширки акбар надонистааст.

Пас бар тибқи ақидаи ваҳҳобийят (салафийя), асҳоби Паёмбар (с) ва пайравонашон ҷузъи мушриконе ҳастанд, ки қатлашон воҷиб аст.

Ба ақидаи ваҳҳобийят (салафийя)  на танҳо инҳо мушриканд, ҳатто онон ки бишнаванд: Саҳоба ва тобиони онон, аз Паёмбар (с) дархости шафоат кардаанд, агар ин амали онҳоро инкор накунанд ва ононро кофир надонанд, инҳо низ маҳкум ба ҳадар будани хун ва амволашон ҳастанд.

-Шигифто!!

- Бо ин мароме, ки ваҳҳобийят (салафийя)  доранд, дигар чӣ касе аз ин умматро мусулмон медонанд ва ба чӣ касоне аз аслоф ва гузаштагони худ иқтидо мекунанд?!!

Фасли чаҳорум:

АҚИДАИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ)  ДАР БОРАИ САҲОБА

Дар гузашта собит шуд, ки ба муқтазои ақидаи ваҳҳобийят (салафийя)  бештари саҳоба маҳкум ба куфр ва ширканд ва ин ҳукм дар бораи гурӯҳи умдаи саҳоба аст, ки пас аз реҳлати Паёмбар (с) зиндагӣ мекарданд ва шафоатталабӣ аз (рӯҳи) он ҳазрат ё тайи масофат барои зиёрати қабри шарифи вайро раво медонистанд, ё медиданд ва ё мешуниданд, ки ашхосе ин амрро ҷоиз медонанд ва ҳукм ба куфр ва ширки ӯ намедоданд ва хунашро ҳадар ва амволашро мубоҳ намедонистанд!!

Ин мавзӯи лозимаи ақидаи ваҳҳобийя (салафийя)  ва ҳукми феълии онҳо аст, аммо онгоҳ, ки дар гуфтори зиракона туфра (лағжиш) мераванд ва суханоне ба гумони худ эҳтиромомез бо саҳоба бархурд мекунанд, манзурашон фиреб додани ашхоси содалаҳв ва гумроҳ сохтани оммаи мардум аст, зеро аз изҳори ақидаи воқеиашон метарсанд, чунон ки дар бораи такфири саҳоба низ аз тарси мардум сухан намегӯянд.

Ваҳҳобиён (салафиён)  ба ин ҳад иктифо накарданд, ки фақат дар бораи пайравони баъд аз Паёмбар (с) сухан бигӯянд, балки нисбат ба саҳобае, ки дар ҳаёти он ҳазрат аз атрофиёни он ҳазрат буданд низ бадгӯӣ ва дастандозӣ карданд…

Муҳаммад бини Абдуваҳҳоб-поягузори фирқаи ваҳҳобийят мегӯяд: Гурӯҳе аз саҳоба, ки дар рикоби Паёмбар (с) ҷиҳод мекарданд ва бо ӯ намоз мехонданд, закот медоданд, рӯза мегирифтанд ва ҳаҷ мекарданд¸ дар айни ҳол кофир ва аз ислом дур буданд!! «Ар-расоил-ул-амалийяту-т-тисъаҳ», таълифи Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб, «Рисолату кашфу-ш-шубаҳот, с.120»,  чопи соли 1957.

3    Он чи ин ақидаи ваҳҳобийят (салафийя)  дар бораи саҳобаҳо таъйид мекунад, таъкиде аст, ки нависандагон ва уламои он дар дифоъ аз Язид бини Муовия ва ситоиш аз вай ба кор мебаранд, бо ин ки таърих душмане монанди Язид бини Муъовия барои саҳоба суроғ надорад ва собиқае надорад, ки хуни саҳоба ва навомиси онҳоро мубоҳ карда бошад ҷуз Язид бини Муовия, ки дар воқеъаи Ҳурраҳ рехтани хун ва обурӯ ва шарафи мусулмонони Мадинаро бар лашкариёнаш ҳалол ва озод сохт, ки се шабонарӯз мардонеро куштанд, ки тамоми онҳо аз саҳоба ва фарзандони саҳоба буданд ва навомусеро беобрӯ сохтанд, ки аз саҳоба буданд, дӯшизагоне аз саҳобаро изолае аз бакорат карданд, то онҷо ки ҳазор духтар бордор шуд, дар ҳоле ки маълум нашуд фарзандаш аз чӣ касе аст!!??

Амали ҷинояткоронатари Язид бини Муовия пеш аз достони Ҳурраҳ дар Карбало воқеъ шуд, ки ҳаждаҳ нафар аз хонадони Паёмбар (с.)-ро ба шаҳодат расонд, ки дар миёни онҳо набераи он Ҳазрат (с) ва райҳонааш Ҳусайн ва фарзандони вай ва фарзандони бародараш Ҳасан буданд ва дигар фарзандонаш ва фарзандони онҳо, ҳатто кӯдаки ширхор вуҷуд дошт.

Ҷинояти дигари Язид бини Муовия, дар Маккаи Мукаррама ба оташ кашидани хонаи Каъба буд…

Оре, ин аст Язид бини Муовияе, ки ваҳҳобийят  (салафийя)  ӯро меситоянд. Ва чӣ касе иллати онро медонад! Шояд ба хотири ҳамин ҷиноятҳо ва аъмоли вай нисбат ба саҳоба ва занон ва фарзандонашон аз ӯ ситоиш мекунанд?!

Шигифтангезтар ин ки Язид бини Муовия намоз намехонд ва шурби хамр (майхорагӣ) мекардааст… ва бар тибқи фиқҳи Абуҳанифа, ки  ваҳҳобиён (салафиён)  худро ба он пойбанд медонанд, танҳо ба сабаби ҳамин хилоф бояд ҳукм ба куфри вай  бидиҳанд, аммо ӯро сутудаанд ва маъзураш медоранд… пас чаро бо ин ки ба тамоми афъол ва хислатҳои номбурдаи Язид бини Муовия илм доранд вайро меситоянд, аммо касонеро, ки аз қабри Расули Акрам (с) шафоат хоста ё ба қасди зиёрати он тайи тариқ (роҳ) мекунанд, кофир медонанд, ҳарчанд аз бузургони саҳоба ва тобиъон ва муҷтаҳидони онҳо бошад?

Оё ба хотири ин аст, ки Язид бини Муовия саҳобаи Расули Худоро нобуд сохта ва аз онҳо ҳатки номус карда ва амвол ва зирори (фарзандони) онҳоро бар ситамгорон мубоҳ донистааст?!

Фасли панҷум:

АҚИДАИ ВАҲҲОБИЁН (САЛАФИЁН)  ДАР БОРАИ СИФОТИ ХУДОВАНД

Фирқаи ваҳҳобийят (салафийя)  дар бораи сифоти Худованд ақидае назири ақидаи муҷассама доранд, зеро Худоро дорои аъзо медонанд, аз қабили дасту пову  чашму сурат… сипас барои ӯ нишастан ва ҳаракат кардан ва нақл ва интиқол ва фуруд омадан ва боло рафтани маъмулӣ, чунон ки аз зоҳири ин алфоз маълум мешавад, қоиланд!!. Паноҳ бар Худо аз он чи ин нодонон ӯро ба он васф мекунанд “Ҳадияту-с­­-су-н-нийяҳ”, рисолаи чаҳорум, аз Абдулатиф, набераи Муҳаммад бинни Абдулваҳҳоб.

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  дар ин ақида муқаллиди ибни Таймияанд ва ин дар асл ақидаи ҳашавия аз асҳоби ҳадис аст, ки шинохте аз фиқҳи исломӣ ва усули собити динӣ надоранд, аз ин рӯ ба дунболи ҳамон чизе мераванд, ки аз зоҳири лафз мефаҳманд ва ҳашавия ҳам ин ақидаро аз муҷассамаи яҳуд гирифта буданд.

Бар ин асос ваҳҳобиён (салафиён)  ақидаеро изҳор карданд, ки тавоноӣ надоштанд ҳатто як ҳарф аз онро аз яке аз саҳоба ё аз табақаи нахусттобеъон нақл кунанд. Ва баъд иддиъо карданд, ки ин ақидаи тамоми пешиниён аст ва ба гуфтори тӯлонӣ, номарбут ва бидуни далели қонеъкунанда, зоҳирсозиш карданд. Аз ин гузашта, ваҳҳобийят (салафийя)  барои ин ақидаи худ ҷуз як ҳарф, ки ибни Таймия ба дурӯғ аз даҳонаш паронда аст, чизе наёфтааст, он ҳам танҳо ифтирое (туҳмате) аст, ки ҳеҷ қобили қабул нест, магар барои муқаллидони мутаассиб ё содалавҳоне, ки ҳар чи мешунаванд, бидуни таҳқиқ мепазиранд….

Ибни Таймия роҷеъ ба муҳимтарин истидлоли худ бар санади ин ақидаи ваҳҳобийят (салафийя)  мегӯяд: Саҳоба дар таъвили ҳеҷ як аз оёти сифоти Қур-он ихтилофе надоранд. Сипас мегӯяд: Ман тамоми тафосире, ки аз саҳоба нақл шуда ва аҳодисеро, ки ривоят кардаанд, мутолиа кардам ва бар бештар аз сад китоби тафсир аз кӯчак ва бузург, ки шумораи онҳоро Худо медонад, огоҳӣ ёфтам, аммо то ин соат аз ҳеҷ саҳобӣ надидам, ки чизе аз оёт ё ривоёт дар мавриди сифоти Худоро бар хилофи мафҳуми зоҳираш таъвил карда бошад (тафсири сураи Нур, аз ибни Таймия  с.178-179). Дар ҳамон китоб, ибни Таймия гуфтаст: Вай ин ҳарфро дар нишастҳои худ бисёр такрор мекардааст…

Аммо ин сухани ибни Таймия нодуруст аст ва гувоҳ бар бутлони он тамоми китобҳое аст, ки роҷеъ ба тафсири оёти сифот навишта шудааст. Ба хусус китобҳое, ки тафосири саҳобаро нақл карда ва низ китобҳое, ки ибни Таймия таъкид бар онҳо дорад мегӯяд: Ин китобҳо тафосири саҳоба ва гузаштагонро бо санадҳои саҳиҳ ривоят кардааст ва дар он чизе аз ин масоили сохтагӣ ва акозиб (дурӯғҳо) вуҷуд надорад. Ва муҳимтарини ин китобҳо «Тафсири Табарӣ» ва «Тафсири ибни Атийяҳ» ва «Тафсири  Бағавӣ» мебошад. Муқаддимаи «Фи усул-ил- тафосир», аз ибни Таймия с.51)

Дар тамоми ин тафосир таъвили оёти сифот бар хилофи зоҳир аз саҳоба нақл шуда ва ин амр дар тамоми оёти сифот ҷараён дорад.

Аз боби мисол ба тафсири оятулкурсӣ дар назари Табарӣ ва ибни Атийя ва Бағавӣ, нигоҳ кунед, ки тамоми инҳо аз ибни Аббос нақл мекунанд: «Курсийю»,- яъне илми Худо.

Ибни Атийя ба ҳамин тафсир қаноат карда ва ҳарчиро, ки дар ин маврид аз ғайри ибни Аббос нақл шуда, ҷузъи Исроилиёт ва ахбори Ҳашавия донистааст, ки набояд ба он эътино шавад. Шавконӣ дар тафсираш, «Фатҳ-ул-қадир, ҷ.1, с.272», ин матлабро аз ибни Атийяҳ нақл кардааст.

Ҳамчунин тамоми оёте, ки дар онҳо калимаи «ваҷҳ» зикр шуда, аз қабили ваҷҳи раббика ё ваҷҳиҳи ё ваҷҳуллоҳ, нахустин чизе ки дар ин маврид аз саҳоба нақл кардаанд, тафсир ба қасд ё савоб ё ғайри инҳо ҳаст, чунон ки мақом иқтизо мекунад.

Бинобар ин танҳо бурҳони ваҳҳобийят (салафийя)  бар ақидаи худ дар ҷисм доштани Худо ифтирое аст, ки бар саҳоба мебанданд ва дар ҳақоиқи динӣ дурӯғбофӣ мекунанд ва нисбати ботил ҳатто ба китобҳои тафсири машҳури миёни мардум медиҳанд,  бо ин ки таҳқиқ дар ин замина амре бисёр осон аст, ки ҳар хонандае метавонад ба ин тафосир муроҷиа кунад, то ба ҳақиқати матлаб даст ёбад.

Аз боби мисол «Тафсири Бағавӣ»-ро бубинед, ки ибни Таймия зиёд онро бузург дониста ва гуфтааст: Вай ахбори ҷаълӣ ва сохтагиро нақл накардааст ва дар ин китоб ба тафсири ин оёт дар мавриди сифот муроҷиа кунед: Бақараҳ, ояти 115 ва 255 (оятулкурсӣ) ва 272.- Раъд, ояи 22.- Қасас, ояи 88.- Рум, ояи 38 ва 39. Даҳр,- ояи 9.- Лайл, ояи 20.

Пас аз муроҷиа ба «Тафсири Бағавӣ» ифтиро ва дурӯғ ва бӯҳтони азимеро, ки ваҳҳобийят (салафийя)  ба ин дини бузург ва салафи солеҳ нисбат додаанд, хоҳед шинохт.

Фасли шашум:

ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ) ВА МУСУЛМОНОН

БИДЪАТИ БУЗУРГИ ФИРҚАИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ):

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  ақида доранд, ки фақат онҳо дорои тавҳиди холис ҳастанд, вале бақияи мусулмонон мушриканд ва куштани онҳо ва куштани авлодашон ҳалол ва ғорати амволашон ҷоиз ва сарзаминҳояшон ҷузъи билоди куфр ва ширк мебошад!!

Ин гурӯҳ муътақиданд, ки ҳар мусулмон, то вақте, ки ба масҷид ва қабри Расули Худо (с) табаррук ҷӯяд ва қасди зиёрати он кунад ва аз ӯ шафоат бихоҳад, шаҳодат ба калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ ва Муҳаммаду-р-расулуллоҳ» ҳеҷ суде ба ҳолаш надорад.

Инҳо мегӯянд: Мусулмоне, ки ба ин умур муътақид аст, мушрик аст ва ширкаш аз ширки аҳли ҷоҳилийят ва бутпарастон ва ситорапарастон шадидтар аст!

Ба китобҳои: «Ар-расоил-ул-амалийяту-т-тисъаҳ», таълифи Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб, с.79, «Татҳир-ул-иътиқод», таълифи Санъонӣ, с.7, 12,35, «Фатҳ-ул-маҷид с.40-41» ва рисолаи «Арбаъ-ул-қавоид» ва рисолаи «Кашфу-ш-шубаҳот», аз Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб муроҷиа шавад.

Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб дар рисолаи «Кашфу-ш-шубаҳот» ҳудуди 24 маврид лафзи ширк ва мушрикро бар тамоми мусулмонон итлоқ карда, ҷуз бар пайравони худаш ва ҳудуди бист маврид онҳоро куффор, ъуббодуласном (ибодаткунандагони бутҳо), муртаддин, мункирони тавҳид, душманони тавҳид, аъдоуллоҳ ва муддаъиёни ислом номидааст ва пайравони ӯ ҳам дар соири китобҳояшон чунин кардаанд. Оё ин ақидаи худро ваҳҳобиён аз иҷрои пешиниён нақл кардаанд ё ин ки бидъатеро муртакиб шудаанд?

Ибни Ҳазм зимни баёни асл ва қоидае чунин мегӯяд: «Ҳеҷ гоҳ мусулмон ба муҷарради як гуфта ё назаре, ки дар масъалаи эътиқодӣ изҳор кунад на кофир мешавад на фосиқ». Сипас ибни Ҳазм пешвоёни гузаштаро, ки қоил ба ин қавл будаанд, бар шумурда, то ин ки мегӯяд: «ин сухани тамоми саҳоба ҳаст, ки мо мешиносем роҷеъ ба ин масъала, ва ихтилофе дар ин маврид намебинем»,  «Ал-фисал, ибни Ҳазм», ҷ.2 с.247 ва низ ба китоби  «Ал-явоқиб вал-ҷавоҳир»-и Шаъронӣ,  мабҳаси 58 муроҷиа кунед.

Ибни Таймия худ тасриҳ кардааст, ки ҳеҷ кас ба ҷуз хавориҷ, фарди мусулмонеро ба иллати гуноҳ ва изҳори назар кофир надонистааст, «Маҷмӯаи фатвоҳои ибни Таймия, ҷ.13, с.20».

Бинобар ин ваҳҳобиён (салафиён)  дар ин бидъаташон ба ҳеҷ гурӯҳе аз гузаштагон иқтидо накардаанд, магар хавориҷ!!

Фасли ҳафтум:

ВАҲҲОБИҲО (САЛАФИҲО)  ВА ХАВОРИҶ1

1 Хавориҷ касоне буданд, ки аз дини ислом хориҷ гаштанд ва бо Амирулмӯъминин Алӣ- каррамаллоҳу ваҷҳаҳу – пайкор намуданд. Инон дар ҷанги Сиффин ҳакимиятеро, ки худ бар он ҳазрат таҳмил карданд. Онро баҳона қарор доданд ва бар он пешвои одил шуриданд. Худ аз дин хориҷ шуда буданду мисли ҳамин гурӯҳ ваҳҳобият (салафийя)  ҳамаро аз дин хориҷ медонистанд.

Мояи шигифтӣ аст, ки шабоҳат миёни ваҳҳобиён (салафиён)  ва хавориҷ дар умури мунҳарифкунанда аз ҷомеаи муслимин ончунон афзун аст, ки ҳатто муҳаққиқ  хаёл мекунад инҳо ҳамонҳо ҳастанд, ҳарчанд миёнашон фосилаи замонӣ вуҷуд дорад.

Инак ба вуҷуҳи мушобаҳат (монанди ба ҳамдигар) ва тавофуқ миёни ин ду гӯрӯҳ мепардозем:

1.Хавориҷ ҷудо аз ҳамаи мусулмонон гуфтаанд: Муртакиби гуноҳи кабира (бузург) кофир аст.

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) низ мусулмонро ба хотири анҷоми бархе аз чизҳое, ки гуноҳ шумурда  кофир донистаанд ба китоби «Кашфу-ш-шубаҳот» ва «Татҳир-ул-эътиқод»-и Санъонӣ муроҷиа шавад.

2.Хавориҷ сарзамини исломиро, ки гуноҳи кабира дар он шоеъ шавад, сарзамини куфр ва дори ҳарб номидаанд ва ҳар кореро, ки Расули Худо (с) бо кофирон раво медонист, бо инҳо раво медоранд, яъне хун ва молашонро ҳадар медонанд.

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  низ агар мусулмонон сарзамини сафари зиёрати қабри Паёмбар (с) ё қубури бандагони солиҳи Худоро раво бидонанд ва аз онҳо шафоат бихоҳанд, ҳукм ба куфри онҳо медиҳанд, ҳарчанд аз обидтарин ва солеҳтарин мардум бошанд.

Натиҷаи ду ваҷҳи гузашта ин мешавад, ки ақидаи ваҳҳобиён (салафиён)  аз хавориҷ бадтар аст, зеро хавориҷ гуноҳҳоеро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд, ки тамоми мусулмонон онҳоро аз кабоир медонанд, аммо ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  корҳоеро гуноҳи кабира ва муҷиби куфр медонанд, ки аслан гуноҳ нест, балки мустаҳаботе ҳаст, ки бидуни хилоф, салафи солеҳ аз қабили саҳоба ва тобеъон ва ашхосе, ки баъдҳо омаданд ва аз онҳо амал мекарданд, чунон, ки гузашт.

3.Яке аз шабоҳатҳои  ваҳҳобиҳо (салафиҳо)  бо хавориҷ сахтгирӣ дар дин ва таассуби ҷоҳилона ва ҷумуд дар фаҳми он мебошад.

Вақте хавориҷ ин ояи Қур-онро таваҷҷӯҳ доданд «Ини-л- ҳукму илло лиллоҳ», яъне ҳукм фақат ҳукми Аллоҳ аст, (Анъом 57) гуфтанд: Ҳар кас иҷозаи доварӣ ва ҳукумат кардани ба ғайри Худо диҳад, ширк ба Худо овардааст. Ва ин ояро, ки гузашт, шиори худ қарор доданд ва сухани ҳақ буд, ки иродаи ботил доштанд ва ин корашон таассуби нораво ва нодонии бузург буд. Зеро доварӣ дар низоъҳо ва ихтилофот аз назари Қур-он ва ақл ва суннати Паёмбар (с) собит шуда ва сираи Расули Акрам   (с) ва саҳоба ва ёрони ӯ будааст.

Ваҳҳобиҳо низ вақте ба ин оёт бархурд карданд: «Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин! Яъне танҳо туро мепарастем ва аз ту кумак мехоҳем (Ал-фотиҳа,4) ва «Ман за-л-лазӣ яшфаъу ъиндаҳу илло биизниҳ», яъне чӣ касе назди ӯ ба шафоат бархезад магар ба фармони ӯ? (Бақараҳ 255) ва «Ло яшфаъуна илло лиманиртазо»,  яъне шафоат намекунад магар аз касе, ки Худо розӣ бошад (Анбиё, 28) мӯътақид шуданд, ки ҳар кас шафоати Паёмбар (с) ва бандагони солеҳи Худоро бихоҳад, ширк ба Худо оварда ва ҳар кас қасди зиёрати Паёмбар (с) кунад ва аз ӯ шафоат бихоҳад, ӯро парастида ва ӯро Худое ғайр аз Худо донистаааст. Ба ин тартиб, шиори ваҳҳобиён ин буд «Ло маъбуда ила-л-лоҳ», яъне маъбуде ҷуз Худо нест ва «Ло шафоата ила-л-лоҳ», яъне шафоат аз ғайри Худо раво нест ва ин калимаи ҳақе аст, ки ботил аз он ирода мешавад ва ин низ таассуб ва нодонии бузурге аст, зеро ин умур дар сираи асҳоб ва тобеъон ҷавозаш собит аст, чунон ки гузашт.

4.Ибни Таймия мегӯяд: «Ақидаи хавориҷ нахустин бидъате аст, ки дар ислом зуҳур ёфт, пайравони ин ақида мусулмононро кофир шумурданд ва рехтани хунашонро ҳалол донистанд, «Маҷмъӯаи фатово, ч.13, с.20». Бидъати ваҳҳобийят (салафийя)  низ чунин аст ва ин охирин бидъате аст, ки дар ислом падид омад.

5.Аҳодиси шариф ва саҳиҳе, ки дар бораи хавориҷ ва хурӯҷи онҳо аз дин сухан мегӯяд, баъзе аз онҳо бар ваҳҳобият низ татбиқ мешавад. Аз ҷумла дар ҳадиси саҳиҳ аз Паёмбар (с) нақл шудааст, ки фармуд: «Яхруҷу уносу мин қибал-ил-мағриби яқраун-ал-қур-она ло юҷовизу тароқияҳум, ямриқуна мина-д-дини камо ямриқу-с-саҳму мина-р-рамяти, симоҳуму-т-таҳлиқи», яъне “инсонҳое аз ноҳияи машриқ хурӯҷ мекунанд, ки Қур-он мехонанд, аммо аз ҳанҷараашон (гулӯяшон) таҷовуз намекунад, аз дин берун мераванд, чунон ки тир аз камон хориҷ мешавад, шиъорашон тарошидани сарашон мебошад.” «Саҳиҳ Бухорӣ, китоби тавҳид, боби 57, ҳадиси 7123», Қасталонӣ дар шарҳи ин ҳадис гуфтаст: «Манзур аз ноҳияи машриқ аз тарафи шарқи Мадина аст, мисли Наҷд ва баъд аз он». «Иршоду-с-сорӣ ҷ.15, с.676, табъи Дор-ул-фикр», соли 1410 ҳиҷрӣ.

Наҷд зодгоҳи фирқаи ваҳҳобийят ва ҷойгоҳи нахустине аст, ки аз онҷо зуҳур кард ва мунташир шуд… «Дар бораи радди ваҳҳобиҳо ҳеҷ ниёзе ба навиштани китоб нест …» «Фитнат-ул-ваҳҳобийя», таълифи Зайнӣ Даҳлон, с.19.

6.Ҳадиси шарифи Паёмбар (с) дар бораи хавориҷ: «Яқтулуна аҳлал-исломи ва ядаъуна аҳлал авсони» (мусулмононро мекушанд ва бутпарастонро боқӣ мегузоранд), ибни Таймия ин суханро дар китоби «Маҷмуъат-ул-фатово ҷ.13 с.32»  зикр кардааст, чунин аст: «Вазъияти фирқаи хавориҷ ба таври комил, ки ҳеҷ гоҳ юриши ҷанге накарданд, магар бо аҳли қибла ва дар таърих аз ин ки бо бутпарастон биҷанганд ё қасди онро дошта бошанд, хабаре вуҷуд надорад, балки ҳатто дар усул ва китобҳояшон, ки пур аз лузуми ҷанг бо аҳли қибла аст, аз ин амр зикре ба миён наомадааст!»

7.Бухорӣ нақл кардааст, ки Абдулло ибни Умар дар васфи хавориҷ гуфтааст: «Хавориҷ оётеро, ки дар бораи куффор нозил шуда, дар бораи мӯъминон қарор додаанд». Саҳиҳ Бухорӣ, китоби «Иститобат-ул-муртаддин, боби 5».

Аз ибни Аббос нақл шудааст: «Мисли хавориҷ набошед, ки оёти нозилшуда дар бораи (куффор), аҳли китоб ва мушриконро ба аҳли қибла таъвил карданд ва аз улуми ин оёт бехабар монданд, дар натиҷа, хунҳо рехтанд ва сарватҳо ғорат карданд».

Ин аст ҳоли ваҳҳобийят, оёти нозилшуда дар бораи бутпарастонро роҷеъ ба мӯъминон донистаанд, китобҳояшон аз ин матлаб пур аст. Ва ақидаашон бар ин побарҷо.

8.Гуфтугӯ миёни як нафар суннӣ ва як нафар ваҳҳобӣ:

Ваҳҳобӣ гуфт: Китобҳои ҳанбалиҳо ҳамон китобҳои ваҳҳобиҳост, пас чӣ чиз аз онҳоро инкор  мекунӣ? Ва наметавонӣ ваҳҳобиҳоро мавриди муохаза қарор диҳӣ, магар ба он  чи бо сароҳат дар китобҳояшон бубинӣ ва он чи мухолифон мегӯянд эътиборе надорад

Суннӣ гуфт: Ту дар бораи қаромита чӣ мегӯӣ?

Ваҳҳобӣ гуфт: Онҳо кофири мулҳид ҳастанд.

Суннӣ гуфт: Қаромита ақида доранд, ки мазҳабашон мазҳаби аҳли байт аст ва китобҳои аҳли байт низ китобҳои онҳост, оё ту дар китобҳои аҳли байт ҷуз ҳақ ва нур чизе мушоҳида мекунӣ?.

Ваҳҳобӣ гуфт: Қаромита дурӯғ гуфтаанд, ин шумо ва ноқилони таърих, ки куфр ва дурӯғи қаромитиҳоро исбот мекунанд.

Суннӣ гуфт: Оё далеле бар ҳуҷҷати таърихнависон дорӣ?

Ваҳҳобӣ гуфт: Оре, зеро Шофеъӣ тасриҳ кардааст ба ин ки гуфтаи муаррихон, ки гурӯҳе аз гурӯҳи дигар нақл мекунанд, беҳтар аз гуфтаи муҳаддисон аст, ки як нафар аз фарди дигаре нақл мекунад.

Суннӣ гуфт: Бинобар ин вақте ман аз муаррихоне, ки бо ваҳҳобиён буда ва онҳоро мушоҳида кардаанд, нақл мекунам, ки тасреҳ ба куфри ваҳҳобийят кардаанд, воҷиб аст онро бипазирӣ.

Суннӣ изофа кард, ки амали инсон ҳуҷҷат ва далел бар худи ӯ аст, ҳарчанд забонаш ӯро такзиб кунад ва қаромита ба далели ин ки хуни мусулмонон ва амволи онҳоро ҳалол донистаанд, шубҳае дар куфри онҳо боқӣ намемонад ва арбобони ту низ чунин ҳастанд.

Ваҳҳобӣ хашмгин шуд ва намедонист, ки чӣ бигӯяд…

Суннӣ гуфт: Дар мавриди ривоёте, ки роҷеъ ба хавориҷ ва хурӯҷи онҳо аз дин ва ин ки онон сагҳои ҷаҳаннам ва бадтарин кушташудагон дар зери осмони кабуд ҳастанд, ворид шуда, чӣ мегӯед?

Ваҳҳобӣ гуфт: Аз маҷмӯи ин ривоёт ба таври қатъ маълум мешавад, ки хавориҷ аз дин хориҷ шуда ва мустаҷиби хашми Худованд мебошанд, аммо онҳо касоне ҳастанд, ки Алӣ (к. в.) дар Наҳравон ононро ба қатл расонд, дар ҳоле ки ваҳҳобийят аз онҳо нестанд.

Суннӣ гуфт: Чаро хавориҷ мустаҷиби хашми Худо шуданд, оё ба далел ин аст,  ки саҳоба намоз ва рӯзаи худашонро дар қиболи намоз ва рӯзаи хавориҷ кӯчак шумурда?

Ваҳҳобӣ гуфт: На.

Суннӣ гуфт: Пас оё ба далели зуҳди онҳо ва буридан аз лаззатҳо ва ба хотири ин будааст, ки Қур-онро мехонданд ва ба раъйи худ тафсир мекарданд ва гуфтори беҳтарини махлуқро мегуфтанд? (ишора ба ҳадисе ҳаст ки дар васфи хавориҷ гуфтаанд: «Хавориҷ қавли беҳтарин махлуқҳоро мегӯянд», яъне ба забонҳояшон ҳақ мегӯянд.

Ваҳҳобӣ гуфт: На.

Суннӣ гуфт: Пас ба чӣ далел будааст?

Ваҳҳобӣ забонаш ба лакнат афтод ва натавонист посух диҳад.

Суннӣ чун дид, ки ваҳҳобӣ аз посух оҷиз монд, худ қазияро файсала дод ва гуфт: Хавориҷ мавриди хашми худо воқеъ нашуданд, магар ба далели ин ки рехтани хун ва тороҷи моли мусулмононро мубоҳ донистанд ва ононро кофир шумурданд ва танҳо худро мусулмон ба ҳисоб оварданд ва шакке нест дар ин ки ҳар кас чунин хусусиётро дошта бошад, чунин кайфаре низ хоҳад дошт.

Фасли ҳаштум:

ВАҲҲОБИЁН (САЛАФИЁН) ВА ҒУЛОТ

РАВЗАНАЕ БА ҲАҚИҚАТ

Ғулот гурӯҳе ҳастанд, ки дар эҳтироми баъзе ашхос зиёдаравӣ карданд ва онҳоро то мақомоти фавқи башарийят боло бурданд.

Ҳамзамон бо Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб, ки дар сарзамини Наҷд даъвати ҷадидашро ошкор мекард, шахси дигаре даъвати дигареро оғоз кард, ки дар ин даъвати худ бисёре аз ақоиди фаромӯшшудаи ифротиёни нахустине, ки дар бораи имом Алӣ (к.в.) ва соири хонадони Паёмбар (с) ғулув карда буданд, таҷдид кард.

Даъвати охир аз ин назар, ки мухолифони худ аз мусулмононро кофир мешумурд ва саҳобаро мавриди таън қарор медод, ба даъвати Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб шабоҳат дошт, вале ин даъвати охир аз ваҳҳобийят поро фаротар ниҳод ва бо сароҳати ағлаб саҳобаро кофир донист… Соҳиби даъвати ахир Шайх Аҳмад Иҳсоӣ даргузашта ба соли 1241 ҳиҷрӣ, аст ва пайравонаш шайхия номида мешаванд, ҳангоме ки Иҳсоӣ аз дунё рафт, ҷонишинаш Козим Раштӣ ва ҷойгоҳаш шаҳри Карбало буд.

Мавзеъи ваҳҳобиён дар баробари ин даъват чӣ буд?

Дар замоне ки маркази шайхия Карбало ва раҳбарашон Козим Раштӣ буд, ваҳҳобийят ба ин шаҳр юриш бурданд ва бар тибқи одате, ки дар ҳамаи ҷангҳо доштанд, ҳазорҳо нафар мард, зан ва кӯдакро ба қатл расонданд ва сарватҳоро ба тороҷ бурданд ва хонаҳоро хароб карданд, аммо дар ин миён, ба Козим Раштӣ амон доданд ва хонаи ӯро маҳали амн ва касеро, ки ба онҷо паноҳ бибарад, дар амон қарор доданд!! «Ал-ваҳҳобийяту нақдун ва таҳлил», аз доктор Ҳумоюн Ҳимматӣ, с.24.

Ин нуқтае аст, ки аз чеҳраи воқеии ваҳҳобийят (салафийя) парда бармедорад ва иддаои ботилашонро пиромуни ихлос дар тавҳид ва мубориза бо ширк бармало месозад!

Акнун бармегардем ва аз ибни Таймия сухан мегӯем, ки ваҳҳобиюн ӯро раҳбар ва пешвои худ медонанд. Ва мавзеъи ӯро дар муқобили яке аз гурӯҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳем ва он фирқаи язидӣ аст, ки дар бораи Язид бини Муовия ғулув кардаанд ва аз ҷумлаи инҳо гурӯҳи адавийя аст мансуб ба Адӣ бини Мусофир, ки нахуст раҳбари гурӯҳ буд ва сипас дар бораи ӯ ва ҳамчунин Язид ғулув карданд; ибни Таймия ба сустӣ ва беарзишии ин андеша таваҷҷӯҳ ва мавзеъгирии сахте ба он дошт, чунон ки муҷиби эҷоди шубҳаҳо ва ишколоти фаровоне шуд.

Ибни Таймия, ки ба сахтгирӣ ва ҳамла ба соири гурӯҳҳои исломӣ ва тавсифи онҳо ба залолат ва гумроҳӣ ва каҷравӣ шӯҳрат дорад, бояд дид, ки бо ин ифротиёни ширк чӣ гуна сухан мегӯяд:

Дар номае, ки ба хавориҷ навишта, онҳоро ба сухани шигифтангез ва хушоянд мавриди хитоб қарор дода ва ба ислом ва имон доштан тавсифашон мекунад ва ба равиши чунон бародарона ва ором насоеҳи хайрхоҳонаи худро ба онҳо тақдим медорад, ки бо ҳеҷ аз гурӯҳҳои исломӣ аз қабили ашъария ва шиъаи имомия ва зайдия ва муътазила ва марҷиа ва ҷуз инҳо, ҳатто як ҳарф аз ин суханони оромибахш нагуфтааст.

Номае, ки навишта ин аст:! «Аз Аҳмад бини Таймия ба гурӯҳе аз мусулмонон мансуб ба суннат ва ҷамоат аз пайравони пири ориф, Абулбаракот, Адӣ бини Мусофири Уммавӣ Худояш раҳмат кунад ва роҳиёни роҳашон, Худо ҳамаи ононро дар пайравии ӯ тавфиқ диҳад ва ба итоати ӯ итоати Паёмбараш кӯмак кунад… дуруд ва раҳмат ва баракоти Худо бар шумо бод, аммо баъд…»  «Ал-васийят-ул-кубро, аз ибни Таймия, с.5».

Ба ин наҳв, ибни Таймия хавориҷро аз мусулмонони мансуб ба суннат ва ҷамоат қарор дода, бо ин ки бидуни хилоф ин гурӯҳ, ифротӣ ва аз ғулот ҳастанд ва ғулот ҳам ба иҷмоъи тамоми фирқаи исломӣ ва ба иқтизои китоб ва суннат, мушрик ва аз ислом хориҷанд, зеро ба тавҳид хадша ворид кардаанд, пас аз ислом хориҷ ва ба ширк ворид шуданд. Оё ин мавзеъгириҳо панд ва андарз дорад?

Фасли нуҳум:

ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ) ДАР ХИДМАТИ Чӣ КАСОНЕ АСТ ?

Оё ваҳҳобийят (салафийя) ҳаргиз нисбат ба масолеҳи ҷомеъаи азими мусулмонон фикр кардаанд?

Оё ҳеҷ вақт дар андешаи ҷилавгирӣ аз манофеъи истеъморӣ дар кишварҳои исломӣ будаанд?

Оё ишғоли ғарб сарзаминҳои исломиро мӯҷиби саргарми ваҳҳобиён (салафиён) шудааст?

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) дар баробари нуфузи салибиҳо ва саҳюнистҳо дар кишварҳои исломӣ чӣ бозтобе нишон додаанд ?

Дар муқобили тарафдорӣ аз ғарб ва дарҳои боз бар рӯи ғарбиҳо ва тасаллути эшон бар сарватҳои муслимин ва бар сарварӣ ва бузургиашон чи мавзеъе гирифтаанд?

Ин амр бар ҳеҷ кас пӯшида нест ва ҳар мусулмоне, ки чашми худро бигушояд, мефаҳмад, ки ваҳҳобиён (салафиён) нахустин хидматгузори истеъмори ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ ҳастанд.

Танҳо ин нест, балки агар ба осори боқимондаи Муҳаммад ибни Абдуваҳҳоб ва раҳбарони нахустини баъд аз вай бингарӣ, ҳеҷ асаре барои ободии замин ва барпои адолат ва додрасии мазлум ва муборизаи бо фақру ҷаҳл аз онҳо намебинӣ.

Ҳатто асаре барои беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва эҷоди пешрафти илмӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дида намешавад. Ва асаре аз сулҳ ва оромиш ба чашм намехӯрад, балки ҷуз такфири мусулмонон  ва мушрик донистани онон ва воҷиб донистани қатли онҳо ва ибоҳаи хун ва амволашон чизи дигаре намебинӣ!!

Танҳо чизе, ки ҳассосияти онҳоро ба худ ҷалб мекунад, сурати қабр ва масҷид ва шахсе аст, ки бигӯяд: Эй Паёмбари раҳмат (с),  маро дар назди Худо шафоат кун!!

Кори ваҳҳобиён  (салафиён) фақат ҳамин аст ва ғайр аз ин нест ва ҳамин ягона тасмиме ҳаст, ки зери пушиши он қарор гирифтаанд, хуни мусулмононро мерезанд, муҳаррамотро мубоҳ мешуморанд ва яке пас аз дигаре ошӯб ба по мекунанд ва ҳеҷ бокашон нест, ки сарзаминони муслимин ҳадафи душманони мушрик ва куффор ва масеҳиёни салибӣ ва яҳудиёни саҳюнист воқеъ шавад.

Оё чунон ки зиёрати саҳоба аз қабри Ҳамзаи Сайидушуҳадо фарзанди Абдулмуталлиб ва намоз хондани онҳо дар он макон ваҳҳобиёнро (салафиёнро)  норорҳат мекунад, ба ҳамон миқдор он чи бар Байтулмуқаддас ва мусулмонони Боснӣ ва Ҳерзугувин ва Лубнон гузашта дар онҳо таъсир мегузорад?

Ё чунон ки вуҷуди қабри райҳонаи Расули Худо (с), Ҳусайн бини Алӣ, ки саҳоба ва тобеъон ҳатто дар замони Аҳмади Ҳанбал, ки нақли он аз ибни Таймия гузашт, барои зиёраташ масофатҳо тай мекарданд, хашми онҳоро таҳрик мекунад, тасаллути Амрико бар манобеъи нафтӣ дар сарзаминҳои исломӣ, онҳоро хашмгин месозад?

Оё чунон ки тӯҳфаҳои тақдимӣ ба қабри Паёмбар (с) онҳоро асабонӣ мекунад, муҳосираи иқтисодӣ таҳмилшуда бар миллати мусулмонони Либия бидуни ҳеҷ далели муваҷҷаҳе, ононро мутаассир месозад?

Эй кош ин умур ё ҳадди ақал бархе аз ин умурро дар онҳо медидем…

Мояи таассуф аст, ки ин ҳама вақт ва заҳмат ва талош ва молу сарват ва нирӯҳои фикрӣ дар пардохтан ба корҳои ғайри қобили таваҷҷӯҳ, ба суханони бе арзише сарф мешавад, ки ҷуз мардуми нодон ва фурӯмоя ва бефоида касе ба онҳо намепардозад.

Он чи ваҳҳобиёнро (салафиёнро)  дар он доштааст, ки ин чунин дар ин матлаб диққат ба харҷ диҳанд, умуре ҳаст, ки намунаҳои комили онҳо дар зер баён мешавад:

Яке аз онҳо камандешӣ ва тангназарӣ аст. Ваҳҳобиён (салафиён) ғайр аз ин сухане балад нестанд ва фикре ғайр аз ин дар зеҳнҳояшон пайдо намешавад.

Амри дигар, нотавонӣ аз дарки мафҳуми зиндагӣ ва пешрафт бо замон аст, ки ба таври куллӣ аз таваҷҷӯҳ ва болоравӣ ва тараққии муносиб нисбат ба масоили динӣ ва илмӣ ва иҷтимоӣ дар ин асри ҷадид аҷз доранд. Ба ин далел бар ҳамон ҳарфҳои кӯҳна ва пӯсида такя мекунанд ва дар бузург доштан ва қадосат додан ба он зиёдаравӣ мекунанд, то аз ин роҳ барои худ равзанае ба манзури мушарраф шудан бар ин дунёи мутараққӣ ва пешрафта пайдо кунанд.

Аз ҷумлаи ин умур тангназарӣ ва кинатузӣ аст, ки нисбат ба ин уммати исломӣ доранд, хубиро барои онҳо наметавонанд бубинанд ва дилҳояшон саршор аз бадхоҳӣ нисбат ба онон аст.

Ҳар кас ба ёвагӯиҳо ва фарёдҳои ларзон ва пароканда ва дилбастагиҳои нобаҷо ва суханони тӯҳматангези ваҳҳобиён (салафиён)  биандешад, камфикрӣ ва тангназарӣ ва кинатӯзӣ, душманӣ ва нодонӣ ва бехирадиро ба тамоми маъно дар ин гурӯҳ эҳсос мекунад.

Дигар аз ин умур, дӯстии сареҳ ва ошкори онон бо душманони ислом аст ва ин матлабе аст, ки ниёз ба истидлол надорад ва ба ҳеҷ кас пӯшида нест.

Ҳеҷ гурӯҳе аз мусулмонон он чунон эътиқод ба дӯстӣ бо ғарбиҳо надоранд, ки бо онон доранд, барои онҳо фурӯтанӣ мекунанд ва ба онон тақарруб меҷуянд ва аз корҳои хоинонаи эшон дифоъ мекунанд ва ин ақидаи мустамари ваҳҳобийят (салафийя)  аст, ки ҳаргиз розӣ намешаванд, ки аз он даст бардоранд.

Вуҷуди ваҳҳобийят (салафийя)  дар кишварҳои исломӣ боиси рахнае аст, ки пайваста дарвозаҳоро бар рӯи саҳюнизм ва салибиёни ситамгар боз мекунад, ки ҳар гуна бихоҳанд дар ҷаҳони ислом нуфуз кунанд, инсонҳоро бадном, амволро тороҷ, биноҳоро вайрон созанд ва ҳама чизро мутасарриф шаванд ва пайваста бар нуфузи худ биафзоянд. Оре, ваҳҳобиён (салафиён) ҳама чизро барои ин бародарони хиёнаткори худ дар ҳар ҷо омода ва барқарор месозанд…

Инҳо ҳамон аносири палиде ҳастанд, ки дар гузашта заминаро  барои ғарбиҳо омода карданд, ки нутфаи Исроили аз ҳама ҷо мондаро дар қалби кишварҳои исломӣ бипошанд… Ва инҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки дар тули таърих тамоми ҳукуматҳои муздури ғарбро тақвият карданд ва ба ин васила ҷилави ҷунбишҳои озодибахши созишнопазирро гирифтанд…

Инҳо ҳамон ҷурсумаҳои  палиде ҳастанд, ки имрӯз омодаанд то ҷои пойи чакамапӯшони ғарбиро дар қалби ҷаҳони ислом боз кунанд ва Исроили вомондаро чунон расмияте диҳанд, ки ҳеҷ кас ҳатто андешаи барандозии онро дар фикру хаёли худ роҳ надиҳад.

Ваҳҳобиён (салафиён) айёди манфуре ҳастанд, ки имрӯз кишварҳои ғарбӣ онҳоро тақвият мекунанд то пеши бедории пирӯзмандонаи исломро бигиранд ва аз ҳукуматҳои муздури мунофиқашон пуштибонӣ мекунанд, ки бо силоҳҳои оҳанин ва оташзо барои аз байн бурдани бедории исломӣ талош кунанд.

Ин воқеияте аст, ки ваҳҳобиён (салафиён) ба он таҳаққуқ бахшида ва имрӯз ҳамчунон ба он пойбанданд ва барои ояндаашон низ ҳамин эътиқодро доранд!!

Ваҳҳобиҳо (салафиҳо) аз бедории мусулмонон метарсанд, чунон ки исроилиҳо аз он метарсанд, чаро ки сарнавишти онҳо ба поёни кори онҳо гиреҳ хурдааст.

Фасли даҳум:

ШАММАЕ АЗ РИВОЁТЕ, КИ ДАР БОРАИ ЗИЁРАТ ВА ТАВАССУЛ ВОРИД ШУДААСТ

Зиёрат(дидор)

Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд: «Ман зоранӣ баъда мамоти факаанна мо зоранӣ фӣ ҳаётӣ», яъне касе, ки пас аз марг ба зиёрати қабри ман биёяд, гӯё маро дар зиндагиям зиёрат кардааст «Сунану-д-Дорақутнӣ, ҷ.2,  с.278, ҳ.193».

Паёмбар (с) фармуд: «Ман зоранӣ илал мадинати кунту лаҳу шаҳидан ва шафиъан явмал-қиёматӣ», яъне касе ки барои дидори ман ба Мадина ояд, ман рӯзи қиёмат гувоҳ ва шафиъи ӯ хоҳам буд «Абудовуд, ҷ.1, с.12», ибни Абиддунё, чунон ки дар китоби «Вафо-ул-вафо, с.1345», нақл кардааст.

Паёмбар (с) фармуд : «Ман зоранӣ муҳтасибан илал-мадинатӣ кона фӣ ҷаворӣ явмал-қиёматӣ», яъне ҳар кас ба манзури аҷри илоҳӣ барои зиёрати ман ба Мадина биёяд, рӯзи қиёмат дар муҷоварати ман хоҳад буд. «Ал- сунан-ул- Кубро/ал -Байҳақӣ, ҷ.5, с.245».

Паёмбар (с) фармуд : «Ман зора қабрӣ ваҷабат лаҳу шафоатӣ», яъне ҳар кас қабри маро зиёрат кунад, ман аз ӯ шафоат мекунам «Сунану-д-Дорақутнӣ, ч.2, с.278, ҳ.194».

Имом Молик гуфтааст: Ҳар гоҳ касе бихоҳад ба зиёрати қабри Паёмбар (с) ояд, пушт ба қибла кунад ва рӯ ба Паёмбар (с) оварад. Онгоҳ бар ӯ дуруд фиристад ва дуо кунад «Руусул-масоил/а-н-Нававӣ», ва низ ба китоби «Вафо-ул- вафо, с.1377», муроҷиа кунед.

Аз асҳоби Шофеъӣ нақл шудаст: Зоир (зиёраткунанда) пушт ба қибла биистад дар ҳоле ки сураташ ба тарафи зареъи муқаддас бошад ва ин қавли Аҳмади Ҳанбал аст. «Вафо-ул вафо, с. 1378».

Дар китоби  “Ал-ъилалу ва-с-суулот” аз Абдуллоҳ ибни Аҳмади Ҳанбал нақл шудааст, ки гуфт: Аз падарам пурсидам: Шахсе бо даст молидан ба минбари расули Худо (с) табаррук меҷӯяд ва онро мебӯсад ва ба умеди аҷру савоб аз Худованд нисбат ба қабри он Ҳазрат ҳамин корро анҷом медиҳад.

Гуфт: Ишколе надорад. «Вафо-ул-вафо , с.1404».

Муҳибби Табарӣ мегӯяд: Бӯсидан ва ламс кардани қабр ҷоиз аст ва амали донишмандон ва  бандагони солеҳ низ бар ин аст «Вафо-ул-вафо, с.1406».

Ҳадиси Имом Ҷаъфари Содиқ аз падаронаш, ки дуруди Худо бар онҳо бод, чунин аст: Ҳазрати Фотима ҳар ҷумъа ба зиёрати қабри Ҳамза мерафт. «Тафсири Қуртубӣ, ҷ.10, с.248».

ТАВАССУЛ

Дуои Паёмбар (с) : «Худоё туро савганд медиҳам ба ҳаққе, ки суолкунандагон бар ту доранд, ки…». (Амал-ул-явми ва-л-лайлати/ибни Суннӣ, с.82)

Совии ҳанбалӣ дар китоби «Ал-муставъиб» дар боби зиёрати қабри Паёмбар (с) мегӯяд: Зоир назди қабр меояд, рӯ ба рӯи он пушт ба қибла ва дар тарафи рости минбар биистад, он гоҳ роҷеъ ба кайфияти салом ва дуо гуфтааст чунин бигӯяд: «Аллоҳумма иннака қулта фӣ китобика ли-наби-й-йика салаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам: (Валав аннаҳум из-заламу анфусаҳум ҷо-ука фастағфиру-л-лоҳа вастағфаралаҳуму-р-расулу…). ва иннӣ қад атайту набийяка мустағфиран фа-ас-алука ан туҷиба лиял-мағфирата камо авҷабтаҳо лиман атоҳу фӣ ҳаётиҳи. Аллоҳумма иннӣ атаваҷҷаҳу илайка би наби-й-йика салаллоҳу ъалайҳ ва олиҳи ва саллам»… яъне Худовандо ту дар китобат ба Паёмбарат (с) фармудаӣ (агар уммат вақте, ки ба худ ситам карданд, пеши ту оянд ва аз Худо омӯрзиш бихоҳанд ва Паёмбар (с) низ ба онҳо талаби омӯрзиш кунанд).

Ҳоло ман барои талаби омӯрзиш назди Паёмбари ту (с) омадаам ва аз ту мехоҳам, ки маро мустаҷиби мағфирати худ созӣ, чунон ки ҳар кас дар зиндагӣ пеши ӯ меомад, вайро машмули омӯрзиш месохтӣ. Худоё ман ба василаи Паёмбарат (с) рӯ ба ту овардаам…

Дар «Саҳифаи саҷҷодия» аз Алӣ бинни Ҳусайн ривоят шуда «Ва халаътанӣ ё рабби би ҳаққи Муҳаммадин ва оли Муҳаммадин мин кулли ғаммин», яъне Парвардигоро, ба ҳаққи Муҳаммаду оли Муҳаммад туро савганд медиҳам, ки маро аз ҳар гуна андӯҳе наҷот деҳ .[Дуои шумораи /30].

Абуалӣ Халлол – бузурги ҳанбалиҳо гуфтааст: Ҳар кори муҳиме барои ман пеш меояд, назди қабри Мӯсо бини Ҷаъфар ҳозир ва мутавассил мешудам ва ҳоҷати худро мегирифтам «таърихи Бағдод, ҷ.1, с.120».

Имом Шофеъӣ гуфтаст: Ман ҳар рӯз бар сари қабри Абуҳанифа меравам ва ба он васила табаррук меҷӯям ва  ҳар гоҳ ҳоҷате доштаам, ду ракаъат намоз хонда ва бар сари қабри ӯ ҳозир шуда онҷо ҳоҷати худро аз Худо хостаам ва бидуни тааҷҷуб бароварда шудааст. [таърихи Бағдод, ҷ.1, с123, Маноқиби Абуҳанифа, таълифи Хоразмӣ ҷ.2, с.199]

Абубакр Муҳаммад бини Муаммал гуфт: Рӯзе дар хидмати пешвои аҳли ҳадис, Абубакр бини Хузайма ва ҳамтояш Абуалӣ Сақафӣ бо гурӯҳе аз бузургонамон,  ки ҷамъи зиёде буданд, ба сӯи қабри Алӣ бини Мӯсо Ризо дар Тус (ш. Машҳад) рафтем. Ибни Хузаймаро дидам чунон дар муқобили қабр ва буқъаи (мақбараи)  ӯ таъзим  ва тавозӯъ ва зорӣ мекунад, ки ҳамаи моро ба ҳайрат водошт [Таҳзибу-т-таҳзиб, ҷ.7, с. 339, шарҳи ҳоли Алӣ ибни Наззор ибни Ҳаён Асадӣ]

«Ибни Таймия мегӯяд», аз Аҳмад бини Ҳанбал дар китоби «Маносик-ул-марвазӣ» тавассул ба Паёмбар (с) ва дуо  назди қабри он ҳазрат нақл шудааст ва низ ибни Таймия ҳамин матлабро аз ибни Абиддунё ба тариқи гуногуне, ки гувоҳ бар сиҳати он мебошад нақл кардааст. [Ат-тавассул в-ал- василаҳ, аз ибни Таймия, с.10506 ]

Он чи гуфта шуд, андаке гузида аз бисёр буд, вагарна дар сираи гузаштагон ва суханони онҳо, роҷеъ ба ин мавзӯъ, матолиби номаҳдуд вуҷуд дорад .

Фасли ёздаҳум:

КИТОБҲОЕ, КИ ДАР РАД БАР ГУРӯҲИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ) НАВИШТА  ШУДААНД

Бисёре аз донишмандони мазоҳиби гуногуни ислом дар бораи бидъати ваҳҳобийят (салафийя) ба баҳс ва музокира пардохтаанд ва дар рад бар онҳо ва такзиби (ба дуруғгӯӣ нисбат додан) ҳуҷҷатҳо ва бутлони ақоиди онон ва мухолифати он ба китоб ва суннат ва низ ба ақидаи машҳури гузаштагон ва пешвоёни иҷтиҳод китобҳо ва рисолаҳои фаровоне навиштаанд.

Акнун мо дар ин ҷо чанде аз ин китобҳоро барои роҳнамоӣ ва суҳулати кори хонанда зикр мекунем:

«Ал-усул-ул-арбаъату фи-тардид-ил-ваҳҳобия», таълифи:  Хоҷа Сарҳиндӣ.

«Изҳор-ул-ъуқуқи ми-м-ман манаъа-т-тавассула би-н-наби-й-йи вал-вали-й-йис-садуқи»,  Шайх Мушрифӣ Моликӣ Ҷазоирӣ

«Ал-ақвол-ул-марзияту фи-р-радди ъалал ваҳҳобийяҳ», таълифи:  Муҳаммад Атоуллоҳ .

«Ал-интисору лил-авлиё-ил-аброри», таълифи :Шайх Тоҳир Сунбули Ҳанафӣ.

«Ал-авроқу-ул-бағдодияту фил-ҳаводиси-н-наҷдийяҳ», таълифи:  Шайх Иброҳими Ровӣ.

«Ал-бароҳинус-сотиъаҳ», Шайх Саломаи Аззомӣ.

«Ал-басоиру ли-мункари-т-тава-с-сули», таълифи:  Шайх Ҳамдуллоҳ Доҷавӣ.

«Таърихи оли Саъуд», таълифи: Носиру-с-Саъид.

«Таҷриду сайфил-ҷиҳоди ли-му-д-даъ-ил-иҷтиҳоди», таълифи: Шайх Абдуллоҳ, писари Абдуллатиф Шофеъӣ.

«Таҳриз-ул-ағбиё ъал-ал-истиғозати бил-анбиё, вал-авлиёи», таълифи:  Шайх Абдуллоҳ, писари Иброҳим,  Мир  Ғайнӣ.

«Таҳа-к-кум-ул-муқа-л-лиддина бимани-д-даъо  таҷдиду-д-дини», таълифи: Шайх Муҳаққиқ, Муҳаммад писари Абдураҳмон Ҳанбалӣ.

«Ат-тавассулу би-н-наби-й-йи ва би-с-солиҳина», таълифи: Абуҳомид бини Марзуқ.

«Ҷалол-ул-ҳаққи фӣ кашфи аҳволи широр-ил- халқи», таълифи: Шайх Иброҳим Ҳаламӣ

«Ал-ҳақоиқ-ул-исломийяту фи-р-радди ъалал- музоъим-ил-ваҳҳобийяти биади-л-лат-ил-китоби ва-с-су-н-нати-н-набавийяҳ», таълифи:  Молик Довуд.

«Хулосат-ул-каломи  фӣ умаро-ил-балад-ил- ҳаром», таълифи: Саидаҳмад, писари Зайни Даҳлон муфтии Макка.

«Ад-ду-р-рару-с-су-н-нийяту фи-р-радди ъалал- ваҳҳобийяҳ», таълифи: Саидаҳмад, писари Зайни Даҳлон.

«Ра-д-дун ъалийи Муҳаммад-ибни Абдулваҳҳоб», таълифи: Шайх Исмоил Тамимӣ Моликӣ Тунисӣ

«Ар-радду ъал-ал-ваҳҳобийяҳ», таълифи: Фақиҳи Ҳанбалӣ Абдулмуҳсин ал- Ашиқрӣ.

«Ар-радду ъалал-ваҳҳобийяти», таълифи: Шайх Иброҳим, писари Абдулқодир Риёҳӣ Тунисӣ Моликӣ

«Расоилун фир-радди ъалал-ваҳҳобийяҳ», рисолаҳои дар рад бар ваҳҳобийят, ин рисолаҳо он қадар фаровон аст, ки ба шумора даровардани он мушкил аст. Ва дар аввали онҳо номаҳои муъосирини Муҳаммад бини Абдулваҳҳоб аст, ба хусус он чи фуқаҳои ҳанбалӣ дар рад бар ӯ навиштаанд. Ва бисёре аз ин номаҳо дар ин китобҳо омадааст: «Ат-тава-с-сулу би-н-наби-й-йи ва би-с-солиҳина», аз Абуҳомид Марзуқ ва китоби «Ад-дурару-с-санийяту фир-радди ъалал-ваҳҳобийяҳ», аз Аҳмад бини Зайнӣ Даҳлон, муфтии Макка. Ва китоби «Уламо-ул-муслимин вал-ваҳҳобиюн», аз устод Ҳусайн Ҳаламӣ Ишиқ.

«Саъодату-д-дорайни фи-р-радди ъалал- фирқатайн-ил-ваҳҳобийяти ва муқа-л-лидати-з-зоҳирийяҳ», аз Шайх Иброҳим писари Усмон Самнудӣ Мисрӣ.

«Ас-сайф-ул-ботири ли унуқ-ил-мункири ъалал- акобири», аз Абуҳомид Марзуқ.

«Сайф-ул-ҷаббор-ил-маслули ъало иъдоди-ил-аброри», таълифи:  Шоҳфазли Расул Қодирӣ

«Сулҳ-ул-ихвони фи-р-радди  ъало ман қола би-ш-ширки вал-куфрон», аз Шайх Довуд писари Сулаймони Бағдодӣ

«Ас-савоиқ-ул-илоҳийяҳ фи-р-радди ъалал- ваҳҳобийя», аз Шайх Сулаймон писари Абдулваҳҳоб, бародари  Муҳаммад  Абдулваҳҳоб

26 «Фитнат-ул-ваҳҳобийяҳ», Аҳмад писари Зайни Даҳлон.

27.«Ал-фаҷру-с-содиқ» Шайх Ҷамил Сидқӣ Заҳовӣ

28.«Фасл-ул-хитоби фи-р-радди ъало Муҳаммад-ибни Абдулваҳҳоб».

29. «Кашф-ул-иртиёби фӣ итбоъи Муҳаммад-ибни Абдулваҳҳоб», таълифи:  Саид Мӯҳсин Амин.

30. «Ҳозиҳи ҳиял-ваҳҳобийяҳ», таълифи: Шайх Муҳаммад Ҷавод Муғния.

Илова бар китобҳое дигаре, ки бархе аз онҳо дар зимни матолиби ин  китоб ном бурда шуд ва мо дар инҷо ба манзури  риояти  ихтисор ба ҳамин миқдор иктифо кардем.

Hello world!
Welcome to WordPress.com. This is your first post. Edit or delete it and start blogging!